Мафҳумшиносии ваҳй

4 04

4 04Мафҳумшиносии ваҳй

«وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ* إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ »[1]

“Ва ҳаргиз аз рӯи ҳавои нафс сухан   намегӯяд!* Ончи мегӯяд чизе ҷуз ваҳй, ки бар ӯ нозил шуда нест!”

Баҳс дар бори ваҳй аз асоситарин мабоҳиси  улуми қуръонӣ ба шумор мервад.

Зеро аввалан: Қуръони маҷид натиҷа ва ҳосили ваҳй аст ва таърихи Қуръон бо падидаи ваҳй оғоз мегардад; сониян: Ваҳй поя ва асоси шинохти каломи илоҳӣ аст. Аз ҳамин рӯ баррасии ин мавзӯъ нуқтаи оғозини мабоҳиси улуми қуронӣ маҳсуб мешавад.

Ваҳй падидае аст мармуз ва асроромез ва дар чорчуби қолибҳои зеҳнӣ ва ақлии мутадовили башар намеғунҷад, зеро ин падидаи фароақлӣ яке аз болотарин мақомоте аст, ки сафи паёмбаронро аз дигарон ҷудо месозад.[2] Ва анбиёи илоҳӣ (а) олитарин паёми ғайбиро бо илми ҳузурӣ ва шуҳудӣ аз ин тариқ бардошт менамоянд, аз ин рӯ фаҳми ҳақиқат ва зоти он танҳо барои Худо ва анбиё (а) имконпазир аст ва он чи барои дигарон мемонад, дарки нақше аз он ҳақиқат аст, ки аз тариқи осор ва аломатҳои он кашф мегардад.

Ва аз онҷо ки қабули ин амри фавқи ақлонӣ барои мушрикон душвор буд, ночор ба Паёмбар (с) нисбати ҷунун ва сеҳр медоданд.[3]

Қуръон дар посухи онҳо эълом мекунад, ки паёмбарон (а) ҳамагӣ башаранд ва аз ин ҷиҳат фарқе бо дигарон надоранд, танҳо тафовут дар “ваҳйпазирӣ” онҳост: … [4] “Бигӯ: ман ҳам мисли шумо башаре ҳастам, ҷуз ин ки ба ман ваҳй мешвад…”.

Анбиёи бузургвор, паёмҳои илоҳӣ (ваҳй)-ро бидуни ҳеҷ гуна шаку тардид аз тарафи фариштаи ваҳй дарёфт намуда ва бо итминони комил ва эътиқоди қалбӣ яқин доштанд, ки баргузидаи Худо буда ва маъмурияти ҳидояти мардумро ба уҳда доранд. Онон ончиро дарёфт мекарданд дар камоли амонатдорӣ ва бидуни ҳеҷ гуна нақсу изофа ба мардум иблоғ менамуданд.[5] Оёти чорум ва панҷум дар авҷи қадосат ва исмат ҷойгоҳи ваҳйро чунон баён менамояд, ки гарди ҳаво ва хато бар домани он нанишинад:

« وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ* إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ »[6]

Ва аз сари ҳавас сухан намегӯяд; ин сухан ҷуз ваҳй, ки ваҳй мешавад нест.

Ваҳй дар луғат

Ваҳй дар луғат ба маонии мухталифе омдааст; аз ҷумла: ишорат, китобат, паём, сухан, пӯшида, эълом дар хафо, шитобу аҷала ва ба ҳар чи аз калом, навишта, пайғом ё ишорае, ки ба дигари (ва ба дур аз таваҷҷӯҳи дигарон) илқо ва тафҳим мешавад ваҳй гуфта мешавад.[7]

Роғиби Исфаҳонӣ низ мегӯяд: “Ваҳй паёми ниҳонӣ аст, ки ишоратгуна ва бо суръат анҷом гирад. Ва ин мумкин аст дар каломи рамзӣ ва кинояӣ бошад ва ё овозе бошад холи аз алфоз ва калимот ва ё ба сурати ишора ба баъзе аз аъзо ва ё ба навиштан”.[8]

Албата бархе аз муҳаққиқин муътақиданд, ки махфиёна ва суръат дар асли маънои луғавӣ вуҷуд надошта аст, аммо дар асари истеъмоли араб дар ин маворид, ин ду вижагӣ дар маънои он лиҳоз шудааст.[9] Лизо дар истеъмолоти қуръонӣ мавориде ёфт мешвад, ки ҳеҷ як аз ин ду вижагӣ дар он вуҷуд надорад.[10]

Ваҳй дар истилоҳ

Бо таваҷҷӯҳ ба осори ваҳй ва бардоштҳои башарӣ метавон ваҳйро чунин таъриф намуд. “Ваҳй иттисол ва иртиботи маънавӣ аст миёни паёмбарони илоҳӣ (а) ва Худованд ҷиҳати дарёфти паёми осмонӣ, барои ҳидояти мардум, ки ба ҷуз анбиё (а) касе шойистагӣ ва тавони чунин дарёфтеро надорад”. Ин иртибот ба се сурат анҷом мегирад, ки бадон ишора хоҳад шуд.

