Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем:
1. Бо таҳорат тиловат кардан
2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан, чунонки Паёмбари Акрам(с) дастур додааст.
3.Гуфтани “Аъузу биллоҳи минашшайтонир раҷим” пеш аз қироати Қуръон. Яъне паноҳ мебарам ба Худованд аз шарри шайтони рондашуда (аз даргоҳи Худованд).
4. Хондан аз рӯи Қуръон. Ҳатто сураҳоеро, ки ҳифз ҳастем, беҳтар аст Қуръонро боз карда аз рӯи Қуръон бихонем, чунонки Паёмбар(с) фармуд: “Қироати Қуръон аз рӯи мусҳаф беҳтарин аъмоли уммати ман аст.”
5. Қироат бо садои хуш. Паёмбар(с) фармуд: Ҳар чиз зеваре дорад ва зевари Қуръон савти некӯ аст.
6.Қироати Қуръон бо хушӯъ ва фурӯтанӣ.
7.Қироати Қуръон бо ҳузну андӯҳ. Паёмбар(с) фармуд: Ҳамоно Қуръон бо ҳузн нозил шудааст. Бинобар ин ҳангоми қироати Қуръон гиря кунед ва агар гиря накардед, ҳолати гиря ба худ бигиред.
8. Қироат бо тартил. Худованд мефармояд: “Қуръонро бо диққат ва ормиш бихонед.” (Сураи Муззаммил, ояти 4. وَرَتِّلِ القُرآنَ تَرتیلاً)
Набояд фаромӯш кунем, ки яке аз муҳимтарин одоби тиловати Қуръон, диққат дар маънои оятҳо аст. Касе, ки дар маънои Қуръон диққат накунад, монанди донишомӯзе аст, ки иншои хуберо шумурда-шумурда ва зебо мехонад, вале маънояшро намедонад, балки тутивор мехонад. Чунин донишомӯзеро омӯзгор ба хотири шумурда – шумурда ва зебо хонданаш, таҳсин мекунад, вале вақте ба ӯ баҳои олӣ медиҳад, ки маънои навиштаҳоро ҳам бифаҳмад.