Мароҳили тарбияти ахлоқӣ 1

    1.Қабл аз таваллуд

А) Интихоби ҳамсар:

  Дар сираи Аҳлу байт(а), тарбияти кӯдак қабл аз таваллуди кӯдак оғоз мешавад. Аз замони издивоҷ ва интихоби ҳамсар аст, ки конуни тарбият рақам мехӯрад, зеро кӯдак ҳассостарин замони рушд ва тарбияти худро дар хонавода мегузаронад ва зану шавҳар аз аркони хонавода ба шумор мераванд. Паёмбар(с) ва Аҳлу байт(а) ҳам ба дигарон дар интихоби ҳамсар суфориш кардаанд ва ҳам худашон диққат намудаанд, ки Паёмбар(с) ба ҳазрати Фотима(с) фармуданд: “Ба Худо қасам агар дар хонадони ман беҳтар аз Алӣ касе буд туро ба Алӣ намедодам”. Бинобар ин касоне, ки ба ояндаи фарзандони хеш меандешанд ва мехоҳанд фарзандони солим ва бо ахлоқ ва диндор бошанд, бояд қабл аз издивоҷ дар ин мавзӯъ тааммул кунанд. Мард бояд ба ҳангоми интихоби ҳамсар комилан диққат кунад, ки сарнавишти фарзанди ояндаи худро ба дасти чигуна зане месупорад? Зеро ҳамсаре, ки аз хонаводаи асил ва наҷиб бошад беҳтар метавонад кӯдаконро тарбият кунад. Ва ҷумла мавзӯъҳое, ки дар издивоҷ бар он таъкид шуда, интихоби ҳамсар аст, зеро вижагиҳои ҳамсар бар вижагиҳои фарзанд таъсир мегузорад. Паёмбари Ислом(с) фармуданд: “Бо хонаводаҳои солеҳ издивоҷ кунед, ки хусусиёти модар ба фарзандон мунтақил мешавад”.[1]

Б) Даврони бордорӣ:

  Масъулияти ислоҳ ва тарбияти фарзандон танҳо барои баъд аз вилодати онон нест, балки волидайн бояд дар айёми ҳамл ва ҳатто қабл аз омезиш мувозиби оқибати фарзандон бошанд, ба хусус модар дар айёми ҳамл бояд бисёр муроқиб бошад, зеро ҳамаи ҳолот ва рафтори ӯ дар фарзандаш муассир хоҳад буд. Зан бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки мавҷуди зиндаро дар раҳми худ парвариш медиҳад ва дар сарнавишти ӯ. то миқдори зиёде таъсир дорад, зеро раҳими модар нахустин муҳити парвариши кӯдак аст, ки дар шахсияти ояндааш таъсири басазое хоҳад дошт.

Бинобар ин як хонуми бордор наметавонад даврони бордориро як замони оддӣ тасаввур кунад ва ба он беваҷҷӯҳӣ кунад. Чун мумкин аст саломатии худро аз даст бидиҳад ва ё фарзанди ноқис ва ақибмонда ва низ аз назари рӯҳи ҳам фарзанди бемор ба дунё биёварад. Пас модар, дар ин даврон илова бар беҳдошти ҷисмонӣ ва беҳдоштии равонии худ низ бояд таваҷҷӯҳ кунад ва аз муҳити ором ва пурнишот бархурдор гардад, зеро танишҳои равонӣ ва тааммулоти рӯҳӣ таъсири бад бар ҷанин мегузорад.[2]


[1]. Тоҳири Ҳабибуллоҳ, Сайре дар масоили ахлоқӣ, саҳ 77.
[2]. Алӣ Ҳусейнизода, Сираи тарбиятии Паёмбар ва Аҳлу байт, ҷ1, саҳ 41.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...