Азодорӣ барои сарвари ҷавонони биҳишт, Ҳусайн ибни Алӣ (рз)

Оё азодорӣ кардан дар моҳи Муҳаррам барои Имом Ҳусайн (рз), шева ва равиши саҳеҳ ва исломӣ аст?

 Таъсири амиқ ва густардаи азодории сарвару солори шаҳидон, сайиду сарвари ҷавонони аҳли Биҳишт, Ҳусайн ибни Алӣ (рз) дар ҷомеъа ва эҳёи арзишҳои динӣ ба сабаби он, сабаби ҳуҷуми густардаи шаётин ба ин масъала шуда аст. Ва Иблису ёронаш барои хомӯш кардани ин чароғи ҳидоят, шубаҳоти гуногун ва мухталиферо бар забони гунаҳкорон ҷорӣ месозанд, ки қалби ин гунаҳкорон маҳалле барои фуруди шаётин шуда аст. Ҳамон гуна ки Худои субҳон мефармояд:

“هَلْ أُنَبِّئُكُمْ عَلى‏ مَنْ تَنَزَّلُ الشَّياطينُ  (221) تَنَزَّلُ عَلى‏ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثيمٍ ”

Тарҷумаи оят: “Оё бар шумо хабар диҳам, ки шаётин бар чӣ касе нозил мешаванд? Онҳо бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкоре нозил мегарданд”.[1]

 Ҳамон тавре ки медонем, иддае, ин гуна азодориҳоро хилофи дини мубини Ислом медонанд! дар ҳоле ки мутобиқи Қуръони карим, Паёмбари илоҳӣ, Яъқуби набӣ (а) он қадар дар фироқи дурии фарзанди дилбандаш, Юсуфи набӣ (а) навҳаву зорӣ ва азодорӣ кард, ки чашмонаш нобино шуд ва тавоноии хешро аз даст дод, бо инки танҳо фарзанди худро гум карда буд! ва ончи ӯ дид, бо ончи дар Карбало ба вуқӯъ пайваст,  ҳаргиз қобили қиёс нахоҳад буд.

“وقالَ يا أَسَفى‏ عَلى‏ يُوسُفَ وَ ابْيَضَّتْ عَيْناهُ مِنَ الْحُزْنِ فَهُوَ كَظيمٌ  … ”

Тарҷумаи оят: “ … Ва гуфт: эй дареғ бар Юсуф ва дар ҳоле ки андӯҳ ва хашму ғазаби худро фурӯ мебурд, чашмонаш аз андӯҳ сафед шуд(ва ҳаргиз куфрони неъмат намекард”.[2]

Қобили тааммул аст, ки бо чунин роҳу равише чӣ гуна касе метавонад ба дастури Қуръони маҷид мабнӣ бар лозим будани муҳаббат ва маваддати Аҳли байт (рз)  амал кунад ва дар муқобили фоҷеъаи азиме, ки дар Карбало иттифоқ афтода аст, бе тафовут бошад ва дили ӯ бо шунидани ин мусибати азим, ба дард наёяд ва чашмонаш олӯда ба ашк нагардад. Хонадони Расули Худо (а) дар саҳрои Карбало танҳову бедифоъ дар миёни ҳазорҳо лашкар –иштибоҳ накунед, ин лашкари ғайри мусалмон набуд, лашкариён ҳамонҳое буданд, ки дар азону иқомааашон номи мубораки Муҳаммади мустафоро бар забон ҷорӣ месохтанд- ғариб буданд. Баъд аз шаҳодати мазлумонаи Ҳусайн ибни Алӣ (рз) аҳлу оилаи ӯро ба асорат бурданд ва хаймаҳои ӯро ба оташ кашиданд. Шоир мегӯяд:

Оташ ба лонаи мурғе намезананд,

Гирам, ки хайма хаймаи Оли Або набуд.

 Охир номусалмонон! Лонаи мурғеро ҳам оташ намезананд ва ҷӯҷаҳои ӯро сарсону саргардон намегардонанд, чӣ расад бар ин ки соябони Аҳли Байти паёмбаратонро нобуд кунед. Беҳӯда нест, ки Худованд худ фармуд: Эй Расули ман! Пеш аз инки аз миёни ин уммати қадрнашносат биравӣ, ба онҳо бигӯ: ин ҳама азияту озорам додед, аз хушиву хушҳолиам костам то шумо хушҳол бошед, вале ман аз шумо музде намехоҳам. Фақат Аҳли Байтамро овораву саргардон накунед.

