Ҳиҷоб дар Қуръон ва ривоёт 1

 

Ҳиҷоб ва сатр аз мусалламоти омӯзаҳои Қуръон ва аз усули мавриди иттифоқи дини мубини Ислом аст. Дур аз бовар аст, ки дар миёни уламои дин касе бошад, ки

ҷудои аз таъсироти замонӣ ва маконӣ, асли ҳиҷобро инкор кунад ва ё бо пӯшиши зан мухолиф бошад ва ҳиҷобро қабул надошта бошад. Ҳар чанд мумкин аст дар чӣ гунагӣ, ҳудуд ва миқдори пӯшиш ихтилофоте вуҷуд дошта бошад, ки ин ба салиқаи афрод ва миллиятҳо бармегардад. Зани шарофатманди форсизабон ҳатто пеш аз дини мубини Ислом низ урён будан ва бараҳнагиро дар шаъну манзалати хеш намедид[1] чӣ расад замоне ки Ислом, Фотимаи Заҳро, (саломуллоҳи алайҳо) сарвари занони оламро улгӯе барои занони олам баргузид.[2]

Бараҳнагӣ аз замоне дар миёни занон ва ҷомеаи ориёӣ русух намуд, ки улгӯи исломӣ тағйир ёфта ва ба ҷои он занони беҳаё ва раққосаи ғарбӣ ба унвони модел ва улгӯҳои зани рӯз ба маёдон омад ва ором-ором пӯшиши занон кӯтоҳтару кӯтоҳтар шуда ва расму русумоти хешро ба фаромӯшӣ супорида ва улгӯҳо ҷо ба ҷо шуданд.[3] Занони мӯъмину мусулмон, ки ҳамеша ва дар ҳар замону маконе ҳиҷобу пӯшиши хешро тарк намекард ва онро боиси иззату шарафи хештан медонист, занони ақибмонад хитоб намуда ва онҳоро бо лаҳнҳо ва алқоби нораво масхараашон менамуданд.

Таблиғоти нобаҷо ва шуми ғарбиҳо баҷое расид, ки зани ориёӣ бовараш шуд, ки пешрафту тараққӣ дар бараҳнагӣ ва беҳаёӣ аст. Улгӯи занони мусалмон кам-кам дошт ба фаромӯшӣ супурда мешуд, ки Инқилоби Исломии Эрон бо эҳдои ҳазорон шаҳид ба вуқӯъ пайваст ва ин саду ҳаштод дараҷа чархиш дар шахсияти занро ба ҳолати аввали хеш баргардонд ва онро мутобиқ ва мувофиқи улгӯи ҳиҷоби исломӣ дубора дар сар то сари ҷаҳон, таъриф намуд. Ҳунари Инқилоби Исломии Эрон, ин буд.

Ғарб, ки бо пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон манофеъ ва нақшаҳои шуми хешро дар хатари нобудӣ дид, барои пешгирӣ аз таъсироти ин инқилоб дар кишварҳои исломӣ, бо дар ихтиёр доштани рӯзномаҳо ва расонаҳои хабарӣ, ин инқилобро миллӣ ва ғайри исломӣ хонд то таъсироти исломии онро хунсо кунад.[4]  Ғофил аз ин ки Худованд худ беҳтарин чораиҷӯи бандагонаш аст:

“وَمَكَروا وَمَكَرَ اللَّهُ ۖ وَاللَّهُ خَيرُ الماكِرينَ”

Тарҷумаи оя:Ва (яҳӯд ва душманони Масеҳ барои нобудии Ӯ ва оинаш) нақша кашиданд, вале Худованд худ (бар ҳифзи Ӯ ва оинаш) чораҷӯӣ намуд. Ва Худованд беҳтарин чораҷӯён аст.[5]

Камтар инсони салиме пайдо мешавад, ки аз ҳиҷоб гурезон бошад. Омили муҳимме, ки занонро дучори як иҷбор нисбат ба бараҳнагӣ ва бадҳиҷобӣ менамояд шароит ва рафторест, ки дар гирду атрофи ӯ иттифоқ меафтад. Агар пӯшиши исломӣ, арзишу манзалат ба ҳисоб биёяд, истиқбол аз ин арзиш шитоб хоҳад гирифт ва чунончи агар ҳамин пӯшиши исломӣ зидди арзиши зан талаққӣ шавад камтар зане ҳозир мешавад, ки хештанро бо зидди арзиш биорояд. Қуръони карим фароянди таҳаввули моҳият ва шароитро чунин баён менамояд:

“ إنّ الله لا یغیر ما بقوم حتّی یغیّروا ما بأنفسهم ”

Тарчумаи оя: Худованд сарнавишти ҳеҷ қавму миллатеро тағйир намедиҳад магар онки онон ончиро, ки дар худашон ҳаст тағйир диҳанд.[6]

Рӯзгоре занон -ҷудо аз ҳар қавму миллате- ҳиҷобу пӯшишро барои худ шарофату бартарӣ медид ва аз барои он арзиш қоил буд. Акнун замони дигаре расидааст, ки ҳамон нишонаи шарофату манзалати зан, табдил ба нишонаи иртиҷоъ ва ақибмондагии ӯ ном гирифтааст. Худованди субҳон, ки худ холиқи ин бандагони қадрнашнос аст ба дурустӣ фармуда аст, ки: агар фарҳанги бараҳнагиро тавонистем ба ҳошия бибарем, фарҳанги Ҳиҷоб худ ба худ шинохта хоҳад шуд. Аммо акнун (ما بأنفسهم), ки ҳамон (бараҳнагӣ) мебошад, дар ҳамаи абъоди зиндагии башар машҳуд аст.

Саъю талоши мо бояд бар тағйири фарҳанг бошад. Тамаддун ва фарҳанги ориёиён нишондиҳандаи пӯшиши муносиб дар замонҳои гузаштааст. Пас дар ин сурат тамаддун мушкиле надорад ва ончизе ки боиси сирояти бемории бараҳнагӣ ба табақоти печ дар печ ва муттасили ҷомеъа шудааст, ривоҷ ва густариши фарҳанги ғалат ва фосиди бараҳнагӣ мебошад. Ононе, ки бо фарҳанги самъӣ ва басарии ҷомеъа сару кор дошта ва машғул ба кору фаъолият ҳастанд, ҳӯшёр бошанд, ки ташаъшуъ ва дурахшиши фарҳанги ғалат ва мухарриби бараҳнагӣ аз конунҳои хатарзои расонаҳо бархостааст, вагарна ононе, ки дар масири ин тӯфони мухарриб қарор нагирифтаанд, ҳануз бар исолати хеш боқӣ мондаанд. Ончизе ки занонро нисбат ба канор гузоштани пӯшиш васваса мекунад, дидани  саҳнаҳои ноҷур аз бараҳнагии занони фиребхӯрда дар намоишгарҳоест, ки ҷомеъа модел ва улгӯҳои зиндагиашонро аз ноҳияи онҳо ба даст меоваранд.

Дар ин баҳс иншоаллоҳ ба масоили Ҳиҷоб ва пӯшиши занон ва суолҳое низ дар ин замина хоҳем пардохт, ки иборатанд аз:

  1. “Решаи қуръонии” Ҳиҷоб куҷост?
  2. Оё бараҳнагӣ, “интихоби” худи занон аст?
  3. “Аз чӣ замоне” бараҳнагии занон ровоҷ ва густариш ёфт?
  4. “Ҳудуди шаръии” Ҳиҷоб то куҷост?
  5. Занон дар ҷомеъаи исломӣ, метавонанд “бараҳна” бошанд?
  6. Оё бараҳнагӣ, “озодӣ” аст?

Кӯшишу талоши мо ин аст, ки дур аз ҳар гуна ҳаёҳӯи мункирони Ҳиҷоб (бараҳнахоҳон) ва ифротгароён (узлатхоҳон) роҳи миёна ва мавриди қабул (пӯшиши шаръӣ ва ҳузури иҷтимоъӣ) аз ончиро ки Худованд барои саломати зан ва ҷомеъа перомуни ӯ хоста аст, бо истифода аз каломи ваҳй ва ривоёти шариф ва суханони бузургони дин, баён намуда ва маънои наздик ба воқеияте аз ҳиҷоби зан дар ҷомеъаи имрӯзӣ, ба ҳавлу қувваи илоҳӣ ва инояти бедареғи ҳазрати Ҳақ (ҷалла ҷалолуҳ) ба шумо дӯстдорони ҳаққу ҳақиқат ироа намоем. [7]

Суханони бузургон дар бораи Ҳиҷоб

Гули ифоф ва покдоманӣ, дар бӯстони ҳиҷоб мерӯяд ва атри покии занони муҳаҷҷабаро қиматӣ мекунад.


Рост гуфтанд, ки Ҳиҷоб маҳдудият аст вале на барои занон, балки барои мардоне, ки чашмони нопок доранд ва Ҳиҷоб ҳамчун хоре дар чашмони онҳост.


Ҳифзи чодар ҳифзи дину мазҳаб аст,

Шеваи Заҳро (рз) ва дарси Зайнаб (рз) аст.


Падарам гуфт: гул аз рангу луъобаш пайдост,

Духтари мӯъмина, аз ҳифзи ҳиҷобаш пайдост.


Исолати зани мусалмон иффат ва покдомании ӯст, ки ҳиҷоб муҳимтарин рукни он аст.


Ҳиҷоб, василаест, ки нишон диҳӣ, ки васила нестӣ.


Магар ғайр аз ин аст, ки қатраи борон вақте аз пӯшиш ва оғӯши абр раҳо шавад, маълум нест шояд сарнавишташ лаҷан ва ботлоқ бошад.


Шоир дар бораи бадҳиҷобӣ фармуда аст:

Дар хиёбон чеҳра ороиш макун,

Аз ҷавонон салби оромиш макун.

Зулфи худ аз рӯсарӣ берун марез,

Дар масири чашмҳо афсун марез.

Ёд кун аз оташи рӯзи миод,

Ҷилваи гесӯ мадеҳ дар дасти бод.

Хоҳарам! Дигар ту кӯдак нестӣ,

Фоштар  гӯям, арусак  нестӣ.

Хоҳарам! Ин либоси танг чист?

Пӯшиши часпону рангоранг чист?

Хоҳарам! Инқадр таннозӣ макун,

Бо усули шаръ лаҷбозӣ  макун.

Хоҳарам! Эй ошиқи дини мубин,

Як назар азвоҷи  Пайғамбар (с) бубин.

 

 


[1] Руҷӯъ шавад ба “Пӯшиши занони ориёӣ қабл аз Ислом”, дар ҳамин сомона

[2] Биҳор, ҷ 14, саҳ 206

[3] Ҳиҷоб дар даврони муосир, дар ҳамин сомона

[4] Ба хотири дур нашудан аз мавзӯ аз идомаи ин баҳс сарфи назар менамоем

[5] Сураи Оли Имрон, ояи 54

[6] Сураи Раъд, ояи 11

[7] Гулбарги Ифоф, саҳ 10 то 13

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...