Даромад
Сабр ва истиқомат дар омӯзаҳои динӣ ҷойгоҳи баланде дорад. Дар Қуръони Карим оёти фаровоне вуҷуд дорад, ки аз мақоми волои сабр ва манзалати болои собирон хабар медиҳад ва онро шарти нусрат ва пирӯзии Худо медонад. Худо мефармояд: ”Эй Расул, мӯъминонро бар ҷанг тарғиб кун, ки агар бист нафар аз шумо сабур ва пойдор бошанд бар дусад нафар ғолиб хоҳанд шуд ва агар сад нафар бошанд бар ҳазор нафар аз кофирон ғалаба хоҳанд кард…”[2].
Дар азамат ва бузургии сабр ва пойдорӣ ҳамин бас, ки Худои Мутаол дар оёти фаровоне Расули худро ба он фармон додааст, ки ин ду оя аз ҷумлаи онҳост:
“(Эй Расули мо), ту ҳам монанди пайғамбарони улулъазм (дар таблиғи дини Худо ва таҳаммули азияти уммат) сабур бош ва бар азоби уммат шитоб накун…”[3]ва ояти шарифаи: “(Эй Муҳаммад(с)), пас сабр ва истиқомати зебо пеша кун”[4].
Ҳамчунин Худои Мутаол дар панҷоҳ ояти Қуръон бар аҳамият ва ҷойгоҳи истиқомату шикебоӣ ишора карда муслиминро тавсияю ташвиқ ба сабр намудааст. Ҳақиқати ин суханро метавон дар оёти 24, 146, 153, 46, 137, 24 ва 35-и сураҳои Раъд, Наҳл, Оли Имрон, Бақара, Анфол, Саҷда, Аъроф ва Фуссилат мушоҳида кард.
Дар ривоёт низ азамату аҳамият ва ҷойгоҳи волои сабру истиқомат баён шудааст. Ин нуктаро метавон аз посухи Расули Акрам(с) дар ҷавоби саволкунандае, ки ҳазратро аз “имон” пурсид, дарк кард, ки он бузургвор сабрро ҳамвазни бо имон муаррифӣ намуд.[5]
Бешак сабр сари имон,[6] барозандатарин пӯшиши имону шарифтарини хислатҳои инсон,[7] ёридиҳандаи некӯ дар ҳар кор[8] ва беҳтарин тӯша ва паноҳ аст.[9] Имом Содиқ(а) фармуд: “Ҷойгоҳи сабр нисбат ба имон монанди сар нисбат ба бадан аст чун бо аз байн рафтани сар, бадан аз байн меравад ҳамчунон бо аз байн рафтани сабр, имон низ аз байн хоҳад рафт”.[10]
Самарот ва осори сабр
Ростӣ кист, ки аз талхии сабр ва меваи ширини он баҳрае набурда бошад? Паёмбари Аъзам(с) ба Абӯзари Ғифорӣ(рз) фармуд: “Бегумон пирӯзӣ бо сабр аст”.[11]
Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) дар бораи сабр ташбеҳи зебое дорад: ”Ҳар кӣ бар маркаби сабр нишинад, ба сӯи мақсади пирӯзӣ роҳ барад”[12]. Ва низ дар ин замина фармуд: ”Шикебоӣ калиди раҳоӣ аст ”.[13]
Намунаи сабр ва шикебоӣдарсираиРасулиХудо(с)
Расули Гиромии Ислом(с) дар тули бисту се соли пайғамбарии худ бештари вақтҳо ба озору азият ва бемеҳриҳои афроди ғофил гирифтор мешуд. Он бузургвор сездаҳ сол дар Макка дар заминаи ҷиҳоди ақидатию ахлоқӣ ва тарбиятӣ устувор буда даҳ соли дигар дар Мадина бар ҷиҳоди иқтисодию сиёсӣ ва низомӣ истиқомат карданд. Намунае аз озору азияти ҷоҳилон ҷанги Уҳуд аст, ки дандонҳои муборакашро шикастанд ва чеҳраи нозанинашро хунолуд карда ва пешонии нӯрониашро шикофтанд, аммо он бузурвор бо бузургворӣ дар посухи афроде, ки мехостанд Паёмбар(с) он ҷоҳилонро нафрин кунад, чунин фармуданд: “Ман фиристода нашудам, то инсонҳоро лаънат кунам, балки ман барои даъвати ба ҳақ ва раҳмат барангехта шудаам. Худоё, қавми манро ҳидоят кун, зеро онҳо намефаҳманд”.[14]
Расули Гиромии Ислом(с) намунаи ибрати собироне буд, ки Худо дар Қуръон аз онҳо ба некӣ ёд кардааст. Ин ҳақиқате аст, ки дар тамоми ҷиҳоти ҳаёти он ҳазрат(с) қобили мушоҳида аст.
Бешак Расули Худо(с) мисли дигар паёмбарони илоҳӣ(а) дар тӯли рисолати худ борҳо мавриди азият қарор гирифтанд, чуноне ки фармудаанд: ”Ҳеҷ касе дар роҳи Худо ба андозаи ман озор надидааст”.[15] Аммо ҳеҷ ҷое суроғ надорем, ки он ҳазрат ноумед шуда забон ба шикоят кушода бошад, чун бино ба навиштаи сиранависон Расули Худо(с) аз ҳама мардум бар гуноҳони халқ шикеботар ва собиртар будааст.[16]
Он ҳазрат ҳангоми муносибат бо афроди хонавода камоли эҳтиромро риоят менамуданд ва агар аҳёнан аз ҳамсарон ё хидматгузоронаш хато ё иштибоҳе сар мезад, бо камоли оромиш ва шикебоӣ аз он гузашт мекарданд. Ҳақиқати ин суханро метавон аз каломи Анас ибни Молик(рз) мушоҳида кард, ки чунин мегӯяд: “Ман муддати нуҳ сол Паёмбар(с)-ро хидмат кардам ва ҳеҷ гоҳ надидам, ки эрод гирифта, гуфта бошад, ки “Чаро чунин накардӣ ва ё кардӣ” ва ҳаргиз аз ман эрод нагирифт”.[17]
Дар баёни аломатҳои инсони собир чунин мефармояд: “Нишонаҳои инсони шикебо се чиз аст; 1) танбалӣ намекунад, 2) дилтангӣ намекунад ва 3) аз Парвардигораш шиква намекунад, зеро агар танбалӣ кунад, Ҳақро табоҳ мекунад ва агар дилтангӣ кунад, шукрро ба ҷо намеоварад ва агар шиква кунад, яқинан Парвардигорашро нофармонӣ мекунад”.[18]
Худоё, ба мо тавфиқи пайравии Паёмбар(с)-ро дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёт иноят фармо ва cабру истиқоматро ҳангоми бархӯрд бо номулоимоти он қарини роҳамон гардон.
Муҳаммадалии Сафарӣ[1]
[1] Донишпажӯҳи аршади забон ва адабиёти арабӣ
[2] Сураи Анфол, ояти 65
[3] Сураи Аҳқоф, ояти 35
[4] Сураи Маориҷ, ояти 5
[5] Биҳор, ҷ.71, саҳ. 81
[6] Ғурарулҳикам, ҷ.1, саҳ.21
[7] Ҳамон, саҳ.97
[8] Ҳамон, саҳ.40
[9] Ҳамон, саҳ.21
[10] Биҳор, ҷ.71, саҳ. 81
[11] Амолӣ, ҷ.2, саҳ. 149
[12] Биҳор, ҷ.78, саҳ. 79
[13] Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, ҷ.20 саҳ. 307
[14] Қозӣ Аёз, Ашшифо битаърифи ҳуқуқил Мустафо(с), ҷ.1 саҳ. 135-137
[15] Суютӣ, Ҷомеъуссағир, ҷ.2 саҳ. 488
[16] Ҳамон, саҳ. 304
[17] Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ.8 саҳ. 334
[18] Биҳор, ҷ.71, саҳ. 86