Бозӣ кардан бо кӯдак

Бозӣ кардан бо кӯдак

Рӯзе Расули Худо(с) бо асҳобашон дар ҳоли гузаштан аз кӯчаву паскӯчаҳои шаҳри Мадина буданд, ки садои бозӣ кардан ва хандаву шодии кӯдакон ба гӯшашон расид. Дар он вақт Расули Худо (с) набераи кӯчаки худро диданд, ки бо кӯдакон бозӣ мекунад. Пас бетаваҷҷӯҳ ба назорагар будани асҳоб (шояд ҳам қасдан ин корро дар ҳузури асаҳоб анҷом доданд, то инки дарси тарбиятӣ барои онҳо бошад) дастони худро боз карданд ва ба тарафи Ҳусайни худ шитофтанд, то Ҳусайн Паёмбар(с) ро дид, ки ба тарафи эшон меояд, ба шодӣ ба чапу рост рафт, то Паёмбар(с) ба дунболи ӯ биёяд ва ба ин гуна бо ҷадди бузургвораш бозӣ кунад. Паёмбар(с) ҳам дар ҳоле, ки лабханд мезад дунболи ӯ медавид, то инки вайро боздошт ва сипас ӯро дар оғӯшаш гирифт ва дасти мубораки худро ба зери гардани вай бурд ва сари ӯро боло гирифта рӯяшро бӯсид ва фармуд: Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам. Худовандо дӯст бидор он касеро, ки Ҳусайнро дӯст медорад.[1]    

 


[1] Низоми тарбиятии Ислом, ҷ 1, саҳ 5.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,