МУСОҲИБА

Дар ин чанд соли охир, дар гўшаю канори ҷаҳон шоҳиди мусалмоншудани тўдаи зиёде аз пайравони дину оинҳое монанди Масеҳият, Будо ва ғайра … ҳастем. Аксарияти ин афроди тозамусалмоншуда ба хотири солҳо таҳқиқу баррасӣ ва пас аз пушти сар гузоштани печу хамҳои зиёди фикрӣ ва эътиқодӣ ба дини Ислом мушарраф шудаанд. Барои онҳо ба дўш гирифтани аҳёнан ранҷу заҳматҳои сафар ва таҳаммули таҳқиру таъқибу азиятҳои дигарон осон будааст, зеро онҳо ба гавҳари ҳидоят ва мояи саодат даст ёфтаанд. Ҳамакнун таваҷҷўҳи шумо хонандагони азизро ба мусоҳибаи яке аз ин роҳёфтагони ҳидоят ҷалб мекунем:

Оина: -Лутфан худатонро муаррифӣ кунед?

  • ···· -Инҷониб Антон Кротов, аз Москва ҳастам ва шуғли ман ҳам ҷаҳонгардӣ ва нависандагист. Дар хонаводаи масеҳӣ  мутаваллид ва рушд ёфтаам ва падару модарам масеҳӣ мебошанд.

Оина: -Каме дар бораи саргузашти худ ва чигуна мусалмон шуданатон тавзеҳ диҳед?

  • ···· -Вақте, ки хурдсол будам ҳатто фикр намекардам, ки дар ҷаҳон динҳои дигаре вуҷуд дорад ва тибқи суннат чун падару модарам масеҳӣ буданд ман ҳам ҳамин тавр бояд масеҳӣ мемондам.

Баъдан вақте бузургтар шудам хондани ҳар гуна китобҳои динӣ мисли Инҷил, тарҷимаи Қуръон ва анвои китобҳои динӣ каломиро шурўъ намудам. Вақте 17-18 сол доштам бароям ангезаи рафтан ба амокини динӣ (мисли церков, масҷид, кришнаид ва ғайра) эҷод шуд ва мехостам бифаҳмам, ки ин мардум ба чӣ эътиқод доранд ва бароям бисёр ҷолиб буд, ки бидонам ҳақиқат дар чист.

Баъд ҳам чун ошиқи сайру саёҳат будам ба ин фикр афтодам, ки бояд кори худро  бо мусофират шурўъ кунам то бо як тир ду нишон зада бошам; ҳам хостаи даруниамро нисбат ба сайру саёҳат сероб карда бошам ва ҳам ба ҳаққу ҳақиқат даст ёфта бошам. Аввал мусофиратҳоям дар худи Россия буд ва баъдан дар Осиё. Аввалин кишвари хориҷии ман Эрон буд ва баъдан ба тартиб Покиистон, Ҳиндустон, Турция, Сурия, Урдун, Миср, Судон, Ефиопия, Ниҷерия, Танзания… ва кишварҳои мухталифи Осиёву Африқоро гаштам.

Онҷо медидам, ки мардум боварҳо ва эътиқодоти мухталифе доранд ва барои ман  ҳақиқати дини худро баён мекарданд. Дар Судон ман бо марди фаронсавие во хўрдам, ки Исмоил ном дошт ва ў 20 сол қабл, аз хона хориҷ шуда буду дигар ҳамааш ҷаҳонгардӣ менамуд. Дар тўли ин мусофираташ натанҳо Исломро қабул карда буд, балки мутахассиси Исомшинос низ шуда буд. Баъдан вақте ба Москва баргаштам — тақрибан ду сол қабл, яъне соли 2001 — дар дарсҳои махсуси диншиносӣ ширкат намудам ва дидам мактаби Ислом бештар ба ҳақиқат наздик аст. Ин вақт буд, ки ман тасмимамро гирифтам ва  Исломро пазируфтам.

Оина: Шунидаем, ки шумо кори нависандагӣ ҳам анҷом медиҳед лутфан дар ин робита тавзеҳи бештаре медодед?

  • ···· -Бале, вақте ман ба мусофират меравам, фақат барои худам нест, балки акс мегирам, ёддошт менависам ва дар манзил ҳам китобҳои мухталиф менависам. Алъон ҳам 17 китоб дорам, ки дар он барои касоне, ки аҳли гардиш ҳастанд маслиҳатҳое дода шудааст ва ҳамчунин саргузаштҳое, ки бо ман ва ҳамсафарҳоям рух додааст,дар он ҷой дода шудааст. Масалан китоби охири ман дар бораи Афғонистон мебошад. Умедворам, ки дар оянда дониши ман дар бораи Исслом бештар шавад, то натанҳо ба мардум тариқаи  сафарро биёмўзам, балки битавонам роҷеъ ба дин ҳам чизе ироа бидиҳам. Аммо феълан чун дониши ман роҷеъ ба Ислом кофӣ нест, метарсам ба мардум таъблиғоти ғалате карда бошам. Алъон, ки бо карҳои фарҳангии худам машғулам фақат метавонам дар хонаи худам ба таҳсили умумии исломӣ машғул бошам, то суде ба ҷомеъаи Ислои дошта бошам.

Оина: -Оё хонандаҳои шумо аз Исломи шумо бохабаранд?

  • ···· -Оре, албатта қаблан намедонистанд, вале алъон, ки мефаҳманд, тааҷуб мекунанд.

Оина: -Падару модаратон чӣ?

  • ···· -Онҳо ҳам тааҷҷуб мекунанд.Чун падарам дар интишороте ки китобҳои масеҳият пахш мекунад, машғул ба кор аст. Онҳо ин китобҳоро аз Амрико меоранд, бинобир ин тааҷҷубаш бештар аст, аммо модарам нисбат ба ин қазия оромтар бархўрд мекунад.

Оина: -Оё Исломро воқеан қабул кардед?

  • ···· -Оре, ман аз инки Исломро қабул кардам ва дигар ба дини масеҳӣ бар намегардам мутмаиннам ва ман воқеан Исломро қабул кардам ва дигар  дунболи бисёрхудоӣ ва ширк намеравам, вале дар масоили фаръӣ ва ҷузъиёти ин дин ҳанўз бояд баррасӣ кунам.

Оина: -Оё сабаби Ислом оварданатонро дар мусофират медонед?

  • ···· -На, пеш аз ҳама ин лутфи Худост, ки маро ба хондану сафару таҳқиқ ҳидоят намуд.

Оина: -Оё дар Россия зиёданд касоне, ки ба ин чизҳо тавҷҷўҳ мекунанд?

  • ···· -На, мутаассифона хеле каманд, албатта ҳастанд вале кам.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...