Афроде, ки дар баробари пешрафтҳои ахири саноатии Аврупо худро бохтаанд, захираҳои фаннӣ ва фарҳангӣ, таҳқи-қоти илмии мусал-монон ва таъсири қатъии онро дар ҷунбиши ахири Ғарб, фаромӯш кардаанд ва ё нодида магиранд.
Ҳаракате, ки Ислом ба башарият дод, чунон нерӯманд ва созанда буд, ки дар кӯтоҳтарин муддат, ақибмондатарин миллатҳоро пешрафтатар аз ҳама намуд. Ва мавҷҳои он то муддатҳо ҳаёти тоза ва тараққию равшанӣ ба ҷаҳониён бахшид.
Бузургтарин мӯъҷизаи Ислом ин буд, ки дар муҳите пур аз ҷаҳлу нодонӣ фуруд омад ва аз он миллати хориҷ аз сафи инсоният, миллате сохт, ки пойдевори худро бар сабке навин, ки ҳаргиз аз ҷабрҳои умури табиӣ илҳом намегирифт, пайрезӣ карданд. Дар ин ҳангом буд ки тамоми ҷиҳатҳои зиндагии мардум ба ҳаққу ростӣ гаравида, бузургтарин ҷунбиши таърихӣ ба таҳаққуқ пайваст. Ва бе он ки омилҳои моддӣ ё муҳитӣ ӯҳдадори ин тағйирот гарданд, башарият аз қайду бандҳои зиллатовару накбатбор раҳо гашт. Оре, ба ҷуз Ислом ҳаргиз омили дигаре вуҷуд надошт, то зиндагӣ ва корҳои мардумро ин гуна ба ростӣ пайваст диҳад.
Рӯзе, ки Ислом қадам ба зиндагии мардум гузошт ҳама чизро дигаргун кард; дигаргунӣ дар эҳсосу идрок, дигаргунӣ дар адешаву фикр, дигаргунӣ дар тамоми тарафҳои зиндагӣ ва робитаи фарду иҷтимоот падид овард.
Ислом дар асри дуюми тулӯи худ , хеле босуръат вале орому табиӣ пеш мерафт. Аз соҳилҳои дарёи Медитарона то саҳрои Африқо ва аз канорҳои уқёнуси Атлантик то девори Хитойро дар бар гирифт.
Ин пешравӣ, ки бо риояти дақиқтарин асли инсонӣ ҳамроҳ буд, дар мақоми муқоиса бо тамоми ҷунбишҳое, ки то кунун дар ҷаҳон ба вуқӯъ омадааст, комилан беназир аст. Ҷомеаи исломӣ, он воқеияти шигифте, ки падид овард, танҳо мутамаркиз дар сарзамини Ҷазират-ул-Араб набуд, миллати мусалмон ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, паёми умедбахши оини Ислом ва усули ҳаётбахши адли инсонӣ ва баробариро барои мардум ба армуғон бурд. Ислом, дар паноҳи ҳукумати одилонаи худ ба нашри ҳақоиқ ва равшан сохтани афкори миллатҳо пардохт. Бо тадбир ва равшанбинии хосс, қалбҳои мардумро ба ҳақоиқи Ислом мутаваҷҷеҳ намуд. Ва бо мантиқи равшан ва умқи таълимотии худ, дар динҳои сарзиминҳои забтшуда нуфуз карда ва дар ақоиди миллатҳои он рӯз, таъсири фавқулодда бахшид. Ба тавре, ки динҳои маълум ба тадриҷ сангарҳоро холӣ намуданд ва ақибнишинӣ карданд. Бутпарастон дар Арабистон, Зардуштиён дар Ирон ва Масеҳиён дар Мисру Шом, Исломро шоистаи пазириш ва қабул ташхис дода ва ба он гаравиданд.
Дар миёни миллати Араб пеш аз Ислом, авомиле, ки асоси инчунин тамаддуне бошад, ҳаргиз ба чашм намехӯрд ва заминаи мусоиде, ки бунёдгузори чунин тамаддуни шукӯҳманде бошад, ба таври куллӣ вуҷуд надошт. Муҳите, ки арабҳо дар он мезистанд дур аз илму донишу иқтисод буд. Илова бар ин, онҳо аз лиҳози шароити ҷуғрофиёӣ дар вазъи бисёр номусоиде қарор доштанд.
Мо метавонем дар саҳифаҳои ҷовид ва равшани тамаддуни исломӣ, муассиртарин ва олитарин давраҳои тамаддуни башариро ба таври возеҳ бубинем, ки ҳама, аз афкори амиқ ва кӯшиши бепоёни мусалмонон дар талаби дониш, ҳикоят мекунад. Онҳо дарвозаи равиши таҷрибиро кушоданд, ба тавре, ки дар муддати кӯтоҳ, намунаи равшан ва натиҷаи он талошҳо ба хубй дар Андалус (Испанияи тозамусалмон) ошкор гардид. Таърих гувоҳ бар ин ҳақиқат аст, ки тамаддуне, ки дар сояи Ислом падид омад, бо тамаддунҳои пешин ё муосири он, ҳаргиз қобили муқоиса набуд. Душманони Ислом ҳеҷ гоҳ наметавонанд инкор кунанд, ки барои Ислом, даврони бисёр азим ва таърихӣ аз лиҳози вусъати рӯҳӣ ва модддию ақлӣ будааст, ки дар тараққии миллатҳо, ин суръати шигифтангез ба ростӣ дар таърихи башарӣ беназир аст.
Ислом барои пешравии илмию фарҳангӣ ва таҳсили нерӯи моддӣ дар ин муддати тӯлонӣ, ҳеҷ гоҳ худро ниёзманд ба беназмии ахлоқӣ ва ибтизолу шаҳватронӣ надид. Балки ин тамаддуни амиқ ва дурахшон, ки дар партави илҳомоти осмонӣ дар ҷаҳон таҷаллӣ кард, илова бар дигаргун сохтани зоҳири зиндагии мардуми аср, ба аъмоқи рӯҳи миллатҳо низ нуфуз кард ва бо як ҷаҳиши азиму асосӣ палидиҳо, хурофот, таассуботи ҷоҳилиятро сарнагун сохт ва фазоили ахлоқӣ ва малакоти инсониро ҷойгузини онҳо кард.
Дар давраи торики асрҳои миёна, ки Аврупо дар чанголи низоми таҳмилӣ ва фишори Калисо, дасту по мезад ва ваҳшигарӣ ва зулмату парокандагӣ сар то сари Аврупоро дар бар гирифта буд, Ислом тамаддуни ҳамаҷонибае овард, ки тарҳи такомули саноатию илмии пас аз Ренесонсро пайрезӣ кард.
Дар ҳамин замон буд, ки Галилейро ба ҷурми ибрози ақида дар бораи курашакл будани замин, ба пайравӣ аз назариёти Коперник, ба муҳокима кашиданд. ӯро маҷбур сохтанд, аз ақидаи худ баргардад ва чунин тавба кунад:
«Ман Галилей дар ҳафтоду дуюмин соли зиндагӣ дар муқобили Ҳазрати Шумо (хитоб ба Поп ва кашишон ) ба зону даромадаам ва дар ҳолате, ки китоби муқаддаси «Инҷил»-ро пеши чашм дорам ва бо дастони худ онро ламс мекунам, тавба мекунам ва иддаои холӣ аз ҳақиқати ҳаракати заминро инкор менамоям ва онро манфуру матруд медонам».
Бейгон, файласуфи маъруф, ба дастури Эдуарди Якум -подшоҳи англис- аз баҳс кардан дар илми химия мамнӯъ гардиид. ӯро нагузоштанд дар донишгоҳи Оксфорд, дар мавзӯи ин илм суханронӣ кунад. Сипас ӯро ба Париж бадарға карданд, ки зери назари Калисо қарор гирад. Дар он қарн таваҷҷӯҳу алоқаи Бейгонро ба илму дониш, ҷузъи кӯтаҳназарӣ мепиндоштанд. Баҳс дар фаҳму шиносоии ашёро марбут ба иртибот бо шаётин медонистанд. Ба ҳамин сабаб ба Бейгон рӯ карда фарёд мезаданд: «Дасти ин ҷодугарро кӯтоҳ кунед, ин мусалмонро(!) аз кор биандозед».
Аз назари таърих, нақши Ислом дар пайрезии наҳзати илмии Аврупо як воқеияти ғайри қобили инкоре аст. Муаррихон ва донишмандони ғарбӣ ба таври сареҳу равшан ин ҳақиқатро бозгӯ мекунанд. Ба нақл аз китоби «Ислом ва симои тамаддуни Ғарб» навиштаи Саид Муҷтабо Рукнӣ Мӯсавии Лорӣ.
Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим
Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...