Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва нурро қарор дод; сипас касоне, ки куфр варзиданд барои Парвардигорашон ҳамто қарор медиҳанд.
  2. Ӯ Зотест, ки шуморо аз гил офарид, сипас [барои шумо] аҷалро муқаррар кард ва аҷали муайян назди Ӯст; боз шумо шак мекунед!
  3. Ва Ӯ Худост дар осмонҳо ва дар замин; пинҳони шумо ва ошкори шуморо медонад ва он чиро ба даст меоваред, медонад.
  4. Ва ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои Парвардигорашон барои онҳо наёмад, магар ин ки аз он рӯйгардон буданд.
  5. Ва ба таҳқиқ, ҳақро ҳангоме ки ба сӯяшон омад, такзиб карданд; пас ба зудӣ хабарҳои он чи ки онро масхара мекарданд, ба онҳо хоҳад расид.
  6. Оё нанигаристаанд, ки пеш аз онҳо чӣ бисёр умматҳоеро ҳалок кардем? Дар замин ба онон қудрате дода будем, ки барои шумо ончунон қудрат надодаем ва [борони] пай дар пайи осмонро бар онҳо фиристодем ва наҳрҳое қарор додем, ки аз зери онҳо ҷорӣ бошад, пас онҳоро ба сабаби гуноҳонашон ҳалок сохтем ва баъд аз онҳо уммати дигаре ба вуҷуд овардем.
  7. Ва агар навиштае дар варақе бар ту нозил мекардем ва онро бо дасти худ ламс мекарданд, қатъан касоне, ки куфр варзиданд мегуфтанд: «ин ҷуз сеҳри ошкор нест».
  8. Ва гуфтанд: «чаро фариштае бар ӯ фиристода нашуд?» Ва агар фариштаеро мефиристодем, ҳатман кор тамом шуда буд, сипас мӯҳлат дода намешуданд.
  9. Ва агар он [Паёмбар]-ро фариштае қарор медодем, қатъан ӯро [ба шакли] инсоне дармеовардем ва ҳатман он чиро [бар дигарон] муштабаҳ месозанд, бар онон муштабаҳ месохтем.
  10. Ва ба дурустӣ, ки паёмбарони пеш аз ту масхара шуданд; сипас сазои он чи онро масхара мекарданд, ба касоне аз онҳо, ки масхара карда буданд, фуруд омад.
  11. Бигӯ: «дар замин сайр кунед, сипас бингаред, ки оқибати такзибкунандагон чигуна буд!»
  12. Бигӯ: «он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они кист?» Бигӯ: «аз они Худост; раҳматро бар Худаш муқаррар доштааст, қатъан шуморо дар рӯзи қиёмат, ки ҳеҷ шакке дар он нест, ҷамъ хоҳад кард. Касоне, ки бар худашон зиён расондаанд, пас онон имон намеоваранд.
  13. Ва он чи дар шаб ва рӯз ором мегирад, аз они Ӯст ва Ӯ шунавои доност».
  14. Бигӯ: «оё ғайри Худоро, ки офаринандаи осмонҳо ва замин аст, сарпараст гирам? Дар ҳоле ки Ӯ рӯзӣ медиҳад ва рӯзӣ дода намешавад». Бигӯ: «дар воқеъ ман фармон дода шудам нахустин касе бошам, ки таслим шудааст ва [фармон дода шудам, ки] ҳаргиз аз мушрикон набош!»
  15. Бигӯ: «ба ростӣ агар ман аз Парвардигорам нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бузург метарсам».
  16. Ҳар кас, ки дар он рӯз [азоб] аз ӯ боз дошта шавад, пас ҳатман [Худо] ба ӯ раҳм кардааст ва ин комёбии ошкор аст.
  17. Ва агар Худо ба ту зараре расонад, пас ҷуз Ӯ ҳеҷ бартарафкунандае барои он нест ва агар ба ту хайре расонад, пас Ӯ бар ҳар чизе тавоност.
  18. Ва Ӯ бар бандагони Худ мусаллат аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст.
  19. Бигӯ: «гувоҳии чӣ чизе бузургтар аст?» Бигӯ: «Худо байни ман ва байни шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон ба сӯи ман ваҳй шудааст, то бо он шуморо ва касеро, ки [паёмаш] ба ӯ бирасад, ҳушдор диҳам. Оё ба ростӣ, шумо гувоҳӣ медиҳед, ки маъбудони дигаре бо Худост?» Бигӯ: «гувоҳӣ намедиҳам». Бигӯ: «ҷуз ин нест, ки Ӯ маъбуди ягона аст ва яқинан ман аз он чи ширк меварзед, безорам».
  20. Касоне, ки ба онҳо китоб [-и осмонӣ] додаем ӯ (Паёмбар)-ро мешиносанд, ҳамон гуна, ки фарзандони худро мешиносанд; касоне, ки бар худашон зиён расондаанд, пас онон имон намеоваранд.
  21. Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бибандад ё оятҳои Ӯро дурӯғ бишуморад? Ба дурустӣ, ки ситамгарон растагор намешаванд.
  22. Ва рӯзе, ки ҳамаи онҳоро ҷамъ меоварем, сипас ба касоне, ки ширк варзидаанд, мегӯем: «куҷоянд он шарикони шумо, ки [ҳамтои Худо] мепиндоштед?»
  23. Баъд аз он, узрашон ҷуз ин набошад, ки мегӯянд: «савганд ба Худо, ки Парвардигори мост [мо] мушрик набудем».
  24. Бингар чигуна бар хештан дурӯғ гуфтанд! Ва он чи мебофтанд аз онон гум шуд.
  25. Ва аз онҳо касест, ки ба сӯи ту гӯш медиҳад; дар ҳоле ки бар дилҳояшон пардаҳое афкандаем, то онро нафаҳманд ва дар гӯшҳояшон сангиние [қарор додаем] ва агар ҳар мӯъҷизаеро бибинанд ба он имон намеоваранд; то ҷое, ки назди ту биёянд ва бо ту баҳс ва мунозара кунанд; касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «ин (Қуръон) ҷуз афсонаҳои пешиниён нест».
  26. Ва онон [мардумро] аз он наҳй мекунанд ва [худ низ] аз он дур мешаванд ва ҷуз хештанро ҳалок намекунанд ва намефаҳманд.
  27. Ва агар онҳоро, ҳангоме ки дар канори оташ боз дошта шаванд бибинӣ, пас гӯянд: «эй кош мо бозгардонида мешудем ва оятҳои Парвардигорамонро дурӯғ намешуморидем ва аз мӯъминон мебудем».
  28. Балки он чиро аз пеш пинҳон мекарданд, барояшон ошкор шуд ва агар [ба дунё] бозгардонида шаванд, қатъан ба он чи аз он наҳй шуда буданд бармегарданд ва ба яқин онон дурӯғгӯ ҳастанд.
  29. Ва гуфтанд: «ҷуз ин зиндагии дунёи мо [зиндагии дигаре] нест ва мо барангехта нахоҳем шуд».
  30. Ва агар онҳоро, ҳангоме ки дар пешгоҳи Парвардигорашон боздошта шаванд бубинӣ [Худо] гӯяд: «оё ин ҳақ нест?» Гӯянд: «оре, қасам ба Парвардигорамон [ҳақ аст]» гӯяд: «пас ба хотири ин ки куфр меварзидед, азобро бичашед!»
  31. Қатъан касоне, ки лиқои Худоро дурӯғ шумориданд, зиён карданд, то ҳангоме ки ногаҳон қиёмат ба онҳо фаро расад, гӯянд: «эй дареғо бар мо дар бораи он чи дар он кутоҳӣ кардем» ва онҳо бори гуноҳонашонро бар пуштҳои худ мекашанд; огоҳ бошед! Чи бад аст он чиро мекашанд.
  32. Ва зиндагии дунё ҷуз бозӣ ва саргармӣ нест ва қатъан сарои охират барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд беҳтар аст; оё намеандешед?
  33. Ба яқин медонем, ки он чи мегӯянд, туро сахт андӯҳгин месозад; пас ҳамоно онҳо туро такзиб намекунанд валекин золимон нишонаҳои Худоро инкор мекунанд.
  34. Ва ба яқин пеш аз ту паёмбароне такзиб шуданд ва бар он чи такзиб шуданд ва озор диданд сабр карданд, то ин ки ёрии мо ба онон расид ва барои суханон [ва қонунҳои] Худо ҳеҷ тағйирдиҳандае нест. Ва бешак, бархе аз хабар [ҳо]-и паёмбарон ба ту расидааст.
  35. Ва агар рӯйгардонии онон бар ту гарон бошад, пас агар метавонӣ, ки рахнае дар замин ё нардбоне дар осмон биҷӯӣ ва мӯъҷизае барои онон биёварӣ [пас чунин кун!] Ва агар Худо мехост, ҳатман онҳоро бар ҳидоят ҷамъ мекард; пас аз ҷоҳилон набош!
  36. Танҳо касоне [даъвати туро] мепазиранд, ки гӯши шунаво доранд ва [аммо] мурдагон, Худо онҳоро бархоҳад ангехт; сипас ба сӯи Ӯ бозгардонида мешаванд.
  37. Ва гуфтанд: «чаро нишонае аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «ҳамоно Худо тавоност, бар ин ки нишонае фиристад валекин бештари онон намедонанд».
  38. Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин ва на парандае, ки бо ду боли худ парвоз мекунад, нест магар ин ки умматҳое ҳамонанди шумо ҳастанд. Мо ҳеҷ чизеро дар Китоб кам нагузоштем; сипас ба сӯи Парвардигорашон маҳшур мешаванд.
  39. Ва касоне, ки оятҳои Моро дурӯғ шумориданд, карону гунгоне дар торикиҳо ҳастанд. Худо ҳар касро бихоҳад гумроҳаш мекунад ва ҳар касро бихоҳад бар роҳи рост қарораш медиҳад.
  40. Бигӯ: «чӣ мебинед, агар ба шумо азоби Худо биёяд ё қиёмат ба шумо биёяд? Агар ростгӯ ҳастед оё [боз] ғайри Худоро мехонед?»
  41. Балки танҳо Ӯро мехонед ва агар [Худо] бихоҳад он чизеро, ки аз Ӯ дархост мекунед бартараф мекунад ва он чиро шарик қарор медиҳед фаромӯш мекунед.
  42. Ва ба яқин, ба сӯи умматҳои пеш аз ту [паёмбароне] фиристодем; пас [он умматҳоро] ба сахтӣ ва беморӣ гирифтор кардем, то шояд онҳо тазарруъ кунанд.
  43. Пас чаро ҳангоме ки азоби Мо ба онон омад, тазарруъ накарданд? Валекин дилҳояшон сахт шуд ва шайтон он чиро, ки анҷом медоданд барояшон зинат дод.
  44. Ва замоне ки он чиро ба он панд дода шуданд фаромӯш карданд, бар онҳо дарҳои ҳамаи чизро кушодем, то чун ба он чи дода шуданд шод гаштанд; ногаҳон онҳоро гирифтор кардем; пас дар ин ҳангом онҳо ноумед шуданд.
  45. Ва решаи гурӯҳи касоне, ки зулм карданд бурида шуд ва ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
  46. Бигӯ: «чӣ мебинед, агар Худо шунавоӣ ва биноии шуморо гирад ва ба дилҳоятон мӯҳр ниҳад, кадом маъбуде ғайр аз Худост, ки онро ба шумо баргардонад?» Бингар чи гуна нишонаҳоро гуногун баён мекунем; сипас онҳо рӯйгардон мешаванд.
  47. Бигӯ: «чӣ мебинед, агар азоби Худо баногоҳ ё ошкоро ба шумо бирасад? Оё ҷуз гурӯҳи ситамгарон ҳалок мешаванд?»
  48. Ва паёмбаронро ҷуз башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда намефиристем ва ҳар кас имон оварад ва ислоҳ намояд, пас на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.
  49. Ва касоне, ки оятҳои Моро дурӯғ шумориданд, ба сабаби он чи нофармонӣ мекарданд, ба онон азоб мерасад.
  50. Бигӯ: «ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст ва на [мегӯям] ман ғайбро медонам ва ба шумо намегӯям, ки ман фариштаам; ҷуз он чи бар ман ваҳй мешавад, пайравӣ намекунам». Бигӯ: «оё нобино ва бино баробаранд? Пас чаро тафаккур намекунед?»
  51. Ва бо он [Қуръон] ҳушдор деҳ! Касонеро, ки метарсанд, аз ин ки ба сӯи Парвардигорашон маҳшур шаванд, дар ҳоле ки ҷуз Ӯ ёвару шафоатгаре барояшон нест; шояд, ки онҳо парҳезгорӣ кунанд.
  52. Ва [аз худ] дур накун касонеро, ки бомдоду шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд; дар ҳоле ки Зоти Ӯро мехоҳанд. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳост ва агар онҳоро биронӣ, пас аз ситамгарон хоҳӣ буд.
  53. Ва инчунин баъзе аз онҳоро ба баъзе [дигар] озмудем, то бигӯянд: «оё онҳоянд, ки Худо аз миёни мо, бар онҳо миннат гузоштааст?» Оё Худо ба шукргузорон донотар нест?
  54. Ва чун касоне, ки ба оятҳои Мо имон доранд, назди ту биёянд, пас бигӯ: «салом бар шумо бод! Парвардигоратон раҳматро бар Худаш муқаррар кардааст, ки ҳар кас аз шумо аз рӯи нодонӣ кори баде кунад ва баъд аз он тавба кунад ва ислоҳ намояд; ҳамоно Ӯ омурзандаи меҳрубон аст».
  55. Ва инчунин оятҳоро баён мекунем ва то роҳи муҷримон равшан шавад.
  56. Бигӯ: «қатъан ман наҳй шудаам, ки касонеро, ки ғайр аз Худо мехонед, бипарастам». Бигӯ: «ман хостаҳои шуморо пайравӣ намекунам, ки дар он сурат ҳатман гумроҳ шудаам ва ман аз ҳидоятёфтагон нестам».
  57. Бигӯ: «дар ҳақиқат ман аз ҷониби Парвардигорам далели равшане дорам ва шумо онро дурӯғ шуморидед; он чиро, ки нисбат ба он шитоб меварзед, назди ман нест. Ҳукм ҷуз аз они Худо нест, ки ҳақро баён мекунад ва Ӯ беҳтарин доварон аст».
  58. Бигӯ: «агар он чиро, ки нисбат ба он шитоб меварзед назди ман буд, ҳатман кор байни ман ва байни шумо тамом шуда буд ва Худо ба [ҳоли] ситамгарон донотар аст».
  59. Ва калидҳои ғайб назди Ӯст; ҷуз Ӯ касе онҳоро намедонад ва он чиро дар хушкӣ ва дарёст, медонад ва ҳеҷ барге намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тар ва хушке нест, магар он ки дар китобе равшан [сабт] аст.
  60. Ва Ӯ Зотест, ки [рӯҳи] шуморо дар шаб меситонад ва он чиро дар рӯз анҷом додаед медонад; сипас шуморо дар он [рӯз] бармеангезад, то вақти муайян фаро расад; сипас бозгашти шумо ба сӯи Ӯст, онгоҳ шуморо ба он чи анҷом медодед, хабар медиҳад.
  61. Ва Ӯ бар бандагони Хеш мусаллат аст ва бар шумо нигаҳбононе [аз фариштагон] мефиристад, то вақте ки марг яке аз шуморо бирасад, фиристодагони Мо рӯҳи ӯро ба таври комил бигиранд ва онҳо кутоҳӣ намекунанд.
  62. Сипас ба сӯи Худо, ки мавлои ҳақиқии онҳост, бозгардонида шаванд. Огоҳ бошед! Ҳукм танҳо аз они Ӯст; Ӯ сареътарини ҳисобрасон аст.
  63. Бигӯ: «чӣ касе шуморо аз торикиҳои хушкию дарё наҷот мебахшад?» Дар ҳоле ки Ӯро бо тазарруъ [ва ошкор] ва пинҳонӣ мехонед [мегӯед:] агар моро аз ин [гирифториҳо] наҷот бахшад, ҳатман аз шукргузорон хоҳем буд.
  64. Бигӯ: «Худо шуморо аз он [гирифториҳо] ва аз ҳар андӯҳе наҷот мебахшад, сипас шумо ширк меварзед!»
  65. Бигӯ: «Ӯ тавоност, бар ин ки азобе аз болои шумо ё аз зери поҳоятон бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ [ба ҷони ҳам] андозад ва азоби баъзе аз шуморо ба баъзе [дигар] бичашонад». Бингар чигуна нишонаҳоро гуногун баён мекунем! Бошад, ки онон хуб бифаҳманд.
  66. Ва қавми ту он [Қуръон]-ро дурӯғ шумориданд, дар ҳоле ки он ҳақ аст, бигӯ: «бар шумо вакил нестам».
  67. Барои ҳар хабаре вақти вуқуъ аст ва ба зудӣ хоҳед донист.
  68. Ва чун касонеро бибинӣ, ки дар оятҳои Мо [бо тамасхур] ба беҳудагӯӣ мепардозанд, пас аз онон рӯй гардон, то ба сухане ғайр аз он бипардозанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ андозад, пас баъд аз ба ёд овардан, бо гурӯҳи ситамгарон манишин!
  69. Ва чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, нест валекин ёдоварӣ аст, то шояд онҳо парҳез кунанд.
  70. Ва раҳо кун касонеро, ки дини худро ба бозӣ ва саргармӣ гирифтаанд ва зиндагии дунё онҳоро мағрур сохтааст ва бо ин [Қуръон] панд бидеҳ, мабодо касе ба сабаби он чи анҷом додааст, гирифтор шавад; барои ӯ ғайр аз Худо ҳеҷ ёвар ва шафоатгаре нест ва агар ҳар навъ фидяе диҳад аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд; онон касоне ҳастанд, ки ба сабаби он чи анҷом додаанд, гирифтор шуданд; ба хотири ин ки куфр меварзиданд, барояшон нӯшидании ҷӯшон ва азобе дарднок аст.
  71. Бигӯ: «оё ғайр аз Худо чизеро бихонем [ва бипарастем] ки на суде ба мо медиҳад ва на зараре ба мо мерасонад ва баъд аз он ки Худо моро ҳидоят кард ба гузаштаамон бозгардонида шавем? Ҳамонанди касе, ки шайтонҳо ӯро ба бероҳа кашондаанд, дар ҳоле ки дар замин саргардон аст; барои ӯ ёроне бошад, ки ба ҳидоят даъваташ мекунанд, ки ба сӯи мо биё!» Бигӯ: «бешак, ҳидояти илоҳӣ танҳо ҳидоят аст ва ба мо амр шудааст, ки таслими Парвардигори оламиён бошем.
  72. Ва ин ки намозро барпо доред ва аз Ӯ битарсед ва Ӯ Зотест, ки ба сӯи Ӯ маҳшур хоҳед шуд».
  73. Ва Ӯ Зотест, ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид ва рӯзе, ки мегӯяд: «Бош!» пас [дарҳол] мешавад. Сухани Ӯ ҳақ аст. Ва рӯзе, ки дар «сур» дамида шавад фармонравоӣ фақат аз они Ӯст; донои пинҳону ошкор аст ва Ӯ ҳакими огоҳ аст.
  74. Ва ҳангоме ки Иброҳим ба падараш Озар гуфт: «оё бутҳоро маъбуд мегирӣ? Ҳамоно ман ту ва қавматро дар гумроҳии ошкоре мебинам».
  75. Ва ин гуна малакути осмонҳо ва заминро ба Иброҳим нишон додем ва то ин ки аз яқинкунандагон бошад.
  76. Пас вақте шаб бар ӯ парда андохт, ситорае дид, гуфт: «ин парвардигори ман аст?» Пас чун фурӯ рафт, гуфт: «фурӯ равандагонро дӯст намедорам».
  77. Ва замоне ки моҳро тобон дид, гуфт: «ин парвардигори ман аст?» Пас чун фурӯ рафт, гуфт: «агар Парвардигорам манро ҳидоят накарда буд, қатъан аз гурӯҳи гумроҳон будам».
  78. Ва ҳангоме ки хуршедро тулӯъкарда дид, гуфт: «ин парвардигори ман аст? Ин бузургтар аст!» Пас чун фурӯ рафт, гуфт: «эй қавм [-и ман]! Қатъан ман аз он чи шарик [-и Худо] қарор медиҳед, безорам.
  79. Ба дурустӣ, ки ман ҳақгароёна рӯи хешро ба сӯи Зоте намудам, ки осмонҳо ва заминро офаридааст ва ман аз мушрикон нестам».
  80. Ва қавмаш бо ӯ баҳсу мунозара карданд, гуфт: «оё дар бораи Худо бо ман баҳсу мунозара мекунед? Дар ҳоле ки [маро] ҳидоят кардааст ва аз он чи шарики Ӯ қарор медиҳед, наметарсам, ҷуз он ки Парвардигорам чизеро бихоҳад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст; пас оё панд намегиред?»
  81. Ва чигуна аз он чи ширк варзидед битарсам? Ва наметарсед аз ин ки шумо чизеро шарик [-и Худо] қарор додаед, ки далеле дар бораи он бар шумо нафиристодааст. Пас агар медонед, кадом як аз ду гурӯҳ ба эминӣ сазовортар аст?
  82. Касоне, ки имон оварданд ва имонашонро ба зулме олуда накарданд, онҳоянд, ки барояшон эминӣ аст ва онҳо ҳидоятёфтагонанд.
  83. Ва ин ҳуҷҷати Мост, ки онро ба Иброҳим дар баробари қавмаш додем; дараҷоти ҳар касро бихоҳем боло мебарем; ба дурустӣ, ки Парвардигори ту ҳақими доност.
  84. Ва Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем; ҳар якро ҳидоят кардем ва Нӯҳро аз пеш, ҳидоят намудем. Ва аз фарзандони Довуд ва Сулаймон ва Аюб ва Юсуф ва Мӯсо ва Ҳорун [ҳидоят кардем]. Ва ин гуна некӯкоронро подош медиҳем.
  85. Ва [низ] Закариё ва Яҳё ва Исо ва Илёс [-ро ҳидоят кардем] ҳамагӣ аз солиҳонанд.
  86. Ва [низ] Исмоил ва Ясаъ ва Юнус ва Лут [-ро ҳидоят кардем] ва ҳамаро бар ҷаҳониён бартарӣ додем.
  87. Ва [низ] бархе аз падарон ва фарзандон ва бародаронашон [-ро бартарӣ додем] ва онҳоро баргузидем ва эшонро ба роҳи рост ҳидоят кардем.
  88. Ин ҳидояти Худост, ки ҳар кас аз бандагонашро бихоҳад бо он ҳидоят мекунад ва агар ширк варзанд, он чиро анҷом медоданд, ҳатман аз онон табоҳ мешуд.
  89. Онҳо касоне ҳастанд, ки китоб ва ҳикмат ва нубувват ба онҳо бахшидем ва агар онҳо (кофирон) ба он (Қуръон) куфр варзанд, пас ҳатман гурӯҳеро ҳимоятгари он қарор медиҳем, ки ҳаргиз ба он кофир нашаванд.
  90. Онҳо (паёмбарон) касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст; пас ба шеваи онон иқтидо кун! Бигӯ: «бар он ҳеҷ музде аз шумо намехоҳам. Ин [Қуръон] ҷуз ёдоварӣ барои ҷаҳониён нест».
  91. Ва Худоро чунонки сазовори манзалати Ӯст, нашинохтанд. Чун гуфтанд: «Худо бар ҳеҷ башаре чизе нозил накардааст» бигӯ: «чӣ касе он китоберо, ки Мӯсо овард, дар ҳоле ки барои мардум нур ва ҳидоят буд, нозил кард? [Ва] шумо онро ба сурати варақҳое пароканда қарор медиҳед [бахше аз] онро ошкор ва бисёреро пинҳон медоред ва ҳол он ки он чиро шумо ва падаронатон намедонистед [ба василаи он] омӯзиш дода шудед», бигӯ: «Худо [онро нозил кардааст]». Сипас ононро дар фурӯ рафтанашон ба ботил раҳо кун, то саргарм шаванд.
  92. Ва ин Китобе муборак аст, ки онро нозил кардем, то он чиро, ки пеш аз он будааст, тасдиқ кунад ва барои ин ки Умм-ул-қуро (аҳолии Макка) ва касонеро, ки дар атрофаш ҳастанд, ҳушдор диҳӣ! Ва касоне, ки ба охират имон меоваранд, ба он (Қуръон) имон меоваранд ва онон бар намозашон пойбанданд.
  93. Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бандад? Ё гӯяд: «ба ман ваҳй шудааст», дар ҳоле ки чизе ба ӯ ваҳй нашудааст ва касе, ки гӯяд: «ба зудӣ ҳамонанди он чиро, ки Худо нозил кардааст нозил мекунам». Ва агар бибинӣ замонеро, ки золимон дар сакароти марганд ва фариштагон дастони худро кушодаанд [ва мегӯянд:] ҷонҳоятонро берун оваред! Имрӯз ба сабаби он чи ба ноҳақ бар Худо мегуфтед ва дар баробари оятҳои Ӯ такаббур мекардед, ба азоби хоркунандае ҷазо дода мешавед.
  94. Ва ба таҳқиқ ончунонки нахустин бор шуморо офаридем, танҳо ба назди Мо омадаед ва он чиро, ки ба шумо бахшида будем пушти саратон раҳо кардед ва шафоатгаронро, ки мепиндоштед, ки онон дар [кори] шумо шарик ҳастанд, бо шумо намебинем! Қатъан пайванди миёни шумо бурида шудааст ва он чиро [шарики Худо] мепиндоштед, аз шумо гум шудааст.
  95. Ҳамоно Худованд шикофандаи дона ва ҳаста аст. Зиндаро аз мурда берун меоварад ва беруноварандаи мурда аз зинда аст. Ин аст Худои шумо! Пас чигуна [аз ҳақ] бозгардонида мешавед?
  96. Шикофандаи субҳ аст ва шабро мояи оромиш ва хуршед ва моҳро меъёри ҳисоб қарор додааст. Ин назмбандии [Худои] пирӯзманди доност.
  97. Ва Ӯ Зотест, ки ситорагонро барои шумо қарор дод, то бо он дар торикиҳо ва хушкӣ ва дарё роҳ ёбед. Бешак, оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд баён кардаем.
  98. Ва Ӯ Зотест, ки шуморо аз як нафс падид овард; пас [баъзе] пойдор [ва баъзе дигар] нопойдор ҳастед; қатъан нишонаҳо [-и Худ]-ро барои гурӯҳе, ки хуб мефаҳманд баён кардаем.
  99. Ва Ӯ Зотест, ки аз осмон обе фурӯ фиристод; пас ба василаи он ҳар гуна рӯйиданиро берун овардем; сипас аз он сабзаеро берун овардем, ки аз он [сабза] донаҳое анбошташуда берун меоварем ва аз шукуфаҳои дарахтони хурмо хушаҳое хамида аст ва боғҳое аз ангур ва зайтун ва анор, ҳамгун ва ноҳамгун [берун овардем]. Ҳангоме ки мева медиҳад, ба меваи он ва расиданаш бингаред; ҳатман дар он барои гурӯҳе, ки имон меоваранд, нишонаҳоест.
  100. Ва барои Худо шариконе аз ҷин қарор доданд; ҳол он ки [Худо ҳамаи] онҳоро офаридааст ва аз рӯи нодонӣ, писарон ва духтароне барои Ӯ бофтанд; Ӯ аз он чи васф мекунанд, муназзаҳ ва бартар аст.
  101. Ҳастибахши осмонҳо ва замин аст; чигуна мумкин аст барои Ӯ фарзанде бошад? Ҳол он ки барояш фарзанде набудааст; ҳама чизро офаридааст ва бар ҳар чизе доност.
  102. Ин аст Худои шумо, ки Парвардигоратон аст; ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест, офаридгори ҳар чизест; пас Ӯро бипарастед! Ва Ӯ бар ҳар чизе корсоз аст.
  103. Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯ латифи огоҳ аст.
  104. Ба дурустӣ аз ҷониби Парвардигоратон далелҳои равшангаре омадааст ва ҳар кас бино шуд, пас ба суди худаш ва ҳар кас нобино монд, пас бар зарари ӯст. Ва [бигӯ:] ман бар шумо нигаҳбон нестам.
  105. Ва инчунин оятҳоро гуногун баён мекунем ва то ин ки гӯянд: «дарс хондаӣ!» Ва то онро барои гурӯҳе, ки медонанд, баён кунем.
  106. Аз он чи аз ҷониби Парвардигорат ба сӯи ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун! Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест ва аз мушрикон рӯй бигардон.
  107. Ва агар Худо мехост ширк намеварзиданд ва туро бар онон нигаҳбон қарор надодаем ва ту вакили онон нестӣ.
  108. Ва [ба маъбуди] касоне, ки ғайри Худоро мехонанд дашном надиҳед, зеро аз рӯи душмании ноогоҳона Худоро дашном медиҳанд. Инчунин барои ҳар уммате кирдорашонро зинат додем. Сипас бозгашти онон ба сӯи Парвардигорашон аст ва ононро аз он чи анҷом медоданд, хабар медиҳад.
  109. Ва ба сахттарин савгандҳояшон ба Худо қасам хӯрданд, ки агар мӯъҷизае биёяд, қатъан ба он имон меоваранд. Бигӯ: «мӯъҷизаҳо фақат назди Худост» ва шумо чӣ медонед, ки он [мӯъҷизаҳо] биёяд, имон намеоваранд.
  110. Ва дилҳояшон ва чашмҳояшонро вожгуна месозем [пас онҳо имон намеоваранд] ҳамон гуна, ки нахустин бор ба он имон наоварданд. Ва онҳоро дар саркашиашон раҳо мекунем, то саргардон бимонанд.
  111. Ва агар Мо ба сӯи эшон фариштагонро мефиристодем ва мурдагон бо онон сухан мегуфтанд ва ҳама чизро гурӯҳ-гурӯҳ дар баробари онон ҷамъ мекардем, ҳаргиз имон намеоварданд; магар ин ки Худо бихоҳад валекин бештари онҳо ҷоҳиланд.
  112. Ва инчунин барои ҳар паёмбаре душмане аз шайтонҳои инсу ҷин қарор додем; дар ҳоле ки баъзе аз онон ба баъзе [дигар] барои фиреб, сухани беасоси фиребанда илқо мекунанд. Ва агар Парвардигорат мехост, онро анҷом намедоданд; пас онҳоро бо дурӯғе, ки мебанданд, раҳо кун.
  113. Ва то дилҳои касоне, ки ба охират имон надоранд ба сӯи он мойил шавад ва онро биписанданд ва он чиро анҷом доданианд, анҷом диҳанд.
  114. Пас оё ғайри Худоро ба доварӣ биталабам? Дар ҳоле ки Ӯ Зотест, ки китобро равшан бар шумо нозил кард. Ва касоне, ки ба онон китоб додаем, медонанд, ки он [Қуръон] аз тарафи Парвардигорат, ба ҳақ нозил шудааст; пас ҳаргиз аз шаккунандагон набош.
  115. Ва сухани Парвардигорат аз ҷиҳати ростию адл комил аст. Барои суханон [ва қонунҳо]-и Ӯ ҳеҷ тағйирдиҳандае нест ва Ӯ шунавои доност.
  116. Ва агар аз бештари касоне, ки дар замин ҳастанд итоат кунӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунанд [онон] ҷуз аз гумон пайравӣ намекунанд ва ҷуз ин нест, ки онон дурӯғ мегӯянд.
  117. Ҳамоно Парвардигори ту ба касе, ки аз роҳаш гумроҳ шудааст, донотар аст ва Ӯ ба [ҳоли] ҳидоятёфтагон донотар аст.
  118. Пас агар ба оятҳои Ӯ имон доред, аз он чи номи Худо бар он бурда шудааст бихӯред.
  119. Ва шуморо чӣ шудааст, аз он чи номи Худо бар он бурда шудааст намехӯред? Ва ҳол он ки яқинан [Худо] он чиро бар шумо ҳаром кардааст, бароятон баён намудааст; магар он чи ба [хӯрдани] он ночор шудед. Ва яқинан бисёре бо ҳавасҳои хеш бидуни илм [мардумро] гумроҳ мекунанд. Ҳамоно Парвардигорат ба [ҳоли] таҷовузкорон донотар аст.
  120. Ва гуноҳи ошкор ва пинҳонро тарк кунед; ҳамоно касоне, ки гуноҳ мекунанд, ба зудӣ дар баробари он чи анҷом медоданд, ҷазо дода мешаванд.
  121. Ва аз он чи номи Худо бар он бурда нашудааст нахӯред ва бешак, он гуноҳ аст. Ва ҳамоно шайтонҳо ба сӯи дӯстонашон махфиёна илқо мекунанд, то бо шумо муҷодала кунанд ва агар онҳоро итоат кунед, қатъан шумо мушрикед.
  122. Оё касе, ки мурда буд, сипас ӯро зинда кардем ва барои ӯ нуре қарор додем, ки бо он дар миёни мардум роҳ меравад, монанди масали касест, ки ӯ дар торикиҳост, дар ҳоле ки аз он берун омаданӣ нест? Инчунин барои кофирон он чиро анҷом медоданд зинат дода шуд.
  123. Ва ин гуна дар ҳар ободӣ сардамдорони табаҳкорашро қарор додем, то дар он ҷо ба макр [-и мардум] бипардозанд ва [-лекин] ҷуз дар ҳаққи худ макр намекунанд ва ҳол он ки дарк намекунанд.
  124. Ва ҳангоме ки ояте барои онҳо биёяд, гӯянд: «ҳаргиз имон намеоварем, то ин ки монанди чизе, ки ба паёмбарони Худо дода шудааст, ба мо [ҳам] дода шавад». Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба касоне, ки хилофкорӣ карданд, ба сазои ин ки макр мекарданд, аз ҷониби Худо хорӣ ва азоби сахт хоҳад расид.
  125. Ва ҳар касро Худо бихоҳад ҳидояташ кунад, синаашро барои [пазириши] Ислом мекушояд ва ҳар касро бихоҳад гумроҳаш кунад, синаашро бисёр танг мекунад, ки гӯё дар осмон боло меравад; ин гуна Худо палидиро бар касоне, ки имон намеоваранд, қарор медиҳад.
  126. Ва ин роҳи рости Парвардигори туст; ба дурустӣ, ки оятҳоро барои гурӯҳе, ки панд мегиранд баён кардем.
  127. Барои онҳо назди Парвардигорашон сарои саломатаст ва ба [подоши] ончи анҷом медоданд, Ӯ сарпарасти онҳост.
  128. Ва рӯзе, ки ҳамаи онҳоро маҳшур мекунад [ва мегӯяд]: «эй гурӯҳи ҷин, аз инсонҳо [пайравони] зиёд гирифтед» ва дӯстонашон аз [миёни] инсонҳо гӯянд: «Парвардигори мо! Баъзе аз мо аз баъзе [дигар] баҳраманд шуданд ва ба аҷале, ки барои мо муайян намуда будӣ расидем». [Худо] гӯяд: «ҷойгоҳи шумо оташ аст, ки дар он ҷо мондагоред, магар он чи Худо бихоҳад». Ба дурустӣ, ки Парвардигори ту ҳакими доност.
  129. Ва ин гуна баъзе аз ситамгаронро ба сазои он чи анҷом медоданд, ба баъзе [дигар] вомегузорем.
  130. Эй гурӯҳи ҷин ва инс! Оё шуморо паёмбароне аз худатон наёмаданд, ки оятҳои Маро бар шумо мехонданд ва шуморо аз лиқои ин рӯзатон ҳушдор медоданд? Гӯянд: «бар зидди худамон гувоҳӣ медиҳем». Ва зиндагии дунё онҳоро фиреб дод ва ба зидди худашон гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо кофир буданд.
  131. Ин ба сабаби он аст, ки Парвардигори ту ободиҳоро дар ҳоле ки мардумаш ғофил бошанд, аз рӯи зулм ҳалок намекунад.
  132. Ва барои ҳар як [гурӯҳ] аз он чи анҷом доданд, мартабаҳоест ва Парвардигорат аз он чи анҷом медиҳанд ғофил нест.
  133. Ва Парвардигори ту бениёз [ва] дорои раҳмат аст; агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва пас аз шумо ҳар он чиро бихоҳад ҷойгузин месозад, чунонки шуморо аз насли қавме дигар падид овард.
  134. Қатъан он чи ба шумо ваъда дода мешавад омаданӣ аст ва шумо нотавонкунанда [-и Худо] нестед.
  135. Бигӯ: «эй қавм [-и ман]! Ҳар чӣ дар тавони шумост анҷом диҳед, ки ҳатман ман [ҳам] анҷом медиҳам; пас ба зудӣ хоҳед донист, ки оқибати он саро аз они чӣ касе хоҳад буд. Ба дурустӣ, ки ситамгарон растагор намешаванд.
  136. Ва барои Худо аз он чи аз зироат ва чорпоён офаридааст [саҳме] қарор доданд ва ба гумони худ гуфтанд: «ин барои Худост ва ин барои шарикон (бутҳо)-и мост». Ва он чи барои шариконашон буд, пас ба Худо намерасид ва он чи барои Худо буд, пас он ба шариконашон мерасид. Чӣ бад аст он чи ҳукм мекунанд.
  137. Ва ин гуна шариконашон куштани фарзандонашонро барои бисёре аз мушрикон зинат доданд, то ҳалокашон кунанд ва динашонро барои онҳо муштабаҳ созанд. Ва агар Худо мехост, онро анҷом намедоданд; пас онҳоро бо дурӯғе, ки мебанданд раҳо кун!
  138. Ва бар асоси гумони худ гуфтанд: «ин чорпоён ва зироат [ки саҳми бутҳост, барои ҳама] манъ аст ва ҷуз касе, ки мо бихоҳем, набояд аз он бихӯрад ва [инҳо] чорпоёнест, ки савор шудан бар онҳо ҳаром шудааст» ва [низ] чорпоёне, ки [ҳангоми зибҳ] номи Худоро бар онҳо намебурданд. Ба хотири [дурӯғ] бастан бар Ӯ [мегуфтанд: ин аҳком аз ҷониби Ӯст]. Ба зудӣ [Худо] онҳоро ба хотири он чи мебофтанд, ҷазо медиҳад.
  139. Ва гуфтанд: «он чи дар шиками ин чорпоён аст, махсуси мардони мост ва бар ҳамсарони мо ҳаром аст ва агар мурдор бошад, пас онҳо дар он шариканд». Ба зудӣ [Худо] ҷазои ин васфашонро ба онҳо хоҳад дод; ба дурустӣ, ки Ӯ ҳакими доност.
  140. Қатъан касоне, ки фарзандони худро аз рӯи камхирадӣ, бидуни ҳеҷ донише куштанд, зиён карданд. Ва ба хотири [дурӯғ] бастан ба Худо, он чиро Худо ба онҳо рӯзӣ дода буд, ҳаром карданд. Қатъан гумроҳ шуданд ва ҳидоятёфта набуданд.
  141. Ва Ӯ Зотест, ки боғҳое, ки [дарахтонаш] бар рӯи пояҳо ва бидуни пояҳо устувор аст ва дарахти хурмо ва зироат, бо хӯрданиҳои гуногун ва зайтуну анорро, ҳамгуну ноҳамгун падид овард; аз меваи он, ҳангоме ки мерасад, бихӯред ва рӯзи бардошташ ҳаққи онро бипардозед ва исроф накунед; ҳамоно Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад.
  142. Ва аз чорпоён, боркаш ва хӯрданӣ [офарид] аз он чи Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва гомҳои шайтонро пайравӣ накунед! Ба дурустӣ, ки ӯ душмани ошкор барои шумост.
  143. Ҳашт ҷуфт [аз чорпоён офарид] аз гӯсфанд дуто ва аз буз дуто [нар ва мода]. Бигӯ: «оё ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро ё он чиро раҳмҳои ду мода онро дар бар дорад? [Чаро аз худ ҳукм месозед?] Агар ростгӯ ҳастед аз рӯи илм маро хабар диҳед!»
  144. Ва аз шутур дуто ва аз гов дуто [офарид]. Бигӯ: «оё ду нарро ҳаром кардааст ё ду модаро ё он чиро, ки раҳмҳои ду мода онро дар бар дорад? Ё, ҳангоме ки Худо шуморо ба он супориш кард ҳозир будед? Пас чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бибандад, то мардумро аз рӯи нодонӣ гумроҳ кунад?» Қатъан Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.
  145. Бигӯ: «дар он чи ба ман ваҳй шудааст, ҳеҷ [таоми] ҳароме бар хӯрандае, ки онро мехӯрад, намеёбам, магар ин ки мурдор ё хуни рехташуда ё гӯшти хук бошад; пас қатъан он палид аст; ё аз рӯи нофармонӣ номи ғайри Худо бар он бурда шуда бошад ва ҳар кас ночор шавад, дар ҳоле ки зиёдахоҳ ва таҷовузкор [дар хӯрдани онҳо] набошад [пас гуноҳе бар ӯ нест]» ва бешак, Парвардигори ту омурзандаи меҳрубон аст.
  146. Ва бар касоне, ки яҳудӣ шуданд, ҳар [ҳайвони] нохундореро ҳаром кардем ва аз гову гӯсфанд, пиҳи он дуро барояшон ҳаром кардем, магар он чи ки пуштҳои он ду ё рӯдаҳо дар бар дошта бошад ё он чи бо устухон омехта бошад. Ин [ҳукм]-ро ба сабаби саркашиашон ба онҳо ҷазо додем ва ба дурустӣ, ки Мо ростгӯем.
  147. Ва агар туро такзиб кунанд, пас бигӯ: «Парвардигори шумо дорои раҳмати густарда аст ва уқубати Ӯ аз гурӯҳи муҷримон баргардонида намешавад».
  148. Ба зудӣ касоне, ки ширк варзиданд, мегӯянд: «агар Худо мехост мо ва падаронамон ширк намеварзидем ва чизеро ҳаром намекардем». Ин гуна касоне, ки пеш аз онҳо буданд [паёмбаронро] такзиб мекарданд, то он ки уқубати Моро мечашиданд. Бигӯ: «оё назди шумо донише ҳаст, ки онро барои мо ошкор кунед? Шумо ҷуз аз гумон пайравӣ намекунед ва ҷуз ин нест, ки шумо дурӯғ мебофед».
  149. Бигӯ: «далели расо [ва маҳкам] аз они Худост ва агар мехост, ҳатман ҳамаи шуморо ҳидоят мекард».
  150. Бигӯ: «гувоҳонатонро биёваред, ҳамон касоне, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Худо инро ҳаром кардааст» ва агар гувоҳӣ диҳанд, пас ту бо онҳо гувоҳӣ мадеҳ ва аз хостаҳои касоне, ки оятҳои моро такзиб карданд ва касоне, ки ба охират имон намеоваранд ва онон, ки ба Парвардигорашон ҳамто қарор медиҳанд, пайравӣ накун.
  151. Бигӯ: «биёед он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст [бароятон] бихонам: Ин ки ҳеҷ чизеро шарики Ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандони худро ба хотири фақр накушед, Мо шумо ва онҳоро рӯзӣ медиҳем ва ба зиштиҳо наздик нашавед, чи ошкор бошад ва чи пинҳон ва шахсеро, ки Худо [хуни ӯро] ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ накушед. Инҳост, ки [Худо] шуморо ба он супориш кардааст; то шояд шумо биандешед.
  152. Ва ба моли ятим наздик нашавед, ҷуз ба равише, ки он беҳтар аст, то ба ҳадди камоли худ бирасад ва паймона ва тарозуро ба адолат адо кунед. Ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунем. Ва чун сухан гӯед, пас адолатро риоят намоед ва ҳарчанд хешованд бошад ва ба аҳди Худо вафо кунед. Инҳост, ки [Худо] шуморо ба он супориш кардааст, то шояд шумо панд гиред.
  153. Ва дар ҳақиқат ин роҳи рости Ман аст, пас аз он пайравӣ кунед ва аз [дигар] роҳҳо пайравӣ накунед, ки шуморо аз роҳи Ӯ пароканда месозад. Инҳост, ки [Худо] шуморо ба он супориш кардааст, то шояд шумо парҳезгорӣ кунед.
  154. Сипас ба Мӯсо китоб додем, то [неъмати Худро] бар ҳар кас, ки некӣ кардааст комил кунем ва то ҳама чизро баён кунем ва то ҳидоят ва раҳмате бошад; умед аст, ки онон ба лиқои Парвардигорашон имон оваранд.
  155. Ва ин Китобе муборак аст, ки онро нозил кардем; пас аз он пайравӣ кунед ва парҳезгорӣ кунед; шояд шумо мавриди раҳмат қарор гиред.
  156. [То мабодо] бигӯед: «китоб [-и осмонӣ] фақат бар ду тоифаи пеш аз мо (яҳудиён ва масеҳиён) нозил шуд ва ҳамоно мо аз омӯхтани онҳо ғофил будем».
  157. Ё [мабодо] бигӯед: «агар китоб бар мо нозил мешуд, ҳамоно аз онҳо ҳидоятёфтатар будем». Пас дар ҳақиқат далелу ҳидоят ва раҳмате аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омад. Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки оятҳои Худоро такзиб кунад ва аз он рӯй гардонад? Ба зудӣ касонеро, ки аз оятҳои Мо рӯй мегардонанд, ба сабаби рӯй гардониданашон, ба бадтарин азоб ҷазо хоҳем дод.
  158. Оё ҷуз ин интизор доранд, ки фариштагон ба сӯяшон биёянд ё Парвардигорат биёяд, ё баъзе аз нишонаҳои Парвардигорат биёяд? Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Парвардигорат биёяд, ҳеҷ касро, ки пеш аз ин имон наоварда буд ё бо имони хеш хайре накарда буд, имонаш суде набахшад. Бигӯ: «интизор бикашед, қатъан мо [низ] дар интизорем».
  159. Дар ҳақиқат касоне, ки динашонро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд, туро бо онон коре нест, корашон фақат бо Худост; сипас онҳоро ба он чи анҷом медоданд, хабар медиҳад.
  160. Ҳар кас некие биёварад, пас даҳ баробари он [подош] аст ва ҳар кас бадие биёварад, пас ҷуз ба монанди он ҷазо дода намешавад ва онҳо ситам намешаванд.
  161. Бигӯ: «ба ростӣ, ки Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ки дини устувор, оини Иброҳими ҳақгарост ва [ӯ] аз мушрикон набуд».
  162. Бигӯ: «дар ҳақиқат намози ман ва ибодати ман ва зиндагии ман ва марги ман барои Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
  163. Барои Ӯ ҳеҷ шарике нест ва ба ин амр шудаам ва ман нахустин мусулмонам».
  164. Бигӯ: «оё ҷуз Худо Парвардигоре талаб кунам, дар ҳоле ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст?» Ва ҳеҷ кас ҷуз бар зидди худ [гуноҳе] касб намекунад ва ҳеҷ борбардоре бори [гуноҳи] дигареро бар намедорад. Сипас бозгашти шумо ба сӯи Парвардигоратон аст ва шуморо ба он чи ки дар он ихтилоф мекардед, хабар медиҳад.
  165. Ва Ӯ Зотест, ки шуморо ҷонишинон [дар] замин қарор дод ва мартабаҳои баъзе аз шуморо ба баъзе [дигар] боло бурд, то шуморо дар он чи ки ба шумо додааст, биёзмояд. Ба дурустӣ, ки Парвардигорат зудкайфар аст ва қатъан Ӯ бисёр омурзандаи меҳрубон аст.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...