РИСОЛАИ ҲУҚУҚИ ИМОМ ЗАЙНАЛОБИДИН (а)(3)

Даромад

Имом Зайналобидин(а) фарзанди баруманди имом Ҳусейн(а) набераи имом Алӣ(к) ва ҳазрати Заҳро(с) яке аз обидтарин, олимтарин ва беҳтарин фард дар даврони ҳаёти худ будааст. Осори гаронбаҳое аз ин сулолаи поки Паёмбари Аъзам(с) ба ёдгор мондааст. Яке аз он осори арзишманд рисолаи ҳуқуқи эшон аст. Дар ин рисола Имом ҳудуди 50 ҳақро баён менамояд, ки донистан ва амал кардан ба он саодати дунё ва охиратро дар пай дорад. Инак қисмати сеюми ин рисоларо тақдими шумо менамоем.

Ҳуқуқи раҳбарон ва сарпарастон

14. Ҳаққи раҳбари сиёсӣ

Аммо ҳаққи раҳбари сиёсӣ ва ҳукумати ӯ ин аст, ки бидонӣ ту василаи озмоиши ӯ қарор гирифтаӣ ва ӯ ҳам ба хотири султае, ки Худованд ба ӯ дода гирифтори ту шудааст. Дигар инки ту бояд хайрхоҳи ӯ бошӣ ва бо ӯ даргир нашавӣ, чунки дасти ӯ нисбат ба ту бозтар аст ва имкон дорад сабаби табоҳии ӯ ва худат гардӣ. То замоне ки ба ту ва динат зиёне нарасонад, барои ҷалби назараш фурӯтан бош ва нармиро пешаи худ соз ва дар ин бора аз Худованд ёрӣ биҷӯй ва бо ӯ душманӣ ва ситез макун, зеро дар ин сурат ба ӯ ва худат носипосӣ карда ва худро дар маърази хашми ӯ қарор додаӣ ва муқаддамоти ҳалокатат ба дасти ӯро фароҳам намудаӣ, дар натиҷа дар зарар задан ба худат ва ончи, ки бар сарат меояд, шарик ва ёвари ӯ мебошӣ ва ҳеҷ нерӯе нест магар аз ноҳияи Худованд.

15. Ҳаққи устод

Аммо ҳаққи устоди ту ин аст, ки ӯро бузург дорӣ ва маҷлиси ӯро муҳтарам шуморӣ ва ба суханонаш гӯш кун ва рӯи дилатро ба ҷониби ӯ кунӣ ва бо супурдани ақлу андеша ӯро дар ончи ки ба он ниёзмандӣ, ёрӣ кунӣ то биёмӯзад.

 Бояд ба ӯ дил супурда ва бо тарки лаззатҳо ва кам кардани тамоюлоти нафсонӣ чашм бар ӯ бидузӣ ва бидонӣ, ки ҳар ончи аз ӯ меомӯзӣ ӯҳдадор ҳастӣ онро ба унвони рисолатат ба дигарон низ бирасонӣ ва бояд ин рисолатро ба хубӣ анҷом диҳӣ ва дар адои ин вазифа ба ӯ хиёнат наварзӣ ва ба хубӣ аз ӯҳдаи он бароӣ. Ва ҳеҷ қудрате нест, магар аз ноҳияи Худованд.

16. Ҳаққи молик ва сарпараст

Аммо ҳаққи молик ва сарпарасти ту монанди раҳбари ҳукумати туст. Бо ин тафовут, ки сарпарасти ту ихтиёроти бештаре нисбат ба ту дорад. Бояд сарпарасти худро дар ҳар чизе -кам ё зиёд- итоат кунӣ магар онҷо, ки ба воситаи итоати ӯ бар «ҳаққи Худованд» зараре ворид шавад ва монеъ аз адои ҳаққи воҷиби Худо ва мардум гардад, ки дар ин сурат пас аз адои ҳуқуқи илоҳӣ ва ҳаққи мардум, навбат ба ҳуқуқи сарпараст мерасад ва онгоҳ ба ҳуқуқи ӯ метавон пардохт  ва ҳеҷ нерӯе нест магар аз ноҳияи Худованд.

17.   Ҳуқуқи зердастон

Аммо ҳуқуқи мардуми зердастат  ин аст, ки бидонӣ ононро ба василаи қудрат ва тавонат мардуми худ сохтаӣ ва эшон низ ба хотири заъф ва забунӣ зердаст ва мардуми ту гаштаанд.

Пас сазовор аст касе, ки нотавонӣ ва хории туро [аз ҳар шарре] кифоят карда, то онҷо ки ӯро зердасти ту намуда ва дастуротатро ончунон дар онон нофиз сохтаӣ, ки қодир ба сарпечӣ аз ту намебошад. Ҳарҷо ки аз ту ба сутуҳ оянд фарёдрасе ҷуз раҳмат ва ҳимояти Худованд ва сабр ва пойдорӣ чизи дигаре надоранд.Чиқадар шоиста аст, ки ту ин иззат ва нерӯи Худододиро, ки бо он пирӯз шудаӣ шукргузор бошӣ. Ҳар кас, ки шукри Худоро ба ҷой орад Худованд бар неъмате, ки ӯро баҳраманд сохтааст бияфзояд ва ҳеҷ нерӯе нест магар аз ноҳияи Худованд.

18. Ҳаққи шогирдон

Аммо ҳаққи зердастони илмӣ ин аст, ки бидонӣ Худованд дар он илме, ки ба ту бахшида ва ганҷинаи ҳикмате, ки ба ту арзонӣ дошта ва туро қайюм ва сарпараст эшон сохтааст. Пас чунончи дар ин маъмурияте, ки Худованд ба ту додааст ба хубӣ амал намуда ва дар барпо доштани он вазифа собир ва шакебо бошӣ, ҳамонанди хазонадори меҳрубон ва хайрхоҳ монанди мавло ба бандаҳояш ва ҳамчун хазонадоре, ки чун фарди ниёзмандеро бинад аз амволи таҳти ихтиёраш ба ӯ медиҳад, дар ин сурат ту сарпарасти бедор ва ҳушёр хоҳӣ буд ва барои ин кор ходими боимон ҳастӣ, дар ғайри ин сурат рафтори ту бо Худованд хоинона буда ва бо халқи ӯ ситамкорона мебошад ва бо ин рафтор хоҳони салби он неъмати илоҳӣ ва хостори рафтори қоҳиронаи Худованд шудаӣ.

19. Ҳаққи ҳамсар

Аммо ҳаққи ҳамсарат ин аст, ки бидонӣ Худои (азза ва ҷалл) ӯро мояи оромиш, роҳатӣ, ҳамдам ва парастори ту сохтааст  ва низ бояд ҳар кадом ба шукронаи вуҷуди ҳамсараш Худоро шукр гӯяд ва бидонад, ки ин неъмате аз ҷониби Худост ва воҷиб аст, ки бо ин неъмати Худо  хушрафторӣ кунад. Ӯро эҳтиром намояд ва бо ӯ бисозад ва мулоимат кунад. Ҳарчанд ки ҳаққи ту бар зан сангинтар ва тоатат дар ҳарчӣ хуш дорӣ ё намеписандӣ бар ӯ лозим аст, то онҷо ки гуноҳ набошад, вале бо вай меҳрубонӣ кардан ва унс гирифтан ҳаққи ӯст. Ӯ дар сурате мояи оромиш хоҳад буд, ки комҷӯӣ ва лаззате, ки ночор ба анҷоми он аст риоят шавад ва ин ҳаққи бузургест  ва ҳеҷ нерӯе нест магар аз ноҳияи Худованд.

20. Ҳаққи барда ва ғулом

Ва аммо ҳаққи ғулому зердаст ин аст, ки бидонӣ ӯ офаридаи Парвардигори ту ва гушту хуни ту аст ва инки ту танҳо молики ӯ мебошӣ, на инки ба ҷои Худо ту созандаи ӯ бошӣ. Ту на гӯш ва на чашме барояш сохтаӣ ва на рӯзияш додаӣ, балки Худост, ки туро аз тамоми инҳо кифоят карда ва ӯро мусаххари ту сохта ва туро амини худ бар ӯ қарор дода ва сипас ӯро ба ту супурдааст, то ба хотири Худо ӯро ҳифз кунӣ ва бо вай рафтори Худописандона дошта бошӣ ва аз ончи худ мехӯрӣ ба ӯ бидиҳӣ ва аз либосе, ки мепӯшӣ ӯро бипӯшонӣ. На инки ӯро ба корҳои сахт бигуморӣ. Агар ӯро нахостӣ, аз масъулияти илоҳии ӯ хориҷ шав ва бо фард ё чизи дигаре таъвизаш кун. Пас агар чунин кардӣ, офаридаи Худоро озор надодаӣ  ва ҳеҷ нерӯе нест магар аз ноҳияи Худованд.

Таҳияи Ҳалимҷон Ҳакимҷон

 

 

 

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...