Оё инсон аз диди Қуръон як мавҷуди ҳам зишт ва ҳам зебост?
Оё инсон як мавҷуди ду сириштӣ аст; ниме аз сиришташ нуру рушаноӣ ва ниме зулмату торикӣ? Чаро Қуръон ӯро то болотарин дараҷа ситоиш ва то поинтарин дараҷа мазаммат мекунад?!
Ҳақиқат ин аст, ки ин ситоишу мазаммат аз он ҷиҳат нест, ки инсон як мавҷуди ду сириштӣ асту ниме аз сиришташ сутуданӣ ва ними дигараш накӯҳиданӣ. Назари Қуръон ба ин аст, ки ҳамаи камолҳо дар инсон нуҳуфта аст ва бояд инсон ин камолҳоро ба худ гирад ва ин худи ӯст, ки бояд созандаи худ бошад. Шарти аслии расидани инсон ба камолҳое, ки дар ӯ нуҳуфта, «имон» аст. Аз имон аст, ки тақво, амали шоиста ва кӯшиш дар роҳи Худо ба вуҷуд меояд. Ба воситаи имон аст, ки илму дониш аз ҳолати корбурди нодуруст, ки дар дасти нафси аммора аст хориҷ мешавад ва пурфоида мешавад.
Пас инсони ҳақиқӣ, ки халифаи Худост, саҷдашудаи фариштагон аст, ҳама чиз барои ӯст ва дар ниҳоят ҳамаи камолҳои инсониро дорад, инсони бо имон аст на инсони ҷудо аз имон. Инсони ҷудо аз имон нақс дорад. Чунин инсоне ҳарис аст, хунрез аст, бахил аст, кофир аст ва аз ҳайвон ҳам пасттар аст.
Дар Қуръон оятҳое омадааст, ки равшан мекунад инсони ситоишшуда чӣ инсонест ва инсони мазаммматшуда чӣ инсонест. Аз ин оятҳо фаҳмида мешавад, ки инсони беимон ва ҷудои аз Худо инсони воқеӣ нест. Агар инсон ба ягона ҳақиқате, ки бо имон ба Ӯ ва ёди Ӯ ором мегирад бипайвандад, дорандаи ҳамаи камолҳост ва агар аз Худо ҷудо бимонад, монанди дарахтест, ки аз решаи худ ҷудо шудааст. Мо ба унвони намуна ду оятро баён мекунем:
Савганд ба аср! Ба ростӣ инсон дар зиён аст, магар онон, ки имон оварда ва амали шоиста карда ва якдигарро ба ҳаққу сабр тавсия кардаанд. [1]
Ба ростӣ бисёре аз ҷинниёну одамиёнро барои ҷаҳаннам офаридаем (поёни корашон ҷаҳаннам аст), зеро дил доранд, вале бо ин ҳол намефаҳманд, чашм доранд, вале бо ин ҳол намебинанд, гӯш доранд, вале бо ин ҳол намешунаванд. Инҳо монанди чаҳорпоёнанд, балки роҳгумкардатаранд[2].
[1] — Аср\1-3.
وَالْعَصْرِ إِنَّ الْإِنسَانَ لَفِي خُسْرٍ إِلَّا الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ وَتَوَاصَوْا بِالْحَقِّ وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ
[2] — Аъроф\179.
وَلَقَدْ ذَرَأْنَا لِجَهَنَّمَ كَثِيرًا مِّنَ الْجِنِّ وَالْإِنسِ لَهُمْ قُلُوبٌ لَّا يَفْقَهُونَ بِهَا وَلَهُمْ أَعْيُنٌ لَّا يُبْصِرُونَ بِهَا وَلَهُمْ آذَانٌ لَّا يَسْمَعُونَ بِهَا أُولَئِكَ كَالْأَنْعَامِ بَلْ هُمْ أَضَلُّ