Ба номи Худо
Тарҷумаи сураи Саҷда (1)
Ба номи Худо
Сухани мутарҷим
Китобҳои осмонӣ, барои ҳидояти инсонанд ва Қуръони Карим комилтарин ва олитарин қонуни саодат аст, чун танҳо китоби осмонӣ аст, ки алфози он айни ваҳйи илоҳӣ аст ва дасисагарон ҳеҷ гоҳ наметавонанд дасти нопоки худро ба таҳрифи он олуда созанд.
<إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ>
“Дар ҳақиқат мо Қуръонро нозил кардем ва қатъан нигаҳдори онем.”[1]
Қуръон нур ва равшанибахш аст. Нуре, ки инсонро аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ ва роҳҳои саломати ҷисму рӯҳ роҳнамоӣ месозад.
>قَدْ جَاءكُم مِّنَ اللّهِ نُورٌ وَكِتَابٌ مُّبِينٌ … يَهْدِي بِهِ اللّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلاَمِ وَيُخْرِجُهُم مِّنِ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ <
“Аз тарафи Худо, нур ва китоби ошкоре ба сӯи шумо омад. … Худованд ба баракати он, касонеро, ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони худ аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ мебарад.”[2]
Ба ҳамин ҷиҳат Худои Субҳон дар оёти бисёре Қуръони Каримро китоби ҳидоят муаррифӣ мекунад.
Гарчи ниёзи инсон ба Қуръон доимӣ аст, аммо ба ҷуръат метавон гуфт, ки ниёзи инсони муосир ба оёти нуронии Қуръон хеле бештар аст.
Бетардид инсони дур афтода аз хештан ва фосила гирифта аз фазоили ахлоқӣ ва авотифи инсонӣ ва маҳсур дар изтиробҳо ва нигарониҳо, ташнаи ҳақиқати ноб ва ба дунболи оби ҳаёт аст ва онро ҷуз дар дини ҳақиқӣ, ки ҳамоно Ислом ва Қуръони Карим аст нахоҳад ёфт.
Паёмбари Аъзам(с) мефармояд:
«اِذَا الْتَبَسَتْ عَلَيْكُمُ الفِتَنُ كَقِطَعِ اللَّيْلِ الْمُظْلِمِ فَعَلَيْكُمْ بِالْقُرآنِ»
“Ҳаргоҳ фитнаҳо ҳамчун шабҳои сиёҳ бар шумо рӯй кард, ба суроғи Қуръон биравед.”[3]
Ва низ фармудаанд: “Қуръон суфраи меҳмонии Худованд аст, то метавонед аз зиёфати Ӯ баҳра бигиред.”[4]
Дар дунёи имрӯз, душманони башарият бо пешрафтатарин абзор аз замину осмон бар ақоид, фарҳанг, ахлоқ ва имони мо ҳуҷум оварда ва аз ҳеҷ гуна тавтеа, таҳриф ва илқои шубҳа даст намекашанд. Фитнаҳо монанди абрҳои торик соя афканда ва ниёзи инсон ба киштии мутмаин аз ҳар замоне бештар шудааст.
Муҳимтарин мушкили башари имрӯз, анвои нигарониҳо ва изтиробҳо ва дағдағаҳост ва танҳо василаи оромбахши он ёди Худост, ки мефармояд: <أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ>
“Огоҳ бошед, танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад.”[5]
Ва Қуръони Карим беҳтарин ёди илоҳист, ки метавон бо хондан ва тадаббур дар оёташ, дилро оромиш бахшид.
Ин китоб баргардони тафсири равони сураи Саҷда, ба қалами устод Муҳсин Қироатӣ аст.
Бошад, ки мавриди писанд ва истифодаи хонандагони муҳтарам қарор гирад, иншоаллоҳ.
اَللّهُمَ اجعَلِ القُرآنَ لَنَا نُورًا وَ هُدیً وَ رَحمَۀً وَ بُشریَ
Баргардонанда
Симои сураи Саҷда
Ин сура сӣ оят дорад ва дар Макка нозил шудааст.
Ин сура яке аз бисту нуҳ сураест, ки бо ҳуруфи муқаттаа оғоз ва пас аз он аз Қуръон таҷлил шудааст.
Яке аз сураҳоест, ки дар он ояи саҷдаи воҷиб омадааст.
Тибқи ҳадисе, ки дар тафсири Маҷмаулбаён омада Расули Акрам(с) ҳар шаб қабл аз хоб ин сура ва сураи Мулкро тиловат мефармуд.
Монанди дигар сураҳои Маккӣ, дар ин сура низ мабоҳиси густардае дар мавриди мабдаъ ва маод ва саранҷоми кофирон омадааст, то сабаби тақвияти имони мӯъминон ва пойдории онон дар баробари фишори душманон гардад.
Дар ояи понздаҳ, аз рукуъ ва суҷуд ба ҳангоми шаб, ки мардум дар хоб ҳастанд, ба унвони вижагии мӯъминони ростин ёд шуда ва қироати ин оят низ саҷдаи воҷиб дорад.
[1]. Сураи Ҳиҷр, ояти 9.
[2]. Сураи Моида, ояти 15‑16.
[3]. Усули Кофӣ, ҷ.2, саҳ 598.
[4]. Канзулуммол, ҳадиси 2356.
[5]. Сураи Раъд, ояти 28.