СУРАИ ЮНУС
Ин сура дар Макка нозил шуда ва 109 оят дорад.
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Алиф, лом, ро. Ин оятҳои китоби ҳикматомез аст.
- Оё барои мардум тааҷҷубовар аст, ки ба сӯи марде аз онҳо ваҳй кардем, ки: «мардумро ҳушдор деҳ ва ба касоне, ки имон овардаанд, башорат деҳ, ки барои онҳо пешинаи ростин назди Парвардигорашон аст?» Кофирон гуфтанд: «қатъан ин [мард] ҷодугаре ошкор аст».
- Ҳамоно Парвардигори шумо Худост, Зоте, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид; сипас бар Арш истиқрор ёфт [Ӯ] корро тадбир мекунад. Ҳеҷ шафоаткунандае ҷуз баъд аз иҷозаи Ӯ нест; Ин Худо Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед ва оё панд намегиранд?
- Бозгашти ҳамаи шумо фақат ба сӯи Ӯст ваъдаи Худо ҳақ аст. Қатъан Ӯ офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмегардонад; то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ба адолат подош диҳад ва касоне, ки куфр варзиданд, ба хотири ин ки куфр меварзиданд, барояшон нӯшидании ҷӯшон ва азоби дарднокест.
- Ӯ Зотест, ки хуршедро дурахшон ва моҳро равшан қарор дод ва барои он (моҳ) манзилҳое муайян кард, то адади солҳо ва ҳисобро бидонед; Худо инро ҷуз ба ҳақ наофаридааст; оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд, баён мекунад.
- Қатъан дар рафту омади шаб ва рӯз ва он чи Худо дар осмонҳо ва замин офаридааст, нишонаҳоест барои гурӯҳе, ки тақво пеша мекунанд.
- Дар ҳақиқат касоне, ки ба лиқои Мо умед надоранд ва ба зиндагии дунё розӣ шудаанд ва ба он ором гирифтаанд ва касоне, ки онҳо аз оятҳои Мо ғофиланд,
- Онҳо ба сазои он чи ки анҷом медоданд, ҷойгоҳашон оташ [-и ҷаҳаннам] аст.
- Ҳамоно касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, Парвардигорашон онҳоро ба сабаби имонашон ҳидоят мекунад дар боғҳое пурнеъмат, ки аз зерашон наҳрҳо ҷорист.
- Дар он ҷо дуояшон [ин аст, ки] «Худоё! Муназзаҳӣ Ту!» Ва дар он ҷо дурудашон салом аст ва поёни дуояшон [ин аст, ки] «ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст».
- Ва агар Худо барои мардум шарро зуд мерасонид, чунонки хайрро ба шитоб талаб мекунанд, қатъан барои онҳо аҷалашон фаро расида буд; пас касонеро, ки ба лиқои Мо умед надоранд дар саркашиашон раҳо мекунем, то саргардон бимонанд.
- Ва ҳангоме ки ба инсон зарар бирасад, Моро дар ҳоле ки ба паҳлӯи хеш [такя дода] ё нишаста ё истодааст, мехонад ва ҳангоме ки зарарашро аз ӯ бардорем, чунон меравад, ки гӯё Моро барои [дафъи] зараре, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Ин гуна барои исрофкорон он чи ки анҷом медоданд, зинат дода шуд.
- Ва ба таҳқиқ гурӯҳҳои пеш аз шуморо, замоне ки зулм карданд, ҳалок кардем ва дар ҳоле ки паёмбаронашон барои онҳо далелҳои равшан оварданд ва онҳо ҳаргиз имон намеоварданд; ин гуна гурӯҳи муҷримонро ҷазо медиҳем.
- Сипас шуморо пас аз онон ҷонишиноне дар замин қарор додем, то бибинем чигуна амал мекунед.
- Ва ҳангоме ки оятҳои Мо дар ҳоле ки равшан аст бар онон хонда шавад, касоне, ки ба лиқои Мо умед надоранд, гӯянд: «Қуръоне ғайр аз ин биёр ё онро тағйир деҳ» бигӯ: «барои ман раво намебошад, ки онро аз пеши худ тағйир диҳам, ҷуз он чиро ба сӯи ман ваҳй мешавад пайравӣ намекунам; ба дурустӣ, ки ман агар Парвардигорамро нофармонӣ кунам аз азоби рӯзи бузург метарсам».
- Бигӯ: «агар Худо мехост онро бар шумо намехондам ва [Худо] шуморо аз он огоҳ намекард; ҳамоно ман пеш аз ин умре дар миёни шумо мондаам; пас оё намеандешед?»
- Ва чӣ касе золимтар аст аз касе, ки бар Худо дурӯғ бибандад ё оятҳои Ӯро дурӯғ бишуморад? Ба дурустӣ, ки гуноҳкорон растагор намешаванд!
- Ва ба ҷои Худо чизеро мепарастанд, ки ба онҳо зараре намерасонад ва суде ба онҳо намебахшад ва мегӯянд: «инҳо шафоаткунандагони мо дар пешгоҳи Худо ҳастанд». Бигӯ: «оё Худоро аз чизе хабар медиҳед, ки дар осмонҳо ва дар замин намедонад?» Ӯ муназзаҳ ва бартар аст аз он чи ки ширк меварзанд.
- Ва мардум ҷуз як уммат набуданд, пас ихтилоф карданд ва агар сухане аз тарафи Парвардигорат аз пеш муқаррар нашуда буд, ҳатман миёни онҳо дар он чи дар он ихтилоф мекарданд, ҳукм мешуд.
- Ва мегӯянд: «чаро бар ӯ нишонае аз ҷониби Парвардигораш нозил нашудааст?» Пас бигӯ: «ҷуз ин нест, ки [илми] ғайб фақат аз они Худост; пас мунтазир бошед, ҳамоно ман бо шумо аз мунтазиронам».
- Ва ҳангоме ки мардумро баъд аз зараре, ки ба онҳо расида буд, раҳмате чашондем, ногаҳон онҳо дар оятҳои Мо найранг кунанд; бигӯ: «нақшаи Худо зудтар аст; ҳамоно фиристодагони Мо (фариштагон) он чиро, ки найранг мекунед, менависанд».
- Ӯ Зотест, ки шуморо дар хушкӣ ва дарё мегардонад; то ҳангоме ки дар киштиҳо қарор мегиред ва бо боде хуш онҳоро равон месозанд ва ба он шодмон шаванд [ногаҳон] боде тунд ба он мерасад ва аз ҳар сӯ ононро мавҷ фаро гирад ва онҳо яқин мекунанд, ки гирифтор шудаанд. [Дар ин ҳангом] Худоро дар ҳоле ки динро барои Ӯ холис гардониданд, мехонанд, ки: «агар моро аз ин [гирифторӣ] наҷот диҳӣ, қатъан аз сипосгузорон хоҳем буд».
- Ва замоне ки онҳоро наҷот дод, ногаҳон онҳо дар замин ба ноҳақ ситам мекунанд. Эй мардум! Ситами шумо танҳо ба зарари худи шумост; баҳраи зиндагии дунё [-ро мебаред] сипас бозгашти шумо фақат ба сӯи Мост; онгоҳ шуморо ба он чи анҷом медодед, хабар медиҳем.
- Ҷуз ин нест, ки масали зиндагии дунё монанди обест, ки онро аз осмон фурӯ фиристодем ва ба он рӯйидании замин -аз он чи мардум ва чорпоён мехӯранд- омехта шавад; то вақте ки замин зебоияшро ба даст оварад ва ороста шавад ва аҳлаш яқин карданд, ки онҳо бар он тавоноӣ доранд [ногаҳон] фармони Мо дар шаб ё рӯз ба он бирасад ва онро даравшуда гардонидем, гӯё ин ки дирӯз ҳеҷ чизе набудааст! Ин гуна оятҳоро барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, баён мекунем.
- Ва Худо ба сарои саломат фаро мехонад ва ҳар касро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад.
- Барои касоне, ки некӣ карданд [подоши] нек ва зиёда [бар он] бошад ва ҳеҷ сиёҳӣ ва хорӣ чеҳраҳояшонро намепӯшонад; онҳо аҳли биҳиштанд, дар ҳоле ки онон дар он ҷо ҷовидонанд.
- Ва касоне, ки муртакиби бадиҳо шудаанд, ҷазои баде монанди он аст ва хорӣ онҳоро фаро мегирад; ҳеҷ нигоҳдорандае аз ҷониби Худо барояшон нест, гӯё чеҳраҳояшон бо пораҳое аз шаби торик пӯшида шудааст; онҳо аҳли оташанд, дар ҳоле ки онон дар он мондагоранд.
- Ва рӯзе, ки ҳамаи онҳоро маҳшур мекунем, сипас ба касоне, ки ширк варзидаанд, мегӯем: «шумо ва шарикҳоятон дар ҷои худ бошед» ва байни онҳо ҷудоӣ меандозем ва шариконашон гӯянд: «шумо ҳаргиз моро намепарастидед!
- Ва гувоҳии Худо байни мо ва байни шумо кофӣ аст; ба дурустӣ, ки мо аз парастиши шумо бехабар будем».
- Он ҷо ҳар кас он чиро, ки аз пеш фиристодааст, дарёбад ва ба сӯи Худо, мавлои барҳаққи худ баргардонида мешаванд. Ва он чиро ба дурӯғ мебофтанд, аз онҳо нобуд шавад.
- Бигӯ: «чӣ касе аз осмону замин шуморо рӯзӣ медиҳад? Ё чӣ касе молики гӯш ва чашмҳост? Ва чӣ касе зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад? Ва чӣ касе корро тадбир мекунад?» Пас ба зудӣ мегӯянд: «Худо» ва бигӯ: «пас чаро тақво пеша намекунед?»
- Ва ин Худо, Парвардигори барҳаққи шумост! Ва баъд аз ҳақ, ба ҷуз гумроҳӣ чист? Пас чигуна [аз ҳақ] бозгардонида мешавед?
- Ин гуна ваъдаи Парвардигорат бар касоне, ки нофармонӣ карданд, муҳаққақ гашт, ки онҳо имон намеоваранд.
- Бигӯ: «оё аз шарикони шумо касе ҳаст, ки офаринишро оғоз кунад, сипас онро бозгардонад?» Бигӯ: «Худо офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмегардонад», пас чигуна [аз ҳақ] бозгардонида мешавед?
- Бигӯ: «оё аз шарикони шумо касе ҳаст, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят кунад?» Бигӯ: «Худо ба сӯи ҳақ ҳидоят мекунад, пас оё касе, ки ба сӯи ҳақ ҳидоят мекунад, сазовортар аст, ки пайравӣ шавад ё касе, ки роҳ намеёбад, магар он ки ҳидоят шавад? Пас шуморо чӣ шудааст; чигуна ҳукм мекунед?»
- Ва бештари онҳо ҷуз аз гумон пайравӣ намекунад; ба дурустӣ, ки гумон аз [шинохти] ҳақ, чизеро бениёз намесозад; ҳамоно Худо ба он чи анҷом медиҳанд доност.
- Ва чунин нест, ки ин Қуръон аз ҷониби ғайри Худо ба дурӯғ сохта шуда бошад, валекин тасдиқкунандаи он чизест, ки пеш аз он аст ва баёни китоб [-ҳои илоҳӣ] аст, дар ҳоле ки ҳеҷ шакке дар он нест; аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.
- Оё мегӯянд: «онро ба дурӯғ сохтааст?» Бигӯ: «агар рост мегӯед, пас сурае монанди он биёред ва ғайр аз Худо ҳар касро метавонед, фаро хонед».
- Балки чизеро дурӯғ пиндоштанд, ки ба илми он иҳота надоштанд ва ҳанӯз ҳақиқаташ ба онҳо нарасидааст. Ин гуна, касоне, ки пеш аз онҳо буданд, дурӯғ пиндоштанд; пас бингар, ки оқибати ситамгарон чигуна шуд.
- Ва аз онҳо касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва аз онҳо касе ҳаст, ки ба он имон намеоварад ва Худо ба [ҳоли] муфсидон донотар аст.
- Ва агар туро такзиб карданд, пас бигӯ: «амали ман барои ман ва амали шумо барои шумост; шумо аз он чи ман анҷом медиҳам, безоред ва ман аз он чи шумо анҷом медиҳед, безорам».
- Ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки ба сухани ту гӯш медиҳанд ва оё ту каронро мешунавонӣ ва агарчи намеандешанд?
- Ва аз онҳо касест, ки ба сӯи ту менигарад; пас оё ту кӯронро ҳидоят мекунӣ ва агарчи намебинанд?
- Қатъан Худо ба мардум ҳеҷ ситаме намекунад валекин мардум бар худашон ситам мекунанд.
- Ва рӯзе, ки [Худо] онҳоро маҳшур мекунад, гӯё ин ки ҷуз соате аз рӯз [дар дунё] намонда буданд, якдигарро мешиносанд. Дар ҳақиқат касоне, ки лиқои Худоро такзиб карданд, зиён дидаанд ва ҳидоятёфта набудаанд.
- Ва агар баъзе аз он чиро, ки ба онҳо ваъда медиҳем ба ту нишон диҳем ё туро бимиронем, пас бозгашти онон фақат ба сӯи Мост; онгоҳ Худо бар он чи анҷом медиҳанд, гувоҳ аст.
- Ва барои ҳар уммате паёмбарест; пас ҳангоме ки паёмбарашон биёяд, ба адолат дар байнашон доварӣ шавад; дар ҳоле ки онон ситам намешаванд.
- Ва мегӯянд: «агар ростгӯ ҳастед, ин ваъда кай аст?»
- Бигӯ: «барои худам молики ҳеҷ зарар ва суде нестам, магар он чи Худо бихоҳад. Барои ҳар уммате аҷалест; ҳангоме ки аҷали онҳо бирасад, пас лаҳзае таъхир намекунанд ва пешӣ намегиранд».
- Бигӯ: «чӣ мебинед, агар азоби Ӯ шабонгоҳ ё дар рӯз ба суроғи шумо биёяд? Гуноҳкорон чӣ чизеро аз Ӯ бо шитоб металабанд?»
- Сипас оё вақте ки [азоб] воқеъ шуд, ба он имон меоваранд? Оё ҳоло [имон меоваред?] дар ҳоле ки онро ба шитоб талаб мекардед.
- Сипас ба касоне, ки ситам карданд, гуфта шавад: «азоби мондагорро бичашед! Оё ҷуз ба он чи анҷом медодед, ҷазо дода мешавед?»
- Ва аз ту мепурсанд: «оё он [ваъдаи азоб] ҳақ аст?» Бигӯ: «оре, ба Парвардигорам қасам, ки он қатъан ҳақ аст! Ва шумо оҷизкунанда [-и Худо] нестед».
- Ва агар барои ҳар шахсе, ки ситам кардааст он чиро, ки дар замин аст дошта бошад, албатта онро [барои наҷоти худ] фидя медод. Ва ҳангоме ки азобро бибинанд пушаймониро пинҳон мекунанд ва миёни онҳо ба адолат доварӣ шавад, дар ҳоле ки онон ситам намешаванд.
- Огоҳ бошед! Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост. Огоҳ бошед! Ба таҳқиқ ваъдаи Худо ҳақ аст, валекин бештари онҳо намедонанд.
- Ӯ зинда мекунад ва мемиронад ва фақат ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.
- Эй мардум! Ба таҳқиқ аз ҷониби Парвардигоратон панде барои шумо ва шифое барои он чи дар дилҳост ва ҳидоят ва раҳмате барои мӯъминон омадааст.
- Бигӯ: «ба фазли Худо ва раҳматаш, пас бояд [мӯъминон] ба он шодмон шаванд; он аз ҳарчи ҷамъ мекунанд, беҳтар аст».
- Бигӯ: «оё дар ризқе, ки Худо барои шумо фиристодааст, нигаристаед? Ва баъзе аз онро ҳаром ва [баъзе дигарро] ҳалол қарор додед?» Бигӯ: «оё Худо ба шумо иҷозат додааст ё бар Худо дурӯғ мебандед?»
- Ва гумони касоне, ки бар Худо дурӯғ мебанданд, дар бораи рӯзи қиёмат чист? Қатъан Худо нисбат ба мардум соҳиби фазл аст валекин бештари онҳо шукргузорӣ намекунанд.
- Ва дар ҳеҷ коре нестӣ ва аз тарафи Ӯ ҳеҷ [ояте] аз Қуръонро тиловат намекунӣ ва ҳеҷ кореро анҷом намедиҳед, ҷуз ин ки чун ба он мепардозед, бар шумо гувоҳ ҳастем ва дар замин ва дар осмон ба андозаи заррае ва на кӯчактар ва на бузургтар аз он [чизе] аз Парвардигорат пинҳон намемонад, магар ин ки дар китоби равшан [навишта шуда] аст.
- Огоҳ бошед! Ҳамоно дӯстони Худо на тарсе бар онон аст ва на онон андӯҳгин шаванд;
- [Ҳамон] касоне, ки имон овардаанд ва тақво пеша мекарданд.
- Барояшон дар зиндагии дунё ва дар охират башорат аст. Ҳеҷ тағйире барои сухани Худо нест; ин ҳамон комёбии бузург аст.
- Сухани онҳо туро андӯҳгин насозад! Ҳамоно иззат, ҳама аз они Худост; Ӯ шунавои доност.
- Огоҳ бошед! Ҳамоно ҳар ки дар осмонҳо ва ҳар ки дар замин аст, аз они Худост ва касоне, ки ғайр аз Худо мехонанд, шариконро пайравӣ намекунанд, фақат аз гумон пайравӣ мекунанд ва ҷуз ин нест, ки онҳо дурӯғ мегӯянд.
- Ӯ Зотест, ки шабро барои шумо қарор дод, то дар он ором гиред ва рӯзро равшан [қарор дод]. Қатъан дар ин [амр] нишонаҳоест барои гурӯҳе, ки мешунаванд.
- Гуфтанд: «Худо фарзанде гирифтааст». Ӯ муназзаҳ аст. Ӯ бениёз аст; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Назди шумо ҳеҷ далеле бар ин нест; оё чизеро, ки намедонед ба Худо нисбат медиҳед?
- Бигӯ: «қатъан касоне, ки бар Худо дурӯғ мебанданд, растагор намешаванд».
- [Барои онҳо] баҳрае дар дунёст; онгоҳ бозгашташон ба сӯи Мост; сипас ба сазои он чи ки куфр меварзиданд, азоби сахтеро ба онон мечашонем».
- Ва хабари Нӯҳро бар онҳо бихон, онгоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «эй қавм [-и ман]! Агар ҷойгоҳи ман ва ёдоварии ман нисбат ба оятҳои Худо бар шумо гарон аст; пас фақат бар Худо таваккал кардам; пас нерӯ ва шариконатонро ҷамъ кунед; сипас коратон бар шумо пӯшида набошад, онгоҳ ба [кори] ман поён диҳед ва [ба ман] мӯҳлат надиҳед.
- Ва агар рӯй гардонидед, пас аз шумо музде нахостам; музди ман ҷуз бар Худо нест ва дастур ёфтаам, ки аз мусулмонон бошам».
- Пас ӯро такзиб карданд ва ӯ ва касонеро, ки ҳамроҳаш дар киштӣ буданд, наҷот додем ва онҳоро ҷойгузинҳо [-и кофирон] қарор додем ва касонеро, ки оятҳои Моро такзиб карданд, ғарқ кардем. Пас бингар, ки оқибати ҳушдордодашудагон чигуна буд!
- Сипас баъд аз ӯ расулонеро ба сӯи қавмашон барангехтем ва барояшон далелҳои равшан оварданд ва ҳаргиз ба чизе, ки аз пеш онро такзиб карда буданд, имон намеоварданд. Ин гуна бар дилҳои таҷовузгарон мӯҳр мениҳем.
- Сипас Мӯсо ва Ҳорунро баъд аз онҳо ба сӯи Фиръавн ва ашрофаш, бо нишонаҳои Худ, фиристодем; пас такаббур варзиданд ва [аз] гурӯҳи муҷримон буданд.
- Ва ҳангоме ки ҳақ аз назди Мо ба сӯи онҳо омад, гуфтанд: «ҳамоно ин сеҳри ошкор аст».
- Мӯсо гуфт: «оё ҳангоме ки ҳақ ба сӯятон омад [чунин] мегӯед? Оё ин сеҳр аст? Дар ҳоле ки соҳирон наҷот намеёбанд».
- Гуфтанд: «оё ба сӯи мо омадаӣ, то моро аз он чи падарони худро бар он ёфтаем, бозгардонӣ ва риёсат дар замин, аз они шумо [ду нафар] бошад? Ва мо тасдиқкунандаи шумо нестем».
- Ва Фиръавн гуфт: «ҳар соҳири доноеро пеши ман биёваред!»
- Пас ҳангоме ки соҳирон омаданд, Мӯсо ба онҳо гуфт: «биафканед, он чиро шумо [бояд] биафканед!»
- Ва ҳангоме ки афканданд, Мӯсо гуфт: «он чиро, ки овардаед сеҳр аст; ҳамоно Худо ба зудӣ онро ботил мекунад; яқинан Худо кори фасодгаронро ислоҳ намекунад.
- Ва Худо ҳақро бо суханонаш пойдор мегардонад ва ҳарчанд муҷримон нохушнуд бошанд».
- Пас ба Мӯсо ҷуз насле аз қавмаш имон наёварданд, ба сабаби тарс аз Фиръавн ва ашрофашон, ки мабодо онҳоро шиканҷа кунанд. Ва қатъан Фиръавн дар замин саркаш [ва бартариҷӯ] буд ва қатъан ӯ аз исрофкорон буд.
- Ва Мӯсо гуфт: «эй қавм [-и ман]! Агар ба Худо имон овардаед пас фақат бар Ӯ таваккал кунед, агар мусулмон ҳастед».
- Пас гуфтанд: «фақат бар Худо таваккал кардем; Парвардигори мо! Моро [сабаби] озмоиш барои гурӯҳи золимон қарор мадеҳ;
- Ва моро ба раҳмати Худ аз гурӯҳи кофирон наҷот деҳ!»
- Ва ба сӯи Мӯсо ва бародараш ваҳй фиристодем, ки барои қавми худ дар Миср хонаҳое омода кунед ва хонаҳоятонро муқобили якдигар [ва ибодатгоҳ] қарор диҳед ва намозро барпо доред ва мӯъминонро мужда деҳ!
- Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигори мо! Ҳамоно ту Фиръавн ва ашрофашро, дар зиндагии дунё зинат ва молҳо [-и бисёр] додаӣ; Парвардигори мо! То [мардумро] аз роҳи ту гумроҳ кунанд; Парвардигори мо! Молҳояшонро нобуд кун ва дилҳояшонро сахт гардон, ки имон наёваранд, то азоби дарднокро бибинанд».
- [Худо] фармуд: «ба таҳқиқ дуои ҳардуи шумо пазируфта шуд; пас пойдорӣ кунед ва роҳи касонеро, ки намедонанд, пайравӣ накунед».
- Ва Банӣ Исроилро аз дарё гузарондем; пас Фиръавн ва лашкариёнаш, ба хотири ситаму душманӣ онҳоро дунбол карданд, то замоне ки дар ҳоли ғарқ шудан қарор гирифт, гуфт: «имон овардам, ки ҳеҷ маъбуде нест, ҷуз касе, ки Банӣ Исроил ба Ӯ имон овардаанд ва ман аз таслимшудагон ҳастам».
- [Гуфта шуд:] оё акнун [имон меоварӣ]? Дар ҳоле ки ба таҳқиқ пеш аз ин нофармонӣ мекардӣ ва аз фасодкорон будӣ!
- Пас имрӯз туро бо баданат наҷот медиҳем, то барои касоне, ки пас аз ту ҳастанд, нишона [ва ибрат] бошӣ. Ва ҳамоно бисёре аз мардум аз нишонаҳои Мо ғофиланд.
- Ва дар ҳақиқат Банӣ Исроилро дар ҷойгоҳи дурусте ҷой додем ва онҳоро аз покизаҳо рӯзӣ додем; пас ихтилоф накарданд, то ин ки барояшон дониш омад. Ҳамоно Парвардигорат рӯзи қиёмат миёни онҳо, дар он чи ихтилоф мекарданд, ҳукм мекунад.
- Ва агар дар он чи ки ба ту нозил кардем дар шак ҳастӣ, пас аз касоне, ки пеш аз ту китоб [-и осмони]-ро мехонданд, бипурс; ба таҳқиқ ҳақ аз ҷониби Парвардигорат ба ту омадааст, пас ҳаргиз аз шаккунандагон мабош!
- Ва ҳаргиз аз касоне набош, ки оятҳои Худоро такзиб карданд; онгоҳ аз зиёнкорон шавӣ!
- Ҳамоно касоне, ки ҳукми Парвардигорат бар онҳо муҳаққақ гашт, имон намеоваранд;
- Ва агарчи ҳар нишонае барояшон биёяд, то ин ки азоби дарднокро бибинанд.
- Ва чаро [мардуми] ҳеҷ ободие набуд, ки имон оваранд, то имонашон ба онҳо суд расонад? Магар қавми Юнус вақте ки имон оварданд, азоби расвоиро дар зиндагии дунё аз онон бардоштем ва онҳоро то муддате баҳраманд сохтем.
- Ва агар Парвардигорат мехост, ҳатман касоне, ки дар рӯи замин ҳастанд, ҳамаи онҳо якҷо имон меоварданд ва оё ту метавонӣ мардумро водор кунӣ, то ин ки мӯъмин шаванд?
- Ва барои ҳеҷ кас [мумкин] нест имон оварад, магар ба хости Худо ва [Худо] палидиро бар касоне, ки намеандешанд, қарор медиҳад.
- Бигӯ: «бингаред, ки чӣ чизе дар осмонҳо ва замин аст?» Ва нишонаҳо ва ҳушдорҳо барои гурӯҳе, ки имон намеоваранд, суде намебахшад.
- Ва оё ҷуз ҳамонанди саргузашти касонеро, ки пеш аз онҳо гузаштанд, мунтазир мешаванд? Бигӯ: «пас мунтазир бошед, ҳамоно ман бо шумо аз мунтазирон ҳастам».
- Сипас паёмбарони Худ ва касонеро, ки имон оварданд, наҷот медиҳем; ин гуна бар Мо ҳақ аст, ки мӯъминонро наҷот диҳем.
- Бигӯ: «эй мардум! Агар аз дини ман дар шак ҳастед, пас касонеро, ки ба ҷои Худо мепарастед, ибодат намекунам, валекин Худоеро ибодат мекунам, ки ҷони шуморо меситонад ва фармон ёфтаам, ки аз мӯъминон бошам».
- Ва ин ки рӯи худро ба дин, ҳақгароёна устувор гардон ва ҳаргиз аз мушрикон мабош.
- Ва ғайр аз Худо чизеро нахон, ки суде ба ту намедиҳад ва зараре ба ту намерасонад ва агар [чунин] кунӣ, пас онгоҳ дар ҳақиқат аз ситамгарон хоҳӣ буд.
- Ва агар Худо ба ту зараре бирасонад, пас ҷуз Ӯ ҳеҷ бартарафкунандае барои он нест ва агар хайре барои ту бихоҳад, пас ҳеҷ боздорандае барои бахшиши Ӯ нест; онро ба ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаи меҳрубон аст.
- Бигӯ: «эй мардум! Ба таҳқиқ ҳақ аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст ва ҳар кас ҳидоят шавад, пас фақат ба суди худаш ҳидоят мешавад ва ҳар кас гумроҳ шавад, пас фақат бар зарари худ гумроҳ мешавад ва ман ҳимоятгари шумо нестам».
- Ва он чи ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва сабр намо, то ин ки Худо ҳукм кунад ва Ӯ беҳтарин ҳукмкунандагон аст.