ТАРҶУМАИ СУРАИ ТОҲО

 Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 ост дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1               То, Ҳо.

2               Мо Қуръонро бар ту нозил накардем, ки худро ба заҳмат афканӣ.

3               Онро фақат барои ёдоварии касоне, ки (аз Худо) метарсанд, нозил сохтем.

4               (Ин Қуръон) аз сўи касе нозил шудааст, ки замин ва осмонҳои баландро офаридааст.

5               Ҳамон бахшандае, ки бар арш мусаллат аст.

 6               Аз они Ўст, он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин ва он чӣ миёни он ду ва он чӣ дар зери хок (пинҳон) аст.

7               Агар сухани ошкоро бигўӣ (ё махфӣ кунӣ), Ў асрор — ва ҳатто пинҳонтар аз он — ро низ медонад.

8               Ў Худованде аст, ки маъбуде ҷуз Ў нест ва номҳои некўтар аз они Ўст.

9               Ва оё хабари Мўсо ба ту расидааст?

10           Ҳангоме, ки (аз дур) оташе мушоҳида кард ва ба хонаводаи худ гуфт: «(Андаке) даранг кунед, ки ман оташе дидам, шояд шўълае аз он барои шумо биёварам ё ба василаи ин оташ роҳро пайдо кунам».

11           Ҳангоме, ки назди оташ омад, нидо дода шуд, ки: «Эй Мўсо!

12           Ман Парвардигори ту ҳастам, кафшҳоятро берун ор, ки ту дар сарзамини муқаддаси «Туво» ҳастӣ.

13           Ва ман туро (барои мақоми рисолат) баргузидам, акнун ба он чӣ бар ту ваҳй мешавад, гўш фаро деҳ.

14           Ман «Аллоҳ» ҳастам, маъбуде ҷуз Ман нест. Маро бипараст ва намозро барои ёди Ман бапо дор.

15           Ба таври қатъ растохез хоҳад омад. Мехоҳам онро пинҳон кунам, то ҳар кас дар баробари саъю кўшиши худ ҷазо дода шавад.

16           Пас мабодо касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавасҳои худ пайравӣ мекунад, туро аз он боз дорад, ки ҳалок хоҳӣ шуд!

17           Ва он чист дар дасти рости ту, эй Мўсо?!».

18           Гуфт: «Ин асои ман аст, бар он такья мекунам, барги дарахтонро бо он барои гўсфандонам фурў мерезам ва маро бо он корҳо ва ниёзҳои дигаре аст».

19           Гуфт: «Эй Мўсо! Онро бияфкан».

20           Пас Мўсо он (асо)-ро афканд, ки ногаҳон аждаҳое шуд, ки ба ҳар сў мешитофт.

21           Гуфт: «Онро бигир ва натарс, мо онро ба сурати аввалаш бозмегардонем.

22           Ва дастатро ба гиребонат бибар, то сафеду беайб берун ояд, ин нишонаи дигаре (аз сўи Худованд) аст.

23           То аз нишонаҳои бузурги худ ба ту нишон диҳем.

24           (Инак) ба сўи Фиръавн бирав, ки ў туғён кардааст».

25           (Мўсо) гуфт: «Парвардигоро! Синаамро кушода кун.

26           Ва корамро бароям осон гардон.

27           Ва гиреҳ аз забонам бикушой,

28           То суханони маро бифаҳманд.

29           Ва вазире аз хонадонам барои ман қарор деҳ,

30           Бародарам Ҳорунро.

31           Бо ў пуштамро маҳкам кун.

32           Ва ўро дар корам шарик соз,

33           То туро бисёр тасбеҳ гўем.

34           Ва туро бисёр ёд кунем,

35           Чаро, ки ту ҳамеша аз ҳоли мо огоҳ будаӣ».

36           Фармуд: «Эй Мўсо! Он чиро хостӣ ба ту дода шуд.

37           Ва мо бори дигар туро машмули неъмати худ сохтем,

38           Он замон, ки ба модарат он чӣ лозим буд, илҳом кардем,

39           Ки: «Ўро дар сандуқ бияфкан ва он сандуқро ба дарё бияндоз, то дарьё онро ба соҳил афканад ва душмани ман ва душмани ў, онро баргирад». Ва ман муҳаббате аз худам бар ту афкандам, то дар баробари дидагони (илми) ман, сохта шавӣ (ва парвариш ёбӣ).

40           Дар он ҳангом, ки хоҳарат (дар наздикии кохи Фиравн) роҳ мерафт ва мегуфт: «Оё касеро ба шумо нишон диҳам, ки ин навзодро кафолат мекунад (ва дояи хубе барои ў хоҳад буд?!)». Пас туро ба модарат бозгардонидем, то чашмаш ба ту равшан шавад ва ғамгин нагардад. Ва ту яке (аз фиравниён)-ро куштӣ, аммо мо туро аз андўҳ наҷот додем ва борҳо туро озмудем. Пас аз он, солиёне дар миёни мардуми «Мадян» истодӣ, сипас дар замони муқаддар (барои фармони рисолат), ба ин ҷо омадӣ, эй Мўсо!

41           Ва ман туро барои худам сохтам (ва парвариш додам).

42           (Акнун) ту ва бародарат бо оятҳои Ман биравед ва дар ёди Ман кўтоҳӣ накунед.

43           Ба сўи Фиръавн биравед, ки туғён кардааст.

44           Аммо ба нармӣ бо ў сухан бигўед, шояд мутазаккир шавад ё (аз Худо) битарсад.

45           (Мўсо ва Ҳорун) гуфтанд: «Парвардигоро! Аз ин метарсем, ки бар мо пешӣ гирад (ва қабл аз баёни ҳақ, моро озор диҳад) ё туғён кунад (ва напазирад!)».

46           Фармуд: «Натарсед! Ман бо шумо ҳастам, (ҳама чизро) мешунавам ва мебинам.

47           Ба суроғи ў биравед ва бигўед: «Мо фиристодагони Парвардигори туем, Банӣ Исроилро бо мо бифирист ва ононро шиканҷаву озор макун, мо нишонаи равшане аз сўи Парвардигорат барои ту овардаем. Ва дуруд бар он кас бод, ки аз ҳидоят пайравӣ мекунад!

48           Ба мо ваҳй шудааст, ки азоб бар касе аст, ки (оятҳои илоҳиро) инкор кунад ва сарпечӣ намояд».

49           (Фиръавн) гуфт: «Парвардигори шумо кист, эй Мўсо?!».

50           Гуфт: «Парвардигори мо ҳамон касе аст, ки ба ҳар мавҷуде, он чиро лозимаи офариниши ў буда, додааст, сипас ҳидоят кардааст».

51           Гуфт: «Пас таклифи наслҳои гузашта, (ки ба инҳо имон надоштанд), чӣ хоҳад шуд?!».

52           Гуфт: «Огоҳии вобаста ба онҳо, назди Парвардигорам дар китобе сабт аст. Парвардигорам ҳаргиз гумроҳ намешавад ва фаромўш намекунад (ва он чӣ шоистаи онҳост, ба онҳо медиҳад)».

53           Ҳамон Худованде, ки заминро барои шумо маҳалли осоиш қарор дод ва роҳҳое дар он эҷод кард ва аз осмон, обе фиристод, ки бо он анвои гуногуни гиёҳонро (аз хоки тира) баровардем.

54           Ҳам худатон бихўред ва ҳам чаҳорпоёнатонро дар он бичаронед. Ҳатман дар инҳо нишонаҳои равшане барои хирадмандон аст.

55           Мо шуморо аз он (замин) офаридем ва дар он бозмегардонем ва бори дигар (дар қиёмат) шуморо аз он берун меоварем.

56           Мо ҳамаи оятҳои худро ба ў нишон додем, аммо ў инкор кард ва саркашӣ кард.

57           Гуфт: «Эй Мўсо! Оё омадаӣ, ки бо сеҳри худ, моро аз сарзаминамон берун кунӣ?!

58           Қатъан мо ҳам сеҳре монанди он барои ту хоҳем овард! Ҳамакнун (таърихашро таъйин кун ва) ваъдагоҳе миёни мо ва худат қарор деҳ, ки на мо ва на ту, аз он тахаллуф накунем, он ҳам дар маконе, ки нисбат ба ҳама яксон бошад».

59           Гуфт: «Ваъдагоҳи мо ва шумо рўзи зинат (рўзи ид) аст, ба шарти ин ки ҳамаи мардум, ҳангоме, ки рўз боло меояд, ҷамъ шаванд».

60           Фиръавн он маҷлисро тарк кард ва тамоми макру фиреби худро ҷамъ кард ва сипас (ҳамаро дар рўзи мавъуд) овард.

61           Мўсо ба онон гуфт: «Вой бар шумо! Бар Худо дурўғ набандед, ки шуморо бо азобе нобуд месозад ва ҳар кас, ки (бар Худо) дурўғ бибандад, ноумед (ва шикастхўрда) мешавад!».

62           Онҳо дар миёни худ, дар мавриди идомаи роҳашон ба низоъ бархостанд ва махфиёна бо ҳам сухан гуфтанд.

63           Гуфтанд: «Ин ду (нафар) ҳатман соҳиранд, мехоҳанд бо сеҳрашон шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва роҳу расми намунаи шуморо аз байн бибаранд.

64           Акнун, ки чунин аст, тамоми нерў ва нақшаи худро ҷамъ кунед ва дар як саф (ба майдони мубориза) биёед, имрўз растагорӣ аз они касе аст, ки бартарии худро исбот кунад».

65           (Соҳирон) гуфтанд: «Эй Мўсо! Оё ту аввал (асои худро) меафканӣ, ё мо касоне бошем, ки аввал бияфканем?!».

66           Гуфт: «Шумо аввал бияфканед!». Дар ин ҳангом танобҳо ва асоҳои онон бар асари сеҳрашон чунон ба назар мерасид, ки ҳаракат мекунад!

67           Мўсо тарси хафифе дар дил эҳсос кард, (мабодо мардум гумроҳ шаванд!).

68           Гуфтем: «Натарас! Ту ҳатман (пирўз ва) бартарӣ.

69           Ва он чиро дар дасти рост дорӣ бияфкан, тамоми он чиро сохтаанд, фурў мебарад. Он чӣ сохтаанд танҳо макри соҳир аст ва соҳир ҳар ҷо равад, растагор нахоҳад шуд».

70           (Мўсо асои худро афканд ва он чиро, ки онҳо сохта буданд, фурў бурд). Соҳирон ҳамагӣ ба саҷда афтоданд ва гуфтанд: «Мо ба Парвардигори Ҳорун ва Мўсо имон овардем».

71           (Фиръавн) гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо изн диҳам, ба ў имон овардед?! Ҳатман ў бузурги шумост, ки ба шумо сеҳр омўхтааст. Ба яқин дастҳо ва поҳоятонро ба таври баракс қатъ мекунам ва шуморо аз танаҳои (дарахти) нахл ба дор меовезам ва хоҳед донист, муҷозоти кадом як аз мо дардноктар ва пойдортар аст!».

72           Гуфтанд: «Савганд ба он касе, ки моро офаридааст, ҳаргиз туро ба далелҳои равшане, ки барои мо омадааст, муқаддам нахоҳем дошт. Ҳар ҳукме мехоҳӣ бикун, ту танҳо дар ин зиндагии дуньё метавонӣ ҳукм кунӣ.

73           Мо ба Парвардигорамон имон овардем, то гуноҳонамон ва он чиро аз сеҳр бар мо таҳмил кардӣ, бибахшояд ва Худо беҳтар ва пойдортар аст».

74           Ҳар кас дар маҳзари Парвардигораш хатокор ҳозир шавад, оташи дўзах барои ўст, дар онҷо, на мемирад ва на зиндагӣ мекунад.

75           Ва ҳар кас бо имон назди ў ояд ва аъмоли солеҳ анҷом дода бошад, чунин касоне дараҷоти олие доранд,

76           Боғҳои ҷовидони биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, дар ҳоле, ки ҳамеша дар он хоҳанд буд. Ин аст подоши касе, ки худро пок намояд.

77           Мо ба Мўсо ваҳй фиристодем, ки: «Шабона бандагонамро (аз Миср) бо худ бибар ва барои онҳо роҳи хушке дар дарьё бикушо, ки на аз таъқиб (-и фиръавниён) хоҳӣ тарсид ва на аз ғарқ шудан дар дарё».

78           (Ба ин тартиб) Фиръавн бо лашкариёнаш онҳоро пай гирифтанд ва дарё онҳоро (дар миёни амвоҷи хурўшони худ) ба таври комил пўшонид.

79           Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт ва ҳаргиз ҳидоят накард.

80           Эй Банӣ Исроил! Мо шуморо аз (чанголи) душманонатон наҷот додем ва дар тарафи рости кўҳи Тур, бо шумо ваъда гузоридем ва «ман» ва «салво» бар шумо нозил кардем.

81           Бихўред аз рўзиҳои покизае, ки ба шумо додаем ва дар он туғён накунед, ки ғазаби Ман бар шумо ворид шавад ва ҳар кас ғазабам бар ў ворид шавад, суқут мекунад.

82           Ва Ман ҳар киро, ки тавба кунад ва имон оварад ва аъмоли солеҳ анҷом диҳад, сипас ҳидоят шавад, меомурзам.

83           Эё Мўсо! Чӣ чиз сабаб шуд, ки аз қавмат пешӣ гирӣ ва (барои омадан ба кўҳи Тур), шитоб кунӣ?!

84           Гуфт: «Парвардигоро! Онон дар пайи ман ҳастанд ва ман ба сўи ту шитоб кардам, то аз ман хушнуд шавӣ».

85           Фармуд: «Мо қавми туро баъд аз ту, озмудем ва Сомирӣ онҳоро гумроҳ сохт».

86           Мўсо хашмгину андўҳнок ба сўи қавми худ бозгашт ва гуфт: «Эй қавми ман! Магар Парвардигоратон ваъдаи некўе ба шумо надод?! Оё муддати ҷудоии ман аз шумо ба тўл анҷомид, ё мехостед ғазаби Парвардигоратон бар шумо нозил шавад, ки бо ваъдаи ман мухолифат кардед?!».

87           Гуфтанд: «Мо ба майлу иродаи худ аз ваъдаи ту тахаллуф накардем, балки миқдоре аз зеварҳои қавмро, ки бо худ доштем, афкандем». Ва сомирӣ ин чунин илқо кард,

88           Ва барои онон муҷасамаи гўсолае, ки садое ҳамчун садои гўсола (-и ҳақиқӣ) дошт, падид овард ва (ба якдигар) гуфтанд: «Ин Худои шумо ва Худои Мўсо аст». Ва ў фаромўш кард (паймонеро, ки бо Худо баста буд).

89           Оё намебинанд, ки (ин гўсола) ҳеҷ ҷавобе ба онон намедиҳад ва молики ҳеҷ гуна суду зиёне барои онҳо нест?!

90           Ва пеш аз он, Ҳорун ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман! Шумо ба ин васила мавриди озмоиш қарор гирифтаед, Парвардигори шумо Худованди Раҳмон аст, пас, аз ман пайравӣ кунед ва фармонамро итоат намоед».

91           Вале онҳо гуфтанд: «Мо ҳамчунон гирди он мегардем (ва ба парастиши гўсола идома медиҳем), то Мўсо ба сўи мо бозгардад».

92           (Мўсо) гуфт: «Эй Ҳорун! Чаро ҳангоме, ки дидӣ онҳо гумроҳ шуданд,

93           Аз ман пайравӣ накардӣ?! Оё фармони маро исён намудӣ?!».

94           (Ҳорун) гуфт: «Эй фарзанди модарам! (Эй бародар!). Риш ва сари маро магир, ман тарсидам бигўӣ, ки миёни Банӣ Исроил тафриқа андохтӣ ва суфориши маро ба кор набастӣ».

95           (Мўсо рў ба Сомирӣ кард ва) гуфт: «Ту чаро ин корро кардӣ, эй Сомирӣ?!».

96           Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо надиданд, ман қисмате аз осори расул (ва фиристодаи Худо)-ро гирифтам, сипас онро афкандам ва ин чунин (ҳавои) нафаси ман ин корро дар назарам ҷилва дод».

97           (Мўсо) гуфт: «Бирав, ки баҳраи ту дар зиндагии дуньё ин аст, ки (ҳар кас бо ту наздик шавад), бигўӣ: «Бо ман тамос нагир!». Ва ту ваъдае (аз азоби Худо) дорӣ, ки ҳаргиз тахаллуф нахоҳад шуд. (Акнун) бингар ба ин маъбудат, ки пайваста онро парастиш мекардӣ ва бибин мо ўро нахуст месўзонем, сипас зарроти онро ба дарё мепошем.

98           Маъбуди шумо танҳо Худованде аст, ки ҷуз Ў маъбуде нест ва илми Ў ҳама чизро фаро гирифтааст».

99           Ин гуна бахше аз ахбори пешинро барои ту бозгў мекунем ва мо аз назди худ, Зикр (ва Қуръоне) ба ту додем.

100       Ва ҳар кас аз он рўйгардон шавад, рўзи қиёмат бори сангине (аз гуноҳу масъулият) бар дўш хоҳад дошт!

101       Дар ҳоле, ки ҷовидона дар он хоҳанд монд ва бори баде аст барои онҳо дар рўзи қиёмат!

102       Ҳамон рўзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва муҷримонро бо баданҳои кабуд, дар он рўз ҷамъ мекунем!

103       Онҳо оҳиста бо ҳам гуфтугў мекунанд, (баъзе мегўянд:) Шумо фақат даҳ (шабона рўз дар олами барзах) тавақуф кардед. (Ва намедонанд, чӣ қадар тўлонӣ будааст!).

104       Мо ба он чӣ онҳо мегўянд огоҳтарем, ҳангоме, ки некўравиштарини онҳо мегўяд: «Шумо танҳо як рўз даранг кардед».

105       Ва аз ту дар бораи кўҳҳо савол мекунанд, бигў: «Парвардигорам онҳоро (муталошӣ карда), барбод медиҳад!

106       Сипас заминро софу ҳамвор ва бе обу гиёҳ раҳо месозад,

107       Ба гунае, ки дар он, ҳеҷ пастӣ ва баландӣ намебинӣ».

108       Дар он рўз, ҳама аз даъваткунандаи илоҳӣ пайравӣ намуда ва қудрат бар мухолифати ў нахоҳанд дошт (ва ҳамагӣ аз қабрҳо бармехезанд) ва ҳамаи садоҳо дар баробари (азамати) Худованди Раҳмон, хозеъ мешавад ва ҷуз садои оҳиста чизе намешунавӣ.

109       Дар он рўз, шафоати ҳеҷ кас суде намебахшад, ҷуз касе, ки Худованди Раҳмон ба ў иҷозат дода ва ба гуфтори ў розӣ аст.

110       Он чиро пеши рў доранд ва он чиро (дар дунё) пушти сар гузоштаанд, медонад, вале онҳо ба (илми) Ў иҳота надоранд.

111       Ва (дар он рўз) ҳама чеҳраҳо дар баробари Худованди Ҳаййи Қайюм, хозеъ мешавад ва маъюс (ва зиёнкор) аст он ки бори ситаме бар дўш дорад.

112       (Аммо) он кас, ки корҳои шоиста анҷом диҳад, дар ҳоле, ки мўъмин бошад, на аз зулме метарсад ва на аз нуқсони ҳаққаш.

113       Ва ин гуна онро Қуръони арабие (фасеҳу гўё) нозил кардем ва анвои ваъдаҳо (ва инзорҳо)-ро дар он бозгў намудем, шояд тақво пеша кунанд ё барои онон тазаккуре падид оварад.

114       Пас баландмартаба аст Худованде, ки султони ҳақ аст! Пас нисбат ба (тиловати) Қуръон шитоб макун, пеш аз он ки ваҳйи он бар ту тамом шавад ва бигў: «Парвардигоро! Илми маро афзун кун».

115       Пеш аз ин, аз Одам паймон гирифта будем, аммо ў фаромўш кард ва азми устуворе барои ў наёфтем.

116       Ва (ба ёд овар), ҳангомеро, ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед». Ҳамагӣ саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки ибо кард (ва саҷда накард).

117       Пас гуфтем: «Эй Одам! Ин (Иблис) душмани ту ва (душмани) ҳамсари туст. Мабодо шуморо аз биҳишт берун кунад, ки ба заҳмату ранҷ хоҳӣ афтод!

118       (Аммо ту дар биҳишт роҳат ҳастӣ ва мазияташ) барои ту ин аст, ки дар он гурусна ва бараҳна нахоҳӣ шуд.

