ИБРАТҲОЕ АЗ ЗИНДАГИИ БУЗУРГОН

Расули Акрам(с) ва ду ҳалқаи ҷамъият

   Расули Акрам(с) вориди масҷиди Мадина шуд. Чашмаш ба ду гурўҳ афтод, ки ҳар дастае ҳалқае ташкил дода саргарми коре буданд. Як даста мушғули ибодату зикр ва дастаи дигар ба таълиму тааллум ва ёд гирифтани илм саргарм буданд. Ҳар ду дастаро аз назар гузаронид ва аз дидани онҳо хурсанд шуд. Ба касоне, ки ҳамроҳаш буданд рў карда фармуд: «Ин ҳар ду даста кори нек мекунанд ва бар хайру саодатанд».

Он гоҳ ҷумлае изофа кард:

«Лекин ман барои таълим ва доно кардан фиристода шудаам». Пас худаш ба тарафи ҳамон дастае, ки ба кори таълиму тааллум машғул буданд рафт ва дар ҳалқаи онҳо нишаст.

Донишҷўи бузургсол

Саккокӣ марди оҳангару санъатгар буд. Ў тавонист бо маҳорат ва диққат, давоте бисёр зариф ва бо қуфле зарифтар бисозад, ки лоиқи тақдим ба подшоҳ бошад. Интизори ҳама гуна ташвиқу таҳсин аз ҳунари худ дошт. Бо ҳазорон умеду орзу онро ба подшоҳ арза кард. Дар ибтидо ҳамон тавре ки интизор мерафт, мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифт, аммо ҳодисае пеш омад, ки фикр ва роҳи зиндагии Саккокиро ба куллӣ иваз кард. Дар ҳоле ки шоҳ машғули тамошои он   санъат буд ва Саккокӣ ҳам саргарми хаёлоти хеш, хабар доданд олиме ворид мешавад.

Ҳамин ки ў ворид шуд, шоҳ чунон саргарми пазироӣ ва   гуфтугў бо ў шуд, ки Саккокӣ ва санъату ҳунарашро якбора аз ёд бурд. Мушоҳидаи ин манзара дигаргунии амиқ дар рўҳи Саккокӣ ба вуҷуд овард.

Донист, ки аз ин кор ташвиқ ва тақдире, ки мебоист,         намешавад ва он ҳама умеду орзуҳо бемавқеъ аст, вале руҳи баландпарвози Саккокӣ он набуд, ки битавонад ором бигирад. Ҳоло чӣ бикунад? Фикр кард ҳамон корро бикунад, ки дигарон кардаанд ва аз ҳамон роҳ биравад, ки дигарон рафтаанд. Бояд ба дунболи китобу дарс биравад ва умедҳою орзуҳои гумшудаашро дар он роҳ ҷустуҷў кунад. Ҳарчанд барои як марди оқил, ки давраи ҷавониро тай кардааст, бо тифлони наврас ҳамдарс шудан ва аз дарсҳои ибтидоӣ шурўъ кардан кори осон нест, вале чорае нест, моҳиро ҳар вақт аз об бигиранд нав аст.

Аз ҳама бадтар ин ки вақте ки шурўъ ба дарс хондан кард, дар худ ҳеҷ гуна завқ ва истеъдоде нисбат ба ин кор надид. Шояд ҳам иштиғоли чандинсолаи ў ба корҳои фаннию санъатӣ завқи илмӣ ва адабии ўро хушк карда буд.

Вале на гузаштани синн ва на хомўш шудани истеъдод ҳеҷ кадом натавонист ўро аз тасмиме, ки гирифта буд боз дорад. Бо ҷиддияти фаровон машғули кор шуд, то ин ки иттифоқе афтод. Омўзгоре, ки ба ў фиқҳи шофеӣ меомўхт, ин масъаларо ба ў таълим кард: «Ақидаи устод ин аст, ки пўсти саг бо даббоғӣ пок мешавад». Саккокӣ ин ҷумларо даҳҳо бор пеши худ такрор кард, то дар ҷаласаи имтиҳон хуб аз ўҳда барояд, вале ҳамин ки  хост дарсро пас бидиҳад, ин тавр баён кард: «Ақидаи саг ин аст, ки пўсти устод бо даббоғӣ пок мешавад». Хандаи ҳозирон баланд шуд. Бар ҳама собит шуд, ки ин марди бузургсол, ки дар пирӣ ҳаваси дарс хондан кардааст, ба ҷое намерасад. Саккокӣ дигар натавонист дар мадраса ва дар шаҳр бимонад. Сар ба саҳро гузошт. Ҷаҳони паҳновар бар ў танг шуда буд. Аз қазо ба доманаи кўҳе расид. Дид, ки аз баландие қатра-қатра об рўи санге мечакад ва дар асари резиши пай дар пай сангро сўрох кардааст. Лаҳзае андешид ва фикре мананди барқ аз мағзаш гузашт. Бо худ гуфт: Дили ман ҳар андоза ғайри мустаид бошад, аз ин санг сахттар нест. Мумкин нест мудовимат ва кўшиш беасар бимонад.  Баргашт ва он қадар фаъолият ва кўшиш ба харҷ дод то истеъдодаш боз шуд ва завқаш зинда гардид. Оқибат яке аз донишмандони камназири адабиёт гашт.

 Рафиқи мо имрўз ба суроғи мо наомад

Паёмбар(с) дар муқобили касоне, ки ўро меозурданд, чунон гузашт мекард ва бадиро бо меҳр посух медод, ки онҳо хиҷолатзада мешуданд. Ҳар рўз аз канори кўчае, ки мегузашт, яҳудие ташти хокистари гармро аз боми хона бар сараш мерехт, вале Паёмбар бе онки хашмгин шавад, ба оромӣ рад мешуд ва гўшае меистод ва пас аз пок кардани сару рў ва либосаш ба роҳи худ идома медод. Рўзи дигар, бо онки медонист боз ин кор такрор хоҳад шуд, роҳи худро иваз намекард.

Як рўз аз онҷо мегузашт, бо камоли тааҷҷуб дид аз ташти хокистар хабаре нашуд. Муҳаммад(с) бо лабханди бузургворонае гуфт:

 — Рафиқи мо имрўз ба суроғи мо наомад.

 Гуфтанд:

— Бемор аст.

Фармуд:

— Бояд ба аёдаташ рафт!

Бемор дар чеҳраи Муҳаммад(с), ки ба аёдаташ омада буд, чунон самимият ва муҳаббати содиқонае эҳсос кард, ки гўӣ солҳост бо вай собиқаи деринаи дўстӣ ва ошноӣ дорад.

Мард дар баробари чунин чашмаи зулол ваҷўшоне аз сафою меҳрубонӣ ва хайр, якбора эҳсос кард, ки руҳаш шуста шуд ва лаккаҳои шуми бадписандӣ ва озордиҳӣ ва майл ба каҷӣ ва хиёнат аз замираш пок гардид.

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...