Ҳиммат ва кӯшиш

Ҳиммат ва кӯшиш

Рӯзе ҳазрати Сулаймон мӯрчаеро дар таги кӯҳе дид, ки машғули ҷо ба ҷо кардани хокҳои пойини кӯҳ буд.

Аз ӯ пурсид: Чаро ин ҳама сахтиро таҳаммул мекунӣ?

Мӯрча сарашро боло овард ва посух дод: Маъшуқаам ба ман гуфтааст, ки агар ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунӣ, ба висоли ман хоҳӣ расид ва ман ба ишқи висоли ӯ мехоҳам ин кӯҳро ҷо ба ҷо кунам.

Сулаймони набӣ фармуд: Ту агар умри ҳазрати Нуҳро ҳам дошта бошӣ наметавонӣ ин корро анҷом диҳӣ.

Мӯрча гуфт: тамоми кушишамро мекунам…

Ҳазрати Сулаймон, ки бисёр аз ҳиммат ва пуштикори мӯрча хушаш омада буд, барои ӯ кӯҳро ҷо ба ҷо кард.

Мӯрча рӯ ба осмон карду гуфт: Шукр мекунам Худоеро, ки дар роҳи ишқ, пайғамбареро ба хидмати мӯрчае дармеоварад.

Натиҷа: Ҳаргиз ноумедиро дар ҳарими худ роҳ надиҳед ва бо ишқ, тамоми саъй ва талошатонро бикунед… ва ба ёд дошта бошед, ки пайғамбаре ҳамеша дар ҳамин наздикиҳо аст.

Охирин матолиб

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *