Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил кард ва ҳеҷ инҳирофе дар он қарор надод;
  2. Дар ҳоле ки устувор аст, то [кофиронро] ба уқубате сахт аз ҷониби Худ ҳушдор диҳад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста анҷом медиҳанд, башорат диҳад; ҳамоно барои онҳо подоши некӯст,
  3. Дар ҳоле ки ҳамеша дар он ҷовидонанд.
  4. Ва то касонеро, ки гуфтанд: «Худо фарзанде гирифтааст» ҳушдор диҳад.
  5. На онҳо ва на падаронашон ба он [иддио] ҳеҷ илме надоранд; сухане, ки аз забонашон берун меояд, бузург аст; онҳо ҷуз дурӯғ намегӯянд.
  6. Агар ба ин сухан (Қуръон) имон наёваранд, пас шояд ту ба дунболи [рӯйгардонии] онҳо, худатро аз андӯҳ ҳалок кунӣ.
  7. Дар ҳақиқат Мо он чиро, ки бар рӯи замин аст, зинате барои он қарор додем; то онҳоро биозмоем, ки кадом як аз онҳо некӯкортар аст.
  8. Ва ҳамоно Мо он чиро бар рӯи он аст, биёбони беобу алаф мегардонем.
  9. Оё пиндоштӣ, ки асҳоби Каҳф ва Рақим аз нишонаҳои шигифтангези Мо буданд?
  10. Ҳангоме ки ҷавонон ба сӯи ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо! Моро аз ҷониби Худ раҳмате ато кун ва барои мо дар корамон роҳбурде фароҳам соз».
  11. Пас дар ғор солиёне чанд бар гӯшҳояшон [пардаи хоб] задем;
  12. Сипас ононро [аз хоб] барангехтем, то маълум дорем, ки кадом як аз он ду гурӯҳ, муддати монданашонро беҳтар ҳисоб кардаанд.
  13. Мо хабари онҳоро ба дурустӣ бар ту ҳикоят мекунем; ҳамоно онҳо ҷавононе буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварданд ва бар ҳидояташон афзудем.
  14. Ва дилҳояшонро устувор сохтем, онгоҳ ки бархостанд ва гуфтанд: «Парвардигори мо Парвардигори осмонҳо ва замин аст; ҳаргиз маъбудеро ҷуз Ӯ намехонем, ки дар ин сурат, дар ҳақиқат ноҳақ гуфтаем.
  15. Инҳо қавми мо ҳастанд, ки ғайр аз Ӯ маъбудҳоеро гирифтанд; чаро бар [ҳаққонияти] онҳо далели равшане намеоваранд? Пас чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бибандад?»
  16. Ва [ба якдигар гуфтанд] ҳангоме ки аз онҳо ва аз он чи ҷуз Худо мепарастанд, канора гирифтед, пас ба сӯи ғор паноҳ бибаред, то Парвардигоратон аз раҳмати Худ барои шумо бигустарад ва дар коратон барои шумо кушоише муҳайё созад.
  17. Ва хуршедро медидӣ, ҳангоме ки тулӯъ кунад, аз ғорашон ба самти рост моил мешавад ва ҳангоме ки ғуруб кунад, аз самти чапи онҳо мегузарад, дар ҳоле ки онҳо дар [ҷои] фарохе аз он [ғор] буданд. Ин аз нишонаҳои Худост; ҳар касро Худо ҳидоят кунад, пас ӯ ҳидоят ёфтааст ва ҳар касро гумроҳ кунад, пас ҳаргиз барои ӯ сарпарасти роҳнамое нахоҳӣ ёфт.
  18. Ва онҳоро бедор мепиндорӣ, дар ҳоле ки онҳо хуфтагонанд ва онҳоро ба самти рост ва самти чап мегардонидем ва саги онҳо ду дасташро бар остонаи дар, гушуда буд. Агар бар онҳо огоҳӣ меёфтӣ, қатъан гурезон аз онон рӯй мегардонидӣ ва ҳатман аз [дидани] онҳо пур аз ваҳшат мешудӣ.
  19. Ва ин гуна онҳоро барангехтем, то дар миёни худ савол кунанд; гӯяндае аз онҳо гуфт: «чӣ муддат [дар ғор] мондед?» Гуфтанд: «як рӯз ё қисмате аз рӯз мондем», гуфтанд: «Парвардигори шумо ба он чи мондаед, донотар аст; пас яке аз худро бо ин дирҳаматон ба сӯи шаҳр бифиристед ва бояд бингарад, ки кадом як аз таомҳо покизатар аст; пас ризқе аз он барои шумо биёварад ва бояд нармӣ ва зиракӣ кунад ва ҳеҷ касро ба [ҳоли] шумо огоҳ насозад;
  20. Ҳамоно агар онҳо бар шумо даст ёбанд, шуморо сангсор мекунанд; ё шуморо ба дини худашон боз мегардонанд ва онгоҳ ҳаргиз растагор нахоҳед шуд».
  21. Ва ин гуна [мардумро] бар [ҳоли] онҳо огоҳ сохтем, то бидонанд, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва ҳамоно қиёмат ҳеҷ шакке дар он нест. Ҳангоме ки байни худ дар бораи корашон низоъ мекарданд ва гуфтанд: «биное бар онҳо бисозед, Парвардигорашон ба [ҳоли] онон донотар аст». Касоне, ки бар корашон ғолиб буданд, гуфтанд: «ҳатман бар [ғори] онҳо ибодатгоҳе хоҳем сохт».
  22. Ба зудӣ [гурӯҳе] мегӯянд: «[Асҳоби Каҳф] се [нафар] буданд, ки чаҳорумини онҳо сагашон буд» ва [гурӯҳе] мегӯянд: «панҷ [нафар] буданд, ки шашумини онҳо сагашон буд», дар ҳоле ки суханпарокании бедалел аст ва [гурӯҳе] мегӯянд: «ҳафт [нафар] буданд ва ҳаштумини онҳо сагашон  буд».  Бигӯ: «Парвардигорам ба адади онҳо донотар аст». Ҷуз андаке [шумори] онҳоро намедонанд; пас дар бораи онҳо ҷуз бо мунозараи ошкор, баҳс накун ва дар бораи онҳо аз ҳеҷ касе аз онон [чизе] напурс.
  23. Ва ҳаргиз дар бораи чизе магӯ: «ҳатман ман фардо онро анҷом медиҳам»,
  24. Магар ин ки [бигӯӣ: агар] Худо бихоҳад ва ҳар гоҳ фаромӯш кардӣ, Парвардигоратро ёд кун ва бигӯ: «умед аст, ки Парвардигорам маро ба [роҳе ки] аз ин ба ҳидоят наздиктар аст, роҳнамоӣ кунад».
  25. Ва сесад сол дар ғорашон монданд ва нӯҳ [сол бар он] афзуданд.
  26. Бигӯ: «Худо ба муддате ки мондаанд донотар аст; ғайби осмонҳо ва замин аз они Ӯст; чӣ қадар Ӯ биност ва шунавост! Барояшон ҳеҷ сарпарасте ҷуз Ӯ нест ва ҳеҷ касро дар ҳукми Худ шарик намесозад».
  27. Ва он чиро аз китоби Парвардигорат ба сӯи ту ваҳй шудааст, тиловат кун; ҳеҷ тағйирдиҳандае барои суханони [суннатгунаи] Ӯ нест ва ҳеҷ паноҳгоҳе ҷуз Ӯ намеёбӣ.
  28. Ва худатро ба шикебоӣ водор кун, бо касоне, ки субҳгоҳон ва шомгоҳон Парвардигорашонро мехонанд, дар ҳоле ки хушнудии Ӯро металабанд ва дар ҳоле ки зинати зиндагии дунёро мехоҳӣ, чашмонатро аз онҳо бар магир ва аз касе, ки қалбашро аз ёди Худ ғофил сохтаем ва аз ҳавои [нафси] худ пайравӣ кардааст ва кораш зиёдаравӣ аст, итоат макун.
  29. Ва бигӯ: «ҳақ аз ҷониби Парвардигоратон аст ва ҳар кас бихоҳад, пас имон оварад ва ҳар кас бихоҳад, пас куфр варзад». Дар ҳақиқат Мо барои ситамгарон оташеро, ки саропардааш онҳоро фаро гирифтааст, омода кардаем. Ва агар талаби об кунанд, обе дода шаванд, ки ҳамчун миси гудохтааст, ки чеҳраҳоро бирён мекунад; чи бад нӯшиданӣ ва чи бад такягоҳест.
  30. Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, қатъан Мо подоши касонеро, ки некӯкорӣ кардаанд, табоҳ намекунем.
  31. Онон барояшон биҳиштҳои ҷовидон аст, ки наҳрҳо аз зери онҳо ҷорист; дар он ҷо бо дастбандҳое аз тилло ороста мешаванд ва либосҳое сабз аз ҳарири нозук ва захим мепӯшанд, дар ҳоле ки дар он бар тахтҳо такя кардаанд; хуб подоше ва некӯ такягоҳест.
  32. Ва барои онҳо масале бизан [достони] ду марде, ки барои яке аз онҳо ду боғ аз ангурҳо қарор додем ва гирдогирди он дуро бо дарахтони хурмо пӯшонидем ва дар байни он ду [боғ] киштзоре қарор додем;
  33. Ҳар ду боғ меваҳояшро [ҳосил] дод ва чизе аз он кам нагузошт ва миёни он ду [боғ] наҳре равон сохтем.
  34. Ва барои ӯ меваҳое буд; пас ба ҳамнишини худ -дар ҳоле ки ӯ бо вай гуфтугӯ мекард- гуфт: «ман молам аз ту бештар ва афродам аз ту нерӯмандтар аст».
  35. Ва дар ҳоле ки ба худаш ситамгар буд, ба боғаш даромад, гуфт: «гумон намекунам, ки ин [боғ] ҳеҷ гоҳ нобуд шавад;
  36. Ва гумон намекунам, ки қиёмат бар по шавад ва агар ба сӯи Парвардигорам бозгардонида шавам, ҳатман ҷойгоҳи беҳтаре аз ин хоҳам ёфт».
  37. Ҳамнишини ӯ -дар ҳоле ки бо ӯ гуфтугӯ мекард- ба ӯ гуфт: «оё ба Зоте, ки туро аз хок онгоҳ аз нутфа офарид, сипас туро марди комиле қарор дод, куфр меварзӣ?
  38. Лекин ман [бовар дорам, ки] Ӯ, Худо Парвардигори ман аст ва касеро бо Парвардигорам шарик намесозам.
  39. Ва чаро, ҳангоме ки вориди боғат шудӣ, нагуфтӣ [ин] чизест, ки Худо хостааст? Ҳеҷ қудрате ҷуз аз ҷониби Худо нест; агар маро дар молу фарзанд камтар аз худ мебинӣ,
  40. Пас шояд, ки Парвардигорам беҳтар аз боғат ба ман бидиҳад ва бар он [боғи ту] азобе аз осмон бифиристад, пас замини бегиёҳи лағжанда гардад;
  41. Ё оби он фурӯ равад ва ҳаргиз натавонӣ онро ба даст биёварӣ».
  42. Ва меваҳояшро [офат] фаро гирифт ва субҳ кард, дар ҳоле ки ду дасти худро ба хотири он чи дар он [боғ] харҷ карда буд, мезад, -дар ҳоле ки он [боғ] бар пояҳояш фурӯ рехта буд- ва мегуфт: «эй кош ман касеро бо Парвардигорам шарик қарор надода будам».
  43. Ва барои ӯ ҷуз Худо ҳеҷ гурӯҳе набуд, ки ӯро ёриаш диҳанд ва ёрикунандае набуд.
  44. Дар он ҷо фармонравоӣ аз они Худои барҳақ аст; Ӯ дар подош додан беҳтар ва аз ҷиҳати саранҷом некӯтар аст.
  45. Ва барояшон зиндагии дунёро масал бизан, ки монанди обест, ки аз осмон онро фурӯ фиристодем ва ба он гиёҳони замин омехта шавад, онгоҳ хушк гардад, ки бодҳо онро пароканда созанд ва Худо бар ҳар чизе тавоност.
  46. Молу фарзандон зинати зидагии дунёст ва [корҳои] мондагори шоиста назди Парвардигорат, аз назари подош беҳтар ва аз назари умед некӯтар аст.
  47. Ва рӯзе, ки кӯҳҳоро ба ҳаракат меоварем ва заминро ошкор [ва ҳамвор] бинӣ ва онҳоро ҷамъ мекунем ва ҳеҷ як аз онҳоро тарк накунем.
  48. Ва сафкашида ба Парвардигорат арза шаванд [ва ба онҳо гуфта шавад] ба таҳқиқ назди Мо омадед, ҳамон гуна, ки бори аввал шуморо офарида будем; балки пиндоштед, ки ҳаргиз ваъдагоҳе барои шумо қарор нахоҳем дод.
  49. Ва нома [-и аъмол] ниҳода шавад; пас гуноҳкоронро аз он чи дар он аст, ҳаросон мебинӣ ва мегӯянд: «эй вой бар мо! Ин чӣ номаест, ки ҳеҷ [амали] хурд ва бузургеро тарк накардааст, магар ин ки онро ба шумор овардааст?» Ва он чиро анҷом доданд, ҳозир меёбанд ва Парвардигорат ба ҳеҷ кас ситам намекунад.
  50. Ва ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «барои Одам саҷда кунед», пас [ҳама] саҷда карданд, ҷуз Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш хориҷ шуд; пас оё ӯ ва фарзандонашро ба ҷои Ман дӯстон [-и худ] мегиред, ҳол он ки онҳо барои шумо душман ҳастанд? [Шайтон] чи бад ҷойгузине барои ситамгарон аст.
  51. Онҳоро бар офариниши осмонҳо ва замин ва [низ] офариниши худашон гувоҳ насохтам ва Ман ҳаргиз гумроҳкунандагонро ёвар нагирам.
  52. Ва рӯзе, ки [Худо] мегӯяд: «шарикони Маро, ки мепиндоштед, нидо кунед» пас онҳоро мехонанд, онгоҳ ба онон посух надиҳанд ва байни онҳо ҳалокатгоҳе қарор додем.
  53. Ва гуноҳкорон оташ [-и ҷаҳаннам]-ро бибинанд ва бидонанд, ки онҳо дар он хоҳанд афтод ва аз он гурезгоҳе наёбанд.
  54. Ва ба таҳқиқ барои мардум дар ин Қуръон аз ҳар масале гуногун баён кардем ва инсон, беш аз ҳар чиз ҷидолкунанда аст.
  55. Ва ҳангоме ки ҳидоят ба сӯи мардум омад [чизе] онҳоро манъ накард аз ин ки имон биёваранд ва аз Парвардигорашон омурзиш бихоҳанд, магар ин ки суннат [ва қонуни] пешиниён ба онҳо биёяд ё ин ки азоб рӯ ба рӯи онҳо биёяд.
  56. Ва паёмбаронро ҷуз башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда намефиристем ва касоне, ки куфр варзиданд, ба ботил муҷодила мекунанд, то ба сабаби он ҳақро нобуд кунанд; дар ҳоле ки нишонаҳои Ман ва он чиро ба он ҳушдор дода шудаанд, ба масхара гирифтанд.
  57. Ва кист золимтар аз касе, ки ба оятҳои Парвардигораш панд дода шавад, онгоҳ аз он рӯй гардонад ва он чиро, ки аз пеш фиристодааст, фаромӯш кунад? Қатъан Мо бар дилҳояшон пардаҳое афкандем, то он [Қуръон]-ро дарк накунанд ва дар гӯшҳояшон сангиние [қарор додем] ва агар онҳоро ба сӯи ҳидоят даъват кунӣ, пас дар он ҳангом ҳаргиз ҳидоят намеёбанд.
  58. Ва Парвардигори ту бисёр омурзанда [ва] соҳиби раҳмат аст; агар онҳоро ба он чи анҷом додаанд бозхост мекард, ҳатман дар азоби онҳо шитоб мекард; балки барои онҳо ваъдагоҳест, ки ҳаргиз ғайр аз Ӯ паноҳгоҳе намеёбанд.
  59. Ва [аҳли] он ободиҳоро ҳангоме ки ситам карданд, ҳалокашон кардем ва барои ҳалокаташон ваъдагоҳе қарор додем.
  60. Ва ҳангоме ки Мӯсо ба ҷавонмард [-и ҳамроҳаш] гуфт: «боз наистам, то ин ки ба маҳалли пайванди ду дарё бирасам; ё ин ки муддати тӯлонӣ биравам».
  61. Пас ҳангоме ки ба маҳалли пайнванди он ду [дарё] расиданд, моҳиашонро фаромӯш карданд; онгоҳ [моҳӣ] роҳи худро сарозер, дар дарё пеш гирифт.
  62. Пас замоне ки аз [онҷо] гузаштанд [Мӯсо] ба ҷавонмард [-и ҳамроҳи]   худ   гуфт: «ғизоямонро бароямон биёвар; ба таҳқиқ дар ин сафарамон ранҷе дидаем».
  63. Гуфт: «оё ба хотир дорӣ, ҳангоме ки дар канори он санги бузург ҷой гирифтем? Пас ба ростӣ, ман моҳиро фаромӯш кардам -ва ҷуз шайтон фаромӯшам насохт, аз ин ки онро ёдовар шавам- ва [моҳӣ] роҳи худро ба таври аҷибе дар дарё пеш гирифт».
  64. [Мӯсо] гуфт: «ин ҳамон чизест, ки меҷустем». Пас ҷустуҷӯкунон ба дунболи пайи пои худ, боз гаштанд.
  65. Онгоҳ бандае аз бандагони Мо (Хизр)-ро ёфтанд, ки аз ҷониби Худ раҳмате ба ӯ дода будем ва илме аз назди Худ ба ӯ омӯхта будем.
  66. Мӯсо ба ӯ гуфт: «оё аз ту пайравӣ кунам, то аз он чи ки омӯзиш дода шудаӣ, рушд [ва камол]-ро ба ман биомӯзӣ?»
  67. [Хизр] гуфт: «ҳамоно ту наметавонӣ ҳамроҳи ман сабр кунӣ;
  68. Ва чигуна бар чизе, ки аз рӯи шинохт ба он иҳота надорӣ сабр мекунӣ?»
  69. [Мӯсо] гуфт: «агар Худо бихоҳад, ба зудӣ маро шикебо хоҳӣ ёфт ва дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ намекунам».
  70. [Хизр] гуфт: «агар аз ман пайравӣ кунӣ, пас дар бораи ҳеҷ чизе аз ман мапурс, то худам сухане аз онро барои ту оғоз кунам».
  71. Онгоҳ ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки савори киштӣ шуданд [Хизр] онро сурох кард. [Мӯсо] гуфт: «оё киштиро сурох кардӣ, то аҳли онро ғарқ кунӣ? Ба таҳқиқ кори норавое кардӣ».
  72. [Хизр] гуфт: «оё нагуфтам дар ҳақиқат ту ҳаргиз наметавонӣ ҳамроҳи ман сабр кунӣ?»
  73. [Мӯсо] гуфт: «маро ба хотири он чи фаромӯш кардам, бозхост макун ва дар корам бар ман сахт магир».
  74. Онгоҳ ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки навҷавонеро мулоқот карданд, пас [Хизр] ӯро кушт. [Мусо] гуфт: «оё шахси бегуноҳро бидуни он ки касеро ба қатл расонда бошад, куштӣ? Ба таҳқиқ кори нописанде анҷом додӣ».
  75. [Хизр] гуфт: «оё ба ту нагуфтам, дар ҳақиқат ту ҳаргиз наметавонӣ ҳамроҳи ман сабр кунӣ?»
  76. [Мӯсо] гуфт: «агар баъд аз ин дар бораи чизе аз ту пурсидам, пас бо ман ҳамроҳӣ макун; ба таҳқиқ аз сӯи ман маъзур хоҳӣ буд».
  77. Онгоҳ ба роҳ афтоданд, то ҳангоме ки бар аҳли ободие расиданд; аз аҳли он [ободӣ] таом хостанд ва [-ле] напазируфтанд, ки онҳоро меҳмон кунанд ва дар он ҷо деворе ёфтанд, ки мехост фурӯ резад, пас [Хизр] онро барпо намуд. [Мусо] гуфт: «агар мехостӣ, ҳатман бар [анҷоми] он музде мегирифтӣ».
  78. [Хизр] гуфт: «ин [кор, сабаби] ҷудоии байни ман ва байни туст; ба зудӣ туро ба саранҷоми он чи натавонистӣ бар он сабр кунӣ, хабар медиҳам.
  79. Аммо он киштӣ, пас аз они бенавоёне буд, ки дар дарё кор мекарданд ва хостам, ки онро маъюб кунам; дар ҳоле ки пушти сарашон подшоҳе буд, ки ҳар кишти [-и солиме]-ро ба зӯр мегирифт.
  80. Ва аммо он навҷавон, пас падар ва модараш мӯъмин буданд ва тарсидем, ки [мабодо] онҳоро ба саркашӣ ва куфр, водор намояд;
  81. Ва хостем, ки Парвардигорашон ба ҷои ӯ [фарзанде] ба онҳо диҳад, ки аз назари покӣ аз ӯ беҳтар ва аз назари меҳрубонӣ наздиктар бошад.
  82. Ва аммо он девор, пас аз они ду навҷавони ятим дар он шаҳр буд ва зери он барояшон ганҷе вуҷуд дошт ва падарашон [марди] некӯкоре буд ва Парвардигорат хост, ки он ду [ятим] ба рушдашон бирасанд ва ганҷи худро берун оваранд, ки раҳмате аз ҷониби Парвардигорат буд ва он [корҳо]-ро аз пеши худ накардам; ин саранҷоми он чизест, ки натавонистӣ бар он сабр кунӣ».
  83. Ва [эй Паёмбар!] Аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд; бигӯ: «ба зудӣ ёде аз ӯро бар шумо мехонам».
  84. Ҳамоно Мо дар замин ба ӯ қудрат додем ва аз ҳар чизе василае ба ӯ ато кардем;
  85. Пас василаро дунбол кард,
  86. То, ҳангоме ки ба ғурубгоҳи хуршед расид; онро [чунон] ёфт, ки дар чашмае гилолуд ғуруб мекунад ва дар назди он гурӯҳеро ёфт; гуфтем: «эй Зулқарнайн! Ё ин ки [онҳоро] азоб мекунӣ ва ё ин ки дар миёнашон [рафторе] нек дар пеш мегирӣ».
  87. [Зулқарнайн] гуфт: «аммо касе, ки ситам кардааст, пас дар оянда ӯро азоб хоҳем кард; сипас ба сӯи Парвардигораш бозгардонида мешавад, онгоҳ ба азобе сахт ӯро азоб мекунад.
  88. Ва аммо касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас барои ӯ подоши некӯтар аст ва ба зудӣ аз фармони худ, барои ӯ сухане осон хоҳем гуфт».
  89. Сипас василаро дунбол кард,
  90. То ҳангоме ки ба маҳалли тулӯи хуршед расид; онро [чунон] ёфт, ки бар қавме тулӯъ мекунад, ки барои онҳо дар баробари он пӯшише қарор надодаем.
