Мароҳили тарбияти ахлоқӣ 2

  2.Баъд аз таваллуд

А) Нақши шири модар дар тарбияти ахлоқӣ:

Аввалин ғизои кӯдак пас аз таваллуд шири модар мебошад. Ба хотири ҳамин бояд муроқиби ғизои худ бошад, зеро ғизои ҳаром ва наҷас дар шир асар мегузорад ва шири ҳаром ва наҷас дар фарзанд асар мегузорад. Ва шир, ғизои комил ва аз лиҳози маводди ғизоӣ, ғанитарин ғизоҳост ва шири модар барои кӯдак муносибтар ва солимтар мебошад. Ислом низ шири модарро беҳтарин ғизо барои кӯдак ва як ҳаққи табии ӯ медонад. Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд: “Ҳеҷ шире барои кӯдак судмандтар ва пурбаракаттар аз шири модар нест.” Бинобар ин бонувоне, ки ба тарбияти саҳеҳи фарзандони хеш алоқа доранд, бояд то ҳадди имкон онҳоро бо шири худашон тағзия намоянд ва бидонанд, ки бо ин ки бо ин кор ба саломати ҷисм ва равони онҳо кӯмак хоҳанд кард.[1]

Б) Нақши тағзия дар тарбияти ахлоқии кӯдакон:

Яке аз авомили муҳимми тарбият, тағзия кӯдак аст, ки дар тарбият ва парвариши ӯ таъсир дорад. Аз тариқи таркиби ҷисмонӣ ва таъсироти равонӣ ва отифӣ, агар модар бо як барномаи саҳеҳ ниёзҳои ғизои навзодашро таъмин кунд, ба саломати бадан ва аъсоб ва мағзи ӯ кӯмак хоҳад кард ва дар натиҷа дар тарбият ва парвариши ахлоқиёти ӯ низ таъсир хоҳад гузошт. Пас падар ва модаре, ки ба саодати фарзанди хеш алоқа доранд бояд ниёзҳои ғизоии ӯро шиносоӣ карда ва бо барномаи саҳеҳ ӯро тағзия кунанд. Ва аз яксолагӣ бояд аз он чи ки худамон мехӯрем ба кӯдак бидиҳем ва аз 15 моҳагӣ ҳам тифлро дар ғизо хурдан озодаш бигузорем ва худамон ба ӯ ғизо надиҳем. Ғизо бояд тайиб ва пок бошад, чун ин бо амал ва рафтори кӯдак робитаи мустақим дорад. Ва замони тарбият, замони навниҳолии кӯдакон аст, чунки фитрати ин навниҳолон пас аз таваллуд даст нахӯрдааст ва ин кори мураббиро бисёр осон мекунад. Ҳазрати Алӣ(а) ба фарзанди бузургвораш мефармояд: “Ман ба тарбияти ту пардохтам пеш аз он ки дилат сахт ва фикрат машғул шавад. Қалби кӯдак чунон замини холӣ аст, ки ҳар базреро дар он бирезед, рушд хоҳад кард.”[2]


[1]. Иброҳими Аминӣ, Ислом ва таълиму тарбият, саҳ 215.

[2]. Ҳамон, саҳ 211.

Охирин матолиб

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Мусулмонони ҳақиқӣ

Паёмбари Аакрам (с) мефармоянд: مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الْجَسَدِ إِذَا اشْتَكَى مِنهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الجَسَدِ بِالسَّهَرِوَالْحُمَّى Мусулмонони ҳақиқӣ дар дӯстӣ,...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *