Тарҷумаи СУРАИ ҲУД

СУРАИ ҲУД

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 123 оят дорад.

 

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

  1. Алиф, лом, ро. Китобест, ки оятҳояш устувор шудааст, сипас аз ҷониби [Худои] ҳакими огоҳ равшан гаштааст,
  2. Ки ҷуз Худоро напарастед! Дар ҳақиқат ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳанда ва башоратдиҳанда ҳастам;
  3. Ва ин ки аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед; сипас ба даргоҳи Ӯ тавба кунед, то шуморо ба баҳрае некӯ то замони муайяне баҳраманд гардонад ва ба ҳар соҳибфазилате фазли ӯро бидиҳад ва агар рӯй гардонед, пас қатъан ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам.
  4. Бозгашти шумо фақат ба сӯи Худост ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност.
  5. Огоҳ бошед! Дар ҳақиқат онҳо синаҳои худро хам мекунанд, то аз ӯ пинҳон шаванд; огоҳ бошед! Онгоҳ, ки либосҳояшонро бар сар мекашанд, он чиро пинҳон медоранд ва он чиро ошкор месозанд [Худо] медонад; ҳамоно Ӯ ба рози дилҳо доност.
  6. Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзии ӯ бар Худост ва ҷойгоҳи пойдор ва ҷойгоҳи нопойдорашро медонад; ҳама дар китобе равшан [сабт] аст.
  7. Ва Ӯ Зотест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва Арши Ӯ бар об буд; то шуморо биозмояд, ки кадоми шумо некӯкортар аст ва агар бигӯӣ: «қатъан шумо баъд аз марг барангехта мешавед» ҳатман касоне, ки куфр варзиданд, мегӯянд: «ин [сухан] ҷуз ҷодуи ошкоре нест».
  8. Ва агар то муддате муайян азобро аз онҳо таъхир андозем, ҳатман мегӯянд: «чӣ чиз онро боз медорад?» Огоҳ бошед! Рӯзе, ки [азоб] ба онон бирасад, аз онҳо бозгардонида намешавад ва он чи ки онро масхара мекарданд, онҳоро фаро мегирад.
  9. Ва агар аз ҷониби Худ раҳмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ӯ баргирем, қатъан ӯ ноумед [ва] носипос хоҳад шуд.
  10. Ва агар баъд аз ранҷе, ки ба ӯ расидааст, неъматҳое ба ӯ бичашонем, қатъан мегӯяд: «бадиҳо аз ман дур шуданд» дар ҳақиқат ӯ шодмон [ва] фахркунанда аст.
  11. Магар касоне, ки сабр намуданд ва корҳои шоиста анҷом доданд; ононанд, ки барояшон омурзиш ва подоши бузургест.
  12. Ва шояд ту баъзе аз он чиро, ки ба ту ваҳй мешавад, тарк кунӣ ва дилат нисбат ба он танг шавад, ба хотири ин ки мегӯянд: «чаро ганҷе бар ӯ фуруд наомадааст ё фариштае ҳамроҳи ӯ наомадааст?» Ту фақат ҳушдордиҳандаӣ ва Худо бар ҳар чизе корсоз аст.
  13. Оё мегӯянд: «он [Қуръон]-ро ба дурӯғ сохтааст»? Бигӯ: «агар ростгӯ ҳастед, пас даҳ сураи сохташуда монанди он биёваред ва ғайр аз Худо ҳар касро метавонед фаро хонед!»
  14. Ва агар [сухани] шуморо напазируфтанд, пас бидонед, ки он [Қуръон] бо илми илоҳӣ нозил шудааст ва ин ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ нест; пас оё шумо таслим мешавед?
  15. Ҳар кас зиндагии дунё ва зинати онро бихоҳад [подоши] корҳояшонро дар ин [дунё] ба таври комил ба онон медиҳем, дар ҳоле ки онон дар ин [дунё] кам дода намешаванд.
  16. Онҳо касоне ҳастанд, ки дар охират барояшон ҷуз оташ нест ва он чи дар ин [дунё] анҷом доданд, табоҳ шавад ва он чиро, ки анҷом медоданд, ботил аст.
  17. Ва оё касе, ки аз ҷониби Парвардигораш далеле дорад ва аз тарафи Ӯ гувоҳе дар пайи он меояд ва пеш аз он китоби Мӯсо, ки пешво ва раҳмат буд [низ гувоҳ аст; мисли дигарон] аст? Онҳо ба он имон меоваранд ва ҳар кас аз ҳизбҳо ба он куфр варзад, пас ваъдагоҳаш оташ аст! Пас нисбат ба он дар шак мабош; ба таҳқиқ он ҳақ [ва] аз ҷониби Парвардигорат аст валекин бештари мардум имон намеоваранд.
  18. Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бибандад? Онҳо ба пешгоҳи Парвардигорашон арза мешаванд ва гувоҳон мегӯянд: «инҳо касоне ҳастанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ бастанд; огоҳ бошед! Лаънати Худо бар ситамгарон бод».
  19. [Ҳамон] касоне, ки [мардумро] аз роҳи Худо боз медоранд ва мехоҳанд онро мунҳариф намоянд ва онон худ ба охират кофиранд.
  20. Онҳо дар замин нотавонкунанда            набуданд ва ғайр аз Худо барояшон ёвароне набуд. Азоб барои онҳо дучандон мешавад; ҳаргиз тавони шунидан [-и ҳақ]-ро надоштанд ва ҳаргиз [ҳақиқатро] намедиданд.
  21. Онҳо касоне ҳастанд, ки ба худашон зиён расонданд ва он чи ба дурӯғ мебофтанд, аз онон гум шуд.
  22. Ба ночор онҳо худ дар охират зиёнкортаранд.
  23. Дар ҳақиқат касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва дар пешгоҳи Парвардигорашон фурӯтанӣ кардаанд, онҳо аҳли биҳиштанд; дар ҳоле ки онон дар он ҷо ҷовидонанд.
  24. Мисоли ду гурӯҳ [золим ва мӯъмин] монанди кӯру кар ва бинову шунавост. Оё дар масал баробаранд? Пас оё панд намегиред?
  25. Ва ба таҳқиқ Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем [ки гуфт] ҳамоно ман барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам.
  26. Ки ҷуз Худоро напарастед, ҳамоно ман аз азоби рӯзи дарднок бар шумо метарсам.
  27. Пас ашрофе аз қавмаш, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: «туро ҷуз башаре монанди худамон намебинем ва намебинем, ки аз ту пайравӣ кунанд, магар касоне, ки онҳо фурӯмоягони мо [ва] содалавҳ ҳастанд ва барои шумо ҳеҷ фазилате нисбат ба худамон намебинем, балки гумон мекунем, ки шумо дурӯғгӯ ҳастед!»
  28. [Нӯҳ] гуфт: «эй қавм [-и ман] чӣ мебинед агар аз Парвардигорам далеле дошта бошам ва аз ҷониби Худаш раҳмате ба ман дода бошад ва бар шумо пӯшида бошад, оё шуморо ба [қабули] он маҷбур мекунем, дар ҳоле ки шумо нисбат ба он нохушнуд ҳастед?
  29. Ва эй қавм [-и ман]! Аз шумо бар ин [рисолат] моле намехоҳам, подоши ман ҷуз бар Худо нест ва ман касонеро, ки имон овардаанд [аз худ] намеронам; қатъан онҳо Парвардигорашонро мулоқот хоҳанд кард валекин ман шуморо гурӯҳе мебинам, ки нодонӣ мекунед.
  30. Ва эй қавм [-и ман]! Агар онҳоро [аз худ] биронам, чӣ касе маро дар баробари Худо ёрӣ медиҳад? Пас оё панд намегиред?
  31. Ва ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст ва на он ки ғайбро медонам ва намегӯям, ки ман фариштаам ва ба касоне, ки аз нигоҳи шумо хор ҳастанд, намегӯям, ки Худо ҳеҷ хайре ба онҳо нахоҳад дод; Худо ба он чи ки дар вуҷуди онҳост, огоҳтар аст. [Агар чунин гӯям] ҳатман ман онгоҳ аз ситамгарон ҳастам».
  32. Гуфтанд: «эй Нӯҳ! Ҳамоно бо мо муҷодала кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ, пас агар аз ростгӯён ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ барои мо биёвар».
  33. Гуфт: «фақат Худо агар бихоҳад он [азоб]-ро барои шумо меоварад ва шумо нотавонкунанда [-и Худо] нестед.
  34. Ва агар бихоҳам шуморо насиҳат кунам, насиҳати ман фоидае барои шумо надорад, дар сурате, ки Худо гумроҳии шуморо бихоҳад. Ӯ Парвардигори шумост ва ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед».
  35. Оё мегӯянд: «онро [ба дурӯғ] бофтааст»? Бигӯ: «агар онро [ба дурӯғ] бофта бошам, пас гуноҳам бар ӯҳдаи ман аст ва ман нисбат ба он чи гуноҳ мекунед, безорам».
  36. Ва ба сӯи Нӯҳ ваҳй шуд, ки ҳамоно аз қавми ту ҷуз касе, ки [то кунун] имон овардааст [дигар касе] имон нахоҳад овард; пас ба он чи анҷом медоданд, ғамгин мабош!
  37. Ва киштиро зери назари Мо ва [бар асоси] ваҳйи Мо бисоз! Ва дар бораи касоне, ки ситам карданд бо Ман сухан магӯй; қатъан онҳо ғарқшуданӣ ҳастанд.
  38. Ва [Нӯҳ] киштиро месохт ва ҳар гоҳ ашрофе аз қавмаш бар ӯ мегузаштанд, ӯро масхара мекарданд; гуфт: «агар моро масхара кунед, пас ҳамоно мо [ҳам] шуморо ҳамон гуна, ки масхара мекунед, масхара хоҳем кард.
  39. Ва ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касеро азобе, ки расвояш мекунад, ба ӯ мерасад ва азобе пойдор бар ӯ фуруд меояд».
  40. То, ҳангоме ки фармони Мо фаро расид ва танур ҷӯшид! Гуфтем: «дар он [киштӣ] аз ҳар ҷуфте дутоӣ ва хонаводаат -магар касе, ки аз пеш қазо [-и илоҳӣ] бар ӯ муқаррар шудааст- ва касеро, ки имон овардааст, савор кун». Ва ҷуз андаке бо ӯ имон наёварданд.
  41. Ва [Нӯҳ] гуфт: «дар он савор шавед, ки равон шуданаш ва истоданаш ба номи Худост; қатъан Парвардигорам омурзандаи меҳрубон аст».
  42. Ва он [киштӣ] онҳоро дар мавҷе монанди кӯҳҳо равон месохт ва Нӯҳ писарашро, дар ҳоле ки дар канорае буд, нидо дод: «эй писаракам! Бо мо савор шав ва бо кофирон мабош».
  43. Гуфт: «ба зудӣ ба сӯи кӯҳе, ки маро аз об нигоҳ медорад, паноҳ мебарам». [Нӯҳ] гуфт: «имрӯз ҳеҷ нигоҳдорандае аз фармони Худо нест, магар касе, ки [Худо бар ӯ] раҳм кунад» ва мавҷ байни онҳо ҳоил шуд ва [ӯ] аз ғарқшудагон гардид.
  44. Ва гуфта шуд: «эй замин! Обатро фурӯ бар ва эй осмон! Боз ист». Ва об фурӯ нишаст ва фармон иҷро гардид ва [киштӣ] бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва гуфта шуд: «[аз раҳмати Худо] дур бод қавми ситамгарон».
  45. Ва Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Парвардигоро! Ба дурустӣ, ки писарам аз хонадони ман аст ва ҳатман ваъдаи Ту ҳақ аст ва Ту бартарин ҳукмкунандагонӣ».
  46. Фармуд: «эй Нӯҳ! Қатъан ӯ аз хонадони ту нест, дар ҳақиқат ӯ кирдори ношоист аст; пас чизеро, ки ту ба он илм надорӣ аз [Ман] махоҳ; ҳамоно Ман ба ту панд медиҳам, ки [мабодо] аз нодонон бошӣ!»
  47. Гуфт: «Парвардигоро! Ҳамоно ман ба Ту паноҳ мебарам аз ин ки аз Ту чизеро бихоҳам, ки ба он илм надорам ва агар маро наомурзӣ ва бар ман раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳам буд».
  48. Гуфта шуд: «эй Нӯҳ! Бо саломатӣ аз ҷониби Мо ва баракоте, ки бар ту ва бар умматҳое, ки бо туянд, фуруд ой ва умматҳое [дигар] ҳастанд, ки ба зудӣ баҳрамандашон хоҳем кард; сипас азоби дардноке аз сӯи Мо ба онон мерасад».
  49. Ин аз хабарҳои ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй мекунем; ту ва қавмат пеш аз ин онро намедонистед; пас сабр кун, ҳамоно оқибат [-и нек] барои парҳезгорон аст.
  50. Ва ба сӯи [қавми] Од бародарашон Ҳуд [-ро фиристодем]. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест; шумо ҷуз дурӯғпардозон нестед.
  51. Эй қавм [-и ман]! Аз шумо ҳеҷ подоше бар ин [рисолат] намехоҳам; подоши ман ҷуз бар Зоте, ки маро офаридааст нест; пас оё намеандешед?
  52. Ва эй қавм [-и ман]! Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба сӯи Ӯ тавба кунед, то [борони] осмонро паёпай ба шумо бифиристад ва шуморо тавоне бар тавонатон бияфзояд ва гуноҳкорона рӯй барнагардонед».
  53. Гуфтанд: «эй Ҳуд! Бароямон далеле наёвардаӣ ва мо ба хотири сухани ту маъбудҳоямонро тарк намекунем ва мо ба ту имон намеоварем.
  54. Ҷуз ин намегӯем, ки баъзе аз маъбудҳоямон осебе ба [ақли] ту расондаанд». Гуфт: «қатъан ман Худоро гувоҳ мегирам ва [шумо ҳам] гувоҳ бошед, ки ман аз он чи ширк меварзед, безорам.
  55. Аз ғайри Ӯ [мепарастед] пас ҳамагӣ дар ҳаққи ман нақша бикашед, сипас мӯҳлат надиҳед.
  56. Ҳамоно ман бар Худо, Парвардигорам ва Парвардигори шумо таваккал кардаам; ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ин ки Ӯ зимомашро гирифтааст. Ба дурустӣ, ки Парвардигори ман бар роҳи рост аст.
  57. Ва агар рӯй гардонидед, пас қатъан он чиро, ки ба он ба сӯи шумо фиристода шудам, ба шумо расондам ва Парвардигорам гурӯҳе ғайр аз шуморо ҷойгузин мекунад ва ҳеҷ зараре ба Ӯ намерасонед; ҳамоно Парвардигорам бар ҳама чиз нигаҳбон аст».
  58. Ва ҳангоме ки фармони Мо расид, Ҳуд ва касонеро, ки ҳамроҳи ӯ имон оварданд, ба раҳмате аз ҷониби Хеш наҷот додем ва онҳоро аз азоби сахт раҳонидем.
  59. Ва ин [қавми] Од буд, ки оятҳои Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашонро нофармонӣ карданд ва аз дастури ҳар зӯргӯи саркаше пайравӣ карданд.
  60. Ва дар ин дунё ва рӯзи қиёмат лаънате аз пайи онҳо равона шуд. Огоҳ бошед! Ҳамоно [қавми] Од ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Огоҳ бошед! [Аз раҳмати Худо] дур бод Од, қавми Ҳуд!
  61. Ва ба сӯи [қавми] Самуд бародарашон Солеҳро [фиристодем] гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест. Ӯ шуморо аз замин падид овард ва ободӣ дар онро ба шумо вогузошт; пас аз Ӯ омурзиш бихоҳед, сипас ба даргоҳи Ӯ тавба кунед; ҳамоно Парвардигори ман наздик [ва] иҷобаткунанда аст».
  62. Гуфтанд: «эй Солеҳ! Ба таҳқиқ ту пеш аз ин дар миёни мо сабаби умед будӣ; оё моро аз парастиши он чи ки ниёгонамон мепарастанд, боз медорӣ? Ва қатъан мо аз он чи моро ба сӯи он даъват мекунӣ, дар шакки изтиробовар ҳастем».
  63. [Солеҳ] гуфт: «эй қавм [-и ман]! Чӣ мебинед агар аз Парвардигорам далеле дошта бошам ва аз ҷонибаш раҳмате ба ман дода бошад, пас агар Ӯро нофармонӣ кунам чӣ касе дар баробари [азоби] Худо маро ёрӣ мекунад? Ва бар ман ҷуз зиёнрасондан намеафзояд.
  64. Ва эй қавм [-и ман]! Ин модашутури Худост, ки барои шумо нишонаест; пас онро раҳо кунед, то дар замини Худо бихӯрад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки онгоҳ шуморо азобе зудҳангом хоҳад гирифт».
  65. Пас онро куштанд. Он гоҳ [Солеҳ] гуфт: «се рӯз дар сароятон баҳраманд гардед [то азоб фаро расад]. Ин ваъдаест дур аз дурӯғ!»
  66. Пас замоне ки фармони Мо расид, Солеҳ ва касонеро, ки ҳамроҳи ӯ имон оварданд, ба раҳмате аз ҷониби Худ наҷот додем ва аз расвоии он рӯз [раҳоӣ бахшидем]. Ҳамоно Парвардигорат Худ тавонои пирӯзманд аст.
  67. Ва садои маргбор касонеро, ки ситам карданд, фаро гирифт ва субҳгоҳон дар хонаҳояшон ба зону афтода мурданд.
  68. Гӯё ҳаргиз дар он ҷо набудаанд. Огоҳ бошед! Ҳамоно [қавми] Самуд ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Огоҳ бошед! [Қавми] Самуд [аз раҳмати Худо] дур бод.
  69. Ва ба таҳқиқ фиристодагони Мо бо башорат назди Иброҳим омаданд, гуфтанд: «Салом!» [Иброҳим] гуфт: «салом!» Пас муддате нагузашт, ки гӯсолае бирёншуда овард.
  70. Ва замоне ки дид дастонашон ба сӯи он дароз намешавад, онҳоро нашинохт ва аз онҳо эҳсоси тарс кард. [Фариштагон] гуфтанд: «натарс! Ҳамоно мо ба сӯи қавми Лут фиристода шудаем!»
  71. Ва ҳамсараш истода буд ва хандид. Онгоҳ ӯро ба Исҳоқ ва баъд аз Исҳоқ ба Яъқуб башорат додем.
  72. Гуфт: «эй вой бар ман! Оё дар ҳоле ки ман пиразанам ва ин шавҳарам пир шудааст, мезоям? Қатъан ин чизи аҷибест».
  73. [Фариштагон] гуфтанд: «оё аз қудрати Худо тааҷҷуб мекунӣ? Раҳмати Худо ва баракоташ бар шумо хонадон [-и рисолат] бод! Ҳамоно Ӯ сутудаи бузургвор аст».
  74. Пас замоне ки тарс аз Иброҳим рафт ва ӯро башорат омад, дар [бораи] қавми Лут бо мо муҷодала мекард.
  75. Ҳамоно Иброҳим бурдбор, бисёр ғамхор [ва ба Худо] бозгашткунанда буд.
  76. [Гуфтем:] эй Иброҳим! Аз ин [ҷидол] рӯй гардон, ҳамоно фармони Парвардигорат расидааст ва қатъан онҳоро азоби бебозгашт барояшон хоҳад омад.
  77. Ва замоне ки фиристодагони Мо пеши Лут омаданд, ба хотири [омадани] онҳо нороҳат шуд ва аз ин ки тавон [-и ёрӣ расондан] ба ононро надошт, тангдил гашт ва гуфт: «ин рӯзи сахтест».
  78. Ва қавмаш шитобон ба сӯи ӯ омаданд ва пеш аз он корҳои баде мекарданд. [Лут] гуфт: «эй қавм [-и ман]! Инҳо духтарони ман ҳастанд, онҳо бароятон покизатаранд; пас аз Худо битарсед ва дар бораи меҳмононам [маро] хор накунед! Оё дар миёни шумо марди шоистае нест?»
  79. Гуфтанд: «ба таҳқиқ ту медонӣ, ки мо ҳеҷ ниёзе ба духтарони ту надорем ва қатъан ту медонӣ ки чӣ мехоҳем».
  80. [Лут] гуфт: «эй кош дар баробари шумо қудрате медоштам ё ба такягоҳи устуворе паноҳ мебурдам».
  81. [Фариштагон] гуфтанд: «эй Лут! Ҳамоно мо фиристодагони Парвардигори ту ҳастем [онҳо] ба ту нахоҳанд расид; пас дар посе аз шаб хонаводаатро бибар ва набояд касе аз шумо [ба пушташ] бингарад, магар занат, ки қатъан он чи ба онҳо расад, ба ӯ [низ] хоҳад расид! Ҳамоно ваъдагоҳашон [ҳангоми] субҳ аст; оё субҳ наздик нест?»
  82. Пас замоне ки фармони Мо расид, он [шаҳр]-ро зеру забар гардонидем ва сангҳое аз гили сахт пай дар пай бар онҳо борондем.
  83. [Сангҳое] ки назди Парвардигорат нишондор буд ва ин аз ситамгарон дур нест.
  84. Ва ба сӯи [қавми] Мадян бародарашон Шуайбро [фиристодем] гуфт: «эй қавм [-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест ва паймона ва тарозуро кам нагузоред. Ҳамоно ман шуморо дар осудагӣ мебинам ва дар ҳақиқат ман аз азоби рӯзи фарогиранда бар шумо метарсам.
  85. Ва эй қавм [-и ман]! Паймона ва тарозуро ба адолат адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам надиҳед ва дар замин фасодкорона саркашӣ накунед.
  86. Агар мӯъмин ҳастед, захираи илоҳӣ бароятон беҳтар аст ва ман бар шумо нигаҳбон нестам».
  87. Гуфтанд: «эй Шуайб! Оё намозат ба ту фармон медиҳад он чиро, ки ниёгонамон мепарастиданд раҳо кунем ё ин ки дар амволи худ он гуна, ки бихоҳем амал накунем? Ҳамоно ту бурдбори оқил ҳастӣ!»
  88. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Чӣ мебинед, агар аз ҷониби Парвардигорам далеле дошта бошам ва аз сӯи Худ ризқи некӯе ба ман рӯзӣ карда бошад? Ва намехоҳам дар он чи шуморо аз он наҳй мекунам, бо шумо мухолифат кунам, то ҷое, ки битавонам ҷуз ислоҳ намехоҳам! Ва тавфиқи ман ҷуз ба [фазли] Худо нест; фақат бар Ӯ таваккал кардаам ва ба сӯи Ӯ бозмегардам».
  89. Ва эй қавм [-и ман]! Душманӣ бо ман шуморо ба он надорад, ки ба шумо он чи бирасад, ки ба қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ расид ва қавми Лут аз шумо дур нест.
  90. Ва аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед; сипас ба даргоҳи Ӯ тавба кунед; ҳамоно Парвардигори ман меҳрубони дӯстдор аст».
  91. Гуфтанд: «эй Шуайб! Бисёре аз он чиро, ки мегӯӣ хуб намефаҳмем ва ҳамоно мо туро дар миёни худ нотавон мебинем ва агар қабилаат набуд, қатъан туро сангсор мекардем ва ту бар мо пирӯзманд нестӣ».
  92. Гуфт: «эй қавм [-и ман]! Оё қабилаам назди шумо аз Худо азизтар аст, дар ҳоле ки [фармони] Ӯро пушти саратон андохтаед? Ба дурустӣ, ки Парвардигорам ба он чи анҷом медиҳед, иҳота дорад.
  93. Ва эй қавм [-и ман]! Бар шеваи худ амал кунед, ҳамоно ман [низ ба шеваи худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист касеро, ки азобе, ки расвояш кунад, ба ӯ мерасад ва [медонед] касеро ки ӯ дурӯғгӯст. Ва мунтазир бошед, ҳамоно ман [низ] бо шумо мунтазирам.
  94. Ва замоне ки фармони Мо расид, Шуайб ва касонеро, ки бо ӯ имон оварда буданд, ба раҳмате аз ҷониби Худ наҷот додем ва садои маргбор, касонеро, ки ситам карда буданд, фаро гирифт ва субҳгоҳон дар хонаҳояшон ба зону афтода мурданд.
  95. Гӯё ҳаргиз дар он ҷо набудаанд. Огоҳ бошед! Аз раҳмати Худо [мардуми] Мадян дур бод, чунонки [қавми] Самуд дур шуданд.
  96. Ва ба таҳқиқ, Мӯсоро бо нишонаҳои Худ ва далели равшан фиристодем.
  97. Ба сӯи Фиръавн ва ашрофи ӯ; онгоҳ [онҳо] аз фармони Фиръавн пайравӣ карданд, дар ҳоле ки фармони Фиръавн дуруст набуд.
  98. Рӯзи қиёмат [Фиръавн] пешопеши қавмаш меравад ва онҳоро дохили оташ мекунад ва чи бад ҷойгоҳест барои воридшудагон.
  99. Ва дар ин [дунё] ва рӯзи қиёмат лаънате аз пайи онҳо равона шуд ва чӣ бад атоест, ки [ба онҳо] дода шуд.
  100. Ин аз ахбори ободиҳост, ки Мо барои ту ҳикоят мекунем; баъзе аз онҳо боқӣ аст ва [баъзе] дарав шуда [ва аз миён рафта] аст.
  101. Ва Мо бар онҳо ситам накардем, валекин ба худашон ситам карданд ва ҳангоме ки фармони Парвардигорат расид, маъбудонашон, ки ба ҷои Худо мехонданд, чизеро аз онҳо дур накарданд ва бар онҳо ҷуз нобудӣ наафзуданд.
  102. Ва инчунин аст гирифтор сохтани Парвардигорат, онгоҳ ки [мардуми] ободиҳоро фаро гирад, дар ҳоле ки онҳо ситамгаранд. Ба дурустӣ, ки гирифтор сохтанаш дарднок [ва] сахт аст.
  103. Қатъан, дар ин [амр] барои касе, ки аз азоби охират битарсад, нишонаест. Он рӯзест, ки мардум дар он гирд оварда шаванд ва он рӯзест, ки мушоҳида мешавад.
  104. Ва он [қиёмат]-ро ҷуз то муддати муайяне ба таъхир намеандозем.
  105. Рӯзе фаро расад, ки ҳеҷ кас ҷуз бо хости Ӯ сухан нагӯяд; пас баъзе аз онон бадбахт ва [баъзе] некбахтанд.
  106. Ва аммо касоне, ки бадбахт шудаанд, пас дар оташанд ва барои онҳо дар он ҷо фарёд ва нолаи сахтест.
  107. Дар он ҷо то замоне ки осмонҳо ва замин боқист, мондагоранд, магар он чи Парвардигорат бихоҳад; ҳамоно Парвардигорат он чиро, ки бихоҳад, анҷом медиҳад.
  108. Ва аммо касоне, ки некбахт шудаанд, пас дар биҳиштанд, дар он ҷо то замоне ки осмонҳо ва замин боқист, ҷовидонанд, магар он чи Парвардигорат бихоҳад [ин] атоест ногусастанӣ.
  109. Пас, аз он чи онон мепарастанд, дар тардид набош [онон] ҷуз он чиро, ки ниёгонашон аз пеш мепарастиданд, ибодат намекунанд. Ва албатта Мо саҳми ононро бе каму костӣ, ба таври комил ба онҳо мерасонем.
  110. Ва ба таҳқиқ ба Мӯсо китоб додем, онгоҳ дар он ихтилоф шуд ва агар аз [ҷониби] Парвардигорат сухане аз пеш муқаррар нашуда буд, қатъан дар миёни онон доварӣ мешуд ва ҳамоно онҳо аз он сахт дар шакки тардидовар ҳастанд.
  111. Ва ба таҳқиқ Парвардигорат [сазои] амалҳояшонро ба таври комил, ба ҳар кадом аз онҳо хоҳад дод; ҳамоно Ӯ ба он чи анҷом медиҳанд, огоҳ аст.
  112. Пас чунонки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун! Ва [низ] касе, ки ҳамроҳи ту [ба сӯи Худо] бозгаштааст. Ва саркашӣ накунед; бешак, Ӯ ба он чи анҷом медиҳед, биност.
  113. Ва ба сӯи касоне, ки ситам кардаанд, майл накунед, пас оташ ба шумо хоҳад расид ва барои шумо ғайр аз Худо дӯстоне нест; онгоҳ, ёрӣ дода намешавед.
  114. Ва намозро дар ду тарафи рӯз ва аввалҳои шаб, барпо кун. Ҳамоно некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд; ин панде барои пандгирандагон аст.
  115. Ва сабр кун! Пас ҳамоно Худо подоши некӯкоронро аз байн намебарад.
  116. Пас чаро дар гурӯҳҳои пеш аз шумо хирадмандоне набуданд, ки аз фасод дар замин боз доранд? Магар андаке аз касоне, ки онҳоро наҷот додем. Ва касоне, ки ситам карданд, аз он чи ки дар он ба хушгузаронӣ афтоданд, пайравӣ намуданд ва гуноҳкор буданд.
  117. Ва Парвардигорат ҳаргиз ободиҳоро, дар ҳоле ки мардумаш муслиҳанд, аз рӯи ситам ҳалок намекунад.
  118. Ва агар Парвардигорат мехост, ҳатман мардумро як уммат қарор медод вале ҳамвора дар ихтилофанд,
  119. Магар касе, ки Парвардигорат [бар ӯ] раҳм кунад ва барои ин, ононро офаридааст. Ва сухани Парвардигорат [комил ва] муқаррар шуд, ки қатъан ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷин ва мардум, пур хоҳам кард.
  120. Ва ҳар кадом аз ахбори паёмбаронро бар ту ҳикоят мекунем, чизе, ки бо он дилатро устувор медорем ва дар ин [ахбор] ҳақ ва панд ва ёдоварие барои мӯъминон ба ту омадааст.
  121. Ва ба онон, ки имон намеоваранд, бигӯ: «бар шеваи худ амал кунед, ҳамоно мо [низ бар шеваи худ] амал мекунем.
  122. Ва мунтазир бошед! Қатъан мо [низ] мунтазир ҳастем».
  123. Ва ғайби осмонҳо ва замин танҳо барои Худост ва кор, ҳамааш ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавад; пас Ӯро бипараст ва ба Ӯ таваккал кун ва Парвардигорат аз он чи анҷом медиҳед, ғофил нест.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...