Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар
1 Алиф, Лом, Ро. Он оятҳои китоби ошкор аст.
2 Мо онро Қуръоне арабӣ нозил кардем, шояд шумо дарк кунед (ва андеша намоед).
3 Мо беҳтарин саргузаштҳоро аз тариқи ин Қуръон, — ки ба ту ваҳй кардем – бар ту бозгў мекунем ва ҳатман пеш аз ин, аз он хабар надоштӣ.
4 (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Юсуф ба падараш гуфт: «Падарам! Ман дар хоб дидам, ки ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳ дар баробарам саҷда мекунанд».
5 Гуфт: «Фарзандам! Хоби худро барои бародаронат бозгў макун, ки барои ту нақша (-и хатарноке) мекашанд, чаро, ки шайтон душмани ошкори инсон аст.
6 Ва ин гуна Парвардигорат туро бармеангезад ва аз таъбири хобҳо ба ту меомўзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом ва комил мекунад, ҳамон гуна, ки пеш аз ин, бар падаронат Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Ба яқин, Парвардигори ту Доно ва Ҳаким аст».
7 Дар (достони) Юсуф ва бародаронаш нишонаҳо (-и ҳидоят) барои саволкунандагон буд.
8 Ҳангоме, ки (бародарон) гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин) назди падар, аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле, ки мо гурўҳи нерўманде ҳастем. Ҳатман падари мо дар гумроҳии ошкоре аст.
9 Юсуфро бикушед, ё ўро ба сарзамини дурдасте бияфканед, то таваҷҷўҳи падар фақат ба шумо бошад. Ва баъд аз он (аз гуноҳи худ тавба мекунед ва) ашхоси солеҳе хоҳид буд.
10 Яке аз онҳо гуфт: «Юсуфро накушед. Ва агар мехоҳед коре анҷом диҳед, ўро дар ниҳонгоҳи чоҳ бияфканед, то баъзе аз қофилаҳо ўро баргиранд (ва бо худ ба маконе дуре бибаранд)».
11 (Ва барои анҷоми ин кор бародарон назди падар омаданд ва) гуфтанд: «Падарҷон! Чаро ту дар бораи (бародарамон) Юсуф ба мо бовар намекунӣ?! Дар ҳоле, ки мо хайрхоҳи ў ҳастем!
12 Фардо ўро бо мо (ба беруни шаҳр) бифрист, то ғазои бокифояте бихўрад ва тафреҳ (бозӣ) кунад. Ва мо нигаҳбони ў ҳастем».
13 (Падар) гуфт: «Ман аз бурдани ў ғамгин мешавам ва аз ин метарсам, ки гург ўро бихўрад ва шумо аз ў ғофил бошед!».
14 Гуфтанд: «Бо ин ки мо гурўҳи қудратманде ҳастем, агар гург ўро бихўрад, мо аз зиёнкорон хоҳим буд (ва ҳаргиз чунин чизе) мумкин нест)».
15 Ҳангоме, ки ўро бо худ бурданд ва қасд карданд вайро дар ниҳонгоҳи чоҳ қарор диҳанд, (саранҷом мақсади худро амалӣ сохтанд). Ва ба ў ваҳй фиристодем, ки онҳоро дар оянда аз ин корашон бохабар хоҳӣ сохт, дар ҳоле, ки онҳо намедонанд.
16 (Бародарони Юсуф) шабҳангом, гирён ба суроғи падар омаданд.
17 Гуфтанд: «Эй падар! Мо рафтем ва машғули мусобиқа шудем ва Юсуфро назди асоси худ гузоштем ва гург ўро хўрд! Ту ҳаргиз сухани моро бовар нахоҳӣ кард, ҳар чанд ростгў бошем».
18 Ва пероҳани ўро бо хуни дурўғине (оғишта намуда назди падар) оварданд, гуфт: «Ҳавасҳои нафсонии шумо ин корро бароятон ороста аст. Ман сабри ҷамил (ва шакебоии холӣ аз носипосӣ) хоҳам дошт. Ва дар баробари он чӣ мегўед, аз Худованд ёрӣ металабам».
19 Ва (дар ҳамин ҳол), корвоне фаро расид. Ва маъмури обро (ба суроғи об) фиристоданд, ў далви худро дар чоҳ афканд, (ногаҳон) фарёд зад: «Башорат бод! Ин кўдаке аст (зебо ва дўстдоштанӣ!)». Ва ин амрро ба унвони як сармоя аз дигарон махфӣ доштанд. Ва Худованд ба он чӣ онҳо анҷом медоданд, огоҳ буд.
20 Ва (саранҷом) ўро ба баҳои каме – чанд дирҳам – фурўхтанд ва нисбат ба (фурўхтани) ў берағбат буданд, (чаро, ки метарсиданд розашон фош шавад).
21 Ва он кас, ки ўро аз сарзамини Миср харид (Азизи Миср), ба ҳамсараш гуфт: «Мақоми вайро гиромӣ дор, шояд барои мо судманд бошад ва ё ўро ба унвони фарзанд интихоб кунем». Ва ин чунин Юсуфро дар он сарзамин мутамаккин сохтем. (Мо ин корро кардем, то ўро бузург дорем ва) аз илми таъбири хоб ба ў биёмўзем. Худованд бар кори худ пирўз аст, вале бештари мардум намедонанд.
22 Ва ҳангоме, ки ба булуғу қувват расид, мо «ҳукм» (нубувват) ва «илм» ба ў додем. Ва ин чунин некўкоронро подош медиҳем.
23 Ва он зан, ки Юсуф дар хонаи ў буд, аз ў таманнои комҷўӣ кард, дарҳоро баст ва гуфт: «Биё (ба сўи он чӣ барои ту муҳайё аст!)». (Юсуф) гуфт: «Паноҳ мебарам ба Худо! Ў (Азизи Миср) соҳиби неъмати ман аст, мақоми маро гиромӣ доштааст, (оё мумкин аст ба ў зулму хиёнат кунам?!). Ҳатман золимон растагор намешаванд».
24 Он зан қасди ў кард, ва ў низ – агар бурҳони Парвардигорро намедид – қасди вай менамуд. Ин чунин кардем, то бадӣ ва фаҳшоро аз ў дур созем, чаро, ки ў аз бандагони мухласи мо буд.
25 Ва ҳар ду ба сўи дар давиданд, (дар ҳоле, ки ҳамсари Азиз, Юсуфро таъқиб мекард), ва пероҳани ўро аз пушт (кашид ва) пора кард. Ва дар ин ҳангом сарвари он занро дами дар ёфтанд. Он зан гуфт: «Кайфари касе, ки бихоҳад нисбат ба аҳли ту хиёнат кунад, ҷуз зиндон ва ё азоби дарднок, чӣ хоҳад буд?!».
26 (Юсуф) гуфт: «Ў маро бо исрор ба сўи худ даъват кард!» ва дар ин ҳангом шоҳиде аз хонаводаи он зан шаҳодат дод, ки: «агар пероҳани ў аз пеши рў пора шудааст, он зан рост мегўяд ва ў аз дурўғгўён аст.
27 Ва агар пероҳанаш аз пушт пора шудааст, он зан дурўғ мегўяд ва ў аз ростгўён аст».
28 Ҳангоме, ки (азизи Миср) дид пероҳани ў (Юсуф), аз пушт пора шудааст, гуфт: «Ин аз макру ҳилаи шумо занон аст, ки макру ҳилаи шумо занон бузург аст.
29 Юсуф! Аз ин мавзўъ сарфиназар кун ва ту эй зан низ аз гуноҳат истиғфор кун, ки аз хатокорон будӣ».
30 (Ин ҳодиса дар шаҳр мунташир шуд), гурўҳе аз занони шаҳр гуфтанд: «Ҳамсари Азиз ҷавонаш (ғуломаш)-ро ба сўи худ даъват мекунад. Ишқи ин ҷавон дар аъмоқи қалбаш нуфуз кардааст. Мо ўро дар гумроҳии ошкоре мебинем».
31 Ҳангоме, ки (ҳамсари Азиз) аз фикри онҳо бохабар шуд, ба суроғашон фиристод (ва аз онҳо даъват кард) ва барои онҳо такягоҳе (гиронбаҳо ва маҷлиси бошукўҳе) фароҳам кард. Ва ба дасти ҳар кадом корде (барои буридани мева) дод. Ва дар ин ҳангом (ба Юсуф) гуфт: «Дохили маҷлиси онон шав!». Ҳангоме, ки чашмашон ба ў афтод, ўро бисёр бузург (ва зебо) шумурданд ва (беогоҳӣ) дастҳои худро буриданд ва гуфтанд: «Муназзаҳ аст Худо! Ин башар нест, ин як фариштаи бузургвор аст!».
32 (Ҳамсари Азиз) гуфт: «Ин ҳамон касе аст, ки ба хотири (ишқи) ў маро сарзаниш кардед. (Оре), ман ўро ба худ даъват кардам ва ў худдорӣ кард. Ва агар он чиро дастур медиҳам анҷом надиҳад, ба зиндон хоҳад афтод ва ҳатман хору залил хоҳад шуд».
33 (Юсуф) гуфт: «Парвардигоро! Зиндон назди ман маҳбубтар аст, аз он чӣ инҳо маро ба сўи он мехонанд. Ва агар макру найранги онҳоро аз ман бознагардонӣ, ба сўи онон мутамоил хоҳам шуд ва аз ҷоҳилон хоҳам буд».
34 Парвардигораш дуои ўро иҷобат кард ва макри ононро аз ў бигардонид, чаро, ки Ў Шунаво ва Доност.
35 Ва баъд аз он ки нишонаҳои (покии Юсуф)-ро диданд, тасмим гирифтанд, ўро то муддате зиндонӣ кунанд.
36 Ва ду ҷавон, ҳамроҳи ў дохили зиндон шуданд, яке аз он ду гуфт: «Ман дар хоб дидам, ки (ангур барои) шароб мефишорам». Ва дигрӣ гуфт: «Ман дар хоб дидам, ки нон бар сарам ҳамл мекунам ва паррандагон аз он мехўранд. Моро аз таъбири ин хоб огоҳ кун, ки туро аз некўкорон мебинем».
37 (Юсуф) гуфт: «Пеш аз он ки саҳми ғазои шумо фаро расад, шуморо аз таъбири хобатон огоҳ хоҳам сохт. Ин, аз донише аст, ки Парвардигорам ба ман омўхтааст. Ман оини қавмеро, ки ба Худо имон надоранд ва ба сарои дигар кофиранд, тарк гуфтам (ва шоистаи чунин мавҳибате шудам).
38 Ман аз оини падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб пайравӣ кардам. Барои мо шоиста набуд чизеро ҳамтои Худо қарор диҳем, ин аз фазли Худо бар мо ва бар мардум аст, вале бештари мардум шукргузорӣ намекунанд.
39 Эй ҳамроҳони зиндонии ман! Оё худоёни пароканда беҳтаранд ё Худованди Яктои Пирўз?!
40 Ин маъбудҳое, ки ғайр аз Худо мепарастед, чизе ҷуз исмҳое (бемусаммо), ки шумо ва падаронатон онҳоро Худо номидаед, нест. Худованд ҳеҷ далеле бар он нозил накардааст. Ҳукм танҳо аз они Худост, фармон додааст, ки ғайр аз Ўро напарастед. Ин аст оини побарҷо, вале бештари мардум намедонанд.
41 Эй ҳамроҳони зиндонии ман! Аммо яке аз шумо (ду нафар, озод мешавад ва) соқии шароб барои соҳиби худ хоҳад шуд. Ва аммо дигарӣ ба дор овехта мешавад ва паррандагон аз сари ў мехўранд. Ва матлабе, ки дар бораи он (аз ман) назар хостед, қатъӣ ва ҳатмӣ аст».
42 Ва ба он яке аз он ду нафар, ки медонист раҳоӣ меёбад, гуфт: «Маро назди соҳибат (султони Миср) ёдоварӣ кун». Вале шайтон ёдоварии ўро назди соҳибаш аз хотири вай бурд ва дар пайи он (Юсуф) чанд сол дар зиндон боқӣ монд.
43 Подшоҳ гуфт: «Ман дар хоб дидам ҳафт гови фарбеҳро, ки ҳафт гови лоғар онҳоро мехўранд. Ва ҳафт хўшаи сабз ва ҳафт хўшаи хушкида, (ки хушкидаҳо бар сабзҳо печиданд ва онҳоро аз байн бурданд). Эй ҷамъияти ашроф! Дар бораи хоби ман назар диҳед, агар хобро таъбир мекунед».
44 Гуфтанд: «Хобҳои парешону парокандааст ва мо аз таъбири ин гуна хобҳо огоҳ нестем».
45 Ва яке аз он ду, ки наҷот ёфта буд – ва баъд аз муддате ба хотираш омад – гуфт: «Ман таъвили онро ба шумо хабар медиҳам, маро (ба суроғи он ҷавони зиндонӣ) бифристед».
46 (Ў ба зиндон омад ва чунин гуфт:) Юсуф, эй марди бисёр ростгў! Дар бораи ин хоб изҳори назар кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехўранд. Ва ҳафт хўшаи тар ва ҳафт хўшаи хушкида, то ман ба сўи мардум бозгардам, шояд (аз таъбири ин хоб) огоҳ шаванд.
47 Гуфт: «Ҳафт сол бо ҷиддият зироат мекунед ва он чиро дирав кардед, ҷуз каме, ки мехўред, дар хўшаҳои худ боқӣ бигузоред (ва захира намоед).
48 Пас аз он, ҳафт соли сахт (ва хушкӣ ва қаҳтӣ) меояд, ки он чиро барои он солҳо захира кардаед, мехўранд, ҷуз каме, ки (барои кишт) захира хоҳед кард.
49 Сипас соле фаро мерасад, ки борони фаровон насиби мардум мешавад ва дар он сол мардум усораи (меваҳо ва донаҳои равғаниро) мегиранд (ва соли пурбаракате аст)».
50 Подшоҳ гуфт: «Ўро назди ман оваред». Вале ҳангоме, ки фиристодаи ў назди вай (Юсуф) омад, гуфт: «Ба сўи соҳибат бозгард ва аз ў бипурс, ҳодисаи заноне, ки дастҳои худро буриданд, чӣ буд? Ки Худои ман ба найранги онҳо огоҳ аст».
51 (Подшоҳ он занонро талабид ва) гуфт: «Ба ҳангоме, ки Юсуфро ба сўи худ даъват кардед, ҷараёни кори шумо чӣ буд?». Гуфтанд: «Муназзаҳ аст Худо, мо ҳеҷ айбе дар ў наёфтем!». (Дар ин ҳангом) ҳамсари Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор гашт. Ман будам, ки ўро ба сўи худ даъват кардам ва ў аз ростгўён аст.
52 Ин суханро ба хотири он гуфтам, то бидонад, ман дар ғиёб ба ў хиёнат накардам. Ва Худованд макри хиёнаткоронро ҳидоят намекунад.
53 Ман ҳаргиз худамро табриа намекунам, ки нафс (-и саркаш) бисёр ба бадиҳо амр мекунад, магар он чиро Парвардигорам раҳм кунад. Парвардигорам Омурзанда ва Меҳрубон аст».
54 Подшоҳ гуфт: «Ў (Юсуф)-ро назди ман оваред, то вайро махсуси худ гардонам». Ҳангоме, ки (Юсуф назди вай омад ва) бо ў сўҳбат кард, (подшоҳ ба ақлу дирояти ў пай бурд ва) гуфт: «Ту имрўз назди мо ҷойгоҳи волое дорӣ ва мавриди эътимод ҳастӣ».
55 (Юсуф) гуфт: «Маро сарпарасти хазинаҳои сарзамин (-и Миср) қарор деҳ, ки нигаҳдоранда ва огоҳам».
56 Ва ин гуна мо ба Юсуф дар сарзамин (-и Мсир) қудрат додем, ки ҳар ҷо мехост, дар он манзил мегузид (ва тасарруф мекард). Мо раҳмати худро ба ҳар кас бихоҳем (ва шоиста бидонем), мебахшем. Ва подоши некўкоронро зойеъ намекунем.
57 (Аммо) подоши охират, барои касоне, ки имон оварда ва парҳезгорӣ доштанд, беҳтар аст.
58 (Сарзамини Канъонро қаҳтӣ фаро гирифт). Бародарони Юсуф (дар пайи озуқа ба Миср) омаданд ва бар ў дохил шуданд. Ў ононро шинохт, вале онҳо ўро нашинохтанд.
59 Ва ҳангоме, ки (Юсуф) борҳои ононро омода кард, гуфт: «(Навбати оянда) он бародареро, ки аз падар доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ман ҳаққи паймонаро адо мекунам ва ман беҳтарини мизбонон ҳастам?!
60 Ва агар ўро назди ман наоваред, на кайл (ва на паймонае аз ғалла) назди ман хоҳед дошт ва на (аслан) ба ман наздик шавед».
61 Гуфтанд: «Мо бо падараш гуфтугў хоҳим кард, (ва саъй мекунем мувофиқаташро ҷалб намоем). Ва мо ин корро хиҳем кард».
62 (Сипас) ба коргузорони худ гуфт: «Он чиро ба унвони қимат пардохтаанд, дар борҳояшон бугзоред, шояд пас аз бозгашт ба хонаводаи худ онро бишносанд ва шояд баргарданд».
63 Ҳангоме, ки ба сўи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар! Дастур дода шуда, ки (беҳузури бародарамон Бинёмин), паймонае (аз ғалла) ба мо надиҳанд, пас бародарамонро бо мо бифрист, то саҳме (аз ғалла) дарёфт дорем. Ва мо ўро муҳофизат хоҳем кард».
64 Гуфт: «Оё нисбат ба ў ба шумо бовар кунам, ҳамон гуна, ки нисбат ба бародараш (Юсуф) бовар кардам (ва дидам чӣ шуд?!). Ва (дар ҳар ҳол) Худованд беҳтарин ҳофиз ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст».
65 Ва ҳангоме, ки матои худро кушоданд, диданд сармояи онҳо ба онҳо бозгардонида шудааст. Гуфтанд: «Падар! Мо дигар чӣ мехоҳем?! Ин сармояи мост, ки ба мо бозпас гардонида шудааст. (Пас чӣ беҳтар, ки бародарро бо мо бифиристӣ) ва мо барои хонаводаи худ озуқа меоварем. Ва бародарамонро ҳифз хоҳем кард. Ва як бори шутур зиёдтар дарёфт хоҳем дошт. Ин паймона (бори) кўчаке аст».
66 Гуфт: «Ман ҳаргиз ўро бо шумо нахоҳам фиристод, то паймони муаккади илоҳӣ бидиҳед, ки ўро ҳатман назди ман хоҳед овард, магар ин ки (бар асари марг ё иллати дигар), қудрат аз шумо салб гардад. Ва ҳангоме, ки онҳо паймони устувори худро дар ихтиёри ў гузоштанд, гуфт: «Худованд нисбат ба он чӣ мегўем, нозиру нигаҳбон аст».
67 Ва (ҳангоме, ки мехостанд ҳаракат кунанд, Яъқуб) гуфт: «Фарзандони ман! Аз як дар дохил нашавед, балки аз дарҳои мутафарриқ дохил гардед, (то диққати мардум ба сўи шумо ҷалб нашавад) ва (ман бо ин дастур) наметавонам ҳодисаеро, ки аз сўи Худо ҳатмӣ аст, аз шумо дафъ кунам. Ҳукму фармон, танҳо аз они Худост. Бар Ў таваккул кардаам ва ҳамаи таваккулкунандагон бояд бар Ў таваккул кунанд».
68 Ва ҳангоме, ки аз ҳамон тариқ, ки падар ба онҳо дастур дада буд, дохил шуданд, ин кор ҳеҷ ҳодисаи ҳатмии илоҳиро наметавонист аз онҳо дур созад, ҷуз ҳоҷате дар дили Яъқуб, (ки аз ин тариқ) анҷом шуд (ва хотираш ором гирифт). Ва ў ба хотири таълиме, ки мо ба ў додем, илми фаровоне дошт. Вале бештари мардум намедонанд.
69 Ҳангоме, ки (бародарон) бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро назди худ ҷой дод ва гуфт: «Ман бародари ту ҳастам, аз он чӣ онҳо анҷом медоданд, ғамгину нороҳат набош».
70 Ва ҳангоме, ки (маъмури Юсуф) борҳои онҳоро баст, зарфи обхўрии подшоҳро дар бори бародараш гузошт, сипас касе фарёд зад: «Эй аҳли қофила! Шумо дузд ҳастед».
71 Онҳо рў ба сўи ў карданд ва гуфтанд: «Чӣ чиз гум кардаед?».
72 Гуфтанд: «Паймонаи подшоҳро! Ва ҳар кас онро биёварад, як бори шутур (ғалла) ба ў дода мешавад ва ман зомини ин (подош) ҳастам».
73 Гуфтанд: «Ба Худо савганд, шумо медонед мо наёмадаем, ки дар ин сарзамин фасод кунем. Ва мо (ҳаргиз) дузд набудаем!».
74 Онҳо гуфтанд: «Агар дурўғгў бошед, кайфараш чист?».
75 Гуфтанд: «Ҳар кас (он паймона) дар бори ў пайдо шавад, худаш кайфари он хоҳад буд (ва ба хотири ин кор, бардаи шумо хоҳад шуд). Мо ин гуна ситамгаронро кайфар медиҳем».
76 Дар ин ҳангом (Юсуф) пеш аз бори бародараш, ба кофтани борҳои онҳо пардохт, сипас онро аз бори бародараш берун овард. Ин гуна роҳи чораро ба Юсуф ёд додем. Ў ҳаргиз наметавонист бародарашро тибқи оини подшоҳи (Миср) бигирад, магар он ки Худо бихоҳад. Дараҷоти ҳар касро бихоҳем боло мебарем. Ва бартар аз ҳар соҳибилме олиме аст.
77 (Бародарон) гуфтанд: «Агар ў (Бинёмин) дуздӣ кунад, (ҷои ҳайрат нест), бародараш (Юсуф) низ пеш аз ў дуздӣ кард». Юсуф (сахт нороҳат шуд ва) ин (нороҳати)-ро дар даруни худ пинҳон дошт ва барои онҳо ошкор накард, (ҳамин андоза) гуфт: «Шумо (аз дидгоҳи ман) аз назари манзалат бадтарин мардум ҳастед. Ва Худо аз он чӣ тавсиф мекунед огоҳтар аст».
78 Гуфтанд: «Эй Азиз! Ў падари пире дорад, (ки сахт нороҳат мешавад). Яке аз моро ба ҷои ў бигир, мо туро аз некўкорон мебинем».
79 Гуфт: «Паноҳ бар Худо, ки мо ғайр аз он кас, ки матои худро назди ў ёфтаем, бигирем, дар он сурат аз золимон хоҳим буд!».
80 Ҳангоме, ки (бародарон) аз ў маъюс шуданд, ба каноре рафтанд ва бо ҳам ба наҷво пардохтанд, (бародари) бузургашон гуфт: «Оё намедонед, падаратон аз шумо паймони илоҳӣ гирифтааст ва пеш аз ин дар бораи Юсуф кўтоҳӣ кардед?! Ман аз ин сарзамин ҳаракат намекунам, то падарам ба ман иҷозат диҳад ё Худо дар бораи ман доварӣ кунад, ки Ў беҳтарини ҳукмкунандагон аст.
81 Шумо ба сўи падаратон бозгардед ва бигўед: Падар(ҷон), писарат дуздӣ кард. Ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, гувоҳӣ надодем ва мо аз ғайб огоҳ набудем.
82 (Ва агар бовар надорӣ), аз он шаҳр, ки дар он будем, савол кун ва низ аз он қофила, ки бо он омадем, (бипурс). Ва мо (дар гуфтори худ) содиқ ҳастем».
83 (Яъқуб) гуфт: «(Ҳавои) нафси шумо, масъаларо чунин дар назаратон оростааст, ман сабр мекунам, сабри зебое (ва холӣ аз куфрон). Умедворам Худованд ҳамаи онҳоро ба ман бозгардонад, зеро Ў Доно ва Ҳаким аст.
84 Ва аз онҳо рўй баргардонд ва гуфт: «Во асафо бар Юсуф!». Ва чашмони ў аз андўҳ сафед шуд, аммо хашми худро фурў мебурд (ва ҳаргиз куфрон намекард).
85 Гуфтанд: «Ба Худо ту он қадар ёди Юсуф мекунӣ, то дар остонаи марг қарор гирӣ ё ҳалок гардӣ!».
86 Гуфт: «Ман ғаму андўҳамро танҳо ба Худо мегўям (ва шикоят назди Ў мебарам) ва аз Худо чизҳое медонам, ки шумо намедонед.
87 Писаронам! Биравед ва аз Юсуф ва бародараш ҷустуҷў кунед ва аз раҳмати Худо маъюс нашавед, ки танҳо гурўҳи кофирон аз раҳмати Худо маъюс мешаванд».
88 Ҳангоме, ки онҳо бар ў (Юсуф) дохил шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз! Мо ва хонадони моро нороҳатӣ фаро гирифта ва матои каме (барои хариди озуқа) бо худ овардаем. Паймонаро барои мо комил кун ва бар мо тасаддуқ ва бахшиш намо, ки Худованд бахшандагонро подош медиҳад».
89 Гуфт: «Оё донистед бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед, он гоҳ, ки ҷоҳил будед?!».
90 Гуфтанд: «Оё ту ҳамон Юсуф ҳастӣ?!». Гуфт: «(Оре), ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Худованд бар мо миннат гузорид, ҳар кас тақво пеша кунад ва шакебоиву истиқомат намояд, (саранҷом пирўз мешавад), зеро Худованд подоши некўкоронро зойеъ намекунад».
91 Гуфтанд: «Ба Худо савганд, Худованд туро бар мо бартарӣ бахшида ва мо хатокор будем».
92 (Юсуф) гуфт: «Имрўз маломату тавбехе бар шумо нест, Худованд шуморо мебахшад ва Ў меҳрубонтарини меҳрубонон аст.
93 Ин пероҳани маро бибаред ва бар чеҳраи падарам бияндозед, то бино шавад ва ҳамаи наздикони худро назди ман биёваред».
94 Ҳангоме, ки корвон (аз сарзамини Мисар) ҷудо шуд, падарашон (Яъқуб) гуфт: «Ман бўи Юсуфро эҳсос мекунам, агар маро ба нодонӣ ва камақлӣ нисбат надиҳед».
95 Гуфтанд: «Ба Худо ту дар ҳамон гумроҳии пешинаат ҳастӣ!».
96 Аммо ҳангоме, ки башоратдиҳанда фаро расид, он (пероҳан)-ро бар чеҳраи ў афканд, ногаҳон бино шуд, гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ман аз Худо чизҳое медонам, ки шумо намедонед?!».
97 Гуфтанд: «Падар! Аз Худо омурзиши гуноҳони моро бихоҳ, ки мо хатокор будем».
98 Гуфт: «Ба зудӣ барои шумо аз Парвардигорам омурзиш металабам, ки Ў Омурзанда ва Меҳрубон аст».
99 Ва ҳангоме, ки бар Юсуф дохил шуданд, ў падару модари худро дар оғўш гирифт ва гуфт: «Ҳамагӣ дохили Миср шавед, ки иншоаллоҳ дар амну амон хоҳед буд».
100 Ва падару модари худро бар тахт нишонд ва ҳамагӣ ба хотири ў ба саҷда афтоданд, ва гуфт: «Падар! Ин таъбири хобе аст, ки пеш дидам. Парвардигорам онро ҳақ қарор дод ва Ў ба ман некӣ кард ҳангоме, ки маро аз зиндон берун овард ва шуморо аз он биёбон (ба ин ҷо) овард, баъд аз он ки шайтон миёни ман ва бародаронам фасод кард. Парвардигорам нисбат ба он чӣ мехоҳад (ва шоиста медонад), соҳиби лутф аст, зеро Ў Доно ва Ҳаким аст.
101 Парвардигоро! Бахши (бузурге) аз ҳукумат ба ман бахшидӣ ва маро аз илми таъбири хобҳо огоҳ сохтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин! Ту валӣ ва сарпарасти ман дар дунёву охират ҳастӣ, маро мусулмон бимирон ва ба солеҳон мулҳақ намо».
102 Ин аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мефиристем. Ту (ҳаргиз) назди онҳо набудӣ, ҳангоме, ки тасмим мегирифтанд ва нақша мекашиданд.
103 Ва бештари мардум, ҳар чанд исрор дошта бошӣ, имон намеоваранд.
104 Ва ту (ҳаргиз) аз онҳо подоше наметалабӣ, он нест, магар тазаккуре барои ҷаҳониён.
105 Ва чӣ бисёр нишонае (аз Худо) дар осмонҳову замин, ки онҳо аз канораш мегузаранд ва аз он рўйгардонанд.
106 Ва бештари онҳо, ки даъвои имон ба Худо доранд, мушриканд.
107 Оё эмин аз он ҳастанд, ки азоби фарогире аз сўи Худо ба сурғи онон биёяд, ё соати растохез ногаҳон фаро расад, дар ҳоле, ки мутаваҷҷеҳ нестанд?!
108 Бигў: «Ин роҳи ман аст! Ман ва пайравонам, бо басирати комил, ҳамаи мардумро ба сўи Худо даъват мекунем. Муназзаҳ аст Худо! Ва ман аз мушрикон нестам».
109 Ва мо нафиристодем пеш аз ту, ҷуз мардоне аз аҳли ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё (мухолифони даъвати ту), дар замин сайр накарданд, то бибинанд оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд, чӣ шуд?! Ва сарои охират барои парҳезкорон беҳтар аст. Оё фикр намекунед?!
110 (Пайғамбарон ба даъвати худ ва душманони онҳо ба мухолифати худ ҳамчунон идома доданд), то он гоҳ, ки расулон маъюс шуданд ва (мардум) гумон карданд, ки ба онон дурўғ гуфта шудааст. Дар ин ҳангом ёрии мо ба суроғи онҳо омад. Ононро, ки хостем наҷот ёфтанд. Ва муҷозоту азоби мо аз қавми гунаҳкор бозгардонида намешавад.
111 Дар саргузашти онҳо дарси ибрате барои соҳибони андеша буд. Инҳо достони дурўғин набуд, балки (ваҳйи осмонӣ аст ва) ҳамоҳанг аст бо он чӣ пеши рўи ў (аз китобҳои осмонии пешин) қарор дорад ва шарҳи ҳар чизе, (ки пояи саодати инсон аст). Ва ҳидояту раҳмате аст, барои гурўҳе, ки имон меоваранд.