“قُل لَّا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى”

Тарҷумаи оя: “Бигӯ: ман ҳеҷ аҷру подоше дар муқобили рисолату паёмбариам дархост намекунам ҷуз дӯст доштани наздиконам (Аҳли байтам)”.[3]

Худованд дар оятҳои Қуръони Карим ба монанди ояҳои татҳир[4], мубоҳила[5], маваддат[6] ва ояҳои дигар, барои Аҳли Байти Паёмбар (а) хусусиятҳоеро бармешуморад, ки аз онҳо бартарии Аҳли Байт аз дигарон ба равшанӣ истифода мешавад . Ва бар асоси ин оятҳо, бар уммати исломӣ воҷиб аст, ки Аҳли Байти Паёмбарро бар дигарон бартар бидонанд ва бо онҳо муҳтарамона рафтор намоянд.

»  وقال السدي عن أبي الديلم قال :  لما جئ بعلي بن الحسين رضي الله عنه أسيرا فأقيم على درج دمشق قام رجل من أهل الشام فقال الحمد لله الذي قتلكم واستأصلكم وقطع قرن الفتنة فقال له علي بن الحسين رضي الله عنه أقرأت القرآن؟ قال نعم . قال أقرأت آل حم؟ قال قرأت القرآن ولم أقرأ آل حم قال ما قرأت “قل لا أسألكم عليه أجرا إلا المودة في القربى”؟ قال وإنكم لانتم هم؟ قال نعم «

Абӯдайлам мегӯяд :  “(Баъд аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало) вақте Имом Саҷҷодро ба асирӣ гирифта оварда, дами дарвозаи Димишқ (Шом) нигаҳ доштанд, марде аз аҳли Шом бархоста, гуфт :  “Сипос Худоеро, ки шуморо ба қатл расонида, решаканатон намуда ва фитнаро аз реша барканд”.

Имом Саҷҷод ба ӯ фармуданд :  “Оё Қуръон хондаӣ?” Гуфт :  “Оре” . Фармуданд :  “Оё Оли Ҳомимро хондаӣ?” Гуфт :  “Қуръон хондам, вале Оли Ҳомимро нахондаам” . Имом фармуданд :  Оё ояи :  “Қул ло асъалукум алайҳи аҷран иллал маваддата фил қурбо”-ро нахондаӣ?” Гуфт :  “Оё “ал-қурбо” шумо ҳастед?” Имом фармуданд :  “Оре” .[7]

Ва ҳамчунин  чӣ гуна касе метавонад инсонияти худро ҳифз кунад, ва дили ӯ аз ин ҳама фоҷеъа ва зулму ситаме, ки бар хонадони Расули Худо (а) раво доштанд, мутаассир ва нороҳат нашавад !?! Агар қасовати қалб ӯро фаро нагирифта бошад, бо ёдоварии чунин мусибате дили ҳар инсони оқиле ба дард меояд. Ва ин ҳамон ҷавобе аст, ки Расули мукаррами Ислом (а) дар ҷавоби эътирозкунандагон ба гиря намудани он ҳазрат барои фарзандашон Иброҳим посух доданд, ки:

«من لایرحم لایُرحم »

Тарҷумаи ҳадис: «Касе, ки раҳм надошта бошад, ба ӯ раҳму утуфате намешавад».[8]

عن أبى هريرة أن الأقرع بن حابس أبصر النبى -صلى الله عليه (وآله)  و سلم- يقبّل الحسن ، فقال: «إن لي عشرةٌ من الولد ما قبّلت واحداً منهم»، فقال رسول الله -صلى الله عليه (و آله) وسلم- : ( إنه من لا يَرحم، لا يُرحم) متفق عليه.

Тарҷумаи ҳадис: Аз абӯҳурайра нақл шуда аст, ки Арқаъ ибни Ҳобис вақте мебинад, ки Расули Худо (а) имом Ҳасани Муҷтабо (рз)-ро мебӯсад аз маҳзари мубораки он ҳазрат суол мекунад: ман даҳ писар дорам ва то ҳоло яке аз онҳоро бӯса накардаам. Яъне ӯ нисбат ба бӯса кардани Расули Худо (а) эътироз мекунад ва кори ӯро саҳеҳ намедонад. Паёмбари акрам дар ҷавоби ӯ мегӯяд:ҳамоно Касе, ки раҳм надошта бошад, ба ӯ раҳму утуфате намешавад.[9]

 Ҳақиқат он аст, ки мазмум будани азодорӣ, шеваест, ки аз рӯи ноогоҳӣ баъзе аз асҳоб аз ҷумла халифаи дуввум, ҷаноби  Умар аз худ бар ҷой гузоштаанд. Монанди ҳамин ривояте, ки дар боло зикр кардем, бештари саҳобагони Расули Худо (а) аз рӯи ҷаҳолат ва нодонӣ нисбат ба баъзе аз рафтору кирдори Паёмбари Худо, эътироз мекарданд ва рафтори ӯро писанд намекарданд.

Паёмбаре, ки аз ҷониби илоҳӣ, “Раҳматун лилоламин” лақаб гирифта аст. Паёмбаре, ки усва ва улгӯи башарият аст ва рафтору кирдори ӯ ба унвони суннати ҳасанае барои умматаш ба ирс расида аст ва имрӯза сираи он ягонаи офоқ дар бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳон тадрис мешавад.

Агар дар сафаҳоти ибратомӯзи торих муруре дошта бошем, мебинем, ки Расули Худо  (а) ва дини мубини Ислом машраб ва равиши дигаре доранд, ки дар ривоёти мутаъаддид, бархе аз афрод махсусан ҷаноби Умар дар маҳзари Расули Акрам  (а) низ бар хилофи он ҳазрат амал намуда ва монеъи азодории дигарон мешуда аст ва ононро аз ин кор наҳй менамуда аст:

 Нақл мекунанд, ки фарде аз хешону наздикони Расули Худо  (а) аз дунё рафт ва занони Мадинаи мунаввара дар он маросим ҷамъ шуданд ва барои он марҳум гиря мекарданд. Умр ибни Хаттоб ононро аз гиря кардан боз медошт ва ононро аз он хона дур мекард. Паёмбари Акрам  (а) фармуд: эй Умар! Бигузор то гиря кунанд, дил месӯзад ва чашм ашк мерезад‏‏, чаро ки  мусибат дида ҳастанд ва ин мусибат тозае барои онҳост.[10]

 Ҳамчунин бо мушоҳидаи ончи аз Расули Акрам (а) дар торих сабт шуда ва ба мо расида аст, мебинем, ки он ҳазрат дар фироқи азизоне, ки аз пеши ӯ рафта ва ба диёри боқӣ шитофтаанд, азодорӣ намуда ва дар суги онон гиря мекарданд:

 Расули Худо  (а) барои шаҳидони Уҳуд азодорӣ намуда ва барои онон ашк мерехтанд, хусусан амакашон, сайидушшуҳадо, ҳазрати Ҳамза.[11]

Расули Худо  (а) ба хотири шаҳодати Ҷаъфар ибни Абӯтолиб азодор буданд.[12]

Овардаанд, ки барои аз дунё рафтани Саъд ибни Хула марсиясароӣ намуданд ва дар фироқи ӯ гиряву зорӣ намуданд.[13]

Расули Худо  (а) бар сари мазори духтарони хеш маҳзун гашта ва гиря намуданд.[14]

Паёмбари акрам  (а) ба зиёрати қабри модарашон рафтанд ва дар ҳангоми зиёрати мазори модари муҳтарамашон ҳузну андӯҳ эшонро фаро гирифт ва гиристанд.[15]

Ҳазрати Муҳаммад  (а) дар марги Усмон ибни Мазъун азодор буданд.[16]

Ва садҳо ривояти дигар, ки баёнгари ин воқеъияти рушан аз азодорӣ дар фироқи дӯстону азизон ва хешону наздикон аст ва ҳар ақли мусалламе бар ин асл таъкид дорад ва онро мепазирад.

Ин матолиберо, ки то инҷо барои шумо хонандагони азиз матраҳ намудем, ғайр аз нороҳатиҳо ва азодориҳоест, ки Набии мукаррами Ислом  (а) бар имом Ҳусайн (рз) солҳо пеш аз шаҳодати эшон анҷом медоданд !!!

Аз Уммулфазл,[17] духтари Ҳорис ривоят мекунанд, ки ӯ ба назди Паёмбари Худо  (а) ворид шуд ва гуфт: эй Расули Худо! Ман дар шаби гузашта хоби нохушоянде дидам.

 Ҳазрат фармуд: чӣ дидаӣ ?

Умми Фазл гуфт: хеле сахт аст ва забонам ба гуфтанаш намечархад.

Фармуд: чист ? чӣ хоб дидӣ ?

Гуфт: дидам, ки гӯё қитъае аз бадани мубораки шумо ҷудо шуд ва дар доманам қарор гирифт ! Расули Худо  (а) фармуд: хоби хубе дидаӣ. Иншоаллоҳ Фотимаи Заҳро (рз) писаре ба дунё меоварад ва дар домони ту ҷой гирифта ва парвариш меёбад.

Умми Фазл мегӯяд: муддате аз он рӯз сипарӣ шуд ва Фотимаи Заҳро (рз)— ҳамон гуна ки Паёмбари гиромии Ислом  (а) фармуда буд – Ҳусайн (рз)-ро ба дунё оварад, ва ӯ дар домани ман қарор гирифт.

Умми Фазл ҳамчунин дар идомаи суханонашон меафзояд: рӯзе аз рӯзҳо Ҳусайн (рз)-ро ба доман гирифтам ва ба сӯи хонаи Паёмбар рафтам. Вакте хидмати Расули Худо  (а) расидам эшон даст ба сӯи набераи азизашон дароз карданд ва ӯро ба сӯи хеш даъват намуданд. Ман Ҳусайн (рз)-ро дар домони он ҳазрати ниҳодам. Муддате бо ӯ ҳамбозӣ шуд ва бо наберааш машғули бозӣ буд. Баъд аз гузашти замоне ба он ҳазрат нигоҳ кардам ва ба ӯ таваҷҷӯҳа намудам. Ҳазрат аз ман рӯ баргардонданд ва аз нигоҳ кардан ба ман мунсариф шуданд. Ман аз ин кори эшон таъаҷҷуб кардам, чаро ки он ҳазрат ҳеҷ вақт беҳӯда аз касе рӯ бар намегардонданд. Дубора ба сӯи эшон рафтам ва дидам, ки ҳазрат нороҳат гашта ва аз дидагони муборакашон мисли абри навбаҳор ашк меборад!

Умми Фазл мегӯяд: гуфтам: эй Набии Худо ! Падару модарам ба фидои роҳу равиши шумо бод, шуморо чӣ шуда аст? Чӣ чизе шуморо нороҳату ғамгин сохт?  Худо он рӯзро наёрад, ки аз ман ранҷида бошед ! фармуд: Ҷабраили амин (а) ба дидорам омад ва ба ман хабар дод, ки уммати худам дар ояндаи наздик ин фарзанд ва ҷигаргӯшаамро ба ноҳаққ ба шаҳодат мерасонанд. Ба Ҳусайн (рз), ки дар оғӯши муборакашон буд, ишора намуда ва пурсидам: ин фарзандатро? фармуд: оре.

Инро гуфт ва миқдоре аз турбати сурхашро, ки фармуд ин хоки карбало аст низ барои ман овард.[18]

Бо ин ҳама матолибе, ки дар ин мухтасар зикр намудем, ба ин ҳақиқат метавон расид, ки гиряву зорӣ намудан дар мотами имом Ҳусайн (рз) дар шаъну манзилати муттақин аст ва ҷуз онҳо, касе дар садади таъзими шаъоири илоҳӣ нест:

“مَنْ يُعَظِّمْ شَعائِرَ اللَّهِ فَإِنَّها مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ ”

Тарҷумаи оят: “Ҳар касе, ки шаъоири илоҳӣ ва нишонаҳо ва парчами Худоро бузургу мӯҳтарам бидорад ва нисбат ба онҳо эҳтиром қоил шавад, ин кор нишонаи тақвои дилҳост”.[19]

Шаъоир, ҷамъи шаъира ба маънои аломат ва нишона аст. Бинобарин шаъоири илоҳӣ ба маънои нишонаҳои Парвардигор  аст.

 

[1] Сураи Шуъаро, ояи 221 ва 222

[2] Сураи Юсуф, ояи 84

[3] Сураи Шуро, ояи 23

[4] Сураи Аҳзоб, ояи 33

[5] Сураи Оли Имрон, ояи 61

[6] Сураи Шӯро, ояи 23

[7] Тафсири Табарӣ, 25 саҳ 33 . Тафсири Саълабӣ, “Дуррулмансур”, ҷ 6, саҳ 7 . Тафсири ибни Касир, ҷ 4, саҳ 121

[8] Сунани Тирмизӣ, ҷ 4, саҳ 226

[9] Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ 2, саҳ 228. Муснади Аҳмад номи китобест, ки дар бисту чаҳор ҷилд таълиф шуда аст, ки шомили си ҳазор ҳадис мебошад

[10] Сунани Насоӣ, ҷ 4, саҳ 19

[11] Таърихи Табарӣ, таълифи Табарӣ, ҷ 2,саҳ 27

[12] Табақот, таълифи ибни Саъд, ҷ 8, саҳ 282

[13] Иршодуссорӣ, шарҳи Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 2, саҳ 406

[14] Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 1, Китобулҷаноиз, боби 817, ҳадиси 1201

[15] Муснади Аҳмад, таълифи Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ 2, саҳ 441

[16] Ҷомеъулусул, таълифи Муҳаммад ибни Асири Ҷазрӣ, ҷ 11, саҳ 95

[17] Модари Фазл

[18] Мустадраки Саҳеҳайн, ҷ 3, саҳ 176

[19] Сураи Ҳаҷҷ, ояи 32

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...