Имом Ҳусайн аз дидгоҳи уламои Тоҷикистон

Сайид Муҳаммади Ғозӣ[1] Муқаддима    

 Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим, яъне аз замони пирӯзии сипоҳи Ислом дар сарзамини Мовароуннаҳр то кунун ба боварҳо ва эътиқодоти решаӣ ва бунёдини худ зиста ва дар тарвиҷи фарҳанги исломӣ ва суннатҳои дерпои он, ҳамвора кӯшо будаанд

ва ба пешвоён ва бузургони дин ҳамеша эҳтиром гузошта ва мегузоранд.

     Иродат ва алоқаи мардуми тоҷик ба хонадони Расули гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамавора забонзади ҳамаи мардуми дунё буда аст. Ин эътиқодот бо вуҷуди сиёсатҳои исломситезӣ дар Тоҷикистон, кам нашуда ва то имрӯз ҳифз шудааст. Чунончи бештари номҳои мардуми тоҷик (дар пешванд ва пасванд)  бо изофа шудани номи яке аз пешвоёни дин зиннат дода шудааст. Аз ҷумла, номи ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳ), ки ҷузъи номҳои ҷудо нашудании фарзандони тоҷик будааст. Назири Эмомалӣ, Файзалӣ, Сабзалӣ, Шералӣ, Мирзоалӣ, Сангалӣ, Алишер, Алимардон ва ғ. .

       Ҳамчунин дар Тоҷикистон дар хонаводае, ки дугоники писар ба дунё ояд, Ҳасан ва Ҳусайн ва агар дугоники духтар ба дунё ояд, Фотима ва Заҳро мегузоранд ва ба хотири эҳтироме, ки мардум нисбати ҳазрати Фотима духтари Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) доранд дугоникҳои духтари худро Бибифотима ва Бибизаҳро садо мезананд.

      Бисёре аз мардуми Тоҷикистон аз ҳамосаи Карбало ва Ошуро бохабар ҳастанд ва бар фарзандоне, ки дар ин айём ба дунё омадаанд номҳое назири Муҳаррам, Ашурмуҳаммад, Муллоашур, Ашурмоҳ ва ғ. мениҳанд. Ҳамчунин дар рӯзҳои Муҳаррам, пирамардон ва пиразанон ашъореро дар азои Имом Ҳусайн ва шаҳидони Карбало бо сӯзу гудоз мехонанд ва дар ин рӯзҳо бо садои баланд сӯҳбат намекунанд.

       Ҳамчунин сугворӣ ва азо дар хонаводаҳои бузургон ва олимҳои исломии Тоҷикистон низ машҳуд аст. Бархе аз уламо, суфимаслакон ва орифони ин сарзамин даҳ рӯзи Муҳаррамро ба ёди ташнагӣ ва гуруснагии Имом Ҳусайн(а) ва ёронаш рӯза мегиранд.

     Барои равшан шудани ин матлаб аз сухани чанд тан аз олимон ва руҳониёни бузурги кишвар шоҳид меоварем.

 1.  Мавлавӣ Ҷунунӣ (1800-1877)

      Мавлавӣ Ҷунунӣ борҳо дар ашъораш иродати хосси худро   нисбати Имом Ҳусайн(а) ва Ошуро баён кардаанд ва мегӯянд:

Ҳеҷ донӣ, ки ба фарзанди Паёмбар чӣ гузашт?

Нури ду дидаи Фотимаву Ҳайдар чӣ гузашт?

Яке дар заҳр шуда сабз, яке сурх ба хун.

Ки зи ошуби ҷаҳон бо ду бародар чӣ гузашт?

Сари шаҳзода ба зулм аз тани ӯ гашт ҷудо

Ғарқи хун шуда олуда ба гавҳар чӣ гузашт?

Чашми шаҳлош ба хунрезии гулу пӯшида.

 Аз ғами чарх ба он покиза гавҳар чӣ гузашт?

Рӯи рухсорааш аз хун гулгун.

Ба Расулзода дар дунёи ситамгар чӣ гузашт?

Хатти сабзаш ғам аз он водии бесабз чӣ дид.

Ҳоли ду гесуи  мушкини муанбар чӣ гузашт?

Ташна лаб холи шикам рафт ба сад ҳасрати дил.

Ҳалқи покаш ба ҷафо дар дами ханҷар чӣ гузашт?

Дар ғами мотами Ӯ ҷумлаи азвоҷи ҳарам.

Монда сарсони биёбон шуда бар сар чӣ гузашт?

Эй Ҷунун шӯй зи дунё кафи умеди вафо

Ки аз ин ғамкада бо зуррияи сарвар чӣ гузашт?[2]

 2.  Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ (1868-1917)

     Вақте ба куллиёти ашъори Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ руҷуъ мешавад, мебинем, ки  борҳо ва борҳо дар ашъори хеш аз Имом Ҳусайн ва Ошуро сухан гуфта ва фармудаанд:

Мазҳари осори фисқу аҳли ботилро шиор

Ин надонистанд, к-ин худ зиллате бошад азим

Соҳиби худро ба рӯ афканд дар қаъри нор

Андар он маҷлис, ки хандон будаанд аҳли ҷинон

В-он дар он мотам, ки гирён дидаи асҳоби нор

Бо яке аз толибони илм онҷо бесабаб

Кардаанд ташҳири сайф он музиёни нобакор

Ҳамчу мазлумони дашти мория аз хуни ӯ

Дидаи ашри Муҳаррамро намуданд хун фишор

Вай аҷаб аз ашри Ошӯрову аз шарҳҳои ӯ

Тоза месозад азо баръакси нур рӯзи баҳор

Аҷаб он дар ҷоҳилият дар Муҳаррам ҳарбро

Пур ҳаром медоштанд ин дам чаро шуд иштиҳор

Дар низоми шаръу қалби арш андозад халал

Он ки бо сар чашм дӯзад чун ашр беихтиёр

Боғ дар моҳи Муҳаррам шох хун олуда шуд

Роғ дар фасли баҳорӣ пой то сар лолазор

Дар Муҳаррам зи ашк гулгун ғозаи маҳ талъатон

Дар баҳорон чеҳраи гулро зи шабнам ифтихор

Дар Муҳаррам наварусон сунбили мӯй пур зи хок

Дар баҳорон наврасаонро ҷуъду сунбул тор-тор

Дар Муҳаррам шаҳсаворонро ҷигар беобу хушк

Дар баҳорон майгусоронро шароби хушгувор

Дар Муҳаррам оҳу дарду нола то авҷи фалак

Дар баҳорон қаҳ-қаҳаи кабку навои сад ҳазор

 Дар Муҳаррам хонадони Сарвари олам(с) асир[3]

 3.   Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ( 1947-2006)

    Ҷаноби Абдулмаҷид Носирии Довудӣ дар китоби хеш ба номи “Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат” баён мекунад, ки дар миёни осор ва суханони бузургоне чун, Абдурраҳмон Ваҳид, Доктор Моҳотир Муҳаммад, Қозӣ Ҳусайн Аҳмад, Бурҳониддини Раббонӣ ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ Ошуроро саҳнаи набарди ҳақ бар ботил ва хубиҳо ва зиштиҳо муаррифӣ кардаанд.

  Имом Ҳусайн(а)-ро, мазҳари тамомнамои ҳақ, адолат, дин ва маънавият ва Язидро парчамдори ботил, зулмат ва ситам муаррифӣ мекунанд[4].

 4.  Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ

     Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз рӯҳониёни саршинос ва барҷастаи Тоҷикистон ва низ аз хонаводаи сайидзода ҳастанд. Ба гуфтаи эшон дар хонаводаи онҳо ҳамасола аз гузашта то ҳол дар моҳи Муҳаррам барои Имом Ҳусайн(а) маҷлиси азову сугворӣ мегиранд.

