Усули тарбияти исломӣ3
Таълиму тарбият ва мутахаллиқ кардани инсонҳо ба ахлоқи исломӣ ва инсонӣ ҳадафи бузурги Паёмбари Ислом (с) будааст, то ҷое ки он ҳазрат мефармояд: Ман муаллим барангехта шудаам.
Маънои тарбият
Таълим ба маънои парвариш додан ва истеъдодҳои дарунии мавҷудро ба феълият расондан аст. [1]
Барои паёмбарон аҳдоф ва вазифаи парвариш ва тарбияти инсонҳо бар асоси омӯзаҳои Қуръонӣ аз аҳдофи мӯҳими онон шумурда мешавад.
Шахсе, ки дар мақоми тарбият қарор мегирад, талош мекунад, то истеъдодҳои нуҳуфтаи худро озод ва шукуфо намояд ва ба нумув ва рушди комил расонад. Бинобар ин, Худованд чун Холиқ ва Офаридгор аст ва мақоми баланд дорад, ашхос ва ашёро ба тавре тарбият ва парвариш медиҳад, ки ба мақоми лоиқ ва шоистаи худ бирасанд. Бар асоси ин тафсир ва маъно, дар мавриди шинохти ин ду вожаи рубубият ва тарбият метавон гуфт, ки ҳар касе, ки иқдом ба тарбияти каси дигаре намояд, ба ӯ мураббӣ гуфта мешавад. Мураббиён бар асоси истеъдодҳои мураббигарии худ, дар таълим ва тарбияти кӯдакон метавонанд истеъдодҳои пинҳони онҳоро ошкор намуда ва шогирдонро ба камол бирасонанд.
Аҳаммияти тарбият
Дар аҳаммияти тарбият ва парвариш ҳамин бас, ки Худованд дар оёти бисёр худро раб ва парвардигори мавҷудот дониста ва пас аз мақоми улуҳият ба рубубияти хеш бар ҷаҳониён ишора мекунад. Дар ояи 129 ва 151 сураи Бақара мақоми тарбият ва рушди инсонҳоро ба унвони вазифаи паёмбарон ва ҳадафи асосии онҳо мешуморад ва тазкия ба маънои раҳосозии шахс аз аносири боздоранда барои дастёбӣ ба мавод ва манобеи нумув ва рушдро аз усули даъват ва вазифаи яко-яки паёмбарон медонад.
Дар ояти 124 сураи Оли Имрон ва ояти 2 сураи Ҷумъа ҳадаф аз омӯзаҳои ваҳёнӣ, фиристодани китоб ва паёмбаронро, таълим, тарбият ва тазкияи инсонҳо медонад. Дар ин масир аст, ки ҳазрати Мусо (а) барои ёфтани истеъдодҳо, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои сиришта дар зоти хеш ва шукуфоиҳои он ба суроғи Парвардигор ва муаллим меравад, ки битавонад ончи дар зоти ӯст ба таълими рушди худ ошкор ва бовар созад. Вай бо он ки худ аз паёмбарони улулазм ва дорои иродаи қавӣ ва устувор аст, ки яке аз динҳои сегонаи ҷаҳониро ба худ сабт кардааст, бо ин ҳама аз ҳеҷ талош ва кӯшише барои шинохти истеъдодҳо ва зарфиятҳои худ даст барнадошта ва мекушад то бо баҳрагирӣ аз устоди доно ва тавоно, онро бишиносад ва шукуфо созад.
Нақши шигифтангези тарбият дар зиндагии инсон (ва ҳатто ҳайвон) бар ҳеҷ хирадманде пӯшида нест чун, ки тарбияти саҳеҳ метавонад фардро ба арзишҳои инсонӣ бирасонад ва агар ғалат афтад вайро ба суқут мекашонад, зеро одамӣ (бар хилофи ҳайвонот, ки огоҳиҳо ва ниёзҳои худро ба сурати ғаризӣ медонанд) дар оғози таваллуд илм ва идрок ва тарбият ва камолро надорад ва ба тадриҷ бо тарбият истеъдодҳои билқувваи ӯ ба феълият мерасад ва рушд ва такомул пайдо мекунад.
Бар ин асос шукуфоии истеъдодҳо ва арзишҳои волои инсонӣ мубтанӣ бар тарбият аст ва инсон шудани инсон ва расидани ӯ ба камоли ниҳоӣ, ҳама бар асоси тарбияти саҳеҳ аст. Ба ҳамин сабаб Абуҳомиди Ғаззолӣ ва хоҷа Насириддини Тӯсӣ ва бисёре аз уламои дигар таълим ва тарбиятро ашрафи саноот ва бартарин донишҳо донистаанд.[2]
Усули тарбияти исломӣ
1-Мӯҳаббат варзидан
Аз дидгоҳи Ислом, муҳаббат яке аз усули тарбиятии кӯдак дар Ислом аст, ки ба шиддат мавриди таъкид қарор гирифта ва муҳаббат накардан ба шиддат накӯҳиш шудааст, аммо дар айни ҳол аз ифрот дар муҳаббат низ наҳй шудааст. Лизо дар канори муҳаббат салобату диққат дар тарбияти кўдак низ мавриди таваҷҷӯҳи акид қарор гирифтааст.
Бар ин асос, кӯдак дар айни ин ки мӯҳаббат мебинад, аммо ялаву раҳо нест, то ҳар коре, ки хост, анҷом диҳад. Аз сӯи дигар дар айни ин ки тарбият мешавад, мавриди меҳру мӯҳаббат ва мудоро низ воқеъ мешавад ва ба ҳамин ҷиҳат аз ифрот дар маломатҳову хушӯнат, ки аз шохисаҳои сармашқи сахтгирӣ бидуни муҳаббат ҳастанд, наҳй шудааст. Шиканҷа ва сахтгирӣ бидуни муҳаббат кӯдаконро дурӯғгӯ мекунад.
2-Ростгӯӣ
Садоқат бартарин хусӯсият дар шахсияти инсон аст. Ростгӯӣ, гӯфтани сӯхани ҳақ ва мутобиқ воқеъ аст.[3]Ин як таъаҳҳӯди воқеии гӯфторӣ, рафторӣ ва иртиботии инсон бо инсонҳои дигар мебошад. Ростгӯӣ асос ва усули тарбияти ахлоқӣ аст. Барои доштани як зиндагии солим ва пешрафата ростгӯӣ ва дурӯсткорӣ бисёр мӯҳим ва асосӣ аст. Садоқат ва дурӯсткорӣ таъсири фаровоне дар рушд ва зиндагии инсонҳо дорад.
Як инсони ростгӯ дар зиндагии хӯд дӯчори изтиробу нооромӣ намешавад ва касе, ки дар зиндагиаш дӯчори изтиробу нооромӣ нашавад, зиндагии пойдор, солим ва пешрафата хоҳад дошт.
Агар инсон дар гӯфтор, ваъдаҳо ва рафторҳои хӯд бо хӯд ва инсонҳои дигар росту содиқ бошад, дигар нигарони натиҷаи аъмоли хӯд нест. Нигаронӣ ва изтироб ба хотири набуди садоқату ростӣ дар гӯфтору аъмоли инсон мебошад. Дурӯғгӯӣ фиреб ва хиёнат аз сабаб ва иллатҳои аслии ба вуҷӯд омадани бемориҳои гуногӯни ҷисмӣ ва рӯҳӣ мебошад.
Инсони дурӯғгӯ ва хиёнаткор баракси инсони ростгӯӣ ва дурӯсткор, бадхоҳ ва дӯшмани хӯд ва инсонҳои дигар ҳисоб мешавад. Дурӯғгӯёну хиёнаткорон ҳамеша дар ҳолати тарсу нигаронӣ ба сар мебаранд ва зиндагӣ мекунанд, ки мабодо дурӯғашон фош шавад ва расвою обрӯяш рехта шаванд.
Расули Худо(с) дар ин бора бисёр зебо фармӯданд:
اَلصِّدقُ طُمَأْنينَةٌ وَ الْكَذِبُ ريبَة
Ростгӯӣ сабаби оромиши қалб ва дуруғгӯӣ сабаби ташвиш ва нооромӣ аст.[4]
Имом Алӣ (а) ҳам мефармоянд:
عاقِبَهُ الصِّدقِ نَجاهٌ وَ سلامهٌ
Ҳосил ва самараи ростгӯӣ наҷот (аз ранҷу азоб) ва саломатӣ дар дунё ва охират мебошад.[5]
[1] — Муртазо Мутаҳҳарӣ, Таълим ва тарбият дар Ислом, саҳ.58
[2] — Ғаззолӣ Абӯҳомид, Эҳёи улуми дин, ҷ.1, саҳ 13.
[3] Ибни Сино, мантиқи машриқиин , саҳ 61
[4] Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҳадиси 1864
[5] Ғурар-ул-ҳикам, ҷ. 2, саҳ.6