Дузде омаду мусалмон шуд. Рӯзона ба масҷиди Пайғамбар (с) меомаду намоз мехонд, шабона ба дуздӣ мерафту аз ин роҳ рӯзгор мегузаронд. Рӯзе дар масҷид аз Пайғамбар ин ояро шунид: “…ва ман яттақиллоҳ яҷъал лаҳу махраҷо ва ярзуқҳу мин ҳайсу ло яҳтасиб…” Яъне “…ва ҳар кас аз Худо битарсад, Ӯ барояш кушоиши кор ато мекунад ва аз ҷое ба он худотарс рӯзӣ мерасонад, ки гумон ҳам намекард.” Эътиное накарда имшаб ҳам ба дуздӣ рафт. Болои девори хонае баромаду ногаҳон дид зани ҷавоне яккаву танҳо дар хона нишастааст. Ғайр аз ба даст овардани мол, фикрҳои нопоки дигар ҳам бар сараш омад. Бо худ гуфт: имшаб ҳам мол ба даст меоварам ва ҳам ком ширин мекунам. Бо ин афкори палид сармаст шуда буд, ки мисли барқ он ояи Қуръон ба зеҳнаш хутур кард. Ба оқибати кор андешиду аз роҳаш баргашт:
Ҳарки аввалбин бувад, аъмо бувад,
Ҳарки охирбин, чӣ бомаъно бувад.
Фардо, вақти намоз, чун ба масҷид рафт саҳнае диду шах шуда монд. Кам-кам баданаш ба ларза даромад. Зеро ҳамон зан акнун рӯ ба рӯи Пайғамбар нишастаасту гуфтугӯ мекунад. “Накунад ин зан, он шаб маро дидаву шинохта ва ҳоло назди Пайғамбар шикоят оварда обрӯямро бибарад.”-оҳиста, зери лаб, бо худ мегуфт он мард.
Пайғамбар (с) ба мардум рӯй оварда фармуданд: ин зан танҳост ва мехоҳад издивоҷ кунад. Кадом яке аз шумо ҳозир аст ӯро ба ҳамсарӣ баргузинад? Бо шунидани ин сухан мард ором шуд ва фаҳмид, ки зан ӯро пай набурдааст. Аз ҷой бархост ва эълони омодагӣ карду гуфт ман ҳозирам. Пайғамбари раҳмат (с) низ ҳамонҷо хутбаи никоҳро хонданд ва он ду, нисбат ба ҳам, зану шавҳари шаръиву қонунӣ шуданд. Шаби аввал буд. Мард ба ҳиҷлаи арӯсаш ворид шуд. Гарми сӯҳбати ширин буданд, ки ором-ором наме аз гӯшаи чашмони мард таровиш карду ба шакли ашк даромад ва бар гунаҳояш чакид. Ҳамсараш ин ашкро аз шавқи висол пиндошта эътиное ба он накардаву муштоқона ба гапаш идома медод. Оре, ин ашки шавқ буд, аммо чӣ шавқе? Шавқи чашидани лутфу марҳамати Худованди мутаол. Шавқи чашидани маззаи оёти илоҳӣ. Мард ба фикр фурӯ рафта буд: ҳамин дишаб буд, ки мехостам ба ин зан ва амволаш аз роҳи ғайриқонунӣ бирасам. Оре, ҳамин дишаб! Вале нахостам. Дар ивази он нахостан ва пушти по задани гуноҳ, Худованд имшаб ҳамонро аз роҳи ҳалол бароям расонд. Як лаҳза, фақат як лаҳза тақвои илоҳиро риоят кардам. Ва ҳоло ин зан бо молу мулкаш аз они ман аст.
Бале, рост гуфт он Худое ки фармуд: “…ҳар кас аз Худо битарсад, Ӯ роҳе барояш падид меоварад, ва ӯро аз ҷое рӯзи медиҳад, ки ба фикраш ҳам намерасид. Ва ҳар кас бар Худо таваккал кунад Ӯ барои вай кофӣ аст. Ҳамоно Худо ба самар расонандаи амри хеш аст. Бешак, Худо барои ҳар чиз андозае ниҳодааст.”
(достони воқеӣ)