Чаро ризқи мо бояд дар осмон бошад? Манзур аз ин сухан чист?
Дар ин ояти шарифа ба яке аз нишонаҳои азамату бузургии парвардигор ва қудрати Ӯ бар миъод ишора шудааст, ки мефармояд:
«وَفِي السَّمَاء رِزْقُكُمْ وَمَا تُوعَدُونَ«[1]
Ва рӯзии шумо ва ончи ваъда дода шудаед дар осмон аст.
Дар баъзе аз манобеи тафсирӣ вожаи “ризқ” дар ин оят ба донаҳои ҳаётбахши борон тафсир шудааст[2], ки манбаи ҳар хайру баракат дар замин аст. Дар ояти шарифаи сураи Ҷосия низ ба ин матлаб таъкид шудааст:
وَاخْتِلَافِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَمَا أَنزَلَ اللَّهُ مِنَ السَّمَاءِ مِن رِّزْقٍ فَأَحْيَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا وَتَصْرِيفِ الرِّيَاحِ آيَاتٌ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ ﴿۵﴾
Ва ҳамчунин дар рафту омади рӯзу шаб ва ризқу рӯзӣ, (ва бороне) ки аз осмон нозил карда ва ба василаи он заминро баъд аз маргаш ҳаёт бахшида ва ҳамчунин дар вазиши бодҳо барои гурӯҳе, ки аҳли тафаккур ҳастанд нишонаҳои равшане аст .[3]
Аммо ин маъно метавонад яке аз мисдоқҳои равшани оят бошад, дар ҳоле ки густардагии мафҳуми ризқ ҳам боронро шомил мешавад ва ҳам нури офтобро, ки аз осмон ба сӯи мо метобад ва нақши он дар ҳаёту зиндагии инсонҳо фавқулода ҳассос аст. Ва ҳамчунин ҳаворо, ки мояи ҳаёти ҳамаи мавҷудоти зинда аст низ дар бар мегирад.[4]
Ин матолиб дар сурате аст, ки “Само” “سماء”-ро ба маънои ҳамин осмони зоҳирие, ки мушоҳида мекунем тафсир намоем. Вале баъзе аз муфассирон “Само”-ро ба маънои олами ғайбӣ ва моварои табиат ва лавҳи маҳфуз гирифтаанд, ки ризқу рӯзии инсонҳо аз онҷо муқаддар ва сарозер мешавад.[5]
Албатта ба фармудаи муаллифи тафсири Намуна, ҷамъи ҳарду маъно мумкин аст, ҳар чанд тафсири аввалро равшантар медонад.[6]
Ва аммо ҷумлаи
” ما تُوعَدُونَ”
Ончӣ ба шумо ваъда дода мешавад.
Метавонад таъкиде бар масалаи ризқ ва ваъдаи илоҳӣ дар ин замина буда бошад ва ё ба маънои Биҳишти ваъда дода шуда, чаро ки дар ҷои дигар аз Қуръони маҷид мехонем:
عِنْدَ سِدْرَةِ الْمُنْتَهَىٰ، عِنْدَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَىٰ
Дар назди(мақоми) «Сидрат-ул-мунтаҳо». Назди он (Сидрат-ул-мунтаҳо) «Ҷаннат-ул-маъво» ҳаст.[7]
Ва ё ишора ба ҳар гуна хайру баракат ё азобе аст, ки аз осмон нозил мешавад ва ё нозир ба ҳамаи ин мафоҳим аст, чаро ки ҷумлаи “ما تُوعَدُونَ” мафҳумаш васеъ ва густарда аст.[8]