Дуоҳои малоикаи муқарраббарои мӯъминон

بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبَّنَا وَسِعْتَ كُلَّ شَيْءٍ رَّحْمَةً وَعِلْمًا فَاغْفِرْ لِلَّذِينَ تَابُوا وَاتَّبَعُوا سَبِيلَكَ وَقِهِمْ عَذَابَ الْجَحِيمِ

Раббано васиъта кулла шайъин раҳматан ва илман фағфир лиллазина тобу ваттабаъу сабилака ва қиҳим азобал ҷаҳим

Парвардигоро! Раҳмату илми ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас касонеро, ки тавба карда аз роҳи ту пайравӣ кардаанд, биёмурз ва ононро аз азоби дӯзах ҳифз кун.[1]

Худоё,  ки  ҳар  чи  дар  ин  олам аст

  Туро илму ҳикмат бар ӯ маҳкам аст

 Ту  бар  тавбакорон  бибахшо гуноҳ

Ки  баҳри  ризоят  бирафтанд  роҳ

Нигаҳдорашон   бош   аз   он   азоб

Ки  андар  ҷаҳаннам  бувад  беҳисоб

Паёмҳо

1. Аввал тасбеҳу тамҷиди Худо баъд ёди азамати ӯ ва ситоиш сипас дуо кунем.

2.    Тавба ҳамроҳи амал фоида дорад.                                        

3.  Роҳи наҷот фақат дар пайравӣ аз роҳи Худо аст.



[1] Ғофир 7.

Охирин матолиб

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *