Гуноҳони Забон (1)

Ҳазрати Расули Акрам (с) фармудаанд: Беҳтарин аъмол назди Худованд ҳифз ва нигаҳ доштани  забон аст.

Ва ҳамчунин дар ин робита дар ҷойи дигаре фармудаанд: Бештарин гуноҳи фарзанди Одам (а) аз забони ӯст.

Инсон гоҳе ба гуноҳоне мубтало мешавад, ки агар хуб таваҷҷуҳ намоем мутаваҷҷеҳ мешавем, ки забон дар он гуноҳ нақши бисёр муҳиме дошта аст.
Ҳар ки мардум аз забони ӯ битарсанд, аҳли ҷаҳаннам аст.
Беҳтарин хайру садақа контрол ва нигаҳ доштани забон аст.
Ҷаноби Муҳаммадалии Сафарӣ дар китоби худ ба номи “Гуноҳони Забон” ҳафтод гуноҳро барои ин узви кӯчак ва ночизи бадани инсон шумурда аст, ки мо чиҳилтои онро барои шумо азизону сарварон омода намудаем ва идомаи онро дар матолиби баъдӣ ба шумо бузургворон пешкаш менамоем.

Хабареро надониста гуфтан

Айбҷӯӣ аз дигарон

 Масхара кардани дигарон

 Туҳмат задани дигарон

 Фош кардани асрори мардум

 Ранҷонидани мӯъмин

 Сарзаниши беҷо

 Дурӯғ гуфтан

 Ваъдаи дурӯғ

 Қасами дурӯғ

 Шаҳодати ноҳақ

 Таҳрифи масоили динӣ

 Ҳукми ноҳақ

 Лаънат кардани мардум

 Таъна задан

 Дилшикастан

 Амр ба мункар

 Наҳй аз маърӯф

 Бадахлоқӣ

 Тасдиқи куфр ва ширк

 Ғайбат кардан

 Пахши сухани дурӯғ (Шойиъа)

 Бадзабонӣ дар муъошират

 Бо номи бад садо задан

Тамаллуқ ва чарбзабонӣ

Бо макру ҳилла сухан гуфтан

Мазоҳ ва шухии зиёд

Захми забон задан

Обрӯрезӣ

Кибру ғӯрӯр дар гуфтор

Тақлиди садои дигароон (бо мазоқ)

Бидъат дар дин

Изҳори бухлу ҳасад

Хушунат (асабонӣ, гизалагӣ) дар гуфтор

Фуҳш ва носазо гуфтан

Суханчинӣ

Ноумед кардан

Шухӣ бо номаҳрам

Риё дар гуфтор

Фарёд задани беҷо

Шояд бо таваҷҷӯҳ ба нақш ва ҷойгоҳи ин узви кӯчак ва ночизи бадани инсон дар миёни дигар аъзо, боис шавад то бештар муроқиби он бошем чаро ки ин узви кӯчак таъсири бисёр зиёде дар уқубати инсон дорад.

 Дар охир аз Худованди Манннон мехоҳам то ҳаммаи моро аз гуноҳони забон дар амони худаш нигаҳ дорад.

Сайидолими Сироҷ

Ёсин

 

 

 

 

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...