بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
«Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон»
<الم تَنزِيلُ الْكِتَابِ لَا رَيْبَ فِيهِ مِن رَّبِّ الْعَالَمِينَ>
«Алиф, лом, мим. Нозил кардани ин китоб, ки шакке дар он нест, аз сӯи Парвардигори ҷаҳониён аст.»
Нуктаҳо:
v Тибқи баъзе аз ривоёт, ҳуруфи муқаттаа аз муташобиҳотест, ки илми он махсуси Худо ва авлиёи ӯст.[1]
v Суол: Бо таваҷҷӯҳ ба шак ва тардид ва нисбати дуруғ ва норавое, ки мухолифони Қуръон доштанд ва баъзе оёт низ ба он ишора мекунад, чигуна ин оя мефармояд: Ҳеҷ шакке дар он нест.
Посух: Оя мефармояд: Дар ҳаққонияти Қуръон ва фаромин ва маорифи он ҳеҷ шакку шубҳае роҳ надорад, на он ки касе дар он шакку тардид накардааст. Аз ин рӯ дар ояи 23 сураи Бақара мефармояд:
«وَإِن كُنتُمْ فِي رَيْبٍ مِّمَّا نَزَّلْنَا عَلَى عَبْدِنَا فَأْتُواْ بِسُورَةٍ مِّن مِّثْلِهِ»
«Ҳаргоҳ дар шак ҳастед, сурае монанди яке аз сураҳои Қуръон биёваред».
Соҳиби тафсири Физилолил-қуръон мегӯяд: Гули маснуъӣ, гули табиӣ намешавад, зеро гули табиӣ ба худии худ гувоҳ аст, ки шакке дар табиӣ будани он нест.
v Қуръон борҳо таъкид карда, ки аз тарафи Худованд аст, аз ҷумла:
>تَنزِيلُ الْكِتَابِ … مِن رَّبِّ الْعَالَمِينَ <
<إِنَّهُ لَتَنزِيلُ رَبِّ الْعَالَمِينَ>[2]
<تَنزِيلَ الْعَزِيزِ الرَّحِيمِ>[3]
<تَنزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ>[4]
<تَنزِيلُ الْكِتَابِ مِنَ اللَّهِ الْعَزِيزِ الْعَلِيمِ>[5]
<تَنزِيلٌ مِّنَ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ>[6]
<تَنزِيلٌ مِّنْ حَكِيمٍ حَمِيدٍ>[7]
<تَنزِيلًا مِّمَّنْ خَلَقَ الْأَرْضَ وَالسَّمَاوَاتِ الْعُلَى>[8]
Оре, касе Қуръонро нозил кард, ки тамоми ҳастӣ аз Ӯст, бар ҳама чиз султа дорад, Азиз, Раҳим, Ҳаким, Алим ва Ҳамид аст.
Паёмҳо:
- Қуръон дар ҳамон асри нузул ба сурати китоб дар омадааст.
- Дар ҳақ будани Қуръон шакке нест, зеро аз сӯи Парвардигори ҷаҳониён аст.
- Рубубияти Худованд, муқтазии фиристодани китоби мутқан ва халалнопазир аст.
- Китоби ташриъ, бо низоми таквин ҳамоҳанг аст.
- Нузули китоб барои рушд ва камол аст, он ҳам рушд ва тарбияти ҳамаи ҳастӣ.
<أَمْ يَقُولُونَ افْتَرَاهُ بَلْ هُوَ الْحَقُّ مِن رَّبِّكَ لِتُنذِرَقَوْمًا مَّا أَتَاهُم مِّن نَّذِيرٍ مِّن قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَهْتَدُونَ>
«Оё мегӯянд: (Паёмбар) Қуръонро ба дуруғ сохта? Балки он ҳамон ҳаққи мунҳасир ба фард аст, ки аз тарафи Парвардигорат мебошад, то қавмеро, ки қабл аз ту ҳеҷ ҳушдордиҳандае борояшон наёмада буд битарсонад, то шояд ҳидоят ёбанд.»
Нуктаҳо:
v «Назир», аз «инзор» ба тарсондан ҳамроҳ бо огоҳӣ гуфта мешавад, ки ҳамон ҳушдор аст.
v Суол: Бо ин ки Қуръон мефармояд:<وَإِن مِّنْ أُمَّةٍ إِلَّا خلَا فِيهَا نَذِيرٌ>«Ҳеҷ уммате бе паёмбар набудааст»
Пас чигуна ин оя мефармояд: Қабл аз ту ҳеҷ паёмбаре барои мардуми Макка наёмада буд?
Посух: То қабл аз Ислом, сокинони ҷазиратул Араб ва мардуми Макка муташаккил нашуда ва ба сурати уммат дар наёмада буданд ва пароканда ва мутафарриқ зиндагӣ мекарданд.
Паёмҳо
- Нақли шубоҳати динӣ ва суханони ботил, барои радди он монеъе надорад.
- Такзиби Қуръон, шеваи доимии куффор аст. Вале шумо ҳақро бигӯед ва аз ҳидояташон маъюс нашавед.
- Куффор, мантиқ надоранд ва аз ҳарбаи туҳмат истифода мекунанд.
- Дар баробари талоши мухолифон барои тазъифи ҳақ, бояд ҳақ ва пайравони ҳақро тақвият кард.
- Сарчашмаи ҳақ, Худост.
- Худованд ба шахси Расули Акрам(с) инояти хоссе дорад.
- Аз аҳдофи аслии беъсати анбиё, инзори мардум аст.
- Ошноӣ бо гузаштаи мухотаб, барои мубаллиғ лозим аст.
- Инзор, барои ҳидоят аст.
- Китоб ва паёмбар барои ҳидояти инсон кофӣ нестанд, ин худи инсон аст,, ки бояд замина ва истеъдоди ҳидоятро дар худ ба вуҷуд оварад ва онро интихоб ва ихтиёр кунад.
>