Ҳукумати ҳазрати Маҳдӣ(а) қабл аз Қиёмат

Дар мавриди қабл аз Қиёмат Паёмбари Акрам(с) нишонаҳое дода аст, ки то онҳо муҳақақ нашавад Қиёмат барпо нахоҳад шуд.

Яке аз он нишонаҳо омадани ҳазрати Маҳдӣ(а) мебошад ва баъд аз омаданаш ҳам ҳукумат хоҳад кард ва зулму ситаму беадолатиро бо омилонаш аз байн хоҳад бурд ва мустазъифон ва мазлумон ба ҳақи худ хоҳанд расид. Лизо инҷо се намуна аз ривоётеро, ки Паёмбари Акрам(с) ба омадани ҳазрати Маҳдӣ(а) башорат додаанд меоварем:

Ибни Моҷа дар сунани худ овардааст, ки Расули Худо(с) фармуданд:

“Мо аҳлибайте ҳастем, ки Худо ба ҷои ин дунё охиратро барои мо баргузидааст. Ҳамоно аҳлибайтам пас аз ман дучори оворагӣ, сахтӣ ва гирифторӣ хоҳанд гардид, то ин ки гуруҳе аз машриқ бархезанд, ки бо худ парчамҳои сиёҳ доранд, онҳо ҳақро талаб мекунанд, ки ба онҳо дода намешавад, пас меҷанганд ва пирӯз мешаванд ва ҳарчи бихоҳанд ба онҳо дода мешавад вале онҳо намепазиранд, то ин ки пур аз зулму ситам шуда бошад. Пас ҳар кас он замонро дарёбад ба сӯи он бишитобад, ҳар чанд чаҳор дасту по бар рӯи барф ва ё ях ба сӯи онон биравад”.[1]

Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Найшобурӣ дар китоби саҳеҳи худ аз абу Саиди Хударӣ ва Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ нақл мекунад, ки Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

«Дар охири замон (Қиёмат) халифае меояд, ки молро тақсим мекунад(ба таври Мусовӣ ва одилона) ва онро намешуморад».[2]

Шуморо ба маҳди навид медиҳам ки дар миёни уммати ман дар ҳангоми ихтилофи мардум ва буҳронҳо барангехта мешавад ва заминро пур аз адлу дод мекунад ҳамчунон ки пур аз ҷавру ситам шуда аст.[3]

Ёсин
____________________________

[1] . Сунуни ибни Моҷа, ҷ. 2, боби хуруҷул Маҳдӣ.

[2] . Саҳеҳ Муслим, ҷ. 2, китобул фитан, ҳадиси 69.

[3] . Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал Ҷ. 3, саҳ 37.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,