Эъҷози илмии Қуръон
Манзур аз эъҷози илмӣ, ишорати илмие аст, ки аз бархе оёти Қуръон намудор шуда ва баёни он ҳадафи аслӣ набудааст, зеро Қуръон китоби ҳидоят аст ва ҳадафи аслии он ҷиҳат бахшидан ба зиндагии инсон ва омӯхтани роҳи саодат ба ӯст, на баёни масоили илмӣ. Аз ин рӯ агар дар Қуръон ба бархе ишороти илмӣ бармехӯрем, бадон сабаб аст, ки ин сухан аз манбаи саршори илму ҳикмати илоҳӣ нашъат гирифта ва аз сарчашмаи илми бепоён ҳикоят дорад:
﴿قُلْ أَنزَلَهُ الَّذِي يَعْلَمُ السِّرَّ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ…﴾[1]
“Бигӯ: Онро зоте нозил сохтааст, ки асрори осмонҳо ва заминро медонад…”
Масоили илмие, ки Қуръон ба онҳо ишора намуда, умуре ҳастанд, ки дар оғози Ислом роҳе барои шинохти онҳо набудааст, магар аз роҳи ваҳй ва бо пешрафти илму дониши башарӣ, бархе аз онҳо маълум гардида ва азамати Қуръон барои донишмандон бештар ошкор гардида, ки чи гуна дар 1400 сол пеш, Қуръон аз онҳо ёд намуда; башари он рӯз, дарке аз онҳо надошта, ҳамон тавре ки башари имрӯзӣ низ, дар мавориде дарке аз масоили илмии Қуръон надорад ва шояд ҳазорон сол лозим аст бигзарад, то нукоти дақиқи илмии Қуръон шиносоӣ шавад.
Аз ҷумла масоили илмии Қуръон, “ишора ба завҷият”, “амали лиқоҳи бодҳо”, “мавзун будани об”, “ҳаракати фалакҳо”[2] ва … мебошад, ки ба ихтисор ба ҳар як пардохта мешавад:
1) Завҷият дар Қуръон
Қуръон дар бархе аз оёт ба “завҷияти” ҳар шайъ ишора мекунад ва мефармояд:
﴿وَهُوَ الَّذِي مَدَّ الْأَرْضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنْهَارًا وَمِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ جَعَلَ فِيهَا زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ﴾[3]
“Ва Ӯ касе аст, ки заминро густаронид ва дар он (кӯҳҳои) устувор ва ҷӯйҳо қарор дод ва аз ҳамаи маҳсулот дар он як ҷуфти дутоӣ қарор дод… .”
Ва дар ҷои дигар мефармояд:
﴿وَمِن كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ﴾[4]
“ Ва аз ҳар чиз ҷуфте офаридем, бошад, ки шумо мутазаккир шавед.”
Худованди мутаол дар оёти ёдшуда ба вуҷуди завҷият барои тамомии ашё ишора менамояд ва баён медорад, ки дар зиндагии инсон, ҳайвонот, наботот, ҷомидот ва …, завҷият вуҷуд дорад ва ҳар кадом, дорои нару мода ҳастанд, ки аз тариқи амали лиқоҳ борвар мешаванд; агар “Лина” донишманди маъруфи Суедӣ дар қарни 18 мелодӣ мувафақ ба кашфи масъалаи завҷият дар гиёҳон мешавад ва баён медорад, ки ҷаҳони гиёҳон ҳамчун ҳайвонот аз тариқи омезиши нутфаи нару мода борвар мешаванд,[5] Қуръон дар чаҳордаҳ қарн қабл, онро баён доштааст.
Завҷият дар ҳамаи ашё вуҷуд дорад ва аз ҷумла дар олами “атомҳо”, имрӯза рӯшан шудааст, ки атом аз аҷзои мухталифе ташкил шуда, аҷзое ки дорои бори электрикии манфӣ ҳастанд ва “электрон” номида мешаванд ва аҷзое ки дорои бори электрикии мусбат ва “протон” номида мешаванд.[6] Мумкин аст мақсуд аз завҷият, ду ҷинси мутақобил бошад, монанди шабу рӯз, осмону замин, дарё ва хушкӣ, хуршеду осмон, ҷину инс, нармӣ ва зебрӣ, нур ва зулмат ва … чунон чи дар ривояте аз Имом Ризо (р) омадааст, ки:
Худованд ашёи ҷаҳонро мутазод офарида, то рӯшан шавад барои ӯ зидде нест ва онҳоро бо ҳам қарин сохта, то маълум шавад қарине барои ӯ нест. Нурро зидди зулмат ва хушкиро зидди тарӣ, ва хушунатро зидди нармиш ва сарморо зидди гармо қарор дода, дар айни ҳол ашёи мутазодро ҷамъ карда ва мавҷудоти наздик ба ҳамро аз ҳам ҷудо намуда, то ин ҷудоӣ, далел бар ҷудокунанда ва он пайвастагӣ, далел бар пайванддиҳанда бошад ва ин аст маънои ﴿وَمِن كُلِّ شَيْءٍ خَلَقْنَا زَوْجَيْنِ﴾[7][8] “ Ва аз ҳар чиз ҷуфте офаридем”.
2) Амали лиқоҳи бодҳо
Худованд мефармояд:
﴿وَأَرْسَلْنَا الرِّيَاحَ لَوَاقِحَ…﴾[9]“Ва бод(ҳо)-ро борваркунандаи (абрҳо ва гиёҳон) фиристодем… .”
Ояти шарифа ишора дорад, ки бархе аз дарахтон ва … барои борвар шудан ниёз ба амали лиқоҳи бодҳо доранд. Аз ин рӯ бодҳо борваркунандаанд; ояти шарифа метавонад ишора ба талқиҳи гиёҳон ба василаи бодҳо ва гардафшонӣ бошад, зеро бодҳо нақши муҳимме дар интиқоли гардаҳои нутфаи нар ва борвар сохтани гиёҳон доранд, ҳамчунон ки ояти шарифа метавонад ишора ба амали лиқоҳи абрҳо тавасути бодҳо бошад, ки муҷиби нузули борон аст, зеро дар идомаи оят, аз нузули борон ҳам сухан гуфта шудааст.[10]
3) Гаҳвора будани замин
Худованди мутаол мефармояд:
﴿الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ مَهْدًا وَسَلَكَ لَكُمْ فِيهَا سُبُلًا﴾[11]
“(Ҳамон) касе, ки заминро барои шумо бистаре (барои истироҳат) қарор дод ва барои шумо роҳҳое дар он падид овард… .”
Худованд, заминро ташбеҳ ба гаҳворае мекунад, ки барои нишастан ва истироҳат муҳаё шуда ва гӯё инсон, кӯдаке аст, ки ба маҳди замин супурда шуда ва дар онҷо ҳама васоили осоиши ӯ фароҳам аст.
Дар ояти шарифа, заминро маҳди оромиш ва осоиш қарор додааст ва ҳаракатҳои вазъӣ ва интиқолии он бисёр ором аст ва ба воситаи куравӣ будани замин ва қонуни ҷозибаи он ва ҳамчунин қишри азиме, ки атрофи онро гирифтааст (ҷави замин), метавонад маҳали осоиш ва роҳатӣ ва макони амне барои зиндагӣ бошад; Худованд дар ояти мазкур ҳам бар ҳаракати замин ишора дорад ва ҳам бар маҳали осойиш будани он, то битавонад муҷиби рушд ва таолии башар бошад.[12]
4) Густариши замин
Худованд мефармояд:
﴿وَالْأَرْضَ بَعْدَ ذَٰلِكَ دَحَاهَا﴾[13]
“Ва баъд аз он, заминро густариш дод.”
Калимаи “даҳв” ба маънои густариш додан аст ва ишора ба он дорад, ки дар оғози хилқати замин тамоми сатҳи заминро обҳо фаро гирифта буданд. Ин обҳо ба тадриҷ дар суфраҳои зеризаминӣ ҷой гирифтанд ва хушкиҳо аз зери об сар бароварданд ва рӯз ба рӯз густардатар шуданд[14], то ин курраи хокӣ ба вазъи кунунӣ даромад.
Дар бораи густариши замин, ба ин нукта низ ишора шудааст, ки тавсиа ва густариши замин ба ҳамроҳи шакли куравияти он аст, албата ин густариш ёфтан танҳо ба замин ихтисос надорад, балки осмонҳоро низ шомил мешвад, ки Худованди мутаол мефармояд:
﴿وَالسَّمَاءَ بَنَيْنَاهَا بِأَيْدٍ وَإِنَّا لَمُوسِعُونَ﴾[15]
“Ва осмонро бо қудрат бинояш кардем ва қатъан мо густаришдиҳанда ҳастем.”
Оёти мазкур ба густариши ҷаҳони ҳастӣ ишора дорад, зеро кураи замин бар асари ҷазби маводи осмонӣ кам-кам бузургтар ва осмонҳо низ бар асари суръати каҳкашонҳо ва дур шудани онҳо дар ҳоли тавсеа ҳастанд, чунон ки яке аз донишмандон мегӯяд: фазои ҷаҳон, ки аз милёрдҳо каҳкашон ташкил ёфта, дар як ҳолат инбисоти сареъ аст.[16]
5) Об асли ҳаёт
Худованди мутаол мефармояд:
﴿…وَجَعَلْنَا مِنَ الْمَاءِ كُلَّ شَيْءٍ حَيٍّ أَفَلَا يُؤْمِنُونَ﴾[17]
“Ва ҳар чизи зиндаеро аз об қарор додем! Пас оё имон намеоваранд?”
Дар ояти шарифа, ба асли илмии офариниши ҳаёти ҳар шайъ аз об ишора намудааст, ки баёнгари ҳаёти ҳамаи мавҷудот аам аз гиёҳон ва ҳайвонот аз об буда ва оғози ҳаёт ва зиндагӣ аз он аст.[18] Қисмати умдаи бадани инсон ва бисёре аз ҳайвонотро об ташкил медиҳад. Агар Қуръон дар офариниши инсон ҳам таъбир ба хоку гил мекунад, ишора ба ҳамон таркибе аст, ки аз обу хок фароҳам шудааст.
Худованд фармудааст:
﴿وَاللَّهُ خَلَقَ كُلَّ دَابَّةٍ مِّن مَّاءٍ …﴾[19]
“Ва Худо ҳар ҷунбандаеро аз обе офарид.”
Ва мефармояд:
﴿وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ مِنَ الْمَاءِ بَشَرًا…﴾[20]
“Ва Ӯ касе аст, ки аз об, башареро офарид… .”
Ки баёнгари суратгари хилқати инсон аз об аст ва ишора ба оғози ҳаёт дорад, ки аз об ношӣ шудааст.
6) Ҳаракати фалакҳо
Худованди мутаол мефармояд:
﴿وَهُوَ الَّذِي خَلَقَ اللَّيْلَ وَالنَّهَارَ وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ﴾[21]
“Ва Ӯ касе аст, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид, дар ҳоле ки ҳар як дар мадоре шиноваранд.”
Ояти мазкур ишора ба ҳаракати каҳкашонҳо дорад, ки дар осмон шиноваранд ва манзур аз ҳаракати хуршед, ҳаракати давронӣ ба даври хеш ва ё ҳаракате аст, ки ҳамроҳи манзумаи шамсӣ дорад. Гуфта шуда, тамоми фалакҳо, дар каҳкашонҳои худ дар ҳаракате шиноваранд, ки илми имрӯз ба чигунагии бархе аз онҳо пай бурдааст, вале Қуръон дар ҳазору чаҳорсад соли пеш бар он ишора намудааст.[22]
Ҳаракати шаҳобҳо ба сӯи замин ва контроли онҳо тавасути нерӯе дар баробари замин, нерӯи ҷав ва газҳои атрофи замин ва дигар кураҳо аз шигифтиҳое ҳастанд, ки имрӯз донишмандон ба бархе аз онҳо пай бурдаанд. Мурисин мегӯяд: Агар ҳавои муҳити замин андаке аз ончи ҳаст рақиқтар мебуд, аҷроми самовӣ ва шаҳобҳое, ки ҳар рӯз ба миқдори чанд миллион адад ба он бархурд мекунанд ва дар ҳамон фазои хориҷ мунфаҷир мешавад, доиман ба сатҳи замин мерасиданд ва ҳар гӯшаи онро мавриди исобат қарор медоданд.[23]
7) Пӯшиши ҳавоӣ ҳофизи замн
﴿وَجَعَلْنَا السَّمَاءَ سَقْفًا مَّحْفُوظًا وَهُمْ عَنْ آيَاتِهَا مُعْرِضُونَ﴾[24]
“Ва осмонро сақфи маҳфуз (бар фарози замин) қарор додем, ки инон аз нишонаҳои он рӯй гардонданд.”
Гирди заминро пӯшиши ҳавоии захиме фаро гирифта, ки иртифои он ба 350 километр мерасад. Ҳаво аз газҳои “нитроген” ба нисбати 78,03 дар сад ва “оксиген” ба нисбати 20,99 дар сад ва оксиди карбон ба нисбати 0,04 дар сад ва бухори об ва газҳои дигар ба нисбати 0,94 дар сад таркиб ёфтааст. Ин пӯшиши ҳавоӣ бо ин ҳаҷми захим ва бо ин нисбатҳои газии фароҳамшуда дар он ҳамчун сипари осебнопазир, заминро дар бар гирифта ва онро аз газанди сангҳои осмонӣ (ки ба ҳадди фаровон[25] ба сӯи замин меоянд ва аз ҳама тараф таҳдиди ҳавлнок барои сокинони замин ба шумор мераванд) ҳифз карда ва зиндагиро барояшон имконпазир месозад.
Ба илова вуҷуди лояи узун дар атрофи замин бисёр аҳамият дорад. Ин лоя, ки дар асари раъду барқ ба вуҷуд меояд, заминро дар баробари партавҳои зарарноки кайҳонӣ муҳофизат мекунад. Агар ин лоя набуд, ҳаёт рӯи замин мумкин намешуд. Қуръон дар ҳазору чорсад сол пеш ба ин падидаҳои илмӣ бо иборати “сақфам маҳфузо” ишора кардааст, ки як эъҷози илмӣ ба ҳисоб меояд.
[1]. Сураи Фурқон, ояти 6.
[2] . Р.к: Ризоӣ Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Эъҷози илмии Қуръон, Рашт, Китоби мубин, бахши севвум ва чорум.
[3]. Сураи Раъд, ояти 3.
[4]. Сураи Зориёт, ояти 49.
[5]. Тафсири Намуна, ҷ.10, саҳ.115.
[6]. Ҳамон, ҷ.22, с376.
[7] . Аруси Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Нурус сақалайн, ҷ.5, саҳ.130.
[8]. Сураи Зориёт, ояти 49.
[9]. Сураи Ҳиҷр, ояти 22.
[10]. Тафсири Намуна, ҷ.11, саҳ.61.
[11]. Сураи Тоҳо, ояти 53.
[12]. Тафсири Намуна, ҷ.13, саҳ.222.
[13]. Сураи Нозиот, ояти 30.
[14]. Ҳамон, ҷ.26, с.100 ва ҷ.22, с.374.
[15] . Сураи Зориёт, ояти 47.
[16] . Оғоз ва анҷоми ҷаҳон, с.74, ба нақл аз тафсири Намуна, ҷ.22, с.374.
[17] . Сураи Анбиё, ояти 30.
[18] . Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаул баён, ҷ.7, саҳ.72.
[19]. Сураи Нур, ояти 45.
[20]. Сураи Фурқон, ояти 54.
[21]. Сураи Анбиё, ояти 33.
[22]. Тафсири Намуна, ҷ.13, саҳ.400.
[23]. Моррисон, Курс, Рози офариниши инсон, саҳ.34.
[24]. Сураи Анбиё, ояти 32.
[25]. Рӯзона миллионҳо санги осмонӣ ба сӯи замин равона мешвад.