Нозил шудани Қуръон ба чӣ маъност?

vahu

Нозил шудани Қуръон ба чӣ маъност?

Решаи калимаи »нозил«назалааст. Ва дар забони арабӣ вақте чизе аз боло ба поён фуруд ояд, мегӯянд нозилшуд,чунонки дар бораи борон мегӯем, ки нузули борон ва чун раҳмати илоҳӣ аз тарафи Худованд-ки мақомаш болотарин аст- ба мардум мерасад мегӯянд: Нузули раҳмати илоҳӣ ва ин ки мегӯянд »Қуръонро нозил фармуд, яъне калимаҳо ва оятҳои Қуръонро Худованд фуруд овард ва онро дар ихтиёри ҳазрати Муҳаммад(с) қарор дод. Дар воқеъ, Худои Бузург оятҳои Қуръонро офарид ва онро барои ҳазрати Муҳаммад(с) фуру фиристод«.[1]

Оё сураҳои Қуръонро Худо нозил карда ё Паёмбар(с) онҳоро овардааст?

Қуръонро Худованд аз тариқи фариштаи ваҳй (Ҷабраил(а)) бар Паёмбар(с)нозил кардааст ва ин матлаб дар Қуръон омадааст.

﴿وَأَنزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَإِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ[2]                                                                         

Ва мо ин Зикр (Қуръон)-ро бар ту нозил кардем, то он чиро, ки ба сӯи мардум нозил шудааст, барои онҳо равшан созӣ. Ва шояд андеша кунанд.

﴿اللَّهُ الَّذِي انزَلَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ وَالْمِيزَانَ وَمَا يُدْرِيكَلَعَلَّ السَّاعَةَ قَرِيبٌ﴾[3]

Худованд касе аст, ки китоб(Қуръон)ва мизон (санҷиши ҳаққу ботил ва хабари қиёмат)-ро ба ҳақ нозил кард вату чӣ медонӣ шояд соат (-и қиёмат) наздик бошад!

Ҳамчунин ояти 176 сураи Бақараояти 2 ва 3 сураи Оли Имронва ояти 196 аз сураи Аърофро бо тарҷумааш бихонед.

 


[1]. Ал-мизон, ҷ.15, саҳ. 344.

[2]. Наҳл, ояти 44.

[3]. Шуро, ояти 17.

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст