Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем.
Таърифи рӯза он аст, ки шахси рӯзадор аз субҳ то азони мағриб чизе наёшомад ва чизе ҳам нахӯрад. Ва бояд аз баъзе чизҳо парҳез бикунад, аз ҷумла дурӯғ, ғайбат, ҳаромхӯрӣ ва ғайра, ки фоидаҳои зиёде ҳам дорад.
Рӯза дар Қуръони Карим
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:
«يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ»
“Эй касоне, ки имон овардаед рӯза бар шумо фарз шудааст он гуна, ки ба умматҳои қабл аз шумо фарз шуда буд”.
Баъд фалсафаи ин ибодати инсонсоз ва тарбиятофаринро дар як ҷумлаи кӯтоҳ, аммо бисёр пурмуҳтаво чунин баён мекунад:
لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ «Шояд парҳезгор шавед».
Оре, рӯза барои парвариши руҳияи тақво ва парҳезгорӣ дар тамоми заминаҳо таъсири зиёде дорад. Чун анҷоми ин ибодат бо маҳрумият аз лаззатҳои моддӣ ва мушкилоте, махсусан дар фасли тобистон, ҳамроҳ аст иборатҳои ба кор рафта дар ояи боло рӯҳияи инсонро барои пазириши ин ҳукм омода месозад.
Хитоби يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا “Эй касоне, ки имон овардаед” ҳамаи сахтиҳо ва душвориҳоро осон мекунад.
Дар ояи баъд барои ин ки душвории рӯза кам шавад мефармояд: «Чанд рӯзи муайянеро бояд рӯза бигиред» ” أَيَّاماً مَّعْدُودَاتٍ”
Яъне маҷбур нестед, ки тамоми сол ё аксари онро рӯза бигиред, балки рӯза фақат як моҳ аст. Агар касе бемор ё мусофир бошад ва рӯза гирифтан барояш душвор бошад лозим нест рӯза бигирад, балки бояд вақте, сиҳат шуд ё аз сафар омад рӯзҳои дигареро ба ҷои он рӯза бигирад « فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضاً أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ».
Касоне, ки бо ниҳояти заҳмат бояд рӯза бигиранд монанди пирамардон ва пиразанон ва бемороне, ки умеди беҳбудӣ барои онҳо нест, аслан лозим нест рӯза бигиранд, балки бояд ба ҷои он каффора бидиҳанд ва мискинеро таом диҳад. وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ
“Касе, ки моил бошад беш аз ин дар роҳи Худо итъом кунад барои ӯ беҳтар аст:
فَمَن تَطَوَّعَ خَيْراً فَهُوَ خَيْرٌ لَّهُ
Дар поёни оя ин воқеиятро бозгӯ мекунад, ки “Рӯза гириф-тан барои шумо беҳтар аст агар бидонед”.
أَن تَصُومُواْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ
Гарчи баъзеҳо хостанд ин ҷумларо далели ин бидонанд, ки рӯза дар оғоз, воҷиби ихтиёрӣ буда ва мусулмонон метавонистанд рӯза бигиранд ё ба ҷои он фидя бидиҳанд то ин ки оҳиста-оҳиста ба рӯза гирифтан одат кунанд ва баъд ин ҳукм насх шуда ва воҷиб шудааст. Вале зоҳири оя ин аст, ки ин ҷумла таъкиди дигаре ба фалсафаи рӯза аст.
Ва он ки ин ибодат монанди дигар ибодатҳо чизе ба ҷоҳу ҷалоли Худо намеафзояд, балки тамоми суду фоидаи он
барои ибодат-кунандагон аст. Шоҳиди ин сухан ибораҳои дигаре аст, ки дар оёти дигари Қуръон ба чашм мехӯрад, монанди:
ذَلِكُمْ خَيْرٌ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ, ки баъд аз воҷиб шудани намози ҷумъа зикр шудааст[1] ё ояи дигаре мисли: “Худоро парастиш кунед ва аз ӯ битарсед, ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.” [2]
Ба ин тартиб маълум мешавад, ки ҷумлаи ” أَن تَصُومُواْ خَيْرٌ لَّكُمْ хитоб ба ҳамаи рӯзадорон аст на гурӯҳи хоссе аз онҳо.
