ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД МУСТАФО ИСМОИЛ

Устоди бузурги қироат Мустафо Исмоил  яке аз қориёни маъруф ва нобиғаи илми қироати Қуръон дар ҷаҳони Ислом аст, ки каломи Худоро бо оҳанги бисёр латифу дилнишин ва бо лаҳни мувофиқ бо маънию мафоҳими Илоҳӣ тиловат мекунад. Ӯ  устоди  беназирест, ки дар фанни қироат сабки махсус ва мумтоз дорад.

 Ӯ мардест, ки ҳамаи  қориёни  ҷаҳон дар остони пур аз маънавияташ сари таъзим фуруд меоваранд ва ба ӯ ишқ меварзанд. Мустафоро на танҳо қироати ӯ балки хоксорию ҷавонмардиаш дустдоштанӣ мекунад. Вақте сураи “Аҳзоб”-ро мехонд мардум чунон ба таҳсини ӯ лаб мекушоданд, ки маҷлис ба худ меларзид ва вақте дар байни қироат бо тавозӯъ  ва хоксорӣ аз мардум иҷозаи поёни қироати худро хост, онҳо идомаи қироатро аз ӯ хостанд. Ӯ  низ идома доду онгоҳ яке аз қироатҳои таърихӣ ва фаромуш нашудании худро офарид. Сураи  “Ал-ҳоққа”-ро чунон зебо хонд, ки ҳамаро мафтуни шунидани оёти Каломуллоҳи Маҷид намуд.

Мустафо дар ноҳияи Тантои Миср таваллуд шуд. Марҳалаи ибтидоии қироати Қуръонро  назди устод Саид Ал-бадавӣ ёд гирифт. Сипас  дар ноҳияи Танто дар муассисаи Ал-Аҳмадӣ  ҳамроҳи шайх Халил Ал-Ҳусарӣ назди шайх “Иброҳим Салом”, ки аз бузургтарин устодони  он замон буд ба таҳсили улуми олии қироат пардохт. Замоне ки Мустафо авалин бор ба шаҳри Қоҳира сафар кард, дар мулоқот бо шайх “Муҳаммад Рафъат” қироати Қуръон намуд. Онгоҳ Муҳаммад Рафъат имом-ул-қурро дастонашро дар миён гирифта, ояндаи дурахшонро ба ӯ навид дод. Ӯ, ки як нобино буд бо чашми дил Мустафоро ба хубӣ шинохт ва зебоии кори ӯро дар аъмоқи вуҷуди хеш эҳсос кард. Мустафо яке аз устодони  маъруфи илми қироат аст. Устоде, ки бо ошноии бо нағамоту мақомот ва илми таҷвид, беҳтарин ва зеботарин қироатҳоро офаридааст. Аз назари Мустафо ҳар қории Қуръоне, ки овози зебо дорад бояд бо лаҳнҳо ошно бошад ва вақфу ибтидоро бидонад, аммо  ҳамаи инҳо  дар шароитест, ки қорӣ ба усули тиловат халале ворид насохта ва ҳаққи оётро адо кунад. Овози хушу зебо дар оёту ривоёт низ писандида аст ва ҳамеша мавриди таъкид будааст. Ҳазрати  Расули Худо(с) фармуданд: “Қуръонро бо садои зебо, некӯ бихонед”. Ҳамчунин мефармоянд: “Он кас, ки Қуръонро бо тағаннӣ ва оҳанг қироат накунад аз уммати  ман нест”. Ҳама медонанд, ки мақсуд аз ғинову оҳанг дар ин ҷо  овози хушу зебо аст. Садое, ки ҳаққи тиловатро ончунон, ки мавриди ризои Худост фароҳам месозад. Аз назари Мустафо як қории Қуръон бузургтарин ва беҳтарин сафир барои Ислом ва кишвари худ мебошад. Хотирае аз ӯ дар ин бора нақл шудааст, ки дар сафаре ки ба Туркия доштааст мавриди истиқболи бисёр зиёде аз сӯи мардум ва мақомоти кишварӣ қарор гирифтааст. То он ҷо ки  нахуствазири Туркия  шахсан ба истиқболу дидори ӯ  омада  ҳамроҳи вазири фарҳанг ба муддати ним соат бо ӯ ба гуфтугӯ нишастанд. Пас аз он Қуръонеро, ки ҳарфҳои он бо оби тилло навишта шуда буд ба ӯ ҳадя карданд. Ҳамчунин тайи мусофиратҳое, ки ба Лубнон дошт ба муддати 3-сол дар айёми моҳи мубораки Рамазон ба тиловати Қуръон дар ин кишвар пардохт. Дар  ин ҷо низ ба ӯ нишони дараҷаи яки кишвари Лубнон дода шуд.

 Шайх Мустафо Исмоил ба кишварҳои бисёр зиёде — ки баъзе аз онҳо дар дуртарин нуқтаи  ҷаҳон аст — сафар кардааст. Вай мегӯяд: Як қории Қуръон дар қалбҳои муслумонони ҷаҳон ҷойгоҳи махсусе дорад. Мардум аз ӯ истиқболи шоистае, ки зебандаи   шахсияти ӯст ба амал меоваранд. Ҳатто аз замоне ки қадам дар фурудгоҳи он диёр мегузорад рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дар бораи таърихи  зиндагии ӯ ва таърихи кишвараш, мақолоти бисёр менависанд ва садову симо низ дар робита ба пахши барномаҳои Қуръонии ӯ талоши фаровон мекунанд.

Оре устод Мустафо аз ҷумлаи устодони барҷастае аст, ки чун тиловат мекунад, ҳар ҷо ки шунавандае бошад беихтиёр ба таҳсину ташвиқи ӯ лаб боз мекунанд. Он гоҳ ки лафзи  обро қироат мекунад, чунон мехонад, ки шунаванда  обро дар муқобили дидагони худ муҷассам мекунад. Ин ҳолат дар тамоми  калимаҳо ва ояҳо дида  мешавад.

Машҳуртарин ҷойҳое, ки устод дар он маконҳо ба тиловати Қуръон пардохтааст масҷиди ҷомеи Умавӣ дар Сурия, ҷомеи Кабир дар Лубнон, масҷиди имом Ҳасани Аскарӣ дар Ироқ, Масҷид-ул-ақсо дар Фаластини ишғолӣ, Масҷид-ул-ҳаром дар Макка ва масҷиди ҷомеи Кабир дар Парижро метавон ном бурд. Ин устоди бузурги илми қироат илова бар тиловатҳои маҷлисӣ, ҳамаи Қуръони Каримро низ ба равиши таҳқиқу тартил қироат кардааст, ки дар аксари кишварҳо шефтагони Каломи Илоҳӣ, ба тиловатҳои зебои ӯ гуши ҷон супорида аз он баҳраманд мешаванд ва қориёни зиёде  бо гӯш кардани тиловатҳояш дар ин роҳ ба маротиби аъло дар қироати Қуръон расидаанд. Ишон бо садову лаҳни дилнишинаш тавонист, иддаи зиёдеро бо дини мубини  Ислом ошно кунад.

 Саранҷом шайх Мустафо Исмоил пас аз умре талоши пурбор, дар ҳоле ки шефтагони бешуморе аз тиловатҳои дилнишини хешро бар ҷой гузошта буд дар соли 1359 ҳ. ш. дар шаҳри Қоҳира ба сӯи маъбуд шитофт ва ҷаҳони Исломро дар ғами аз даст додани нобиғае, ки ҳама ба азаматаш эътироф доштанд, сугвор кард. Ёдаш ба хайр ва руҳаш шод. [1]

 



[1] . Таҳияи Муҳаммади Раҳимӣ.

 

 

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...