 Эшон бо таъкид бар ин ки Имом  Ҳусайн беҳтарин усва дар миёни авсиёи Анбиёи гиромии Худо аст ва Ошуро мактаби инсонсозӣ ва бедорсозандаи азҳон аст мефармоянд:” Ҳамаи паёмбарон ворисоне доштанд ва ҳар кадом аз онҳо дар ҷои худ ва дар лаҳазоти таърихисози худ хидматгузорон ва ҳидоятгарони башарият буданд. Ҳар кадом мақом ва манзалати худашонро доранд ва ҳамаи онҳо дар замони худашон мисли офтоб дурахшиданд.

   Вале дар миёни онҳо ҳазрати Имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод)  улгӯтарин усва дар миёни авсиёи Анбиёи гиромии Худо аст. Агар Ошурои имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод)  намебуд агар нафси закия ва поки Имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод)  намебуд, аслан имрӯз Исломе суроғ карда намешуд.

   Барои Исломи азиз ҳамаи бузургон ва саҳобаҳои ростин ва бузург ранҷҳо кашидаанд, аммо обёрии аслиро Имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод)  намуданд он ҳам бо фидо кардани азизтарин касони хеш. Аслан зиндагии динӣ аз хуни Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод)  аст. Агар Имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод) намебуд имрӯз мошин ва матори Исломи азиз намечархид. Наҳзати Ошӯро, наҳзате аст, ки бо ҳаргуна зулму ситам ва истибдод мухолиф аст.

   Мактаби имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод)  мактаби инсонсозӣ, озодӣ, иззату шараф аст. Наҳзати Ошуро, улгӯи тамоми наҳзатҳои баъд аз худ шуд ва ба ҳамаи онҳо собит кард, ки агар бо ихлос вориди майдон шаванд бо аз байн рафтанашон ҳаракат ва аҳдофи онҳо аз байн намеравад. Ошуро, ба мазлумин ва мустазъафин нерӯ ва таҳаррук мебахшад. Ошуро, азҳони хуфтаро бедор мекунад. Имрӯз дар курраи хокӣ на фақат мо ин воқеа (Ошуро)-ро эътироф дорем, ки хеле бузургони ғайри мусулмон низ эътироф намуданд минҷумла раҳбари фақиди Ҳиндустон ҷаноби Гандӣ, ки мегӯянд: Ман инқилобамро аз имом Ҳусайн (салому дуруди Худо бар ӯ бод) омухтам”[5].

5.   Эшони Нуриддинҷони Тураҷонзода

    Ҳамчунин хонадони Оли Тураҷон, ки бо пайравӣ аз бузург ва пири худашон Мавлавии Ҷунунӣ ҳамасола барои Имом Ҳусайн(а) маҷлиси азо ва мотам барпо мекунанд. Эшон дар ин бора чунин мефармоянд:

    Он чи мо аз Ҳусайн (Худованд аз вай розӣ бод) зикр мекунем ба хотири сухани Паёмбари Худо: Ҳусайн порае аз ҷигари Расулуллоҳ(с) мебошад. Ҳусайн фақат имоми шиаҳо нест. Муҳаббати Ҳусайн дар дили тамомии мусулмонон ба хотири он аст, ки Паёмбари Худо ӯро дӯст медошт.

     Расули Худо(c) фармудаанд: “Ҳасан ва Ҳусайн ду гули хушбӯи ман дар ин дунё ва охират ҳастанд”. Ривояти Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо). Ривоятҳо дар мадҳу фазилати ин бузургвор дар манбаъҳои исломӣ хеле зиёданд. Язидиён бо олуда кардани моҳи Муҳаррам ба хуни хонадони пок, чеҳраи худро дар таърих то қиёмат сиёҳ карданд. Тосуо ва ошурои Ҳусайнӣ, пайванддиҳанда ва омили ваҳдат миёни уммати Ислом ва ҳифзи арзишҳои исломии ҳамаи мазоҳиб аст.

   Таҷлил аз Ошуро, аз суннатҳои аслии дини мубини Ислом аст ва гиромӣ доштани ин маросим омили муҳимме барои таҳкими ваҳдат ва инсиҷом миёни ҳамаи мазоҳиби дини ҳанифи Ислом аст. Моҳи Муҳаррам, ки аз даврони пеш аз Ислом байни ақшори мухталифи ҷомеа муҳтарам ба шумор мерафт, ба дастури душманони дин, ба хуни хонадони Паёмбари Акрам (с) олуда гашт.

   Душманони дини мубини Ислом бо ин иқдоми худ қасди коҳиши нуфузи ин дин дар байни ҷомеа ва аз байн рафтани хонадони гиромии Паёмбари Ислом(с)-ро доштанд, аммо ин душманон ҳофиз будани Худовандро ба фаромӯшӣ супурда буданд ва ғофил аз он буданд, ки Худованд бо лутфу марҳамати худ ин хонадон ва дар канори он дини мубини Исломро, то қиёмат ҳифз хоҳад кард. Дӯст доштани Оли Паёмбар(с) аз воҷиботи имон аст ва ҳар касе, ки хонадони Набии акрам(с)-ро дӯст бидорад, подоши ӯро Худованд барояш арзонӣ хоҳад дошт”[6].

 6.      Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода

         Дар бораи Имом Ҳусайн ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода чунин изҳори назар мекунанд:

    “Имом Ҳусайн набераи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буда ва даҳуми моҳи Муҳаррам ба таври ноҷавонмардона ба шаҳодат расид. Мо низ ин ҳодисаи ғамангезро ёдоварӣ мекунем. Дар гузашта Мавлавӣ Ҳиндустонӣ аз уламои бузурги Тоҷикистон ба маҷлиси азодорӣ даъват мешуданд ва дар шабҳои Ошуро бо суҳбат аз таърихи Карбало ашк мерехтанд ва бар қотилони Ҳусайн  лаънат мефиристоданд”[7].

 

Натиҷа

Ҳазрати Имом Ҳусайн(а), дар суханони бузургон ва рӯҳониёни Тоҷикистон ҳамчун самбули озодӣ, иззат, шаҳомат, улгӯ ва усва ва ҳамчунин набарди ҳақ бар ботил ва қиёми ӯ дар Карбало хунинтарин қиём дар таърихи Ислом буд. Онҳо ҳамчунин ба Имом Ҳусайн(а) салому дуруд фиристода ва бар қотили ӯ лаънат мефиристанд.

 

Манобеъ

1.      Хабаргузории Форс, Шумораи 000285, дар таърихи 28-02-2012.

2.      Куллиёти Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ.

3.      Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат, Абдулмаҷид Носирии Довудӣ.

4.      Суханронии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар таърихи 25,4,2012.

5.       Аз баёноти Эшони Нуриддинҷон дар хутбаи намози ҷумаи 17.12.2012.

6.      www.ruzgor.tj

7.      www.farsnews.com

8.      http://kemyaesaadat.org

Ёсин


[1]. Донишпажӯҳи фалсафа

[2] Хабаргузории Форс, Шумораи  000285, дар таърихи 28,2,2012.

[3]. Куллиёти Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, саҳ. 409-410.

[4]. Инқилоби Карбало аз дидгоҳи аҳли суннат, Абдулмаҷид Носирии Довудӣ,саҳ. 333.

[5]. Аз Суханронии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, дар таърихи 25,4,2012.

[6]. Аз баёноти Домулло Нуриддинҷон дар хутбаи намози ҷумъаи 17.12.2012;  Сомонаҳои  www.ruzgor.tj ва http://kemyaesaadat.org.

[7]. www.farsnews.com

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.