Оё дуруст аст Қуръонро хатм кунем ва ба маънои он таваҷҷӯҳ накунем?

Оё дуруст аст Қуръонро хатм кунем ва ба маънои он таваҷҷӯҳ накунем?

Қироати матни Қуръон савоби вижа дорад, чун Қуръон хондан, сухан гуфтан бо Худованд аст ва дар оятҳо ва ривоятҳои зиёде аз мо хоста шуда Қуръон бихонем, вале агар бихоҳем аз улум ва маорифи бекарони Қуръон баҳра бибарем, шоиста аст ба тарҷума ва дар сурати имкон ба тафсири мухтасари Қуръон таваҷҷӯҳ кунем ва саъй кунем ба муҳтавои Қуръон амал кунем ва яқинан қироате, ки ҳамроҳи тадаббур ва таваҷҷӯҳ ба маънии Қуръон бошад, хайр ва савобаш чандин баробари Қуръон хондане аст, ки дар он тадаббур ва таваҷҷӯҳ ба маънии Қуръон набошад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Қуръон хондане, ки ҳамроҳ бо тадаббур ва диққат ба маънии оятҳонабошад, хайре дар он дида намешавад.[1] Чунонки дар дуои пеш аз қироати Қуръон мехонем:

Парвардигоро! Қуръон хондани манро қироате, ки ҳеҷ тадаббуре дар он нест,нагардон.[2]

 


[1]. Ло хайра фи қироатин ло тадаббура фиҳо. (Бурқаӣ, Муҳосин. ҷ.1,саҳ.5; Сунани Дорамӣ, ҷ.1, саҳ.89, Биҳор, ҷ.75, саҳ.75.)

[2]. Мустадрак, ҷ.4, саҳ.373.

Охирин матолиб

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *