Омӯзиши фаннӣ ва ҳерфаӣ:
Фаъолияту кор аз фақру нотавонӣ, пешгирӣ менамояд ва омӯзиши касбҳое, монанди: кишоварзӣ, санъат, тиҷорат, дузандагӣ, оҳангарӣ, кафшергари, биноӣ, насоҷию бофандагӣ ва ҳамчунин, ҳирфаҳои ҷадиде монанди: омӯзиши компютер, интернет, электрикӣ, муҳандисӣ, меконикӣ, лулакашӣ ва …. ҳама муфиданд ва аз назари шариати исломӣ воҷиби кифойӣ ба шумор меояд.
Ин мавзӯъ бо ин ояти Қуръон дар иртибот аст ки: “Ятимонро биёзмоед, то он гоҳ ки ба синни издивоҷ мерасанд, агар аз онон салоҳият ва ҳусни тасарруфро дидед, амволашонро ба эшон супоред” (Нисо, ояти 6). Уламои ҳамаи мазоҳиб бар ин боваранд, ки омӯзиши фунун ва ҳирфаҳо ба кӯдакони ҳар як бо таваҷҷӯҳ ба алоқа ва истеъдодашон воҷиб аст, аммо муомилаи кӯдаконе, ки ба синни булуғ нарасидаанд, бояд бо иҷозаи соҳибони онҳо бошад.
Тарбияти отифӣ ва инсонӣ
Манзур аз тарбияти отифӣ, тақвияти ҷанбаҳои инсонии кӯдакон, монанди: эҳсоси лаззат, эҳсоси дард, шодмонӣ, андӯҳ, исор, ҳубби некӣ ва танаффур аз бадист. Қуръон ба бархе аз ин авотиф ва эҳсосот, монанди: муҳаббати дутарафа миёни Худованд ва бандагонаш ишора намуда ва мефармояд: “Бархе аз мардум ҳастанд, ки ғайр аз Худованд, худогунаҳоеро интихоб мекунанд ва онҳоро ҳамчун Худо дӯст медоранд, аммо касоне, ки имон овардаанд Худовандро бисёр бештар дӯст медоранд.” (Бақара, ояти 165)
Ҳамчунин мефармояд: “Худованд мардумеро ба ҷои эшон хоҳад овард, ки Худованд дӯсташон медорад ва онон низ Худовандро дӯст медоранд. Онҳо нисбат ба мӯъминон нарм ва фурутан буда ва дар баробари кофирон қотеъ ва нерӯманд ҳастанд.” (Моида, ояти 54)
Дар ҷои дигар мефармояд: “Онҳое, ки пеш аз омадани муҳоҷирон, хона ва кошонаи (ислом)-ро омода кардаанд ва имонро (дар дили худ устувор доштанд), касонеро, ки ба назди онҳо муҳоҷират намуда, дӯст медоранд ва аз дарун ба чизҳое, ки ба муҳоҷирон дода шуда эҳсоси рағбат ва ниёз наменамоянд ва эшонро бар худ муқаддам мекунад ҳарчанд, ки худ сахт ниёзманд ҳастанд.” (Ҳашр, ояти 9) Дар суннати набавӣ омадааст, ки “Имони ҳеҷ як аз шумо комил нест, магар он ки маро аз падару модар ва ҳама мардум бештар дӯст бидорад”. “Ҳеҷ як аз шумо имонаш комил нест магар он ки ҳар чиро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародари мусалмонаш низ дӯст бидорад”. Манзур аз муҳаббати Расули Худо(с), муҳаббат ва ишқ ба рисолат ва аҳкоми шариати Ӯст.
Рафтори муҳаббатомези меҳрубонона, бозию шӯхӣ, бӯсидану, навозиш, ҳадя додану хушрӯйӣ ба ҳангоми омаду рафт, аҳаммият додану пурсуҷӯ дар мавриди кӯдакон фарқ намекунад байни ятим ва ғайриятим, духтар бошад ё писар, сабаби рушди отифӣ ва эҳсоси онҳо мешавад. Ҳамчунин баробарӣ миёни онҳо дар муҳаббат, ҳадя додан, миёнаравӣ дар муҳаббату хушунат барои пешгирӣ аз эҷоди ақида дар кӯдакон зарурист ва ба шиддат бо падидаи духтарситезӣ, ки ҷузъи фарҳанг ва одати аъроби асри ҷоҳилият буда, лозим аст мубориза шавад. Қуръон дар ин бора мефармояд: “Ҳангоме ки ба яке аз онҳо муждаи таваллуди духтар дода мешуд (аз шиддати нороҳатӣ чеҳрааш тағйир мекард) ва сураташ сиёҳ мегардид ва аз хашму андуҳ пур мешуд ва ба хотири ин муждаи баде, ки ба ӯ дода шудабуд аз қавм ва қибилааш худро пинҳон мекард (ва саргаштаву ҳайрон ба худ мегӯфт:) Оё ин нангро бар худ бипазирад, (духтарро нигоҳ дорад ва ё ӯро зинда ба гӯр созад,) ба ростӣ, бисёр бад қазоват мекарданд ва тасмим мегирифтанд.” (Наҳл, ояти 58-59)
Ҳамчунин, Худованд хонаводаро аз бадрафторӣ бо кӯдакони ятим ва сӯӣ истифода аз амвол ва зерипо ниҳодани ҳуқуқашон бар ҳазар медорад ва мефармояд: “Ба амволи ятимон наздик нашавед, магар он кӣ ба беҳтарин ваҷҳ ва (ба нафъи онҳо бошад) то замоне ки ба ҳадди булуғ ва пухтагӣ мерасанд.” (Исро, ояти 34)
Ҳамчунин мефармояд: “Бегумон касоне, ки амволи ятимонро ба нораво ва ситамгарона мехӯранд, мисли ин ки оташро дар шикамҳояшон мерезанд, ва дар рӯзи қиёмат ба оташи сузоне хоҳанд сӯхт.” (Нисо, ояти 10)
Хулосаи сухан ин аст, ки тарбияти отифӣ ва рӯҳӣ ба василаи эҳтиром гузоштан ба кӯдакон ва муҳаббат кардан ва эҳтимом варзидан ба онҳо таҳаққуқ меёбад ва шахсияти онҳо барои зиндагии солим тақвият мешавад.
Тарбияти фикрӣ
Ҳамгом бо рушди ҷисмӣ ва тарбияти баданӣ, таваҷҷӯҳ ба рушди фикрӣ ва тақвияти ақлии кӯдакон зарурист ва ҳатто дар ҷои аввал қарор дорад; зеро нуқтаи тафовути асосии инсон бо ҳайвон, бархӯрдории инсон аз нерӯи тааққул ва андешидан аст. Аз тарафи дигар, ақл абзори дониш ва маърифат ва лозимаи мукаллаф будан мебошад ва инсонро ба сӯи ҳидояту саодат ва парҳез аз шарру шақоват иршод менамояд. Тафаккур ва андешидан дар бораи Ислом воҷиб ва фаризааст ва ҳадаф аз тарбияти фикрӣ расидан ба истиқлоли фикрӣ ва ақлӣ дар ҳудуди завобит ва чорчубаҳои динӣ ва қуръонист, ки инсонро ба тааммул ва тааққул дар офариниши осмонҳо ва мавҷудоти замин фаро мехонад, то аз ин тариқ ба ҳаққонияти вуҷудӣ, тавҳид ва яктопарастӣ пай бибаранд, ва аз тақлид ва пайравии кӯр кӯрона аз фарҳангу одоби нодурусти гузаштагон парҳез намоянд ва таҳти таъсири шароити номатлуби иҷтимоӣ қарор нагиранд. Ҳамаи он чӣ баён гардид, баргирифта аз даҳҳо ояти Қуръон аст, ки инсонҳоро ба тааққул ва андешидан дар мавриди падидаҳо ва умури мухталиф ва имон ба адолат ва ҳаққонияти қавонини шариати Худованд фаро хондааст. Барои мисол; дар поёни бисёре аз оёти Қуръон ин ҷумалоти зебо ва пурмуҳтаво омадааст, ки: “Дар ин маврид бораи онҳое ки андеша мекунанд, нишонаҳое дар барои вуҷуди ваҳдонияти Худованд вуҷуд дорад.” (Рум, ояти 24) “Мусалламан дар офариниши осмонҳо ва замин, омаду рафти шабу рӯз нишонаҳо ва далоиле барои хирадмандон аст.”
Тарбияти беҳдоштӣ
Яке аз хусусиятҳои хонаводаи мусулмон, бархӯрдории афроди он аз саломати ҷисмӣ ва рӯҳист, зеро риояти беҳдошт ва назофат яке аз шиорҳои Ислом аст ва ҳама мусулмононро ба риоят покӣ дар ҷисм, либос, маскан, маҳалли кор ва гузаргоҳои умӯмӣ ва ғ. фаро мехонад ва ононро ба риояти муқаррароти хосси инсонӣ, монанди: гирифтани нохун, кандани мӯӣ бағал, тарошидани мӯӣ шармгоҳ, шустани дастҳо қабл ва баъд аз хурдани таом, мисвок задан, гардондани об дар даҳону бинӣ ташвиқ намудааст. Ҳамчунин, дар муносибатҳои мухталифе монанди: Ислом мардумро дар рӯзҳои ҳаҷ, рӯзҳои ид ва иштирок дар иҷтимоот ва ба ҳангоми маносики ҳаҷ, ки ҳадди ақал як бор дар ҳафта бояд оббозӣ намуд, ба ғусл ва назофат даъват намудааст.
Ҳамчунин, фаолиятҳои варзишӣ ва парҳез аз пурхӯрӣ ва гуфтани: “بسم الله الرحمان الرحیم” дар оғоз ва “الحمدالله” баъд аз сарфи ғизо, муроҷиа ба пизишку мутахассис ва парҳез аз бемориҳои гузаранда, монанди ҷуззом, сил ва тоун барои саломатӣ ва тандурустии ҷисмӣ, бисёр муфид хоҳад буд, зеро Расули Худо(с) мефармояд: “Ҳар дардеро дармонест. Ҳар гоҳ доруе барои дарде дуруст ташхис дода шавад, бар асоси суннат ва ризояти Худованд онро беҳбудӣ хоҳад бахшид.”
Ҳамчунин, Расули Худо(с) фармудааст: “Ҳайвоноти бемор ва ҳайвоноти солимро бар сари як обишхӯр ҷамъ накунед.”
Бархе аз дастуроти беҳдоштӣ ва пешгирона дар Ислом иборатанд аз: хобидан бар тарафи рост, хобидан пас аз намози хуфтан, саҳархезӣ барои намози субҳ ва омода шудан барои рафтан ба сари кор. Дар ин замина барои огоҳӣ аз одоби тиббӣ ва беҳдоштӣ дар суннати Расули Худо(с) лозим аст ба тибби набавӣ, ки беҳтарин марҷаи он китоби “Зодул маод” Ибни Қайими Ҷузия аст, муроҷиа шавад.
Тарбияти зебоӣ ва оростагӣ
Худованд инсон ва низоми ҳастиро ба беҳтарин ва зеботарин сурат офарида ва мефармояд: “Касе, ки ҳар чиро офарида, ба беҳтарин ва зеботарин шева офаридааст.” (Саҷда, ояти 7) Ва низ мефармояд: “Ба ростӣ мо инсонҳоро ба беҳтарин ва зеботарин таркиб офаридаем.” (Тин, ояти 4)
Муҳофизат аз зебоиҳои мавҷуд дар муҳити зиндагӣ муқтазои он аст, ки инсон ба зебоӣ ва оростагӣ дуруст эҳтимоми лозимро бидиҳад, зеро Худованди Мутаол мефармояд: “Эй фарзандони одам! Дар ҳар масҷид ва ибодатгоҳе худро (бо либоси оддӣ, ки аврати шуморо мепӯшонад ва бо либоси маънавии тақво) биёроед ва бихӯред ва биёшомед, вале исроф ва зиёдаравӣ накунед, зеро Худованд исрофкоронро дӯст намедорад, (Эй Паёмбар! ба онон) бигӯ: Чӣ касе зебоиҳо ва мавоҳиб ва неъматҳои ҳалолеро, ки Худованд барои бандагонаш офарида, ҳаром намуда?! Бигӯ: (ин неъматҳо ва зебоиҳои ҳалол) дар ин ҷаҳон барои афроди бо имон аст (ва дигарон низ аз он баҳраманд мешаванд, аммо) дар ҷаҳони охират ин ҳо ҳама дар ихтиёри мӯъминон қарор мегирад. Ин гуна оёти (худро) барои касоне тавзеҳ медиҳем, ки огоҳанд ва мефаҳманд.” (Аъроф, ояти 31-32)
Манзур аз тарбияти зебоӣ ва оростагӣ ин аст, ки кӯдакон аз ҷанбаҳои зебоӣ ва оростагии ҷисм ва либоси худ муҳофизат намоянд ва аз ҳама мазоҳири зишт ва нопокӣ ва ғайрибеҳдоштӣ дар бадан, либос ва маҳалли дарс, сукунат, кӯча, хиёбон, парк ва марокизи истироҳатӣ ва умумӣ дури кунанд ва ба хотири пешгирӣ аз зарару зиён ба муҳити зист ва инсон ва ҳайвон аз рехтани зубола ва ашёи изофӣ дар он маҳалҳо худдорӣ намоянд ва онро ба равиши матлуб нобуд кунанд.
Тарбияти ҷинсӣ
Падару модар ба сурати тадриҷӣ ва ҳакимона ва бо таваҷҷӯҳ ба мароҳили умри навҷавонон то расидан ба марҳалаи издивоҷ ба сурати киноя ва ишора ва пас аз булуғ ба таври ошкор бархе аз масоилро барояшон баён кунанд ва аз тарафи дигар фарзанди худро ба одоби иҷоза хостан дар манзил ва ҷоҳои дигар ва чашм фурӯ бастан аз нигоҳ ба номаҳрам ва парҳез аз дидани филмҳо ва аксҳое, ки сабаби таҳрики нобаҳангоми ғаризаи ҷинсии ӯ бишавад, одат диҳанд ва умр истеъдод ва зеҳни ӯро ба дарс, мутолиа, варзиш ва ҳунарҳои исломӣ ва филмҳои муфид ва ҳадафдор машғул кунанд.
Чунон чи тавоноии молӣ ва шароити кор ва таҳсил иҷоза бидиҳад, издивоҷи ба мавқеъ бисёр мутаносиб аст ва ҳатто метавон миёни духтарон, писарони муҳассил ва донишҷуеро…, ки шароити дарсӣ ва молӣ иҷозаи издивоҷро намедиҳад, пас аз тавофуқ ва салоҳдиди наздикон ва хонаводаҳои тарафайн ва алоқа ва ризояти худи онҳо ақди никоҳ ҷорӣ бишавад ва барои ҳифзи иффат ва ҳайсияту шарофати худ ва хонаводаҳояшон, танҳо муошират ва рафту омади оддӣ бо якдигар дошта бошанд.
А. Раҳмат.