Нигоҳе ба зиндаигии Паёмбари Аъзам(3)

… Абӯҷаҳл дар каминиРасули Худо(с)

Пешрафти дини Ислом, Қурайшро хеле нороҳат карда буд. Рӯзе набуд, ки хабари мусулмон шудани фарде аз қабилаҳои Қурайш ба гӯши онон нарасад. Ба ҳамин хотир оташи ғазаби онон бештар мешуд. Рӯзе Абӯҷаҳл дар маҷлиси Қурайш гуфт: “Шумо эй гурӯҳи Қурайш, мебинед, ки Муҳаммад чигуна дини моро бад мешуморад ва ба оини падарони мо ва худоёни онҳо бад мегӯяд ва моро беақл мешуморад. Ба Худо қасам, фардо дар камини ӯ менишинам ва сангеро дар канори худ мегузорам, ҳангоме ки Муҳаммад сар ба саҷда мегузорад, сари ӯро бо он захмӣ мекунам”.Фардои он рӯз Паёмбар(с) ба Масҷидулҳаром даромад ва ба намоз истод.Гурӯҳе аз Қурайш, ки аз мақсади Абӯҷаҳл огоҳ буданд, ба фикр афтоданд, ки оё ӯ дар ин мубориза пирӯз мешавад ё не. Пайғамбари Гиромӣ(с) сар ба саҷда гузошт. Душмани деринаи ӯ аз камингоҳ бархост ва наздики ҳазрат омад. Чизе нагузашт, ки ваҳшати аҷибе дар дили ӯ ба вуҷуд омад ва ларзону тарсон бо ранги парида ба сӯи Қурайш баргашт. Ҳама пеши ӯ омаданду гуфтанд: Чӣ шуд? Вай бо садои бисёр оҳиста, ки нишонаи тарсу ваҳшат буд, гуфт: “Манзарае дидам, ки дар тамоми умрам надида будам. Ба ҳамин хотир натавонистам коре анҷом бидиҳам”.

Бешак чунин ба назар мерасад, ки як нерӯи ғайбӣ ба фармони Худо ба кӯмаки Паёмбар(с) бархоста ва чунин манзараеро ба вуҷуд овард ва вуҷуди ҳазратро тибқи ваъдаи ҳатмии Илоҳӣ аз газанди душманон ҳифз кард. Қуръон дар ин бора мефармояд:

(إنا کَفَیناکَ المُستَهزِءین)

“Мо туро аз бадии масхаракунандагон нигоҳ медорем”.[1]

Озору азияте, киРасулиХудо(с) аз амаки худ Абӯлаҳаб ва ҳамсари ӯ Умми Ҷамил медид, аз каси дигаре надида буд.[2]

Ҳиҷрати мусулмонон

Пас аз ҳиҷрат ба Ҳабаша дувумин бор баъд аз “Байъатулҳарб” мусулмонони Макка аз Расули Худо(с) иҷозати муҳоҷират хостанд. Он ҳазрат низ ба онон иҷозати муҳоҷират ба Ясрибро дод. Мусулмонон махфиёна аз Макка хориҷ шуданд. Расули Худо(с), ҳазрати Алӣ(к), ҳазрати Абӯбакр(рз), Фотима бинти Асад(рз) ва Фотимаи Заҳро(с) дар Макка боқӣ монданд. Мусулмононе, ки бемор ва дар дасти Қурайш зиндонӣ буданд, монданд.[3] Мусулмонон дар он шароити сахту душвор ва ҳавои гарм пиёда аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд. Баъзе аз муҳоҷирон зану фарзанди худро натавонистанд бо худ бибаранд. Дар ин вақт сураи Анкабут бар Паёмбар(с) нозил шуд ва таклифи мӯъминонро равшан кард.[4] Дар аввалин ояти ин сура ба имтиҳони мӯъминон ва умматҳои гузашта ишора карда дар ояи бисту шашион аз наҷот ва ҳиҷрати ҳазрати Иброҳим(а) хабар додааст. Дар ояти дигар мефармояд: “Эй бандагони боимони ман,замини ман паҳновар аст, пас ҳар куҷо ҳастед маро бипарастед.”[5]

Иқдомоти Паёмбар(с) дар Мадина

  Сохтани масҷид дар Мадина дар маконе, ки шутураш зонӯ зад ва ба номи “Масҷидуннабӣ” маъруф шуд ва эъломи мавҷудияти ҳукумате бар асоси Ислом гардид, аз нахустин иқдомоти он ҳазрат буд. Сохтани ҳуҷраҳое дар атрофи масҷид, ки дар тули як сол анҷом шуд аз иқдомоти дигари он ҳазрат аст. Дар ин муддат қабилаи Авсу Хазраҷ мусулмон шуда буданд. Расули Худо(с) барои фақирон ва бехонумонҳо маконе сохт. Онҳо ҳам аз ансор[1] буданд ва ҳам аз муҳоҷирон, ки дар онҷо зиндагӣ мекарданд. Ҳазрат(с) аз тарафи Худованд маъмур шуд, то байни Авсу Хазраҷ, ки душмании дерина доштанд муҳоҷирону ансор, дустӣ ва ваҳдат барқарор кунад. Пайғамбари Акрам(с) паймоне бо яҳудиёни Мадина баст ва ба онҳо чунин фармуд:

1. Мусулмонон ва яҳудиён монанди як уммат ҳастанд ва дар маросими динии худ озод ҳастанд.

2. Ҳангоми ҷанг ва ҳамлаи душман ба Мадина ин ду гурӯҳ (яҳуд ва ансор) бояд ба ҳам кӯмак бикунанд.

3. Қарордоди сулҳ бо душман, бо машварати ҳарду гурӯҳ бояд анҷом шавад.

4. Мадина ҳарам аст, ҳарду гурӯҳ бояд ба он эҳтиром бигузоранд чун ҳар гуна хунрезӣ дар он ҳаром мебошад.

5. Ҳар кас аз яҳудиён аз мо пайравӣ кунад, нисбат ба ӯ некӣ ва ёрӣ хоҳад шуд ва бар онон ситам нахоҳад шуд.

6. Ҳангоми ихтилоф охирин доварРасулиХудо(с) хоҳад буд.

7. Имзокунандагони ин паймон бо якдигар ба некӯӣ рафтор хоҳанд кард.

Ин ахлоқу рафтори Паёмбари Ислом(с) сабаб шуд, ки ҳар гоҳ фармон медод, мусулмонон омода буданд то ҷони худро ба хотири Худо фидо кунанд.

Ҳаҷҷатулвидоъ

Ҳаҷҷи видоъ охирин зиёрате аст, ки Паёмбари Ислом(с) аз хонаи Каъба анҷом дод. Бо нозил шудани ояти ҳаҷ Худо фармуд:

“Ва барои Худо бар мардум аст, ки қасди хона(-и Худо) кунанд, онҳое, ки тавоноии рафтан ба сӯи он доранд.“[2]

Ва ба пайравӣ аз ҳазрати Иброҳим(а) даъвати ҳамагонӣ кард:

(وَأَذِّن فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ)

“Мардумро даъват ба ҳаҷкун то пиёда ва савор аз ҳар роҳи дуре ба сӯи ту биёянд”.[3]

Расули Худо(с) эълом кард, ки ҳар кас мехоҳад ба зиёрати хонаи Худо биравад ба Мадина биёяд. Ҳазрат(с) дар ин сафар ҳаҷро ба мардум ёд дод ва дар маросими ҳаҷ таъкид мекард,ки мусулмонон корҳои ҳаҷро бо диққат аз ӯ ёд бигиранд.[4]

Расули Худо(с) дар Арафот фармуд: “Эй мардум,хунҳо ва моли шумо бар якдигар то рӯзи қиёмат монанди имрӯз муҳтарам ва таҷовуз ба онҳо ҳаром аст.” Паёмбар(с) ба онҳо фармуд: Ин моҳ чӣ моҳе аст?

Ҳама гуфтанд: “Моҳи ҳаром аст ва ҷангу хунрезӣ дар ин моҳ ҳаром аст.”Онгоҳ фармуд: Имрӯз чӣ рузе аст? Ҳама гуфтанд:Ҳаҷҷи акбар аст. Сипас фармуд:Хуну моли шумо имрӯз муҳтарам аст. Сипас афзуд: Ҳама ба зудӣ ба сӯи Худо бозмегардед. Дар он дунё ба амалҳои хубу бади шумо расидагӣ мешавад. Ман ба шумо мерасонам: Ҳар кас амонате назди ӯ бошад бояд онро ба соҳибаш баргардонад. Суханони маро бишнавед ва дар бораи он фикр кунед. Ҳар мусулмоне бо мусулмони дигар бародар аст ва ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бо якдигар бародаранд ва чизе аз молҳои мусулмонон барои дигар мусулмон ҳалол нест. Эй мардум,пас аз ман паёмбаре нест ва баъд аз шумо уммате нест. Эй мардум,бидонед ман имрӯз ҳамаи маросимҳои даврони ҷоҳилиро зери пои худ қарор дода онҳоро ботил кардаам.[5]

Беморӣ ва даргузашти Паёмбар(с)

Расули Худо(с) пас аз Ҳаҷҷатулвидоъ дар худ сангинӣ ва маризӣ эҳсос мекард. Ин эҳсос табдил ба бемории сахт шуд ва саранҷом бо ҳамин беморӣ аз дунё рафт. Он ҳазрат(с) аз ин, ки подшоҳи Рум ҳамла бикунад, хеле нороҳат буд. Бинобар ин пас аз бозгашт ба Мадина лашкари муназзамтартиб дод, ки афроди бузург монанди ҳазрати Абӯбакр ва ҳазрати Умар, Абӯубайда ва Саъд ибни Ваққос дар он буданд то ҳамагӣ ба тарафи марзҳои Шом бираванд ва хатари душманро аз байн бибаранд.[6] Паёмбар(с) барои ташвиқи муҷоҳидон парчамро ба дасти Усома ибни Зайд дод, киҷавони бистсола буд ва фармуд: “Ба номи Худо ва дар роҳи Худо ҷиҳод бикун.”

Баъзе аз саҳоба, ба хотири ин ки Расули Худо(с) Усомаи ҷавонро сарлашкар кард, нороҳат буданд. Он ҳазрат барои омода кардани ёрони худ барои ҷанг хеле кӯшиш кард, вале баъзе фармони ишонро гӯш накарданд ва лашкари Ислом дар берун аз Мадина истод.[7] Пайғамбари Ислом(с) дар бистари беморӣ афтод. Лашкари Усома дар урдугоҳ буд ва хабар ба онҳо расид,ки Пайғамбари Ислом(с) аз дунё рафт. Ҳама ба тарафи хонаи он ҳазрат баргаштанд.[8] Баъзе мегӯянд, ки ҳазрат(с)рӯзи дувоздаҳумирабеъулаввал аз дунё рафт ва баъзе дигар рӯзи реҳлатробисту ҳаштиСафар медонанд. Ҷанозаи Расули Худо(с)-ро рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамон маконе, ки аз дунё рафта буд, дафн карданд.[9]Дуруду ризвони Худо бар он ҳазрат бод.

[1]Сураи Ҳиҷр, ояти 95

[2]Барои маълумоти бештар ба тафсири сураи Таббат муроҷиат шавад.

[3] Табақоти Ибни Саъд, ҷ.1, саҳ. 226

[4] Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 34

[5]Сураи Анкабут, ояти 56

[1] Ансор ба касоне, ки дар шаҳри Ясриб зиндагӣ мекарданд ва ба Паёмбари Ислом(с) имон оварда ва ӯро ёрӣ карда буданд, гуфта мешавад. Муҳоҷирон ба касоне, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд гуфта мешавад.

[2]Сураи Оли Имрон, ояти 97

2Сураи Ҳаҷ, ояти 27

3 Табақоти Ибни Саъд, ҷ.2 саҳ. 181
[5] Ҳамон, ҷ.2 саҳ. 186

[6] Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.2, саҳ. 642

[7]Табақоти Ибни Саъд, ҷ.3, саҳ. 120

[8] Ҳамон ҷ.3, саҳ. 190

     [9] Ҳамон ҷ.3, саҳ. 292

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,