Тарҷумаи манзуми сураи Наср

Ба номи Худое кунам ибтидо

Ки раҳмат кунад ҷумла мавҷудро

Бувад соҳиби раҳмати хос низ

Басе омилонро намояд азиз

Замоне ки ояд зи ҳақ ҷилвагар

Басе парчами фатҳу насру зафар

Бубинӣ, ки мардум ба дини Худо

Дароянд якҷову беиддао

Ту тасбеҳгӯи Худованд бош

Ва омурзиш аз ӯ бихоҳ бо талош

Ҳамоно Худои самиъу басир

Бувад соҳиби афву пузишпазир

С. М.

 

Охирин матолиб

Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *