ИЛМИ АВВАЛИН ВА ОХИРИН

Ҳазрати Исо(а) ба чӯпоне расида фармуд: Эй мард! Ту умри худро ба чӯпонӣ сарф кардӣ, агар дар таҳсили илм мекӯшидӣ беҳтар аз ин будӣ?

Арз кард: Ё Набияллоҳ! Ман шаш масъала аз илм ёд гирифтаам ва ба онҳо амал мекунам:

Аввал он ки то ҳалол ҳаст ҳаром намехӯрам ва ҳаргиз ҳалол кам намешавад то эҳтиёҷ ба ҳаром хӯрдан пайдо шавад.

Дуввум он ки то рост ҳаст дурӯғ намегӯям  ва ҳаргиз рост кам намешавад то эҳтиёҷ ба дурӯғ гуфтан пайдо шавад.

Севвум он ки то айби худро мебинам ба айби дигарон машғул намешавам ва ҳанӯз аз ислоҳи айби худ фориғ нашудаам то ба айби дигарон бипардозам.

Чаҳорум он ки то Иблисро мурда набинам аз васвасаи он эмин намешавам ва ҳанӯз шайтон намурдааст.

Панҷум он ки то хазинаи Худоро холӣ набинам ба ганҷу хазинаи махлуқ тамаъ надорам ва хазинаи Худо кам нашудааст то мӯҳтоҷи махлуқ бошам.

Шашум он ки то ҳар ду пои худро дар биҳишт набинам аз азоби Худои таоло эмин нестам ва ҳанӯз худро дар биҳишт надидаам то аз азоби Худо эмин бошам.

Ҳазрати Исо(а) фармуд: Илми аввалину охирин ин аст, ки ту хонда ва ёд гирифтаӣ.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...