  91. [Достони Зулқарнайн] ин гуна буд ва дар ҳақиқат ба он чи назди ӯ буд, бо огоҳӣ иҳота доштем.
  92. Сипас василаро дунбол кард,
  93. То, ҳангоме ки ба миёни ду кӯҳ расид; дар канори он ду [кӯҳ] қавмеро ёфт, ки наздик буд ҳеҷ суханеро дарк накунанд.
  94. Гуфтанд: «эй Зулқарнайн! Ҳамоно Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ дар ин сарзамин фасодгаранд; пас оё барои ту ҳазинае қарор диҳем, то ин ки дар миёни мо ва миёни онҳо садде бисозӣ?»
  95. [Зулқарнайн] гуфт: «он чи Парвардигорам маро дар он қудрат додааст [аз кумаки молии шумо] беҳтар аст; пас бо тавон [-и худ] маро ёрӣ диҳед, то байни шумо ва байни онҳо садди маҳкаме қарор диҳам.
  96. Бароям пораҳои оҳан биёваред»; то вақте ки байни ду кӯҳро баробар кард, гуфт: «[дар он] бидамед» то вақте ки он [оҳанро] оташ гардонид, гуфт: «барои ман миси гудохтае биёваред, то бар он бирезам».
  97. Пас [Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ] натавонистанд, ки аз он [сад] боло раванд ва [низ] натавонистанд дар он сурохе эҷод кунанд.
  98. [Зулқарнайн] гуфт: «ин раҳмате аз Парвардигори ман аст; пас ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, он [сад]-ро дар ҳам кӯбад ва ваъдаи Парвардигори ман ҳақ аст».
  99. Ва он рӯз баъзе онҳоро во гузорем, ки дар баъзе [дигар] дар омезанд ва дар сур дамида шавад ва онҳоро комилан гирд оварем;
  100. Ва он рӯз, ҷаҳаннамро барои кофирон ошкоро арза дорем.
  101. Касоне, ки чашмашон аз ёди Ман дар парда [-и ғафлат] буд ва тавоноии шунидан [-и ҳақ]-ро надоштанд.
  102. Ва оё касоне, ки куфр варзиданд, гумон карданд, ки бандагонамро ба ҷои Ман сарпарастон [-и худ] мегиранд? Ҳамоно Мо дӯзахро барои пазироии кофирон омода кардаем.
  103. Бигӯ: «оё шуморо аз зиёнкортарин [мардум] дар амалҳо огоҳ созем?
  104. Касоне, ки кӯшиши онҳо дар зиндагии дунё табоҳ шудааст, дар ҳоле ки онҳо гумон мекунанд, ки корашонро нек анҷом медиҳанд;
  105. Онҳо касоне ҳастанд, ки ба оятҳои Парвардигорашон ва лиқои Ӯ куфр варзиданд; пас аъмолашон табоҳ шуд, онгоҳ рӯзи қиёмат мизоне барояшон барпо нахоҳем кард».
  106. Ин аст, ки сазои онҳо ҷаҳаннам аст; ба хотири он ки куфр варзиданд ва оятҳои Ман ва паёмбаронамро ба масхара гирифтанд.
  107. Ҳамоно касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, боғҳои Фирдавс барояшон ҷои пазироӣ аст;
  108. Дар он ҷо ҷовидонанд; аз он ҷо, ҷо ба ҷоиро намехоҳанд.
  109. Бигӯ: «агар дарё барои [навиштани] суханони Парвардигорам ҷавҳар шавад, ҳатман дарё пеш аз он ки суханони Парвардигорам поён ёбад, тамом мешавад ва агарчи монанди онро ба мадад биёварем».
  110. Бигӯ: «ман фақат башаре монанди шумо ҳастам; ба сӯи ман ваҳй мешавад, ки маъбудатон, маъбуди ягона аст ва ҳар кас ба лиқои Парвардигораш умедвор бошад, пас бояд кори шоистае анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад».

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...