Ояи дигар замони рӯза ва баъзе аҳком ва ҳикматҳои онро шарҳ медиҳад ва мегӯяд: “Он чанд рӯзи муайянро, ки бояд рӯза бидоред моҳи Рамазон аст, ки Қуръон дар он нозил шудаастشَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِيَ أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ[3]
Қуръоне, ки ҳидоятгари мардум ва дорои нишонаҳои ҳидоят ва меъёрҳои санҷиши ҳаққу ботил аст:
هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ
Сипас бори дигар ҳукми мусофирон ва беморонро ба унвони таъкид бозгӯ карда мегӯяд: «Касоне, ки дар моҳи Рамазон дар ватани худ бошанд бояд рӯза бигиранд, аммо онҳое, ки бемор ё мусофиранд рӯзҳои дигареро ба ҷои он рӯза мегиран.
فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَن كَانَ مَرِيضاً أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَر[4]
Такрори ҳукми мусофиру бемор дар ин оя мумкин аст аз ин назар бошад, ки баъзеҳо ба гумони ин ки хӯрдани рӯза кори хубе нест ҳатто ҳангоми беморӣ ва сафар ҳам исрор дошта бошанд рӯза бигиранд. Аз ин рӯ мехоҳад бифаҳмонад ҳамон гуна ки рӯза гирифтан барои афроди солим як фаризаи Илоҳӣ аст, рӯза нагирифтан ҳам барои беморон ва мусофирон як амри Илоҳӣ мебошад ва мухолифат бо он гуноҳ аст. Дар охири оя бори дигар ба фалсафаи рӯза пардохта мегӯяд: “Худованд роҳатии шуморо мехоҳад ва заҳмати шуморо намехоҳад”.
[5] يُرِيدُاللّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلاَ يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ
Яъне рӯза доштан гарчи дар зоҳир як навъ сахтгирӣ ва маҳдудият аст, аммо саранҷомаш роҳатӣ ва осоиши моддӣ ва маънавии инсон мебошад.
Фармонҳои Илоҳӣ монанди фармони ҳокимони ситамгар нест, балки дар шароити душвор вазифаи осонтареро бароишумо муайян мекунад.Масалан ҳукми рӯзаро бо инки аҳамияти бузурге дорад, аз беморон ва мусофирон бардоштааст. Сипас мегӯяд: “Ҳадаф он аст, ки шумо теъдоди ин рӯзҳоро комил кунед”,(وَلِتُكْمِلُواْ الْعِدَّةَ) яъне барои ҳар инсони солиме лозим аст дар сол як моҳ рӯза бигирад, чунки барои парвариши ҷисму ҷони ӯ лозим аст. Ба ҳамин далел агар дар моҳи Рамазон бемор ё мусофир будед бояд ба теъдоди ин айём рӯзаро қазо кунед то адади мазкур комил гардад. Ҳатто занони ҳоиз, ки намозро қазо намедоранд рӯзаро бояд қазо бидоранд. Дар охир мефармояд: “То Худоро ба хотири ин,ки шуморо ҳидоят карда бузург бишуморед ва шояд шукри неъматҳои ӯро бигзоред”.
[6])(وَلِتُكَبِّرُواْ اللّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ
Бояд ба хотири ҳидоят Парвардигорро бузург бишуморед ва бояд ба хотири неъматҳое, ки ба шумо додааст шукргузорӣ кунед. Аҷиб ин аст, ки масъалаи шукргузориро бо калимаи шояд(لعل) овардааст, вале масъалаи бузургдошти Парвардигорро қотеона зикр кардааст. Ин тафовут мумкин аст ба хотири ин бошад, ки анҷоми ин ибодот (рӯза) ба ҳар ҳол бузургдошти мақоми Парвардигор аст, аммо шукр, ки сарф кардани неъматҳо дар ҷои худ ва баҳрагирӣ аз осору баракатҳои амалии рӯза аст, дар сурати риояти шароит ба даст меояд, ки муҳимтарини он ихлоси комил аст.
[1]Сураи Ҷумъа ояти 9
[2] Сураи Анкабут ояти 6
[3] Сураи Бақара ояти 185
[4]Сураи Бақара ояти 186
[5] Сураи Бақара ояти 186
[6]Сураи Бақара ояти 186