… 2- Амният ва оромиши зан
Нафси одамӣ дарёе аз тамоюлот ва хостаҳои ӯст, ки муҳимтарини онҳо ба хӯрокиҳо, умури ҷинсӣ ва молӣ марбут мешавад ва бешак болотарин хостаҳои мардон тамоюл ба ҷинси зан аст. Дар сухани орифон омадааст:
«اعظم الشوة شهوة النساء»[1]
“Бузургтарин хостаи мард рағбат ба занон аст”.
Иродаи зебоиҳо ва мавзеи бадани зан, ба шаҳват ва тамаъи мардон доман мезанад ва онҳоро ба як қонуни ҷиддии хатарнок мубаддал месозад, ки бо гирифтани амният ва оромиш аз зан ба анҷом мерасад. Ончи ки метавонад аз ин ноамнӣ пешгирӣ кунад, пӯшиши зан аз чашмҳои гуруснаи номаҳрамон аст, ки бо ҳиҷоби комили исломӣ амалӣ хоҳад шуд.
Пӯшиши динӣ паёми иффат ва покдоманӣ, шахсият ва Худотарсии зани мусалмон аст ва мардони ҷомеа на танҳо ба чунин бону чашми тамаъ нахоҳанд дошт, балки покиву наҷиб будани ӯро меситоянд. Ва аз ҷиҳати бадан ва асрори зебоиҳои ӯ дар сояи ҳиҷобе, ки дорад аз чашми номаҳрам пӯшида хоҳад буд. Дар ин сурат аст, ки зан дар қалъаи ҳиҷоби худ аз тири нигоҳҳои заҳролуд ва суханони озордиҳанда ва рӯ ба рӯ шудан бо одамони нопоки ҷомеа дур хоҳад буд ва амният ва оромиши дарунии ӯ барқарор хоҳад шуд.
Ҷисм фурӯ пӯш, чу дур дар садаф
То нашавӣ тири нигоҳро ҳадаф
Қуръони Карим бо ишора ба ин фалсафаи ҳиҷоб фармудааст:
«یا ایها النبی قل لا زواجک و بناتک و نساء المؤمنین یدنین علهنن من جلابیهن ذاک ادنی ان یعرفن فلا یوذین»[2]
“Эй Паёмбар! Ба занонат ва духтаронат ва занҳои мӯъминон бигӯ, ки худро бо рӯсарии калон ва дароз бипӯшонанд, ки ин пӯшиш барои он ки ба иффат ва покдоманӣ шинохта шаванд беҳтар аст, то (аз дастраси ҳавасронон) озор набинанд.
3- Саломати насл
Таҳрикоти ҷинсӣ, ки дар қувваи панҷгонаи одамӣ ба вуҷуд меояд бар рӯи системаи тавлиди насли ӯ нақши муассире дорад. Донишмандон муътақиданд таҳрикоте, ки дар чашм ба вуҷуд меояд бар ғуддаи ҳипуфиз, ки ғуддаи кӯчаке дар зери мағз аст, асар мегузорад. Ин ғудда шаш ҳурмун тавлид мекунад, ки се навъи он бар рӯи системаи тавлиди насл таъсир дорад. Нигоҳ ба занони бадҳиҷоб ва филмҳои шаҳватангез, ки чунин асареро ба ҳамроҳ дорад, дар ниҳоят ба таъсири манфӣ дар фарзандон ва барҳамхурии мероси авлодӣ ба анҷом мерасад.[3]
Ҳазрати Шуайб(а) яке аз духтарони худро ба никоҳи ҳазрати Мусо(а) даровард ва аҳд бастанд, ки ӯ муддати ҳашт сол ё даҳ сол дар хидматгузории ҳазрати Шуайб(а) бошад. Вақте муддати хидматгузорӣ ӯ ба поён расид дархост кард, мехоҳам ба ватани худ баргардам, оё чизе ба ман хоҳӣ дод?
Ҳазрати Шуайб(а) фармуданд: Ҳамаи гусфандони сиёҳ ва сафеде, ки имсол зоида мешаванд аз они ту бошанд. Вақте Мусо(а) хост гусфандонро ҷуфтгирӣ диҳад, пусти бахше аз асои худро канд ва қисматҳоеро ба ҳоли худ вогузорид ва онро дар миёни оғили гусфандон фурӯ бурд ва бар он порчаи сиёҳ ва сафеде андохт ва сипас гусфандони нарро ба суроғи гусфандони модда мефиристод. Гусфандони нар ба ин чуб ва порчаи сиёҳ ва сафед менигаристанд ва ҷуфтгирӣ мекарданд ва дар натиҷа навзоди онҳо ҷумлагӣ сиёҳу сафед зоида шуданд.[4]
Бо таваҷҷӯҳ ба он чи баён гардид, занон ва духтарони худнамо таъсири нораво ва ғайри қобили бахшишеро бар саломати наслҳои ҷомеа мегузоранд, ки онҳо худ аз дигаргунии наслҳо безоранд ва фалсафаи ҳиҷоби динӣ пешгирӣ аз чунини асарҳо аст.
идома дорад.
[1]Маҳаҷҷатул байзо ҷ.5, саҳ. 177
[2]Сураи Аҳзоб, ояти 59
[3]Беҳдошти издивоҷ аз назари Ислом, доктор Сафдари Сонеъӣ
[4] Тафсири Нуруссақалайн, ҷ. 4, саҳ. 126.