Айбҷӯӣ

Яке аз сифатҳое, ки дар Қуръони карим ва суннати Расули акрам(с)  аз он ба унвони сифати зишт ва нописанд ёд шуда аст, айбҷӯӣ ва масхара кардан мебошад.

 » قال الله تبارک وتعالی: ویلٌ لکلّ همزةٍ لُّمزةٍ «.[1]

Вой бар ҳар айбҷӯи масхаракунанда.

Амири сухан, ҳазрати Алӣ (к) дар баёноти арзишмандашон мефармоянд:

» اعقلُ النّاسِ مَن کان بعیبه بصیراً وعن عیب غیره ضریراً

Оқилтарини мардум касе аст, ки нисбат ба айбу нуқсони хеш бино ва аз айби дигарон нобино бошад.[2]

Шукри неъмат

Саъдии шерозӣ дар ҳикоятҳои Гулистони хеш мегӯяд:

“ Лутфу инояти Худованд, шомили ҳоли гумгаштае шуд ва ба маҷлиси ҳақпарастон роҳ ёфт ва сифоти зишти ахлоқиашро бар асари ҳамсӯҳбатӣ бо онон ба сифоти хуб ва писандида мубаддал намуд.

Айбҷӯҳо, ки аз мақоми баланду рафеи ӯ норозӣ буданд, ҳамчунон бадиашро мегуфтанд ва хотирнишон менамуданд, ки фалонӣ, ки худро зоҳиду худопараст медонад, дар ҳамон ҳолати аввалиаш боқӣ монда аст ва наметавон ба зуҳду тақвои ӯ эътимод намуд ва фиреби зоҳирашро хӯрд.

Шахси зоҳид, ки тоқати нешу киноя ва зами забони мардумро наёвард, ба назди марди фарзонае рафт ва аз неши забон ва айбҷӯии мардум ба ӯ гилоя ва шикоят намуд.

Он марди бузург ва фарзона гуфт: “ шукри ин неъмат чӣ гуна мегузорӣ, ки ту беҳтар аз он ҳастӣ, ки мардум фикр мекунанд”.

Нек бошиву бадат гӯяд халқ,

Беҳ, ки бад бошиву некат бинанд.

Ҳамчунин ба ӯ нигоҳе карду дубора гуфт: намебинӣ, ки мардум дар бораи ман гумони хубу нек доранд? Дар ҳоле ки ман тақсироту кӯтоҳиҳои бешуморе дорам. Сазовор аст, ки ман андӯҳгин бошам на ту.[3]

Айбпӯшӣ

Овардаанд, ки шахсе мехост ҳамсари хешро ӣалоқ диҳад. Ба ӯгуфтанд: “ ӯ чӣ айбе дорад?”. Гуфт: “оё касе айбу эроди ҳамсарашро ба дигарон мегӯяд?”.

Пас аз он ки ҳамсари худро талоқ дод, ба вай гуфтанд: “ ӯ чӣ айбе дошт, ки талоқаш додӣ?”.

Гуфт: “оё касе айбу эроди зани мардумро ба дигарон мегӯяд?”.[4]

Айби пинҳонӣ

Шайхи Баҳоӣ (рҳ) фармуд: “ орифе порчае бофт ва дар бофтани он тамоми талошу кӯшиши худро ба кор бурд ва беҳтарин вақташро барои бофтани он сарф кард. Онро ба бозор бурд ва ба пули андаке ба фурӯш расонд. Муддате гузашт ва соҳиби порча, бинобар вуҷуди айбҳое, ки дар порча пайдо намуда буд, порчаро ба ориф баргардонд. Ориф порчаро ба дасти хеш гирифт ва каме ба фикр фурӯ рафт ва дар гӯшае нишасту шурӯъ кард ба гиря кардан.

Марде, ки порчаро харида буд бо мушоҳидаи гиряҳои ориф, ба пеши ӯ рафт ва даст бар шонаи ориф гузошта гуфт: гиря накун, ман айбҳои порчаро нидида мегирам.

Ориф сари хешро баланд карду гуфт: гиряи ман ба хотири ин аст, ки вақти гаронбаҳои худамро барои бофтани ин порча сарф кардам ва тамоми талошу кӯшиши худамро ба кор гирифтам то хубу шоиста шавад вале боз ҳам мушкил дошт ва ба назди ман онро баргардондед.

Аз ин метарсам, ки чиҳил сол барои парастиши Худованд талошу кӯшиш кардам вале фардои қиёмат аъмоламро қабул накунад ва онҳоро ба сӯи ман боз гардонад.[5]

Сухани охир

Ҳеҷ вақт бо гуфтаҳои суханчинону айбҷӯён хушҳол нашавем ва гӯш додани мо ба суханони беҳӯдаи ӯ боис нашавад, ки, ӯро ба ин кори ношойисташ ташвиқу тарғиб намоем. Чаро ки агар касе ба худаш ин иҷозаро медиҳад то айбу эроди дигаронро назди мо биёрад, мутмаин бошед, ки айбу эроди моро ҳам ба пеши дигарон хоҳад бурд.

Он ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд,

Мутмаин бош, ки айби ту ба пеши дигарон хоҳад бурд.


[1]Сураи Ҳумаза, ояи 1

[2]Ғурар-ул-ҳикам, 228/2

[3]Ҳикоятҳои Гулистон, саҳ 126

[4]Намуна маориф, 102/3

[5] Кашкули шайхи Баҳоӣ, тарҷумаи Азизуллоҳи Косиб, саҳ 306

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...