Мавҷуди чандбуъдӣ (чандҷиҳатӣ)

Аз он чи гуфта шуд маълум шуд, ки инсон бо ҳамаи хислатҳои муштараке, ки бо дигар ҷондорҳо дорад, фарқҳои зиёде бо онҳо пайдо кардааст. Инсон мавҷуди моддӣ-маънавӣ аст. Инсон бо ҳамаи хислатҳои муштараке, ки бо ҷондорҳои дигар дорад, як фарқҳои асосӣ ва решаӣ бо онҳо дорад, ки ҳар як аз онҳо ҷаҳати ҷудогона ба ӯ мебахшад ва риштае ҷудогона дар бофти ҳастии ӯ ба ҳисоб меравад. Ин фарқҳо дар се ҷиҳат аст:

    Ҷиҳати фаҳм ва кашфи худ ва ҷаҳон.
    Ҷиҳати ҷозибаҳое, ки бар инсон иҳота дорад.
    Ҷиҳати чигунагии асаргузории ҷозибаҳо бар инсон ва интихоби онҳо.

Аммо дар ҷиҳати фаҳму кашфи ҷаҳон. Ҳисҳои ҳайвон василаест барои огоҳии ҳайвон ба ҷаҳон. Инсон дар ин ҷиҳат бо ҳайвонҳои дигар муштарак аст ва гоҳе баъзе ҳайвонҳо дар ин ҷиҳат аз инсон қавитар ҳастанд. Огоҳӣ ва шинохте, ки ҳисҳо ба ҳайвон ва ё инсон медиҳад зоҳирӣ аст. Ба чистӣ, зоти чизҳо ва робитаҳои мантқии онҳо дахл надорад. Вале дар инсон нерӯи дигаре барои дарку кашфи худ ва ҷаҳон вуҷуд дорад, ки дар ҷондорони дигар вуҷуд надорад. Он нерӯи пуррамзу роз, тааққулу андеша аст. Инсон бо нерӯи андеша қонунҳои куллии ҷаҳонро кашф мекунад ва бар асоси шунохти куллии ҷаҳон ва кашфи қонунҳои куллии табиат, табиатро ба хидмат мегирад ва дар ихтиёри худ қарор медиҳад. Дар баҳсҳои гузашта низ ба ин гуна шунохт, ки махсуси инсон аст ишора кардем ва гуфтем шинохти меконисми (системаи) андешаварзӣ аз печидатарин меконисмҳои вуҷуди инсон аст. Ҳамин меконисми печида агар дуруст мавриди диққат қарор гирад барои худи инсон дарвозаи ҳайратангезест барои шинохти худи инсон. Инсон бо ин гуна шинохт бисёре аз ҳақиқатҳоро, ки аз роҳи ҳис бо онҳо тамос надорад, кашф мекунад. Шинохти инсон ба чизҳои гайри ҳиссӣ, ба хусус шинохти фалсафии Худованд, ба воситаи ин истеъдоди пуррамзу роз ва махсуси одамӣ анҷом мегирад.

Аммо дар ҷиҳати ҷозибаҳо. инсон монанди ҷондорони дигар аз ҷозибаҳову кашишҳои моддӣ ва табиӣ асар мепазирад. Майл ба хӯрок, майл ба хоб, майл ба корҳои ҷинсӣ, майл ба истироҳату осоиш ва монанди инҳо ӯро ба сӯи модда ва табиат мекашад. Аммо ҷозибаҳое, ки инсонро ба худ мекашад ба инҳо хулоса намешавад. Ҷозибаҳо ва кашишҳои дигар инсонро ба сӯи конунҳои ғайримоддӣ, яъне умуре, ки на ҳаҷм дорад ва на сангинӣ ва онҳоро бо умури моддӣ санҷида нашавад, мекашонад. Усули ҷозибаҳои маънавӣ, ки то имрӯз шинохта шуда ва мавриди қабул аст умури зер аст:

    1)Илму доноӣ

Инсон донишу огоҳиро танҳо аз он ҷиҳат, ки табиатро ба хидмати худ дароварад ва ба фоидаи зиндагии моддии ӯст, намехоҳад. Дар инсон ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ ва таҳқиқ вуҷуд дорад. Худи илму огоҳӣ барои инсон матлуб ва лазатбахш аст. Илм ғайр аз он ки василаест барои беҳтар зиндагӣ кардан ва барои хуб аз уҳдаи масъулият баромадан, худи илм матлуби башар аст. Инсон агар бидонад розе дар пушти каҳкашонҳо вуҷуд дорад ва донистану надонистани он асаре дар зиндагии ӯ надорад, боз ҳам хоҳони донистани он аст. Инсон аз ҷаҳлу нодонӣ мегуризад ва ба сӯи илму доноӣ мешитобад. Банобар ин илму огоҳӣ яке аз ҷиҳатҳои маънавии вуҷуди инсон аст.

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...