119       Ва дар он ташна намешавӣ ва ҳарорати офтоб озорат намедиҳад».

120       Вале шайтон ўро васваса кард ва гуфт: «Эй одам! Оё мехоҳӣ туро ба дарахти зиндагии ҷовид ва мулки безавол роҳнамоӣ кунам?!».

121       Саранҷом ҳар ду аз он хўрданд (ва либоси биҳиштиашон фурў рехт) ва авраташон ошкор гашт ва барои пўшонидани худ, аз баргҳои (дарахтони) биҳиштӣ, ҷома дўхтанд. (Оре), Одам Парвардигорашро нофармонӣ кард ва аз подоши Ў маҳрум шуд.

122       Сипас Парвардигораш ўро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидояташ намуд.

123       (Худованд) фармуд: «Ҳар ду аз он (биҳишт) фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигар хоҳед буд, вале ҳаргоҳ ҳидояти ман ба суроғи шумо ояд, ҳар кас аз ҳидояти Ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на дар ранҷ хоҳад буд.

124       Ва ҳар кас аз ёди Ман рўйгардон шавад, зиндагии (сахт ва) танге хоҳад дошт ва рўзи қиёмат, ўро нобино маҳшур мекунем».

125       Мегўяд: «Парвардигоро! Чаро нобино маҳшурам кардӣ?! Ман, ки бино будам!».

126       Мефармояд: «Он гуна, ки оятҳои мо бар ту омад ва ту онҳоро фаромўш кардӣ, имрўз ту низ фаромўш хоҳӣ шуд».

127       Ва ин гуна ҷазо медиҳем, касеро, ки исроф кунад ва ба оятҳои Парвардигораш имон наоварад. Ва азоби охират, шадидтар ва пойдортар аст.

128       Оё барои ҳидояти онон кифоят намекунад, ки бисёре аз наслҳои пешинро, (ки туғёну фасод карданд), ҳалок намудем ва инҳо дар масканҳои (вайроншудаи) онон роҳ мераванд?! Ҳатман дар ин амр, нишонаҳои равшане барои хирадмандон аст.

129       Ва агар суннат ва тақдири Парвардигорат ва мулоҳизаи замони муқарар набуд, азоби илоҳӣ ба зудӣ домони ононро мегирифт!

130       Пас дар баробари он чӣ мегўянд, сабр кун ва пеш аз тулўи офтоб ва пеш аз ғуруби он, тасбеҳ ва ҳамди Парвардигоратро ба ҷо овар ва ҳамчунин (баъзе) аз соатҳои шаб ва атрофи рўз, (Парвардигоратро) тасбеҳ гўй, бошад, ки (аз алтофи илоҳӣ) хушнуд шавӣ.

131       Ва ҳаргиз чашмони худро ба неъматҳои моддӣ, ки ба гурўҳҳое аз онон додаем, маяфкан. Инҳо шукуфаҳои зиндагии дунёст, то ононро дар он имтиҳон кунем. Ва рўзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст.

132       Хонаводаи худро ба намоз фармон деҳ ва бар анҷоми он шакебо бош. Аз ту рўзӣ намехоҳем, (балки) мо ба ту рўзӣ медиҳем ва оқибати нек барои тақвост.

133       Гуфтанд: «Чаро (Пайғамбар) мўъҷиза ва нишонае аз сўи Парвардигораш барои мо намеоварад?!». (Бигў:) Оё хабарҳои равшане, ки дар китобҳои (осмонии) нахустин будааст, барои онҳо наомад?!

134       Агар мо ононро пеш аз он (ки Қуръон нозил шавад), бо азобе ҳалок мекардем, (дар қиёмат) мегуфтанд: «Парвардигоро! Чаро пайғамбаре барои мо нафиристодӣ, то аз оятҳои ту пайравӣ кунем, пеш аз он ки залилу расво шавем?!».

135       Бигў: «Ҳама (-и мо ва шумо) дар интизорем, (мо дар интизори ваъдаи пирўзӣ ва шумо дар интизори шикасти мо), ҳоло, ки чунин аст, интизор бикашед! Аммо ба зудӣ медонед, чӣ касе аз асҳоби сироти мустақим ва чӣ касе ҳидоят ёфтааст!

 

 

 

 


 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...