ДАР БАҲОРИ ҶАВОНӢ БО КАЛОМИ ВАҲЙ БОШ

Нақши Қуръон чун дар ин олам нишаст,

Нақшҳои попу коҳинро шикаст.

Фош гўям он чӣ дар дил музмар аст,

Ин китобе нест чизи дигар аст.

Чун ба ҷон дар рафт ҷон дигар шавад,    

Ҷон, ки дигар шуд ҷаҳон дигар шавад.

 

Ростӣ, чӣ зебост дар баҳори ҷавонӣ зиндагӣ бо Қуръон!

Оре, ҷавонӣ ниҳоят даврони зудгузари умр ва ҳар лаҳзаи ин даврон мисли дурру марҷон, ноёб аст. Ҷамоли ин фаслро наметавон бо китобат васф кард, балки ҳар ҷамоле дар назди ў бе арзиш аст. Баҳори ҷавонӣ бо унс ба Қуръон муаттар ва рангин хоҳад шуд ва роҳи ниҳоят дурахшонеро барои мо намоён мекунад, ҷавонон он вақт арзиши ин баҳорро дарк мекунанд, ки дар дарёи раҳмати илоҳӣ ғарқ шаванд ва ҷони худро бо каломи руҳбахши ин китоби ҳидоят оромиш диҳанд.

Саъодат ва хушбахтии ҷавонон дар партави зиндагӣ бо Қуръон аст, зеро Қуръон роҳнамо ва ҳидоятгар аст. Ҷавонон қалби пок ва беолоиш доранд, он вақте ки бо каломи ваҳй зиндагӣ кунанд агарчӣ бо тиловати он, баракоти ин тиловат мисли бороне, ки заминро нарм мекунад, қалби ҷавононро низ нарм мекунад ва сайқал медиҳад.

Паёмбари Ислом(с) фармуд : Касе ки Қуръон бихонад дар ҳоле ки вай ҷавон аст, Қуръон бо гўшти вай ҳамроҳ мешавад.

Худованд дар бисёре аз оёти Қуръон ба паёмбараш ба унвони ихтор ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон эълом мекунад, ки ин китоби бузурги осмонӣ, сармояи бузурге аст, ки дар ихтиёри шумо мусалмонон қарор гирифтааст. Барномаи ҷови- доние аст, ки агар дар зиндагии инсонҳо пиёда шавад дунёи ободу озод, амну амон ва мамлув аз маънавият  хоҳад сохт.

Ба қавли Муҳаммад Иқбол:

Гар ҳамехоҳӣ мусалмон зистан,

 Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.

Оре, ин ҳақиқате аст, ки ҳатто дигарон ҳам ба он муътарифанд ва муътақи- данд, агар мусалмонон ин Қуръон ва маорифи онро зинда мекарданд ва ба фармонҳои он гардан мениҳоданд, ончунон неруманд ва пешрафта буданд, ки ҳеҷ кас наметаво — нист султаи худро ба онҳо биафканад.

То он замон, ки ин машъали фурўзони ҳидоят фарорўи роҳи ҷомеаи исломӣ қарор дошт, сиёдату азамат ва  қудрату шавкат ва ҳама арзишҳои волои инсонӣ дар ихтиёри мусалмонон буд ва аз он ҳангом, ки Қуръон аз саҳнаи зиндагии мусалмонон, оҳиста-оҳиста канор зада шуд, иззату азамат ва иқтидори онон низ рў ба  уфул ниҳод.

Бидуни шак иллати асосии инҳитот ва ақабмон- дагии мусалмононро бояд дар рўй гардондани  онон аз Қуръон ҷустуҷу кард.

Агар ин китоби муқаддас ва ин ганҷинаи азим ва га- ронбаҳо дар ихтиёри душма- нони мо буд, бештарин баҳраро аз он мебурданд.

Мутаассифона ошноӣ ва огоҳии мо мусалмонон ва ҳатто бисёре аз таҳсил- кардагони мо аз Қуръон андак ва ночиз аст ва Қуръон он гуна ки шоистаи он аст, ҷойгоҳи хешро дар миёни ҷомеаи исломӣ пайдо накардааст. Аз инрў барои мо мусалмонон, пеш аз ҳар замони дигар зарурати ҳоким намудани фарҳанги қуръонӣ ва ваҳёнӣ дар матни зиндагии фардӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ эҳсос мешавад. Иллати инки имруз аксари ҷавонон аз асли хеш дур мондаанд, ба хотири дурӣ ва адами таваҷҷуҳ ба Қуръон аст.

Ҷавонони олам имрўзҳо аз ин зиндагии беҳадафу пуч  хаста ва нороҳат шудаанд ва дарёфтаанд, ки танҳо роҳи расидан ба рузгори васли хеш дар баҳори ҷавонӣ, пайвастан ба каломи ваҳй аст.

Пас биёед бо ин сарчашмаи нуру маърифат бештар ошно шавем то битавонем аз гумроҳиҳо ва инҳирофоте, ки саросари оламро фаро гирифтааст , дар амон бошем.

 

Ёсин 

 

 

 

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...