Зарқонӣ дар таърифи ваҳй истилоҳӣ овардааст:

“Ваҳй дар лисони шариат иборат аст аз таълими Худованд нисбат ба бандагони баргузидаи хеш (анбиё) ба сурати пинҳон ва махфӣ ончиро, ки дар робита бо ҳидоят ва илм лозим бошад бо равиши ғайри мутадовил миёни инсонҳо”.[11]

Ваҳй дар Қуръон

Вожаи ваҳй дар Қуръони карим дар мавриди фариштагон, шаётин, инсон, ҳайвон ва ҷимодот ба кор рафтааст. Бештарин истеъмоли ин вожа ва муштақоти он дар хусуси ваҳй марбут ба паёмбарон аст. Дар истиъмолоти Қуръон, маонии гуногуне мавриди назар аст, ки ҳамагӣ бо маонии луғавӣ ҳамоҳангӣ доранд.[12]

Ба намунаҳое аз он маворид ишора мешвад:

  1. 1. Илҳоми раббонӣ ба малоика:
  2. «إِذْ يُوحِي رَبُّكَ إِلَى الْمَلَائِكَةِ أَنِّي مَعَكُمْ»[13]
  3. “Ҳангоме ки парвардигорат ба фариштагони ваҳй мекард, ки ман бо шумо ҳастам…”
  4. 2. Илҳоми раббонӣ ба инсон (ғайри анбиё):
  5. «وَأَوْحَيْنَا إِلَىٰ أُمِّ مُوسَىٰ أَنْ أَرْضِعِيهِ »
  6. “Ва ба модари Мусо ваҳй кардем, ки ӯро шир деҳ…”
  7. 3. Илҳоми раббонӣ ба ҷимодот:

а) ( يَوْمَئِذٍ تُحَدِّثُ أَخْبَارَهَا *بِأَنَّ رَبَّكَ أَوْحَىٰ لَهَا ) [14]

”Он рӯз аст, ки замин хабарҳои худро боз гӯяд * ҳамонгуна ки парвардигорат бадон ваҳй кардааст”.

б) (…وَأَوْحَىٰ فِي كُلِّ سَمَاءٍ أَمْرَهَا…) [15] “… ва дар ҳар осмоне кори он (осмон)-ро ваҳй (муқарар) кард…”

4. Васвасаи шайтонӣ:

а) ( (وَكَذَٰلِكَ جَعَلْنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوًّا شَيَاطِينَ الْإِنسِ وَالْجِنِّ يُوحِي بَعْضُهُمْ إِلَىٰ بَعْضٍ… [16]

“Ва бадин гуна барои ҳар паёмбаре душмане аз шайтонҳои инсу ҷин баргумоштем. Баъзе аз онҳо ба баъзе (барои фиреб) суханони ороста илқо мекунанд…”

б)  (…وَإِنَّ الشَّيَاطِينَ لَيُوحُونَ إِلَىٰ أَوْلِيَائِهِمْ…) [17] “ … ва дар ҳақиқат шайтонҳо ба дӯстони худ васваса мекунанд, то ба шумо ситеза намоянд…”

5. Ишора: 

  «فَخَرَجَ عَلَىٰ قَوْمِهِ مِنَ الْمِحْرَابِ فَأَوْحَىٰ إِلَيْهِمْ أَن سَبِّحُوا بُكْرَةً وَعَشِيًّا»[18]

“Пас (Закариё) аз меҳроб бар қавми хеш баромад ва эшонро огоҳ гардонид (ишора кард), ки рӯзу шаб ба ниёиш бипардозед”.

  1. 6. Ҳидояти ғаризӣ: яъне раҳнамудҳои табии ва зотие, ки дар ниҳоди тамоми мавҷудот ба амонат ниҳода шудааст, то роҳи бақо ва мондагори ҳаёти худро пайдо кунанд.
  2.   «وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ »[19]
  3. “Ва парвардигори ту ба занбури асал ваҳй (илҳоми ғаризӣ) кард, ки аз кӯҳ ва дарахт ва дорбастҳое, ки мардум месозанд, хонаҳое дуруст кун”.
  4. 7. Ваҳй набавӣ: яъне иттисол ва иртиботи ғайбӣ миёни Худованд ва паёмбарон ҷиҳати илқои паёмҳо ва таолим барои ҳидояти инсонҳо. Ваҳй ба ин маъно шохисаи набуват аст ва дар Қуръон беш аз ҳафтод мартаба омада аст:
  5. «وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لِّتُنذِرَ أُمَّ الْقُرَىٰ وَمَنْ حَوْلَهَا »[20]
  6. “Ва чунин Қуръони фасеҳи арабиро ба ту ваҳй кардем, то мардуми Уммулқуро (шаҳри Макка) ва ҳар касеро, ки дар атрофи он аст аз Худо битарсонӣ…”

Тазаккур: Ҳарчанд калимаи “ваҳй” дар Қуръон ва забони арабӣ дар маонии дигар ҳам корбурд дорад, аммо истеъмоли он дар хусуси анбиё (а) тақрибан яқинӣ шудааст, лизо:

“ Адаби динӣ дар Ислом тақозо мекунад, ки мо ин таъбирро дар ғайри анбиё ба кор набарем.”[21]

 

Ақсоми ваҳй

Бинобар тасреҳи Қуръони карим ваҳй набавӣ ба се гуна аст:

»وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ اللَّهُ إِلَّا وَحْيًا أَوْ مِن وَرَاءِ حِجَابٍ أَوْ يُرْسِلَ رَسُولًا فَيُوحِيَ بِإِذْنِهِ مَا يَشَاءُ إِنَّهُ عَلِيٌّ حَكِيمٌ *وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ رُوحًا مِّنْ أَمْرِنَا مَا كُنتَ تَدْرِي مَا الْكِتَابُ وَلَا الْإِيمَانُ وَلَٰكِن جَعَلْنَاهُ نُورًا نَّهْدِي بِهِ مَن نَّشَاءُ مِنْ عِبَادِنَا وَإِنَّكَ لَتَهْدِي إِلَىٰ صِرَاطٍ مُّسْتَقِيمٍ«[22]

“ Ва шойистаи ҳеҷ инсоне нест, ки Худо бо ӯ сухан гӯяд, магар аз роҳи ваҳй ё аз пушти ҳиҷоб, ё расуле мефиристад ва ба фармони ӯ ончи бихоҳад ваҳй мекунад, чаро ки баландмақом ва ҳаким аст!* ҳамон гуна (ки бар паёмбарони пешин ваҳй фиристодем) бар ту низ рӯҳеро ба фармони худ ваҳй кардем…”

Дар ояти фавқ ақсоми такаллуми илоҳӣ бо башар мунҳасиран дар се сурат баён гардидааст:

А: Ваҳй мустақим: илқои мустақим ва бидуни воситаи ваҳй бар қалби паёмбар.

«ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّىٰ *فَكَانَ قَابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنَىٰ *فَأَوْحَىٰ إِلَىٰ عَبْدِهِ مَا أَوْحَىٰ *فَأَوْحَىٰ إِلَىٰ عَبْدِهِ مَا أَوْحَىٰ»[23] 

“Сипас наздиктар ва наздиктар шуд* то он ки фосилаи ӯ (бо паёмбар) ба андозаи фосилаи ду камон ё камтар буд * дар инҷо Худованд ончиро ваҳй карданӣ буд ба бандааш ваҳй намуд.”

Б: Варои ҳиҷоб: гуфтори Худованд, ки аз пушти ҳиҷоб ба паёмбар илқо шавад ва ба ҷуз Паёмбар (с) касе нашунавад. Ин гуна шунидани садо ва надидани соҳиби садо монанди он аст, ки касе аз паси парда сухан гӯяд ва ҳамин иллат бо таъбири ﴿مِن وَرَاءِ حِجَابٍ﴾аз он ёд шудааст. Ваҳй ба ҳазрати Мусо (а) ба вижа дар кӯҳи Тур чунин буд ва низ ваҳй ва гуфтугӯ бо Паёмбари Ислом дар қисмате аз меъроҷ ба ҳамин гуна анҷом гирифт.

В: Илқои ваҳй ба василаи фаришта: Ҷабраил (а) паёми илоҳиро бар қалби Паёмбари акрам (с) фурӯд меовард; чунон ки дар Қуръон омадааст:

« نَزَلَ بِهِ الرُّوحُ الْأَمِينُ * عَلَىٰ قَلْبِكَ لِتَكُونَ مِنَ الْمُنذِرِينَ»[24]

“Рӯҳул амин онро нозил кардааст* бар қалби (пок) ту, то аз инзоркунандагон бошӣ” ва

« فَإِنَّهُ نَزَّلَهُ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ اللَّهِ… »[25]

“Ӯ ба фармони Худо, Қуръонро бар қалби ту нозил кардааст”.

Расули акрам (с) дар ин бора мефармояд:

«إنّ روح القدس ینفث فی روعی»[26].

«Рӯҳул қудус бар даруни ман дамид».

Бо таваҷҷӯҳ ба ояти шарифа:

« وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ رُوحًا مِّنْ أَمْرِنَا»[27]

“Ва ҳамин гуна, рӯҳе аз амри худамон ба сӯи ту ваҳй кардем…”, ва бо иноят ба ривоёти саҳеҳ, рӯшан мегардад, ки “ваҳй Қуръон” аз ҳар се тариқ будааст, ҳарчанд худи Ҷабраил ба анвои гуногун ба он ҳазрат паём расондааст.[28]

 

Чигунагии нузули ваҳй

Паёмбари акрам (с) ҳангоми нузули ваҳй бар худ эҳсоси сангине мекард ва аз шиддати сангиние, ки бар ӯ ворид мешуд, баданаш доғ мешуд ва аз пешонии муборакаш арақ сарозер мегашт. Агар бар шутуре ё аспе савор буд, камари ҳайвон хам мешуд ва ба наздики замин мерасид.

Убода ибни Сомит (р) мегӯяд: ҳангоми нузули ваҳй гӯнаҳои Паёмбар (с) дар ҳам кашида мешуд ва ранги он ҳазрат тағйир мекард. Дар он ҳол сари худро фурӯ меафканд ва асҳоб низ чунин мекарданд.[29]

Дар Саҳеҳ Бухорӣ аз Уммулмӯъминин Ойиша (р) нақл шуда, ки Ҳорис ибни Ҳишом аз чигунагии нузули ваҳй аз Паёмбар (с) пурсид, он ҳазрат дар ҷавоб фармуданд:

«احیانًا یأتینی مثل صلصلة الجرس-و هو اشدّه علی- فَیفصِمُ عنّی و قد وعیت عنه ما قال؛ و أحیانًا یتمثل لی الملکُ رجلًا فیکلّمنی فَأعی ما یقول»[30]

«Гоҳе монанди садои занг меояд ва ин шадидтарин ҳолати ваҳй бар ман аст, ки маро куфта ва хаста менамояд ва дар айни ҳол ҳама гуфтаҳоро ҳифз мекунам. Ва гоҳ фариштае ба сурати марде мутамассил шуда он чи мегӯяд ҳифз мешавам.) Ҳазрати Ойиша гӯяд: “Дар рӯзи бисёр сард, бар он ҳазрат ваҳй нозил шуд, пас аз он эҳсоси хастагӣ дар ӯ дида мешуд ва арақ аз пешонии муборакаш ҷорӣ мегашт”.

 


[1]. Наҷм, ояти 3 ва 4.

[2]. Сураи Каҳф, ояти 110 ва Фуссилат, ояти 6.

[3]. Мӯъминун 24 ва 25 ва Муддасир, ояти 24 ва 25.

[4]. Каҳф, ояти 110 ва Фуссилат, ояти 6.

[5] . Ба ҳамин иллат ончи дар бархе манобеъ роҷеъ ба шак ва тардиди Расули акрам(с) дар набувати хеш ё иштибоҳи он ҳазрат дар иблоғи бархе оёти мисли (афсонаи ғарониқ) омада ифтирои азим ба мақоми исмати он бузургвор мебошад.

[6] . Наҷм, ояти 3 ва 4.

[7]. Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукрим, Лисонул араб, модаи ваҳй.

[8] . Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, Муфрадоти алфозил қуръон, модаи ваҳй, шабеҳи ин таорифро Ибни Форис низ зикр кардааст.

[9] . Аллома Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Ат тамҳид фи улумил қуръон, ҷ.1, с.3.

[10]. Ба унвони намуна руҷуъ шавад ба сураи Марям, ояти 11.

[11] . Маноҳилул ирфон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.66.

[12] . Ҷиҳати огоҳии бештар дар бораи “Ваҳй дар Қуръон” ниг: бахши аввал аз китоби: Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Ваҳй ва набуват дар Қуръон.

[13]. Анфол, ояти 12.

[14]. Залзала, ояти 4 ва 5.

[15]. Фуссилат, ояти 12.

[16]. Анъом, ояти 112.

[17]. Анъом, ояти 121.

[18]. Марям, ояти 11.

[19]. Наҳл, ояти 68.

[20]. Шуро, ояти 7.

[21] . Таботабоӣ, Сайид Муҳаммад Ҳусайн, Ал мизон фи тафсирил Қуръон, ҷ.12, с.292.

[22]. Шӯро, ояти 51 ва 52.

[23]. Наҷм, ояти 8-10.

[24]. Шуаро, ояти 193 ва 194.

[25]. Бақара, ояти 97.

[26]. Ал итқон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.42.

[27] . Шуро, ояти 52.

[28] . Маноҳилул ирфон фи улумил Қуръон, ҷ.1, с.66.

[29] . Абуабдуллоҳи Басрӣ, Муҳаммад ибни Саъд, Табақоти ибни Саъд, ҷ.1, с.131.

[30]. Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.1, с.58.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.