Иброҳими бутшикан ва пирамарди бутпараст

Ҳамонгуна ки медонед  Иброҳими халил (алайҳи салом) паёмбари муштараки тамоми адёни осмонӣ буда ва «бутшикан»-и маъруфи торихи башарият мебошад. Ҳазрати Иброҳим (алайҳи салом) дар меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ шуҳраи офоқ буданд, то ҷое, ки агар рӯзе касеро ҳамсуфраи хеш намекарданд, таомашонро майл намекарданд.

 

Нақл мекунанд, ки рӯзе ҳазрати Иброҳим (алайҳи салом) пирамарди солхӯрда ва фартутеро дар кӯча дид, ки  бо камари хамида ва дардманд, бо синни ҳаштод ва ё бештар аз ҳаштод, ки аз умраш гузашта буд, қадам занон мерафт. Иброҳими халил (алайҳи салом) бо дидани ин саҳна дилашон ба ҳолу аҳволи он пирамард сӯхт ва аз рӯи лутфу меҳрубонӣ, ӯро ба хона даъват кард ва барои ӯ ғизое омода намуд ва бар сари дастархон муҳайё кард. Пирамард, ки бо он синнашон аз хастагии роҳ дигар рамақе дар бадани заифу нотавонашон намонда буд, ба назди дастархон омад ва бар замин нишаст то шурӯъ ба хӯрдани ғизо кунад. Луқмае бо дастони ларзонаш аз таом бардошт ва бар даҳонаш гузошт. Иброҳими бутшикан вақте мушоҳида намуд, ки пирамард бидуни ном бурдан аз соҳибу розиқи хеш ба хӯрдани таом машғул шуд, нороҳат шуд ва рӯ ба ӯ карду гуфт: чаро бо номи Худои субҳон ва Эзади якто лаб ба ғизо намекушоӣ. Ин ҳама ризқу рӯзие, ки мову шумо аз он истифода мекунем, аз они Ӯст. Ӯст, ки беминнат ба мо рӯзии фаровон медиҳад.

Пирамард ҷавоб дод: ман » бутпараст » ҳастам ва солиёни зиёде аст, ки ба бут ва санам парастидан машғул ҳастам ва наметавонами чунин кореро анҷом диҳам !!! бо як луқма нон мехоҳӣ моро аз динамон берун кунӣ!? Ман ҳаргиз хости шуморо иҷобат намекунам.

Иброҳими халил, ки дар ҳар либосе решаи ширку бутпарастӣ ва носипосиро решакан мекунад, аз посухи вай нороҳат ва ошуфта шуд ва на танҳо бо ӯ тунд бархурд кард, балки ӯро гурусна аз хона берун намуд.

Бо ихроҷи ӯ аз хона аз тарафи Худованди маннон, рӯзидиҳанда ва розиқи замину осмон ваҳй омад,  ки:

Эй Иброҳим! Мо беш аз ҳаштод сол аст, ки бо ин бандаи ношукр ва носипос меҳрубонем ва дар ҳар ваъда ғизо ва таоми ӯро додаем. То ҳоло, ки ҳаштод сол аз умри вай мегузарад, як бор ҳам аз ӯ чизе нахостем ва ӯро ба хотири носипосиаш муохиза накардаем. Аммо Ту ҳозир нашудӣ ҳатто як ваъда ғизо ҳам ба ӯ бидиҳӣ ! чаро дили ӯро шикастӣ !?!

Ҳар замоне ки диле бишканад ё ашке аз чашме ҷорӣ шавад, мо бар бандагонамон назора мекунем ва ҳар ончӣ бихоҳанд ба онон беҳисоб ато хоҳем кард.

Иброҳим ! хуб бидон ва огоҳ бош !

Аз моҳии дарё то мурғи осмон, аз кофиру мушрик то мӯъмину худопараст ҳама ва ҳама бандагони мо ҳастанд ва ҳар як аз онҳо аз суфраи густарда ва беминнати мо баҳраманд ҳастанд.  Мо ҳеҷ гоҳ касеро дар ҳеҷ ҷое аз ин замини паҳновар танҳову бекас нагузоштаем.

Ва … ва … ва … ва …

Эй Иброҳим ! бидон ва огоҳ бош, ки … .

Ва …

Худованди субҳон бо итоб бо халилу дӯсти худ суҳбат кард ва аз Ӯ хост то ба дунболи пирамард раҳсипор гардад ва дили ӯро, ки бо он рафтораш шикаста буд, ором кунад ва ҳалолият биталабад.

Иброҳим (алайҳи салом) бо пои бараҳна ба дунболи пирамард ба кӯча баромад. Халилуллоҳ, дар кӯча-паскӯчаҳои шаҳр ба суроғи пирамард мегашт, то инки ӯро пайдо намуд ва бо арақи резон ва ашки равон аз ӯ хоҳишу таманно кард, ки ӯро бибахшад ва ҳалолаш кунад.

Пирамард аз моҷарои гузашта ва ҳоли Иброҳим (алайҳи салом) таъаҷҷуб намуд, ки чанде пеш бо итобу ғазаб берунам кард ва ҳоло ки бо ин зориву тавалло мехоҳад баргардам ва ҳалолаш кунам. Бо таъаҷҷуб иллати моҷароро ҷӯё шуд.

Иброҳими халил (алайҳи салом) моҷароро барои пирамард таъриф кард. Пирамард бо шунидани моҷарои Паёмбари Худо (алайҳи салом) ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд ва рӯ ба Иброҳим (алайҳи салом) намуд ва арз кард: Эй Иброҳим ! ман аз ин дине, ки ту оварандаи он ҳастӣ, иттилоъ ва хабаре надорам ва он Худое, ки ту расулу фиристодааш ҳастӣ низ намешиносам. Аммо инро медонам, ки он Худое, ки наздиктарин касашро, ки шумо ҳастед, ба хотири як кофиру мушрик, ки умрест ба носипосиву ношукрӣ буту санам парастиш мекунад, сарзанишу муохизааш мекунад, воқеан парастиданӣ аст. Ин Худоро бояд парастиду ситойишаш намуд. Ҳамчунин Худоро бояд мисли шумо парастанадае бошад. Шумо, ки дар ин шаҳр ба инфоқу гузашт машҳуред, нишонае аз азамату меҳрубонии Ӯ ҳастед.

Пирамард бо чашмони гирён аз ҳазрати Иброҳим (алайҳи салом) дархост кард то ба ӯ биёмӯзад, ки чӣ гуна имон биёварад ва Худои ягонаро парастиш кунад.

Ин ёдоварӣ барои ононест, ки: садақаро на бар ғайри мусалмон, балки бар баъзе аз фирқаҳои мусалмон  ҳам ҷоиз намедонанд !

Нон додан, ки саҳлу осон аст, аммо ин аз Худо бехабарон баъзе аз инсонҳоро бо ташхиси гумроҳкунандаашон ба қатл расонда ва молу номуси ононро ба ғорат мебаранд.

Пас инсофатон куҷост !!!

Ёсин

Таҳияи Сайидолими Сироҷ

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...