Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати маро дар ҳаққи ӯ қабул фармо ва ӯро раҳмату иноят кун. Хоҳиш ва шафоати рӯза  ва Қуръон дар ҳаққи он кас қабул мешавад ва биҳишт ва мағфират насиби ӯ мешавад ва мавриди раҳматҳо ва иноятҳои Зоти Аҳадият қарор мегирад[1].

Расули Акрам(с) фармуданд: “Ҳар шахси рӯзадоре, ки каломи беҳуда ва кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна ва ташна будани ӯ надорад”[2]

Расули Акрам(с) фармуданд: “Касоне, ки рӯзаи Рамазонро бо имон   ва қасди савоб бигиранд ва дар шабҳои Рамазон махсусан шаби қадр бо имон ва қасди савоб нофила бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онон афв мешавад”[3]

Аз Абуимоқа ривоят аст, ки ба Расули Акрам(с) арз кардам: “Ба ман анҷоми амалеро дастур диҳед, ки Худованд аз он маро нафъ диҳад.” Ҳазрат  фармуданд: “Рӯза  бигир, ки ҳеҷ амале мисли он нест”.  [4]

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам(с) фармуданд: “Савоби ҳар амал аз даҳ баробар то ҳафтсад баробар афзуда мешавад, (яъне дар мавриди аъмоли хайри ин уммат қонуни Илоҳӣ чунин аст, ки аҷри як некӣ ҳадди ақал даҳ баробар ва гоҳе то ҳафтсад баробар дода хоҳад шуд), пас Расули Акрам(с) фармуданд: Худованд мефармояд: Ҳисоби рӯза  ҷудост ва он ҳадяи хосси бандаи ман барои ман аст ва ман ҳар тавре ки бихоҳам аҷру подоши онро хоҳам дод. Бандаи ман барои ризо ва хушнудии ман, ҳавои нафс ва хӯрдану нӯшиданро тарк кардааст, пас фидокории ӯро подоши шоиста хоҳам дод. Барои рӯзадор ду хушҳолӣ аст, яке вақти ифтор ва дигаре ҳангоми рафтан ба боргоҳи Молик ва Мавлои худ ва савганд ба Аллоҳ, ки бӯи даҳони рӯзадор  назди Аллоҳ аз мушк хушбӯтар аст. Рӯза сипаре  аст дар дунё барои дар амон мондан аз васвасаҳои нафсу шайтон ва дар охират барои дар амон мондан аз оташи дӯзах. Ва чун яке аз шумо рӯзадор бошад бар вай лозим аст, ки суханҳои беҳуда ва бад нагӯяд ва ҷангу ҷидол накунад ва агар касе бо ӯ ҷидолу бадгӯӣ кард, бигӯяд, ки рӯзадорам.» [5]

 Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: “Худованд рӯзаро воҷиб кард то ба василаи он ихлоси халқро биозмояд”.

Ҳазрати Алӣ (а) фармуданд: “Рӯза  парҳез аз ҳаромҳо аст, ҳамчунон ки шахсе аз хӯрданӣ ва нӯшиданӣ парҳез мекунад”.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) фармуданд: “Рӯзадоре, ки забону гӯшу чашм ва аъзои худро ҳифз накардааст, рӯзааш чӣ фоида дорад”.

Имом Содиқ (а) фармуданд: “Худованд рӯзаро воҷиб кард то ба ин васила ғанӣ ва фақир баробар гарданд”.

Имом Содиқ (а) фармуданд: “Ҳар касе дар рӯзи бисёр гарм барои Худо рӯза  бигирад ва ташна монад, Худованд ҳазор фариштаро мегуморад, то даст ба чеҳраи ӯ бикашанд ва ӯро башорат диҳанд, то ҳангоме ки ифтор кунад”.

Имом Козим(а) фармуданд: “Дуои шахси рӯзадор ҳангоми ифтор қабул мешавад”.

Имом Ризо (а) фармуданд: “Мардум ба анҷоми рӯза  амр шудаанд, то дарди гуруснагӣ ва ташнагиро бифаҳманд ва ба воситаи он фақру бечорагии охиратро биёбанд”.         

Осори иҷтимоии рӯза

 Ба касе пӯшида нест, ки рӯза  як дарси баробарӣ дар миёни афроди ҷомеа аст. Бо анҷоми ин дастури мазҳабӣ сарват-мандон ҳам вазъи гуруснагон ва маҳрумони ҷомеаро ҳис мекунанд ва ҳам бо сарфаҷӯӣ дар таъоми шабонарӯзии худ метавонанд ба онҳо кӯмак кунанд. Албатта мумкин аст бо баён кардани  ҳоли дигарон (гуруснагон) ва маҳрумон серонро бо ҳоли гуруснагон ошно сохт, вале агар ин масъала ба шакли ҳиссӣ ва айнӣ  анҷом шавад асари дигаре дорад. Рӯза  ба ин мавзӯи муҳимми иҷтимоӣ ранги ҳиссӣ медиҳад, аз ин рӯ дар ҳадиси маъруфе аз Паёмбари Акрам (с) нақл шудааст: «Рӯза  ба ин далел воҷиб шудааст, ки миёни фақир ва ғанӣ баробарӣ барқарор гардад ва ин ба хотири он аст, ки ғанӣ таъми гуруснагиро бичашад ва нисбат ба фақир адои ҳақ кунад. Худо мехоҳад дар байни бандагони худ баробарӣ бошад ва таъми гуруснагӣ ва дурӣ ва ранҷро ба ағниё бичашонад то ба заифон ва гуруснагон раҳм кунанд. [6]

Ростӣ агар кишварҳои сарватманди ҷаҳон чанд рӯзро дар сол рӯза  бидоранд ва таъми гуруснагиро бичашанд боз ҳам ин ҳама гурусна дар ҷаҳон вуҷуд хоҳад дошт?

Ёдовар мешавем, ки  рӯза  дар Ислом мисли рӯзаҳои мустаҳаббӣ ва рӯзаи воҷиб дар моҳи мубораки Рамазон фоидаҳои зиёде дорад, ки аз ҷумла инсонро ба ёди Худо меандозад ва инсони ғанӣ ва фақирро баробар мекунад. Паёмбари Ислом(с) супоришҳои зиёде барои рӯза гирифтан кардааст; аз ҷумла ин ки фармуданд: Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон бо нияти холис рӯза  бигирад, Худованд тамоми гуноҳони ӯро мебахшад. 

Аз  ин болотар таъсирҳои зиёде дорад, аз ҷумла асари тарбиятӣ,иҷтимоӣ, беҳдоштӣ ва ғайра.

Умедворем Худованд моро аз осор ва баракатҳои рӯзадорӣ баҳраманд бигардонад. Омин.

 


[1] . Маорифи ҳадис, ҷ.4, китоби Савм, с. 450.

[2] . Маорифи ҳадис, ҷ.4, китоби Савм, с .450.

[3] . Маорифи ҳадис, ҷ.4, китоби Савм, с .449  

[4] . Маорифи ҳадис, ҷ.4, китоби Савм, с.448  

[5] . Маорифи ҳадис, ҷ.4, китоби Савм, с 449

[6] . Васоил, ҷ 5, с. 3, боби якум, китоби Савм.

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,