Азриши илм

 Ба номи Худо

Яке аз саҳобаи маданӣ назди Паёмбари Аъзам(с) омад ва пурсид: Эй Расули Худо! Ҳузури ман дар кадом гуруҳ беҳтар аст? Дар миёни гуруҳе, ки ҷанозаеро ташйиъ мекунанд ё дар маҷлиси як донишманд?

Паёмбари Аъзам(с) фармуд: Агар касоне бошанд, ки ҷанозаро ташйиъ кунанд ва онро ба хок бисупоранд ҳозир шудан дар маҷлиси марди донишманд аз ҳозир шудан дар ташйиъи ҳазор ҷаноза ва дидор аз ҳазор бемор ва барпо истодан барои ибодат дар ҳазор шаб ва рӯза доштан дар ҳазор рӯз ва садақа додан ба ҳазор бенаво ва анҷоми ҳазор ҳаҷ ва ширкат дар ҳазор ҷанг дар роҳи Худо ҷуз ҷанги воҷиб ва додани молу ҷон дар ин роҳ фазилати бештар дорад. Оё медонӣ, ки итоат ва ибодати Худованд низ ба илм аст ва некии дунё ва охират бо илм аст ва шарру бадии дунё ва охират бо ҷаҳлу нодонӣ.

Равзатулвоизин, саҳ.12.

 

 

 

Охирин матолиб

Нигоҳе ба зиндаигии Паёмбари Аъзам(3)

… Абӯҷаҳл дар каминиРасули Худо(с) Пешрафти дини Ислом, Қурайшро хеле нороҳат карда буд. Рӯзе набуд, ки хабари мусулмон шудани фарде аз қабилаҳои Қурайш ба гӯши...

Нигоҳе ба зиндагии Паёмбари Аъзам(с) 1

Даромад Эй номи ту беҳтарин сароғоз, Бе номи ту нома кай кунам боз. Хондани таърихи Ислом махсусан зиндагии Паёмбари Ислом(с) ба инсон дарси ибрат медиҳад,...