Тарҷумаи СУРАИ ЮСУФ

СУРАИ ЮСУФ

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад.

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, ро. Ин оятҳои китоби равшангар аст.
  2. Дар ҳақиқат Мо онро Қуръони арабӣ нозил кардем, шояд, ки шумо биандешед.
  3. Мо некӯтарин достонро ба василаи ин Қуръон, ки ба сӯи ту ваҳй кардем, бар ту ҳикоят мекунем ва ҳамоно пеш аз ин аз бехабарон будӣ.
  4. Ҳангоме ки Юсуф ба падараш гуфт: «эй Падар [-и ман]! Ҳамоно ман ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро [дар хоб] дидам; онҳоро дидам, ки барои ман саҷда мекунанд».
  5. [Яъқуб] гуфт: «эй писаракам! Хобатро барои бародаронат ҳикоят накун, пас барои ту ҳилаи сахт меандешанд; қатъан шайтон барои инсон душмани ошкор аст.
  6. Ва ин гуна Парвардигорат туро бармегузинад ва аз таъбири хобҳо ба ту меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб комил мекунад, ҳамон гуна ки онро пеш аз ин бар ду падарат, Иброҳим ва Исҳоқ комил кард; ҳамоно Парвардигорат донои ҳаким аст».
  7. Ҳамоно дар [ҳикояти] Юсуф ва бародаронаш нишонаҳое барои пурсишгарон аст.
  8. Ҳангоме ки [бародарон] гуфтанд: «дар воқеъ Юсуф ва бародараш назди падарамон аз мо маҳбубтар аст, дар ҳоле ки мо гурӯҳи нерӯманд ҳастем; ҳамоно падарамон дар гумроҳии ошкор аст.
  9. Юсуфро бикушед ё ӯро ба сарзамине [номуайян] биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон ба сӯи шумо шавад ва баъд аз он, гурӯҳи шоиста бошед».
  10. Гӯяндае аз миёни онҳо гуфт: «Юсуфро накушед ва агар мехоҳед коре анҷом диҳед, ӯро дар махфигоҳи чоҳ биандозед, то баъзе аз мусофирон ӯро баргиранд».
  11. Гуфтанд: «эй падари мо! Туро чӣ шудааст, ки моро бар Юсуф амин намедонӣ? Дар ҳоле ки яқинан мо хайрхоҳи ӯ ҳастем;
  12. Ӯро фардо бо мо бифирист, то баҳра барад ва бозӣ кунад ва дар воқеъ мо нигаҳбони ӯ ҳастем».
  13. Гуфт: «ҳамоно агар ӯро бибаред, маро андӯҳгин мекунад ва метарсам, ки гург ӯро бихӯрад, дар ҳоле ки шумо аз ӯ ғофил бошед».
  14. Гуфтанд: «агар гург ӯро бихӯрад, дар ҳоле ки мо гурӯҳи нерӯманд ҳастем, онгоҳ қатъан мо зиёнкор хоҳем буд».
  15. Пас ҳангоме ки ӯро бурданд ва тасмими ҷамъӣ гирифтанд, ки ӯро дар махфигоҳи чоҳ қарор диҳанд ва ба сӯи ӯ ваҳй кардем, ки қатъан онҳоро аз ин корашон хабар хоҳӣ дод, дар ҳоле ки онҳо дарк намекунанд.
  16. Ва шабонгоҳ назди падарашон омаданд, дар ҳоле ки мегиристанд.
  17. Гуфтанд: «эй падари мо! Ҳамоно мо рафтем, ки мусобиқа диҳем ва Юсуфро назди василаҳои худ раҳо кардем, онгоҳ гург ӯро хӯрд ва ту [сухани] моро ҳарчанд ростгӯ бошем, бовар намекунӣ».
  18. Ва бар пироҳанаш хуни дурӯғин оварданд. [Яқуб] гуфт: «балки нафси шумо коре [бад]-ро бароятон оростааст; пас [сабри ман] сабри некӯст ва бар он чи ки баён мекунед, фақат [аз] Худо ёрӣ талабида мешавад.
  19. Ва корвоне омад ва обрасонашонро фиристоданд, пас зарфи худро [дар чоҳ] андохт; гуфт: «эй, мужда бод! Ин навҷавонест». Ва ӯро чун колое, пинҳон карданд ва Худо ба он чи анҷом медоданд, доност.
  20. Ва ӯро бо баҳои андак, чанд дирҳаме фурӯхтанд ва нисбат ба ӯ берағбат буданд.
  21. Ва касе аз [аҳли] Миср, ки ӯро харид, ба занаш гуфт: «ҷойгоҳи ӯро гиромӣ дор, шояд ки моро нафъ диҳад ё ӯро ба унвони фарзанд бигирем». Ва инчунин Юсуфро дар он сарзамин қудрат додем ва то аз таъбири хобҳо ба ӯ биомӯзем ва Худо бар кори Худ ғолиб аст, валекин бештари мардум намедонанд.
  22. Ва замоне ки ба ҳадди рушди худ расид, ба ӯ ҳикмат ва дониш додем ва инчунин некӯкоронро подош медиҳем.
  23. Ва он [зане] ки ӯ (Юсуф) дар хонааш буд, аз вуҷуди ӯ талаби комҷӯӣ кард ва дарҳоро баст ва гуфт: «биё, аз они туам» [Юсуф] гуфт: «паноҳ бар Худо; ҳамоно Ӯ Парвардигори ман аст, ҷойгоҳи маро некӯ кард; ҳамоно ситамгарон растагор намешаванд».
  24. Ва ба таҳқиқ [он зан] қасди ӯ кард ва [Юсуф низ] агар далели равшани Парвардигорашро надида буд, қасди ӯ мекард; инчунин [кардем] то бадӣ ва зиштиро аз ӯ баргардонем; ҳамоно ӯ аз бандагони холисшудаи Мост.
  25. Ва [ҳар ду] ба сӯи дар бишитофтанд ва [он зан] аз пушт пироҳани ӯро пора кард ва назди дар, сарвари он [зан]-ро ёфтанд [зан] гуфт: «ҷазои касе, ки ба хонаводаи ту қасди баде кардааст чист, ҷуз зиндонӣ шудан ё азоби дарднок?»
  26. [Юсуф] гуфт: «ӯ аз вуҷуди ман талаби комҷӯиямро кард». Ва шоҳиде аз хонаводаи он [зан] гувоҳӣ дод, ки агар пироҳанаш аз пеш пора шуда бошад, пас [он зан] рост гуфтааст ва ӯ аз дурӯғгӯён аст.
  27. Ва агар пироҳанаш аз пушт пора шуда бошад, пас [он зан] дурӯғ гуфтааст ва ӯ аз ростгӯён аст.
  28. Пас замоне ки [шавҳараш] пироҳани ӯро дид, аз пушт пора шудааст, гуфт: «ҳамоно ин аз найранги шумо [занон] аст; ҳамоно найранги шумо [занон] бузург аст.
  29. [Эй] Юсуф! Аз ин [воқеа] даргузар ва [эй зан] барои гуноҳат омурзиш бихоҳ, ҳамоно ту аз хатокорон будӣ».
  30. Ва занон дар шаҳр гуфтанд: «зани Азиз [-и Миср] ғуломашро аз вуҷудаш талаби комҷӯӣ мекунад; ба таҳқиқ муҳаббат [-и Юсуф] ӯро шефта кардааст; ҳамоно мо ӯро дар гумроҳии ошкор мебинем».
  31. Пас замоне ки [зани Азиз] макрашонро шунид, ба суроғи онҳо фиристод ва барои онҳо маҳфиле фароҳам кард ва ба ҳар кадоме аз онҳо корде [мевахӯрӣ] дод ва [ба Юсуф] гуфт: «бар онон берун ой»; пас замоне ки ӯро диданд, ӯро бузург ёфтанд ва дастонашонро буриданд ва гуфтанд: «муназзаҳ аст Худо! Ин башар нест; ин ҷуз фариштаи арҷманд нест».
  32. Гуфт: «ва ин ҳамон касест, ки шумо дар борааш маро маломат кардед ва ба таҳқиқ аз вуҷудаш талаби комҷӯӣ кардам, пас хештандорӣ кард ва агар он чиро фармонаш медиҳам анҷом надиҳад, ҳатман зиндонӣ хоҳад шуд ва ҳатман аз хоршудагон мешавад».
  33. [Юсуф] гуфт: «Парвардигоро! Зиндон барои ман маҳбубтар аст, аз он чи маро ба сӯи он мехонанд ва агар найранги онҳоро аз ман барнагардонӣ, ба сӯи онҳо майл мекунам ва аз ҷоҳилон хоҳам буд».
  34. Пас Парвардигораш [дуояшро] барои ӯ пазируфт ва аз ӯ найранги онҳоро дур кард; ҳамоно Ӯ Худ шунавои доност.
  35. Сипас баъд аз ин ки нишонаҳоро диданд, ба назарашон расид, ки ҳатман ӯро то муддате зиндонӣ кунанд.
  36. Ва бо ӯ ду ғуломи ҷавон дохили зиндон шуданд; яке аз онҳо гуфт: «ҳамоно ман худамро [дархоб] дидам, ки [ангурро барои] шароб мефишорам» ва дигарӣ гуфт: «ҳамоно ман худамро [дар хоб] дидам, ки болои сарам ноне ҳамл мекунам, ки парандагон аз он мехӯранд; моро аз таъвили он огоҳ соз; ҳамоно мо туро аз некӯкорон мебинем».
  37. [Юсуф] гуфт: «таомеро, ки ба он рӯзӣ дода мешавед, бароятон намеоваранд, магар ин ки пеш аз овардан [-и таом] барои шумо, аз таъбираш шуморо огоҳ месозам; ин аз чизҳоест, ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст; ҳамоно ман оини гурӯҳеро, ки ба Худо имон намеоваранд, тарк кардам ва онон худ ба охират кофир ҳастанд.
  38. Ва аз оини падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб пайравӣ кардам; барои мо шоиста нест, ки чизеро шарики Худо қарор диҳем; ин аз фазли Худо бар мо ва бар мардум аст, валекин бештари мардум шукргузорӣ намекунанд.
  39. Эй ду ҳамроҳи зиндонии ман! Оё маъбудони пароканда беҳтаранд ё Худои яктои ғолиб?
  40. Ғайри Ӯ (Худо) ҷуз номҳоеро, ки худ ва падаронатон онҳоро номидаед намепарастед, ки Худо ҳеҷ далеле бар он нозил накардааст; ҳукм ҷуз аз они Худо нест; амр кардааст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин дини устувор аст, валекин бештари мардум намедонанд.
  41. Эй ду ҳамроҳи зиндонии ман! Аммо яке аз шумо, пас ба сарвари хеш шароб менӯшонад ва аммо дигарӣ, пас ба дор овехта мешавад ва парандагон аз сараш мехӯранд; коре ки дар бораи он пурсидед, ҳатмӣ шудааст».
  42. Ва ба яке аз он ду нафар, ки медонист ӯ наҷот меёбад, гуфт: «маро назди сарварат ёд кун». Ва шайтон ёдоварӣ ба сарварашро аз ёди ӯ бурд; пас [Юсуф] чанд соле дар зиндон монд.
  43. Ва подшоҳ гуфт: «ҳамоно ман ҳафт гови фарбеҳро [дар хоб] дидам, ки ҳафт [гови] лоғар онҳоро мехӯранд ва ҳафт хушаи сабз ва [ҳафт хушаи] хушки дигарро [дар хоб дидам]. Эй ашроф! Агар таъбири хоб медонед, дар бораи хобам ба ман посух диҳед».
  44. Гуфтанд: «[инҳо] хобҳои парешон аст ва мо аз таъбири ин хобҳо огоҳ нестем».
  45. Ва яке аз он ду [зиндонӣ] ки наҷот ёфта буд ва баъд аз муддате [паёми Юсуфро] ба ёд овард, гуфт: «ман шуморо аз таъбири ин [хоб] хабар медиҳам, пас маро [ба назди Юсуф] бифиристед».
  46. Эй Юсуф! Эй бисёр ростгӯ! Дар бораи ҳафт гови фарбеҳе, ки ҳафт [гови] лоғар онҳоро мехӯранд ва ҳафт хушаи сабз ва [ҳафт хушаи] хушки дигар, ба мо посух деҳ; бошад, ки ман ба сӯи мардум бозгардам, то шояд онҳо огоҳ шаванд.
  47. [Юсуф] гуфт: «ҳафт сол паёпай кишт мекунед ва он чиро дарав кардед, онро бо хушааш бигузоред, магар андаке аз он чи мехӯред;
  48. Онгоҳ баъд аз он, ҳафт [соли] қаҳтӣ меояд [ва мардум] он чиро, ки аз пеш барои он [сол]-ҳо гузоштаед, мехӯранд, магар андаке аз он чи ки захира мекунед.
  49. Сипас баъд аз он соле меояд, ки дар он ба мардум борон мерасад ва дар он [сол меваҳоро] мефишоранд.
  50. Ва подшоҳ гуфт: «ӯ (Юсуф)-ро ба назди ман оваред»; пас ҳангоме ки фиристода [-и подшоҳ] назди ӯ омад гуфт: «ба сӯи сарварат баргард ва аз ӯ бипурс ҳикояти он заноне, ки дастҳояшонро буриданд, чӣ буд? Ҳамоно Парвардигори ман ба найранги онҳо доност».
  51. [Подшоҳ ба он занон] гуфт: «онгоҳ ки аз Юсуф дархости комҷӯӣ аз вуҷудаш кардед, ҳикояти шумо чӣ буд?» Гуфтанд: «муназзаҳ аст Худо; мо ҳеҷ бадие аз ӯ (Юсуф) намедонем!» зани Азиз [-и Миср] гуфт: «акнун ҳақ ошкор шуд; ман аз ӯ дархости комҷӯӣ аз вуҷудаш кардам ва қатъан ӯ аз ростгӯён аст».
  52. [Юсуф гуфт:] ҳамаи инҳо барои он аст [ки Азизи Миср] бидонад, ман дар пинҳон ба ӯ хиёнат накардаам ва ҳамоно Худо макри хоинонро ба мақсад намерасонад.
  53. Ва нафси худро пок намешуморам; дар ҳақиқат нафс, бисёр ба бадӣ фармон медиҳад, магар он ки Парвардигорам раҳм кунад; ҳамоно Парвардигори ман омурзандаи меҳрубон аст».
  54. Ва подшоҳ гуфт: «ӯро назди ман биёваред, то ӯро аз хосони худ гардонам». Пас ҳангоме ки бо ӯ суҳбат кард, гуфт: «ҳатман ту имрӯз назди мо арҷманд [ва] амин ҳастӣ».
  55. [Юсуф] гуфт: «маро бар хазинаҳои ин сарзамин бигумор; ҳамоно ман нигаҳбони доно ҳастам».
  56. Ва инчунин дар [он] сарзамин ба Юсуф қудрат додем; дар он ҳар куҷо мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати Худро ба ҳар кас, ки бихоҳем мерасонем ва подоши некӯкоронро табоҳ намекунем.
  57. Ва қатъан подоши охират барои касоне, ки имон оварданд ва парҳезкорӣ мекарданд, беҳтар аст.
  58. Ва бародарони Юсуф [ба Миср] омаданд ва бар ӯ ворид шуданд; онгоҳ онҳоро шинохт, дар ҳоле ки онҳо ӯро намешинохтанд.
  59. Ва ҳангоме ки онҳоро бо борҳояшон омода кард, гуфт: «[он] бародаратонро, ки аз падари шумост, ба назди ман биёваред. Оё намебинед, ки ман паймонаро комил адо мекунам ва ман беҳтарин меҳмондоронам?
  60. Ва агар ӯро ба назди ман наёваред, пас барои шумо ҳеҷ паймонае назди ман нахоҳад буд ва [ба ман] наздик нашавед».
  61. Гуфтанд: «ба зудӣ ӯро бо исрор аз падараш мехоҳем ва ҳатман мо [ин корро] анҷом медиҳем».
  62. Ва [Юсуф] ба ғуломонаш гуфт: «сармояашонро дар хӯрҷинҳояшон қарор диҳед, шояд онҳо, ҳангоме ки ба назди хонаводаашон баргарданд, онро бишиносанд, бошад, ки онҳо [дубора] бозгарданд».
  63. Пас ҳангоме ки ба сӯи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «эй падари мо! Паймона [-и ғалла] аз мо манъ шуд, пас бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бигирем ва қатъан мо нигаҳбони ӯ ҳастем».
  64. [Яъқуб] гуфт: «оё шуморо бар ӯ амин дорам, магар ҳамон гуна, ки пеш аз ин шуморо бар бародараш амин гирифта будам? Пас Худо беҳтарин нигаҳбон аст ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст».
  65. Ва ҳангоме ки борашонро кушоданд, сармояи худро ёфтанд, ки ба онон бозгардонида шудааст, гуфтанд: «эй падари мо! [Беш аз ин] чӣ мехоҳем? Ин сармояи мост, ки ба мо бозгардонида шудааст ва [бигзор биравем] барои хонаводаи худ ғалла биёварем ва аз бародарамон нигаҳбонӣ мекунем ва як паймона [бори] шутур зиёд меоварем; ин паймона [назди Азизи Миср] андак аст».
  66. [Яъқуб] гуфт: «ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то он ки паймони илоҳӣ диҳед, ки ҳатман ӯро назди ман хоҳед овард, магар он ки шумо гирифтори ҳодисае шавед». Пас замоне ки паймонашонро ба ӯ доданд, гуфт: «Худо ба он чи мегӯем корсоз аст».
  67. Ва гуфт: «эй писарони ман! Аз як дар ворид нашавед ва аз дарҳои гуногун ворид шавед ва чизеро ки аз тарафи Худо [муқаддар шуда] аст аз шумо дур намекунам. Ҳукм ҷуз аз они Худо нест; фақат ба Ӯ таваккал кардаам ва таваккалкунандагон, пас бояд ба Ӯ таваккал кунанд».
  68. Ва чун аз роҳе, ки падарашон ба онҳо фармуда буд, дохил шуданд, ин кор чизеро, ки аз тарафи Худо [муқаддар шуда] аст, аз онҳо дур намекард, магар хостаеро, ки дар дили Яъқуб буд, онро бароварда кард ва қатъан ӯ ба хотири он чи ки ба ӯ омӯхта будем, соҳибилм буд валекин бештари мардум намедонанд.
  69. Ва замоне ки бар Юсуф ворид шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод; гуфт: «ба дурустӣ, ки ман ҳамон бародари ту ҳастам, пас ба он чи [онҳо] анҷом медоданд, андӯҳгин мабош».
  70. Ва ҳангоме ки онҳоро бо борҳояшон омода кард, ҷом [-и подшоҳ]-ро дар хурҷини бародараш ниҳод. Онгоҳ нидодиҳандае нидо дод, ки: «эй корвониён! Қатъан шумо дузд ҳастед».
  71. Дар ҳоле ки рӯ ба онҳо карданд, гуфтанд: «чӣ гум кардаед?»
  72. Гуфтанд: «ҷоми подшоҳро гум кардаем ва ҳар кас, ки онро биёварад, як бори шутур хоҳад дошт ва ман зомини ин [ваъда] ҳастам».
  73. Гуфтанд: «[савганд] ба Худо, ҳатман медонед, ки наёмадаем, то дар ин сарзамин фасод кунем ва мо дузд набудаем».
  74. Гуфтанд: «агар дурӯғгӯ бошед, пас ҷазояш чист?»
  75. Гуфтанд: «ҷазояш [он аст, ки] касе, ки (ҷом) дар хурҷинаш ёфта шавад, пас [асирии] ӯ ҷазояш аст [мо] ин гуна ситамгаронро ҷазо медиҳем».
  76. Онгоҳ пеш аз бори бародараш ба [ҷустуҷӯи] борҳои онҳо пардохт; сипас онро аз бори бародараш берун овард. Ин гуна барои Юсуф тадбир кардем! Наметавонист, ки бародарашро дар оини подшоҳи [-и Миср] ба [асирӣ] гирад, магар он ки Худо бихоҳад. Мартабаи ҳар касеро, ки бихоҳем боло мебарем ва бартар аз ҳар соҳибилме, доное ҳаст.
  77. Гуфтанд: «агар [ӯ] дуздӣ карда бошад, пас ба таҳқиқ бародараш [Юсуф] пеш аз ин дуздӣ карда буд». Пас Юсуф он [сухан]-ро дар дили хеш пинҳон дошт ва онро барояшон ошкор накард [дар дили худ] гуфт: «шумо бадтарин ҷойгоҳро доред ва Худо ба он чи баён мекунед донотар аст».
  78. Гуфтанд: «эй Азиз! Ҳамоно ӯро падарест, пири куҳансол; пас яке аз моро ба ҷои ӯ бигир; ҳамоно мо туро аз некӯкорон мебинем».
  79. Гуфт: «паноҳ бар Худо, ки ҷуз касеро, ки колоямонро назди ӯ ёфтаем, бигирем; онгоҳ қатъан мо аз ситамгарон хоҳем буд».
  80. Ва замоне ки [бародарон] аз ӯ ноумед шуданд, наҷвокунон хилват гузиданд; бузургашон гуфт: «оё намедонистед, ки падаратон аз шумо паймони илоҳӣ гирифтааст ва пеш аз ин дар бораи Юсуф кутоҳӣ карда будед? Пас аз ин сарзамин берун намеравам, то падарам ба ман иҷозат диҳад ё Худо дар бораи ман ҳукм кунад ва Ӯ беҳтарин ҳукмкунандагон аст.
  81. Ба сӯи падаратон баргардед ва бигӯед: эй падари мо! Ҳамоно писарат дуздӣ кард ва ҷуз ба он чи медонистем, гувоҳӣ надодем ва мо аз ғайб огоҳ набудем.
  82. Ва аз он ободие, ки дар он будем ва аз корвоне, ки бо он омадаем бипурс ва қатъан мо ростгӯем».
  83. [Яъқуб] гуфт: «балки нафси шумо коре [бад]-ро бароятон оростааст. Пас [сабри ман] сабри некӯст; умед аст, ки Худо ҳамаи онҳоро пеши ман биёварад. Ба дурустӣ, ки Ӯ Худ донои ҳаким аст».
  84. Ва аз онҳо рӯй гардонид ва гуфт: «эй дареғ бар Юсуф! Ва чашмонаш аз андӯҳ сафед шуд, дар ҳоле ки ӯ хашм [-и худ]-ро фурӯ мебурд.
  85. Гуфтанд: «ба Худо савганд ҳамеша Юсуфро ёд мекунӣ, то ин ки бемор шавӣ ё ҳалок гардӣ!»
  86. Гуфт: «ман шикояти ғам ва андӯҳи худро фақат ба Худо мегӯям ва аз сӯи Худо чизеро медонам, ки шумо намедонед.
  87. Эй писарони ман! Биравед ва аз Юсуф ва бародараш ҷустуҷӯ кунед ва аз раҳмати Худо ноумед нашавед; ҳамоно ҷуз гурӯҳи кофирон, аз раҳмати Худо ноумед намешаванд».
  88. Пас замоне ки бар ӯ ворид шуданд, гуфтанд: «эй Азиз! Ба мо ва хонадони мо сахтӣ расидааст ва сармояи ночизе овардаем; пас паймонаро ба мо комил бидеҳ ва бар мо бахшиш намо, ҳамоно Худо бахшишкунандагонро подош медиҳад».
  89. [Юсуф] гуфт: «оё донистед, ки бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед, онгоҳ ки шумо ҷоҳил будед?»
  90. Гуфтанд: «оё воқеан ту ҳамон Юсуфӣ?» Гуфт: «ман Юсуфам ва ин бародари ман аст; ба таҳқиқ Худо бар мо миннат ниҳод; дар ҳақиқат ҳар касе парҳезгорӣ кунад ва сабр намояд; пас ҳамоно Худо подоши некӯкоронро табоҳ намекунад».
  91. Гуфтанд: «ба Худо савганд, қатъан Худо туро бар мо бартарӣ додааст ва ҳатман мо хатокор будем».
  92. Гуфт: «имрӯз ҳеҷ сарзанише бар шумо нест; Худо шуморо меомурзад ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст.
  93. Ин пироҳанамро бибаред ва онро бар рӯи падарам биандозед, то бино гардад ва ҳамаи хонадонатонро назди ман биёваред».
  94. Ва замоне ки корвон [аз Миср] ҷудо шуд, падарашон гуфт: «агар ба ман нисбати камхирадӣ надиҳед, бегумон ман бӯи Юсуфро меёбам».
  95. Гуфтанд: «ба Худо савганд, ҳамоно ту дар хатои пешинаи худ ҳастӣ».
  96. Ва замоне ки муждадиҳанда омад, он [пироҳан]-ро бар рӯи вай андохт, пас бино шуд, гуфт: «оё ба шумо нагуфта будам, ки ҳамоно ман аз ҷониби Худо чизеро медонам, ки [шумо] намедонед?»
  97. Гуфтанд: «эй падари мо! Барои мо дар бораи гуноҳонамон [аз Худо] омурзиш бихоҳ; қатъан мо хатокор будем».
  98. Гуфт: «ба зудӣ барои шумо аз Парвардигорам омурзиш мехоҳам; ба дурустӣ, ки Ӯ Худ омурзандаи меҳрубон аст».
  99. Ва замоне ки бар Юсуф ворид шуданд, падару модарашро дар канори худ ҷой дод ва гуфт: «агар Худо бихоҳад, дар ҳоли амният вориди Миср шавед!»
  100. Ва падару модарашро бар тахт нишонд ва [ҳамаи онон] барояш ба саҷда афтоданд ва гуфт: «эй падари ман! Ин таъбири хобам аст, ки аз пеш [дида будам] ки Парвардигорам онро рост гардонид ва ба таҳқиқ, ба ман некӣ кард, онгоҳ ки маро аз зиндон берун овард ва шуморо пас аз он ки шайтон байни ман ва байни бародаронам ихтилоф афканда буд, аз саҳро боз овард. Дар ҳақиқат Парвардигорам нисбат ба он чи мехоҳад, лутфкунанда аст; ҳамоно Ӯ Худ донои ҳаким аст;
  101. Парвардигоро! Ба дурустӣ, ки [баҳрае] аз фармонравоиро ба ман додӣ ва аз таъбири хобҳо ба ман омӯхтӣ. [Эй] Падидоварандаи осмонҳо ва замин! Ту дар дунё ва охират сарпарасти манӣ; маро дар ҳоле бимирон, ки мусулмон ҳастам ва маро бо шоистагон мулҳақ намо».
  102. Ин аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем ва ту ҳангоме ки онҳо ба кори худ ҷамъ шуданд ва макр мекарданд, наздашон набудӣ.
  103. Ва бештари мардум, ҳарчанд исрор дошта бошӣ, имон намеоваранд.
  104. Ва бар ин [даъват] аз онон подоше намехоҳӣ; ин [Қуръон] ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.
  105. Ва чи бисёр нишонае дар осмонҳо ва замин аст, ки бар он мегузаранд, дар ҳоле ки онҳо аз он рӯйгардонанд.
  106. Ва бештарашон ба Худо имон намеоваранд, магар дар ҳоле ки онҳо мушриканд.
  107. Ва оё дар амонанд аз он ки азоби фарогири Худо ба онҳо бирасад ё қиёмат ногаҳон дар ҳоле ки онҳо дарк намекунанд, ба суроғашон биёяд?
  108. [Эй Паёмбар!] бигӯ: «ин роҳи ман аст; ки ман ва ҳар кас маро пайравӣ кунад, бо басират ба сӯи Худо даъват мекунам ва Худо муназзаҳ аст ва ман аз мушрикон нестам».
  109. Ва пеш аз ту нафиристодем ҷуз мардоне аз аҳли ободиҳоро, ки ба онон ваҳй мекардем; пас оё дар замин нагаштаанд, то бингаранд саранҷоми касе, ки пеш аз онон будаанд, чигуна шуд? Ва ба ростӣ, сарои охират барои касоне, ки тақво пеша карданд, беҳтар аст; пас оё намеандешед?
  110. То онгоҳ ки паёмбарон [аз имон овардани мардум] ноумед шуданд ва [мардум] пиндоштанд, ки ба онон дурӯғ гуфта шудааст [онгоҳ] ёрии Мо ба онон (паёмбарон) расид; пас ҳар касро, ки хостем наҷот ёфт ва азоби Мо аз гурӯҳи гуноҳкорон баргардонида намешавад.
  111. Дар ҳақиқат дар достонҳои онҳо ибрате барои хирадмандон аст. [Инҳо] сухане набуд, ки [ба дурӯғ] бофта шуда бошад, валекин тасдиқкунандаи он [китобҳои илоҳӣ] аст, ки пеш аз он будааст ва баёнгари ҳар чизе ва ҳидоят ва раҳматест барои гурӯҳе, ки имон меоваранд.

Охирин матолиб

ваҳдат

Зарурати ҳифзи ваҳдат дар ривоёт

   Аҳодис ва ривоёти исломӣ низ ҳамин шева ва равиши Қуръони Каримро дар пеш дошта ва мардумро аз дудастагӣ ва тафриқа барҳазар намуда ва ба...

habl

Зарурати ҳифзи ваҳдат дар Қуръон

Бо як нигоҳи кӯтоҳ ба таърихи гузаштаи ҷаҳони Ислом ва вазъияти имрӯзаи кишварҳои исломӣ ва мусулмонон ба хуби ин амри Худованди Таборак ва Таоло, ки...

quron

ШУНИДАНИ ҚУРЪОНИ МАҶИД

Ибни Масъуд яке аз нависандагони ваҳй буд, яъне аз  касоне буд, ки ҳарчи аз Қуръони маҷид ба Паёмбар ваҳй мешуд, ба тартиб менавишт ва захира...

Осори ваҳдат ва тафриқа

Расули Худо (с) фармуданд: اَلجَماعَةُ رَحمَةٌ و الفُرقَةُ عَذابٌ Ваҳдат ва иттиҳод сабаби раҳмат ва пешрафт аст ва тафриқа ва ихтилоф сабаби бадбахтӣ ва азоб...