Шахсияти имом Ҳусайн(а) дар Қуръони Карим

Муқаддима

Имом Ҳусайн(а) инсони комил ва таҷаллии оёти Қуръони карим аст. Оёти гуногуне ҳамчун ояи Мубоҳила, ояи Маваддат, ояи Улуламр, сураи Инсон ва ғ. бидуни шак дар шаъни ӯ ва дигар Аҳли байти Расули Худо(с) аст.

Сураи муборакаи Фаҷр низ ба далели вуҷуди ояи

<يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ * ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً * فَادْخُلِي فِي عِبَادِي * وَادْخُلِي جَنَّتِي> ба сураи имом Ҳусай(а) шуҳрат ёфтааст. Аз тарафи дигар ҳаракат ва наҳзати ӯ комилан мутобиқи Қуръони маҷид аст.

Наҳзати Ҳусайнӣ, эҳёкунандаи дини Паёмбар(с) буд. Ба фармудаи Паёмбар(с) «Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам», баёнгари як ҳақиқати иҷтимоӣ ва таърихӣ аст, ки қиём ва шаҳодати Ҳусайн(а) сабаби бақои дини Расули Худо(с) гардидааст.

Дар ин таҳқиқ, ки бо унвони «Шахсияти имом Ҳусайн(а) дар Қуръон» фароҳам омадааст, нигоранда кӯшиш кардааст то ин мавзӯъро дар партавӣ оёти қуръонӣ бо истифода аз кутуби тафсирӣ ва ҳадисӣ, бо табйин ва тавзеҳи шахсият ва фазоилу макорими ахлоқии он Ҳазрат бипардозад.

Қуръони карим дар оёти зиёде аз мақоми баланди Сайидушшуҳадо(а) таҷлил ва ситоиш кардааст. Ин таъзим ва таҷлили Қуръони карим аз он Ҳазрат бо нигоҳе ба тафосир ва ривоёт ба рушанӣ қобили дарку фаҳм аст.

Аз ҷумла оёте, ки дар бораи Аҳли Байт(а) нозил шуда ва марбут ба имом Ҳусайн(а) низ мебошанд, ояи Татҳир, Завилқурбо, Итъом, Мубоҳила ва ояи 5 сураи Фаҷр ва ояи 9 сураи Каҳф мебошанд, ки дар ин мақола ба тавзеҳи ин оёти шарифа мепардозем.

1.      Ояи Татҳир

>إِنَّمَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيُذْهِبَ عَنكُمُ الرِّجْسَ أَهْلَ الْبَيْتِ وَ يُطَهِّرَكُمْ تَطْهِيرًا<

 «Худованд мехоҳад палидӣ ва гуноҳро фақат аз шумо Аҳли Байт дур кунад ва шуморо поку покиза гардонад».[2]

Аз Умми Салама нақл шудааст, ки Паёмбар(с) дар хонаи худ буд, ки Фотима(с) порчаи ҳарире назди ҳазрат овард, Паёмбар(с) фармуданд: Ҳасан ва Ҳусайн(а)-ро бихон. Баъд ҳазрат абоеро бар онҳо афканд ва фармуд:

»الّلهُمَ إنَّ هؤُلاءِ اَهل بَيتي وَ عِترَتِي فَاذهَب عَنهُم الرِّجسَ وَ طَهِرهُم تَطهِيرا«

«Худовандо! Инҳо хонадони ман ҳастанд, палидиро аз онҳо дур гардон». Умми Салама гӯяд: Аз Расули Худо(с) пурсидам оё ман низ аз гурӯҳи онон ҳастам? Ҳазрат фармуданд: Умми Салама! Ту бар хайру некӣ ҳастӣ, аммо дар зумраи ин гурӯҳ нестӣ.[3]

Аломаи Таботабоӣ дар тафсир ал-Мизон мегӯяд:Калимаи «Аҳлалбайт» дар урфи Қуръон исми хос буда ва ҳар ҷо зикр шавад, мурод ҳамон панҷ тан мебошанд ва бар ҳеҷ каси дигар далолат намекунад.[4]

Ояи Татҳир дар мақоми баёни таҳорат ва азамати Аҳли Байт(а) нозил шудааст. Худованд дархости Паёмбарро пазируфтааст ва хонадони Паёмбарашро аз ҳар палидӣ, пок ва мутаҳҳар кардааст ва Ҳусайн ибни Алӣ(а) яке аз афроди он мебошад.

2.      Ояи Завилқурбо

>قُل لَّا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا إِلَّا الْمَوَدَّةَ فِي الْقُرْبَى<

«Бигӯ дар ивази он [рисолат] подоше аз шумо хостор нестам, магар дӯст доштани наздиконам (Аҳли байтам)»[5].

Замахшарӣ дар тафсири худ мегӯяд: Баъд аз нузули ояи боло, аз Паёмбар(с) суол шуд: Эй Расули Худо(с)! Наздикони шумо, ки дӯстии онҳо бар мо воҷиб шуд, чӣ касоне ҳастанд? Ҳазрат фармуданд: Алӣ(а), Фотима(с) ва фарзандонашон Ҳасан ва Ҳусайн(а)[6].

Ин азамат ва бузургворӣ махсуси наздикони Паёмбари Акрам(с) аст, ки Худованди Мутаол муҳаббат ва дӯстии онҳоро музди рисолати ҳазрат қарор дода ва дар раъси онҳо, вуҷуди мубораки солори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусайн(а) аст.

3.      Ояи Итъом

>وَ يُطْعِمُونَ الطَّعَامَ عَلَى حُبِّهِ مِسْكِينًا وَيَتِيمًا وَأَسِيرًا * إِنَّمَا نُطْعِمُكُمْ لِوَجْهِ اللَّهِ لَا نُرِيدُ مِنكُمْ جَزَاءً وَ لَا شُكُورًا<

«Ва ба [поси] дӯстии [Худо], мискин ва ятим ва асирро хӯрок медоданд. (ва мегуфтанд:) Мо шуморо ба хотири Худо хӯрок медиҳем ва ҳеҷ подош ва сипосе аз шумо намехоҳем!»[7].

Муфассирон ва уламои бисёре ривоят кардаанд, тамоми ин сура ва ё ҳадди ақал 18 оя аз ин сура, ки аз ояи: <إِنَّ الْأَبْرَارَ يَشْرَبُونَ مِن كَأْسٍ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُورًا>, оғоз мешавад ва то ояи 22 идома дорад, дар бораи гурӯҳе ба унвони «аброр» сухан мегӯяд, ки намунаи барҷастаи аброр дар ин оят Алӣ(а), Фотима(с), Ҳасан ва Ҳусайн(а) будаанд.[8]

Ибни Аббос чунин нақл мекунад: Ҳасан ва Ҳусайн(а) бемор буданд. Паёмбар(с) бо ҷамъе аз ёрон ба аёдати онҳо рафтанд. Саҳобагон хитоб ба Алӣ(а) гуфтанд: Эй Абулҳасан! Агар барои шафои фарзандонат назр мекардӣ хуб буд! Алӣ, Фотима(а) ва ходимаи онҳо ба номи Физза назр карданд, ки агар онҳо шифо ёбанд се рӯз, рӯза бигиранд.

Чизе нагузашт, ки ҳарду шифо ёфтанд ва дар лаҳазоти ифтор, ифтории худро як рӯз ба мискин, рӯзи дигар ба ятим ва рӯзи севвум ба фақир доданд ва ин ояи шарифа дар шаъни он бузургворон нозил шуд.[9]

Ба ҳамин сабаб ин ифтихори бузург фақат дар мавриди хонадони Паёмбари Худо(с) иттифоқ афтодааст, ки барои ризои Худованди мутаол, маҳбубтарин чизро, дар сахттарин шароити ниёзи худ ба дигарӣ вогузор кунад ва нузули сураи муборакаӣ «Инсон» муҳри қабулии ин исор ва санади муҳимме барои таъйиди муваффақияти Паёмбар(с), дар тарбият кардани чунин хонадоне аст, ки Худованди олам ин тавфиқро ба Паёмбараш таҳният бигӯяд.

4.      Ояи Мубоҳила

>فَمَنْ حَآجَّكَ فِيهِ مِن بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْاْ نَدْعُ أَبْنَاءَنَا وَ أَبْنَاءَكُمْ وَ نِسَاءَنَا وَ نِسَاءَكُمْ وَ أَنفُسَنَا و أَنفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَل لَّعْنَتَ اللّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ<

«Ҳаргоҳ баъд аз илм ва донише, ки (дар бораи Масеҳ) ба ту расида, (боз) касоне бо ту ба муҳоҷҷа ва ситез бархезанд, ба онҳо бигӯ: Биёед мо фарзандони худро даъват кунем, шумо ҳам фарзандони худро, мо занони хешро даъват намоем, шумо ҳам занони худро, мо аз нуфуси худ даъват кунем, шумо ҳам аз нуфуси худ, он гоҳ мубоҳила кунем ва лаънати Худоро бар дуруғгӯён қарор диҳем.»[10].

Масеҳиёни Наҷрон, ки барои баҳс бо Расули Худо(с) вориди Мадина шуда буданд, саранҷом қарори мубоҳила гузоштанд то дар рӯзи мавъуд, ҳарду гурӯҳ бо азизони худ дар пешгоҳи Худо тавассул ҷӯста ва бар зидди гурӯҳи дурӯғгӯ нафрин кунанд. Ояи шарифа нозил шуд ва рӯзи баъд ҳазрат ба ҳамроҳи Алӣ(а), Фотима(с), Ҳасан ва Ҳусайн(а) дар саҳнаи мубоҳила ҳозир шуданд. Масеҳиёни Наҷрон бо дидани чунин чеҳраҳое, тарсиданд ва аз мубоҳила даст кашиданд. Ва Сайидушшуҳадо, ҳазрати Ҳусайн(а) яке аз он чеҳраҳои мубораке аст, ки дар Қуръони карим ба таъбири «Абноано» зикр шудааст.[11]

5.      Сураи муборакаи Фаҷр (оёти 27 то 30)

>يَا أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْمُطْمَئِنَّةُ*ارْجِعِي إِلَى رَبِّكِ رَاضِيَةً مَّرْضِيَّةً*فَادْخُلِي فِي عِبَادِي*وَادْخُلِي جَنَّتِي<

«Ту эй рӯҳи оромёфта! Ба сӯи Парвардигорат боз гард, дар ҳоле ки ҳам ту аз Ӯ хушнудӣ ва ҳам Ӯ аз ту хушнуд аст.»[12]

Да ривояте аз имом Содиқ(а) омадааст: Сураи Фаҷрро дар намозҳои воҷиб ва мустаҳабии худ бихонед, зеро ин сураи Ҳусайн ибни Алӣ(а) аст ва ҳар кас онро бихонад, дар рӯзи қиёмат бо Ҳусайн ибни Алӣ(а) дар ҳамсоягии он ҳазрат дар биҳишт хоҳад буд.[13]

Худованди мутаол барои арҷгузорӣ аз ин ҳама ҷоннисории имом Ҳусайн(а) дар роҳи посдорӣ аз арзишҳои илоҳӣ, ки тибқи аҳди худ ҳастиашро фидои он намуд, ҳадияи осмонӣ ба он ҳазрат иноят кард.

Дар ҳадисе ба номи ҳадиси Лавҳ дар баёни мақоми волои он ҳазрат омадааст:

“Ман Ҳусайнро ганҷинадори ваҳйи худ қарор додам ва ӯро бо шаҳодат гиромӣ доштам ва зиндагиашро бо саодат ба поён бурдам. Пас ӯ бартарин касе аст, ки ба шаҳодат расид ва дар дараҷаи болотарин шаҳидон аст. Калимаи худро бо ӯ қарор додам ва ҳуҷҷати болиғаи ман дар назди ӯст. Мизони подош ва кайфар дар назди ман, хонадони Ҳусайн аст”.[14]

Он ҳазрат дар тамоми он даврони ҳассос ва буҳронӣ ба иқтизои авзои рӯз ва шароити замон, беҳтарин ва шоистатарин шеваро дар ҳифзи дини Ислом ва мубориза бо ботил ва сардамдорони нифоқ дар пеш гирифт. Самари ин талошҳои хастагинопазир ва сар то сар ифтихор, шаҳодати ошиқонае буд, ки ризояти Ҳақро дар пай дошт.

6.      Сураи муборакаи Каҳф (ояи 9)

>أَمْ حَسِبْتَ أَنَّ أَصْحَابَ الْكَهْفِ وَ الرَّقِيمِ كَانُوا مِنْ آيَاتِنَا عَجَبًا<

«Оё гумон кардӣ асҳоби Каҳф ва Рақим аз оёти аҷиби мо буданд?!»[15]

Аз ҷумла муъҷизоти имом Ҳусайн(а), тиловати Қуръон намудани сари мубораки он ҳазрат болои найза мебошад, ки тамоми дӯстон ва душманонро шигифтзада намуд. Манобеи тафсирӣ дар ин бора навиштаанд: Баъд аз шаҳодати имом Ҳусайн(а), вақте сари муқаддаси он ҳазратро ба найза зада ва дохили Кӯфа карданд. Ба дастури Убайдуллоҳ ибни Зиёд онро дар кӯчаҳои Кӯфа гардонданд ва ҳатто миёни қабилаҳо бурда, ба аломати пирӯзӣ нишон доданд.

Шайхи Муфид нақл мекунад: Зайд ибни Арқам гуфтааст: Ман аз манзили худ нигоҳ мекардам, ки сари муқаддаси имом Ҳусайн(а)-ро болои найза мушоҳида кардам. Вақте аз муқобили мо он сари нурониро убур медоданд, бо камоли ҳайрат шанидам, ки имом Ҳусайн(а) ин оятӯи шарифаро қироат мекард: «أَمْ حَسِبْتَ أَنَّ أَصْحَابَ الْكَهْفِ وَ الرَّقِيمِ كَانُوا مِنْ آيَاتِنَا عَجَبًا» Ба Худо савганд мӯй дар баданам рост шуда буд ва бар худ ларзидам. Дар он ҳол гуфтам: Эй фарзанди Расули Худо(с) тиловати қуръони ту дар болои найза, аз моҷарои асҳоби Каҳф ва Рақим хеле шигфттару аҷибтар аст.[16]

Чи хуш аст савти Қуръон зи ту дилрабо шанидан

Ба рухат назора кардан, сухани Худо шанидан.

Муқоисаи байни қиёми имом Ҳусайн(а) ва ояҳои Қуръон

Имом Ҳусайн(а) мисбоҳи ҳидоят ва киштии наҷот:

Қуръони карим, анбиёи илоҳиро ҳидоятгари мардум ба амри илоҳӣ дар партави сабр ва яқин ва ибодат муаррифӣ мекунад:

>وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَ أَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ … وَ كَانُوا لَنَا عَابِدِينَ<[17].

«Ва онҳоро пешвоёне кардем, ки [мардумро] ба фармони мо ҳидоят мекарданд ва ба онҳо анҷоми корҳои некро ваҳий кардем… ва онон парастандагони мо буданд»

>وَ جَعَلْنَا مِنْهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا لَمَّا صَبَرُوا وَ كَانُوا بِآيَاتِنَا يُوقِنُونَ<[18]

«Ва назар ба ин ки шакебоӣ карданд ва ба оёти мо яқин доштанд аз онҳо пешвоёне гумордем, ки ба фармони мо  [мардумро] ҳидоят мекарданд»

Имом Ҳусайн(а) мазҳари ин сифати барҷастаи анбиё илоҳӣ аст. Аз ин рӯ Паёмбари Акрам(с) ӯро мисбоҳ ва чароғи фурузони ҳидоят муааррифӣ кардааст:  «ان الحسین مصباح الهدی و سفینه النجاه»[19]

Имом Ҳусайн(а) ва амри ба маъруф:

Қуръони карим мефармояд: Шумо беҳтарин уммат ҳастед, дар сурате ки амри ба маъруф ва наҳй аз мункар кунед:

[20]<كُنتُمْ خَيْرَ أُمَّةٍ أُخْرِجَتْ لِلنَّاسِ تَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَتَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ>

Имом Ҳусайн(а) низ дар баёни ҳадаф аз қиёми худ мефармояд: Ман барои эҳёи амри ба маъруф ва наҳй аз мункар хуруҷ кардам:

«انما خرجت لطلب الاصلاح فی امة جدی محمد1ارید ان آمر بالمعروف و انهی عن المنکر»[21]

Имом Ҳусайн(а) муаллими иззат ва амали солеҳ:

Қуръони карим мефармояд: Ҳар кас хоҳони иззат аст, иззат дар партави имон ва амали солеҳ аст:

>مَن كَانَ يُرِيدُ الْعِزَّةَ فَلِلَّهِ الْعِزَّةُ جَمِيعًا إِلَيْهِ يَصْعَدُ الْكَلِمُ الطَّيِّبُ وَ الْعَمَلُ الصَّالِحُ يَرْفَعُهُ…<[22]

«Ҳар кас иззат мехоҳад, иззат яксара аз они Худост. Суханони покиза ба сӯи Ӯ боло меравад ва амали солеҳ, онро боло мебарад»

Имом Ҳусайн(а) бо қиёми худ дар Карбало, хоҳони иззат буд ва гурезон аз зиллату хорӣ. Ба ҳамин сабаб фармуд: «هَيْهاتَ مِنَّا الذِّلَّة»[23] Мо ҳаргиззиллатро намепазирем ва зери бори зулм намеравем.

Имом Ҳусайн(а) муаллими исор ва инфоқ:

>لَن تَنَالُواْ الْبِرَّ حَتَّى تُنفِقُواْ مِمَّا تُحِبُّونَ…<[24]

«Ба мақоми аброр ноил намешавед, магар бо инфоқи бархе чизҳое, ки дӯст доред»

 Имом Ҳусайн(а) дар рӯзи Ошуро тамомии он чиро, ки дар ихтиёр дошт ва ҳамаи онҳо маҳбуби ӯ буд, дар роҳи Худо инфоқ кард.

Имом Ҳусайн(а) ва хавфу хашияти илоҳӣ:

Қуръони карим дар васфи анбиё мегӯяд: “Паёмбарони пешин касене буданд, ки дар таблиғи рисолати илоҳӣ, аз Худо метарсиданд ва аз ҳеҷ каси дигар ҳаросе надоштанд”[25]

>الَّذِينَ يُبَلِّغُونَ رِسَالَاتِ اللَّهِ وَ يَخْشَوْنَهُ وَ لَا يَخْشَوْنَ أَحَدًا إِلَّا اللَّهَ<

Имом Ҳусайн(а) низ дорои ин ду вижагии барҷаста аст:

  1. Танҳо аз Худованд метарсид. Дар дуои Арафа мегӯяд:

«اللهم اجعلنی اخشاک کانی اراک»

«Худоё маро он гуна қарор деҳ , ки аз ту метарсам. Он сон, ки гӯӣ туро мебинам»

  2. Аз ғайри Худо наметарсид. Ҳазрат мефармояд:

«لو لم یکن لی ملجا و لا مأوی لما بایعت یزید بن معاویه»

«Агар дар дунё, ҳеҷ паноҳгоҳе надошта бошам ва касе маро ҳимоят накунад, ман бо Язид ибни Муовия байъат нахоҳам кард»[26].

 


[2]. Сураи Аҳзоб, ояи 33.

[3]. Тафсири Намуна, Макорими Шерозӣ, ҷ.17, саҳ.299.

[4]. Тарҷумаи ал-Мизон, Алома Таботабоӣ, ҷ.16, саҳ.465 ва 466; ад-Дурулмансур, ҷ.5, саҳ.198, ба нақл аз тарҷумаи ал-Мизон, ҷ.16, саҳ.475.

[5]. Сураи Шуро, ояи 23.

[6]. Тафсири Кашшоф, ҷ.4, саҳ.219; Тафсири Намуна, ҷ.20, саҳ.415, ад-Дурулмансур, ҷ.6, саҳ.50.

[7]. Сури Инсон, ояи 8 ва 9.

[8]. Тафсири Намуна, ҷ.25, саҳ.345.

[9]. Тафсири Қуртубӣ, ҷ.10, саҳ.6922.

[10]. Сураи Оли Имрон, ояи 61.

[11]. Тафсири Намуна, ҷ.2, саҳ.572; тарҷумаи ал-Мизон, ҷ.3, саҳ.375; ад-Дурулмансур, ҷ.2, саҳ.219; Тафсири Маҷмаул баён, ҷ.2, саҳ.452.

[12]. Сураи Фаҷр, оёти 27 то 30.

[13]. Тафсири Маҷмаул баён, ҷ.10, саҳ.481.

[14]. Камолуддин ва тамомуннеъма, ҷ.1, саҳ.572.

[15]. Сураи Каҳф, ояи 9.

[16]. Баҳоруланвор, ҷ.45, саҳ.116; Кашфулғумма, ҷ.2, саҳ.66; Эъломулвуро, саҳ.251.

[17]. Сураи Анбиё, ояи 73

[18]. Сураи Саҷда, ояи 24.

[19]. Биҳоруланвор, ҷ.36, саҳ.205.

[20]. Сураи Оли Имрон, ояи 110.

[21]. Нафсул маҳмум, саҳ.45.

[22]. Сураи Фотир, ояи.10.

[23]. Биҳоруланвор, ҷ.45, саҳ.83.

[24]. Сураи Оли Имрон, ояи.92.

[25]. Сураи Аҳзоб, ояи.39.

[26]. Биҳор, ҷ.44, саҳ.329.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...