Арзишҳои инсон 3

   … 1)Дар даруни инсон илова бар унсурҳои моддӣ, ки дар ҷамоду гиёҳу ҳайвон вуҷуд дорад, унсури малакутӣ ва илоҳӣ вуҷуд дорад. Инсон таркибшуда аз табиат ва пушти табиат, аз моддаву маъно ва аз ҷисму ҷон аст.

Он ки ҳарчиро офарид некӯ офарид ва офариниши инсонро аз гил оғоз кард, баъд насли ӯро аз шираи кашидае, ки обе паст аст қарор дод, онгоҳ ӯро биёрост ва аз рӯҳи хеш дар ӯ дамид.[1]

    2)Офариниши инсон, офариниши ҳисобшуда аст ва тасодуфӣ нест. Инсон мавҷуде интихобшуда ва баргузидашуда аст:

Худованд Одамро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ӯро ҳидоят кард.[2]

    3)Ӯ шахсияти мустақиллу озод дорад, амонатдори Худованд аст, рисолат ва масъулият дорад, аз ӯ хосташуда аст, ки бо кор ва навоварӣ заминро обод созад ва бо интихоби худ яке аз ду роҳи хушбахтӣ ва бадбахтиро ихтиёр кунад:

Ба дурустӣ, ки амонати хешро бар осмону замин арза кардем ва ҳама аз пазируфтани он дӯрӣ ҷустанд ва аз қабули он тарсиданд, аммо инсон бори амонатро ба дӯш кашид ва онро пазируфт. Ба дурустӣ, ки ӯ ситамкору нодон буд.[3]

Мо инсонро аз нутфае таркибшуда офаридем, то ӯро мавриди имтиҳон қарор диҳем, пас ӯро шунавову бино қарор додем. Ба дурустӣ, ки роҳро ба ӯ нишон додем, ӯ худ ё сипосгузор аст ва ё кофир (ё роҳи ростро, ки ба ӯ нишон додем хоҳад рафт ва ба саодат хоҳад расид ва ё носипосии неъмат карда қаҷравӣ мекунад).[4]

    4)Ӯ соҳиби каромату шарофат дорад. Худо ӯро бар бисёре аз махлуқоташ бартарӣ додааст. Ӯ онгоҳ ҳақиқати худро дарку эҳсос мекунад, ки ин каромату шарофатро дар худ дарк кунад ва худро бартар аз пастиҳо, асоратҳо ва шаҳватрониҳо бидонад:

Ба дурустӣ, ки мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва ононро бар саҳрову дарё (хушку тар) мусаллат кардем ва бар бисёре аз махлуқоти худ бартарӣ додем.[5]

[1]- Саҷда\ 7-9.

[2]- Тоҳо\122.

[3]- Аҳзоб\72.

[4]- Даҳр\2-3.

[5]- Исро\70.

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст