Сифоти Паёмбари Аъзам(с)

Muhammad2

Muhammad2Ба номи Худо

Дар заминаи ахлоқ ва сунану одоби зиндагии Паёмбари Аъзам(с) ривоёти зиёде нақл шудааст, ки ба бархе аз онҳо феҳриствор ишора мекунем:

 Паёмбари Аъзам (с) кафшашро худаш медухт.

  1. Либоси худро васла мезад ва поргӣ мекард.
  2. Гӯсфандро худаш мекушт.
  3. Бо ғуломон ғизо ва хурок мехӯрд.
  4. Бар замин менишаст.
  5. Бар хар савор мешуд.
  6. Ҳаё монеаш мешуд, ки ниёзҳои худро аз бозор таҳия кунад.
  7. Ба тавонгарон ва фуқаро даст медод ва дасти худро намекашид, то тараф, дасти худро бикашад.
  8. Ба ҳар кас мерасид, чи бузург ва чи кӯчак салом мекард.

10.  Агар чизе пешкаш мекарданд, онро таҳқир намекард, агарчи як хурмои пусида буд.

11.  Камхарҷ ва хушмуошират буд ва табъи карим дошт.

12.  Бе он ки қаҳқаҳа кунад, ҳамеша табассуме бар лаб дошт.

13.  Бе он ки чеҳрае дарҳам кашида бошад, ҳамеша андуҳгин ба назар мерасид.

14.  Бе он ки аз худ зиллат ва хорие нишон диҳад, ҳамвора мутавозеъ буд.

15.  Бе он ки исроф кунад, сахӣ буд.

16.  Бисёр дилнозуку меҳрубон буд.

17.  Ҳаргиз дасти тамаъ ба рӯи чизе дароз накард.

18.  Ҳангоми берун рафтан аз хона, худро дар оина медид, мӯи худро шона мезад ва чи басо ин корро дар баробари об анҷом медод.

19.  Ҳеҷ гоҳ дар муқобили дигарон пои худро дароз намекард.

20.  Ҳамвора байни ду кор душвортарини онро интихоб мекард.

21.  Ҳеҷ вақт ба хотири зулме, ки бар ӯ мешуд дар садади интиқом намебаромад, магар он ки ба чизҳое, ки пеши Худо муҳтарам ҳастанд ҳурматшиканӣ мешуд, ки дар ин сурат хашм мекард.

22.  Ҳеҷ вақт дар ҳоли такя кардан хӯрок нахӯрд.

23.  Ҳеҷ вақт шахсе аз ӯ чизе дархост накард, ки ҷавоби на бишнавад ва ҳоҷати ҳоҷатмандонро рад намекард.

24.  Намозаш дар айни тамом буданаш сабук ва хутбааш кутоҳ буд.

25.  Мардум он ҳазратро ба бӯи хуше, ки аз ӯ ба машом мерасид, мешинохтанд.

26.  Вақте дар хона меҳмон дошт, аввал касе буд, ки шурӯъ ба хӯрдан мекард ва охирин касе буд, ки аз хӯрдан даст мекашид, то меҳмон роҳат хӯрок бихӯрад.

27.  Бар сари суфра ҳамеша аз ғизои пеши худ мехӯрд.

28.  Обро бо се нафас меошомид.

29.  Ҷуз бо дасти рост чизе намедод ва намегирифт ва ғизо намехӯрд.

30.  Вақте дуо мекард се бор дуо мекард ва вақте сухан мегуфт дар каломи худ такрор надошт.

31.  Агар мехост иҷозаи даромадан ба хонаи мардум бигирад, онро се бор такрор мекард.

32.  Каломаш равшан буд, ба тавре ки ҳар шунавандае онро мефаҳмид.

33.  Нигоҳи худро байни афроде, ки дар ҳузураш буданд тақсим мекард.

34.  Ҳар гоҳ бо мардум сухан мегуфт, дар ҳарф задан табассум мекард.

Тафсири Нур, зери ояи 3 сураи Қалам, ба нақл аз тафсири ал-Мизон ҷ. 6, саҳ. 183.

Таҳияи Файёз

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...