Нақши таъсиргузори инсон дар сохтани ояндаи худ

۱

۱Нақши таъсиргузори инсон дар сохтани ояндаи худ

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Мавҷудоти ҷаҳон ба ҷондору беҷон тақсим мешаванд. Мавҷудоти беҷон ҳеҷ гуна нақше дар сохтани худ надоранд. Обу оташу сангу хок беҷонанд ва ҳеҷ нақше дар будан ва ба камол расондани худ надоранд, балки фақат бо асарпазирӣ аз сабабҳои берунӣ ба вуҷуд меоянд ва таҳти таъсири ҳамон сабабҳо гоҳе як навъ камолеро ба даст меоваранд. Аз ин мавҷудот ҳеҷ гуна талоше дар ҷиҳати сохтани худ дида намешавад. Вале аз ҷондорон, монанди гиёҳу ҳайвону инсон, як силсила талошҳое дар ҷиҳати нигаҳдории худ аз офатҳо ва ҷазби маводди дигар ва тавлиди мисл дида мешавад.

Дар гиёҳон як силсила нерӯҳои табиие вуҷуд дорад, ки дар сохтани ояндаи онҳо таъсир дорад. Дар гиёҳ қувва ё қувваҳоест, ки маводро аз замин ё ҳаво ҷазб мекунад, қувва ё қувваҳоест, ки аз дарун ба воситаи маводди ҷазбшуда ӯро рушд медиҳад ва қувва ё қувваҳоест, ки имкони тавлиди мислро омода мекунад.

Дар ҳайвон ҳамаи ин қувваҳои табиӣ ба иловаи як силсила қувваҳои шуурӣ аз ҷумла ҳисси дидан, шунидан, ламс кардан ва ғайра ва ҳамчунин майлҳо ки пештар баён шуд вуҷуд дорад. Ҳайвон ба василаи ин қувваҳо худро аз хатари офатҳо нигоҳ медорад ва низ сабаби рушди шахсӣ ва солим мондани ҳамнавъи худро омода мекунад.

Дар инсон ҳамаи қувваҳои табиӣ ва шуурӣ, ки дар гиёҳу ҳайвон ҳаст дар инсон вуҷуд дорад ба иловаи як силсила майлҳои дигар ки дар пеш баён шуд ва ба иловаи нерӯи фавқулъодаи ақлу ирода, ки сарнавишти ояндаи ӯро то ҳадди зиёде ба дасти худаш медиҳад ва худаш ояндаи худро интихоб карда ва месозад.

Аз он чи гуфта шуд равшан гашт, ки;

Баъзе мавҷудот ҳеҷ гуна нақше дар сохтани ояндаи худ надорад (ҷимодот).

Бархе нақше дар сохтани ояндаи худ доранд, аммо ин нақш на озодона ва на огоҳона аст, балки табиат нерӯҳои дарунии онҳоро ба таври ғайри қобили фаҳм ва ноогоҳона барои дар амон ва солим мондани онҳо ва сохтани онҳо дар оянда ба хидмат гирифтааст (гиёҳҳо).

Бархе дигар нақши бештаре доранд. Ин нақш огоҳона аст, ҳарчанд ки озодона нест, яъне бо як навъ огоҳӣ аз худ ва атрофи худ, таҳти таъсири як силсила майлҳои шуурнок, барои ҳифзи ҷони худ дар оянда талош мекунанд (ҳайвонот).

Вале инсон нақши кушотару густардатар дар сохтани ояндаи худ дорад. Нақши инсон ҳам огоҳона аст ва ҳам озодона, яъне инсон ба худ ва ба атрофи худ огоҳ аст ва ҳам он ки бо таваҷҷуҳ ба оянда ба ҳукми нерӯи ақлу ирода метавонад озодона ояндаи худро ба ҳар шакле, ки худ бихоҳад интихоб кунад.

Доираи таъсиргузорӣ ва нақши инсон барои сохтани ояндааш нисбат ба ҳайвон басе густардатар аст. Густардагии доираи созандагии инсон нисбат ба ояндааш аз се вижагӣ дар инсон сарчашма мегирад:

  1. Густардагии доираи огоҳӣ. Инсон бо доро будани нерӯи дониш, доираи огоҳии худро аз сатҳи табиат мегузаронад ва то даруни табиат густариш медиҳад ва қонунҳои табиатро мешиносад. Бо шинохтани қонунҳои табиат дасти инсон барои сохтани табиат он чуноне ки бо зиндагии инсон созиши беҳтаре дошта бошад, боз мешавад.
  2. Густардагии хостаҳо, ки дар бахши “Инсону ҳайвон”[1] аз онҳо ёд шуда дар баҳсҳои ин бахш низ таҳти унвони “Мавҷуди чандбуъдӣ” ба онҳо ишора шуд.
  3. Истеъдоди худсохтагии вижае, ки дар инсон аст ва ҳеҷ мавҷуди дигар дар ин ҷиҳат монанди ӯ нест.

Бо ин баён ки агарчи бархе ҷондорҳои дигар низ ба андозаи каме қобили “сохтан” ҳастанд ва метавон бо “умури хосси тарбиятӣ” тағйироте дар онҳо ба вуҷуд овард, он чуноне ки дар ҷаҳони гиёҳон ва ҳайвонот ба чашм меояд вале аввал ин ки ҳеҷ як аз онҳо ба дасти худашон сохта намешаванд ва инсон аст, ки онҳоро месозад ва дувум ин ки тағйирпазирии онҳо нисбат ба инсон бисёр камтар аст.

Инсон дар ноҳияи хислатҳо як мавҷуди билқувва аст, яъне дар оғози таваллуд хислате надорад, аммо хислатпазир аст. бар хилофи ҳайвонҳо, ки ҳар кадом аз онҳо бо як хислати хос ба дунё меоянд. Ба василаи хислатҳое, ки баъдан пайдо мекунад як силсила “буъдҳо ва ҷиҳатҳои сонавия” илова бар “буъдҳои фитрӣ” барои худ месозад.

Инсон ягона мавҷуде аст, ки қонуни офариниш, қалами расмкашии шахсияти ӯро ба дасти худаш додааст, ки ҳар тавре ки мехоҳад онро мекашад, яъне бар хилофи андомҳои ҷисмонияш, ки кораш дар марҳилаи раҳими модар ба поён расидааст ва бар хилофи хислатҳои рӯҳӣ ва андомҳои равонии ҳайвонҳо, ки онҳо низ дар марҳилаи пеш аз таваллуд поён гирифтааст, андомҳои равонии инсон ки ба онҳо хислатҳо ва малакаҳои ахлоқӣ гуфта мешавад ба андозаи бисёр густардае пас аз таваллуд сохта мешавад.

Ин аст, ки ҳар мавҷуде, он чизе аст, ки ӯро сохтаанд, вале инсон он чизе аст, ки бихоҳад бошад. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳар навъе аз навъҳои ҳайвонҳо, ҳамон тавр ки андоми ҷисмонии ҳамаи афродаш ба монанди ҳам бошад, андомҳои равонӣ ва хислатҳои равонии афродаш низ монанди якдигар аст. Тамомии афроди гурба як навъ хислат доранд ва тамомии афроди саг як навъи дигар ва тамомии афроди мурча як навъи дигар. Агар фарқе ҳам бошад хеле кам аст, вале фарқи хислатӣ ва ахлоқии афроди инсон бениҳоят аст. Фақат инсон аст, ки худаш бояд “худ”-ро интихоб кунад, ки чӣ бошад.

Дар манобеи исломӣ омадааст, ки инсонҳо дар қиёмат бар ҳамон хислатҳои рӯҳие, ки дар дунё ба даст овардаанд, на андоми зоҳирии ҷисмонӣ, маҳшур мешаванд, яъне инсонҳо ахлоқи хубу бадро ба даст меоваранд ва ахлоқи онҳо ба ҳар ҷондоре монандтар бошад ба шаклу андоми ҳамон ҷондор маҳшур мешаванд ва танҳо афроде ба шаклу чеҳраи инсонӣ маҳшур мешаванд, ки ахлоқҳои ба даст овардаашон ва буъдҳои сонавияи рӯҳии онҳо муносибу шоиста бо камолҳои инсонӣ бошад.

Ба ҳукми қудрати илмӣ инсон табиатро маҳор мекунад ва табиатро, он чуноне ки мехоҳад муносиб бо ниёзҳои худ месозад ва худро ба ҳукми нерӯҳои худсозӣ ва худсохта, он чуноне ки мехоҳад месозад ва ба ин васила сарнавишти ояндаи худро ба даст мегирад.

Тамомии таъсисоти тарбиятӣ, мактабҳои ахлоқӣ ва таълимоти динӣ барои роҳнамоии инсон аст, ки ояндаи худашро чӣ гуна бисозад ва чӣ гуна шакл диҳад. Роҳи рост он роҳе аст, ки инсонро ба сӯи ояндаи саодатбахш мерасонад ва роҳҳои каҷ он роҳҳоест, ки инсонро ба сӯи ояндаи шақоватолуд мекашонад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

Мо роҳро ба инсон (ин мавҷуди озоди худсоз) нишон додем, то ӯ худ чӣ бихоҳад ва чӣ интихоб кунад. (аз ду роҳ якеро интихоб хоҳад кард:) Ё роҳе, ки мо намоёндем ва шукргузори мо хоҳад буд ва ё роҳи дигар, ки роҳи носипосӣ аст.[2]

Аз баҳсҳои гузашта донистем, ки илму имон ҳар кадом нақши ҷудое дар созандагии ояндаи инсон доранд.

Нақши илм ин аст, ки ба инсон роҳи сохтанро нишон медиҳад. Илму дониш инсонро тавоно мекунад, ки ҳар гуна “бихоҳад” ояндаро ҳамон гуна бисозад. Аммо нақши имон ин аст, ки инсонро ба сӯи ин ки худро ва ояндаро “чӣ гуна” бисозад, ки барои худ ва барои ҷомеа беҳтар бошад, мекашонад. Имон монеъ аз он мегардад, ки инсон ояндаро бар меҳвари моддӣ ва фардӣ бисозад. Имон ба хостаҳои инсон ҷиҳат медиҳад, онро аз доираи моддиёт хориҷ мекунад ва маънавиётро низ ҷузви хостаҳо қарор медиҳад.

Илм монанди абзоре дар ихтиёри инсон қарор мегирад ва табиатро, он чуноне ки инсон бихоҳад ва дастур диҳад, месозад. Аммо ин ки табиатро чӣ гуна бисозад, оё аз табиат василаҳое бисозад, ки ба фоидаи ҷомеаи инсонӣ бошад ва ё нерӯҳое барои тавсеаталабии афроди махсус бошад, ин дигар ба ин абзоре, ки номаш илм аст дахле надорад, ин ба инсонҳое, ки илм дар фармони онҳост вобаста аст.

Аммо имон ба монанди қудрате, ки бар инсон ҳукумат дорад амал мекунад ва хости ӯро дар ихтиёр мегирад ва дар роҳи ҳаққу ахлоқ мебарад. Имон инсонро месозад ва инсон бо нерӯи илм, ҷаҳонро. Он ҷо ки илму имон як шаванд ҳам инсон сомон меёбад ва ҳам ҷаҳон.

Майдони озодӣ ва иродаи инсон

Равшан аст, ки инсон дар ҳамон ҳоле ки озодӣ дорад барои сохтани андомҳои равонии худ ва тағйири атрофи худ ба шакле, ки мехоҳад ва сохтани ояндаи худ, он чуноне ки худ мехоҳад, маҳдудиятҳои зиёде дорад ва озодияш озодии нисбӣ аст, яъне озодӣ дар дохили як доираи маҳдуд, дар даруни ҳамин доираи маҳдуд аст, ки метавонад ояндаи саодатманд барои худ интихоб кунад ва ҳам ояндаи шақоватолуд.

Маҳдудиятҳои инсон аз чанд ноҳия аст:

  1. 1.Виросат

Инсон бо табиати инсонӣ ба дунё меояд. Аз он ҷиҳат ки падару модараш инсон будаанд, ӯ ҳам аз рӯи иҷбор як фарди инсон ба дунё меояд. Ва аз тарафи дигар падару модараш як сифоти ирсиву модарзодии худро дар фарзандашон ба ёдгор мегузоранд, ки инҳо низ ночор ҳамроҳи инсон ҳаст; монанди ранги пуст, ранги чашм, хусусиятҳои ҷисмие, ки мумкин аст аз чанд пушт ба ирс бирасад. Инсон ҳеҷ як аз инҳоро барои худ “интихоб” накардааст, балки ночор аз роҳи ирсӣ дар худ дорад.

  1. 2.Муҳити табиӣ ва ҷуғрофиёӣ

Муҳити табиӣ ва ҷуғрофиёии инсон ва минтақае, ки дар он рушд мекунад, хоҳу нохоҳ як асарҳои ҳатмӣ бар рӯи андому рӯҳияи инсон мегузорад. Минтақаҳои сардсер, гармсер ва муътадил ҳар кадом рӯҳия ва ахлоқи хосро ба вуҷуд меоваранд, ҳамчунин минтақаи куҳистонӣ ё минтақаи саҳроӣ ва ғайра.

  1. 3.Муҳити иҷтимоӣ

Муҳити иҷтимоӣ як таъсири асосӣ дар хусусиёти рӯҳию ахлоқии инсон дорад. Забони инсон, одоби иҷтимоӣ, дину мазҳаб бештар ҳамон чизе аст, ки муҳити иҷтимоӣ бар инсон бор мекунад.

  1. 4.Таърих ва таъсири замонӣ

Аз диди муҳити иҷтимоӣ инсон танҳо таҳти таъсири замони ҳол нест, замони гузашта ва ҳодисаҳое, ки дар гузашта рух додааст низ дар сохтани ӯ таъсири асосӣ дорад. Ба таври куллӣ миёни гузашта ва ояндаи ҳар мавҷуде робитаи қатъӣ ва мусаллам барқарор аст. Гузаштаву оянда монанди ду нуқтаи ҷудо аз якдигар нестанд, балки монанди ду қитъа аз ҷараёне, давом доранд. Гузашта нутфа ва ҳастаи оянда аст.

  1. 5.Дасисаи инсон бар зидди маҳдудиятҳо

Инсон бо ин ки наметавонад робитаашро бо виросат, муҳити табиӣ, муҳити иҷтимоӣ ва таъриху замон ба таври куллӣ аз байн бибарад, (аммо) метавонад то ҳадди зиёде бар зидди ин маҳдудиятҳо дасиса карда худро аз қайди ҳукумати ин сабабҳо озод созад. Инсон ба ҳукми нерӯи ақл аз як тараф ва нерӯи иродаву имон аз тарафи дигар тағйироте дар ин сабабҳо эҷод мекунад ва онҳоро бо хостаҳои худ баробар месозад ва худ соҳиби сарнавишти худ мегардад.

  1. 6.Инсон ва қазову қадари илоҳӣ

Бештари вақт ин хаёл вуҷуд дорад, ки сабаби асосии маҳдудияти инсон, қазову қадари илоҳӣ аст, вале мо баръакс, аз қазову қадари илоҳӣ сабабе барои маҳдуд кардани озодии инсон ном набурдем, чаро? Оё қазову қадари илоҳӣ вуҷуд надорад ва ё қазову қадар сабаби маҳдуд кардан нест? Қазову қадар амре қатъӣ ва бадеҳӣ аст, вале сабаби маҳдуд кардани инсон нест. Қазои илоҳӣ, яъне ҳукми қатъии илоҳӣ дар бораи ҳодисаҳо ва қадари илоҳӣ, яъне андозагирии падидаҳо ва ҳодисаҳо. Аз назари улуми илоҳӣ собит шудааст, ки қазои илоҳӣ ба ҳеҷ ҳодисае бевосита тааллуқ намегирад, балки ҳар ҳодисаро танҳо аз роҳи сабабҳои худаш эҷоб мекунад. Қазои илоҳӣ эҷоб мекунад, ки низоми ҷаҳон, низоми сабабҳо ва сабабшудаҳо бошад. Инсон ба ҳар андоза озодӣ аз ноҳияи ақлу ирода дорад ва ба ҳар андоза маҳдудияте, ки аз ноҳияи сабабҳои ирсӣ, муҳитӣ ва таърихӣ дорад, ба ҳукми қазои илоҳӣ ва низоми қатъии сабабӣ ва сабабшудагии ҷаҳон аст.[3]

Бинобар ин худи қазои илоҳӣ сабаби маҳдудияти инсон нест. Маҳдудияте, ки ба ҳукми қазои илоҳӣ насиби инсон шудааст ҳамон маҳдудияти бархоста аз шароити ирсӣ ва шароити муҳитӣ ва шароити таърихӣ аст, на маҳдудияти дигар. Ҳамчуноне ки озодие, ҳам ки насиби инсона шудааст ба ҳукми қазои илоҳӣ аст, вале ба ин шакл, ки қазои илоҳӣ эҷоб кардааст инсон мавҷуди соҳиби ақлу ирода бошад ва дар доираи маҳдуди шароити табиӣ ва иҷтимоӣ битавонад худро ба андозаи зиёду густардае аз қайди таслим ба он шароит озод созад ва сарнавишту ояндаи худро дар даст гирад.

  1. 7.Инсон ва таклиф

Аз истеъдодҳое, ки инсон дорад ҳамчуноне ки пештар ба он ишора шуд истеъдоди таклифпазирӣ аст. Инсон метавонад дар ҳадду марзи қонунҳое, ки барояш гузошта шудааст, зиндагӣ кунад. Ҳар мавҷуди дигар ғайр аз инсон ғайр аз қонунҳои иҷбории табиӣ наметавонад аз қонуни дигар пайравӣ кунад. Аз рӯи мисол наметавон барои сангҳо, чубҳо ва ё барои дарахтону гулҳо ва барои аспу гову гусфанд қонун гузошт ва ба онҳо расонд ва онҳоро дар таклиф қарор дод, ки дар доираи қонунҳое, ки барои онҳо ва ба маслиҳати онҳо гузошта шудааст рафтор кунанд. Агар барои ҳифзу маслиҳати онҳо қадаме бардошта шавад бояд маҷбурӣ бошад.

Вале инсон ягона мавҷудест ин «имкон» ва «тавоноӣ»-и бузург дорад, ки дар доираи як қонунҳои қарордодӣ рафтор кунад. Ин қонунҳо аз он нигоҳ, ки аз тарафи як мақоми салоҳиятдор қарор дода мешавад ва инсон бояд бар асоси он амал кунад ва анҷоми қонун ҳамроҳи заҳмату сахтӣ аст, ба номи «таклиф» хонда мешавад.

Қонунгузор барои ин ки инсонро таклифи хоссе кунад, бояд чанд шартро ба назар бигирад, то таклифҳоеро ӯҳдадор шавад. Шароите , ки дар ҳамаи таклифҳо бояд вуҷуд дошта бошад умури зер аст:

А. Булуғ

Инсон ба як марҳила аз син, ки мерасад тағйироте ба таври ногаҳонӣ ва тағйире ба монанди навъе ҷаҳиш дар андом, эҳсосот ва андешааш пайдо мешавад, ки «булуғ» номида мешавад. Дар ҳақиқат ҳар касе як булуғи табиӣ дорад.

Ба таври дақиқ наметавон як замони мушаххасро марҳилаи булуғ барои ҳамаи инсонҳо мушаххас кард. Имкон дорад, ки баъзе аз афрод зудтар аз баъзе дигар ба марҳилаи булуғи табиӣ бирасанд. Хусусияти фардӣ ва минтақаӣ ва муҳитӣ дар зуд ё дер шудани булуғи табиӣ таъсир дорад.

Он чи собит шудааст ин аст, ки ҷинси зан зудтар аз ҷинси мард ба марҳилаи булуғи табиӣ мерасад. Аз назари қонунӣ лозим аст як синни мушаххас, ки синни миёнаи (булуғи) умум аст ва ё синне, ки лоақал синни булуғ аст (ба иловаи шарти дигар монанди рушд дар фиқҳи исломӣ) дар назар гирифта шавад, то ҳамаи афрод як муқарарот дошта бошанд. Бинобар ин мумкин аст афроде ба булуғи табиӣ расида бошанд, вале ҳанӯз ба синни қонунӣ нарасида бошанд.

Бар асаси дидгоҳи бештари олимони мазҳаби имомия булуғи қонунии мард аз назари синну сол, тамом шудани понздаҳсолагӣ ба соли қамарӣ – ва дохил шудан дар шонздаҳсолагӣ аст ва булуғи қонунии зан тамом шудани нуҳсолагӣ ва дохил шудан дар даҳсолагӣ аст. Булуғи қонунӣ яке аз шароити таклиф аст, яъне фарде, ки ба марҳилаи (булуғи) қонунӣ нарасида бошад таклифе дар баробари қонун надорад, магар ин ки бо далеле собит шавад, ки ба марҳилаи булуғи табиӣ пеш аз булуғи қонунӣ расидааст.

Б. Ақл

Яке дигар аз шароити таклиф оқил будан аст. Девона, ки ақл надорад таклифе надорад. Ҳамон тавре ки ноболиғ дар замони пеш аз булуғ таклифе ӯро нест, дар замони булуғ низ таклифе надорад, ки он чиро ки дар замони болиғ нашудан анҷом надодааст ҷуброн кунад. Бар фарзи мисол шахсе, ки ба булуғ расидааст вазифа надорад намозҳое, ки дар замони ба булуғ нарасидан нахондааст қазо кунад, зеро таклифе бар ӯ набудааст, шахси девона низ дар ҳолати девонагӣ таклифе надорад. Бинобар ин агар девонае пас аз чанде оқил шуд лозим нест, ки таклифҳоеро, ки дар рӯзҳои девонагӣ анҷом надодааст қазо кунад.

Бале, баъзе таклифҳое аст, ки ба дороӣ ва моли кӯдак ё девона вобаста нест ва вазифадор нестанд онро анҷом диҳанд, вале пас аз он ки кӯдак болиғ шуд ва ё девона оқил шуд бояд анҷом диҳанд, монанди закот ё хумсе, ки ба моли кӯдак ва ё моли девона меояд, ки агар сарпарасти шаръии онҳо адо накарда бошад бояд худашон пас аз расидан ба марҳилаи таклиф анҷом диҳанд.

В. Иттилоъ ва огоҳӣ

Бадеҳӣ аст, ки инсон он гоҳ метавонад таклиферо анҷом диҳад, ки аз вуҷуди он таклиф огоҳ бошад ва ба гуфтаи дигар таклиф ба ӯ расида бошад.

Бар фарз қонунгузор қонунеро гузорад, вале ба иттилои касе, ки ба синни таклиф расидааст нарасонад, бар ӯ лозим нест, балки тавоноӣ надорад онро иҷро кунад ва агар бархилофи он рафтор кунад қонунгузор наметавонад ӯро муҷозот кунад. Олимони илми усул мегӯянд, ки муҷозоти касе, ки аз таклиф огоҳ нест ва дар иттило ёфтан ҳам кутоҳӣ надорад, зишт аст.[4]

Қуръони Карим чандин бор ин ҳақиқатро баён кардааст, ки ҳеҷ гурӯҳеро ба ҷурми анҷом надодани як қонун азоб намекунем, магар ин ки далеле барои огоҳии мардум аз он қонун оварда бошад.

Албатта шарти илму огоҳӣ барои таклиф ба гунае ки гуфта шуд – ин нест, ки инсон битавонад худро дар бехабарӣ нигоҳ дорад ва онро далеле барои худ бипиндорад. Вазифаи инсон аст, ки таҳсили илму огоҳӣ кунад ва баъд бар асоси илми худ амалу фаолият кунад. Дар ҳадис аст, ки рӯзи қиёмат баъзе аз гуноҳкоронро дар додгоҳи адли илоҳӣ ҳозир мекунанд ва дар бораи бархе кутоҳиҳое, ки дар анҷоми масъулиятҳояшон карданд, сарзаниш мекунанд. Ба гуноҳкор гуфта мешавад: Чаро вазифаатро анҷом надодӣ? Мегӯяд: Намедонистам. Ба ӯ гуфта мешавад: Чаро надонистӣ ва чаро дар пайи таҳсили огоҳӣ набудӣ?

Пас мақсуд, аз ин ки мегӯем илму огоҳӣ шарти таклиф аст ба ин маъност, ки агар таклифе ба инсон нарасида бошад ва инсон дар ин ҷиҳат кутоҳӣ надошта бошад, яъне кушиши лозимро барои таҳсили огоҳӣ кардааст ва дар айни ҳол ба он даст наёфтааст, чунин шахсе назди Худо узру далел дорад.

Г. Қудрату тавоноӣ

Коре вазифа ва таклифи инсон аст, ки битавонад онро анҷом диҳад. Шакке нест, ки тавоноии инсон маҳдуд аст, аз ин рӯ бояд таклифҳо дар ҳадди тавоноиҳо бошад. Масалан инсон тавоноии таҳсили илму дониш дорад, аммо дар маҳдудаи мушаххас аз нигоҳи замон ва андозаи маълумот. Як инсон ҳар андоза нобиға бошад дар ҳар сурат мартабаҳои илмиро бояд дараҷа ба дараҷа ва дар тули замон тай кунад. Ҳол агар як фардро маҷбур кунанд, ки дар як шаб таҳсили чандсоларо анҷом диҳад, ин таклифест, ки инсон наметавонад анҷом диҳад ва дуруст нест ва ҳаргиз аз тарафи як мақоми ҳакими одил чунин ҳукме дода намешавад. Худо дар Қуръон мефармояд:

Худованд ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавоноияш таклиф намекунад[5].

Агар шахсе дар ҳолати ғарқ шудан аст ва мо тавоноӣ дорем, ки ӯро наҷот диҳем бар мо воҷиб аст, ки ӯро наҷот диҳем, вале агар ба фарзи мисол ҳавопаймое дар ҳоли суқут аст ва мо ба ҳеҷ сурат наметавонем аз суқути он пешгирӣ кунем таклиф надорем, яъне Худованд моро ба хотири ҷилавгирӣ накардан аз суқути ҳавопаймо муохиза намекунад.

Ин ҷо як нукта ҳаст ва он ин ки ҳамчуноне ки дар мавриди иттилоъ ва огоҳӣ гуфтем, ки шарт будани таклиф ба иттилоъ ва огоҳӣ ин нест, ки мо вазифа ба таҳсили иттилоъ ва огоҳӣ надорем, шарт будани таклиф ба қудрату тавоноӣ ҳам ин нест, ки мо вазифа барои ба дастоварӣ ва таҳсили қудрат надорем. Гоҳе ҳам қудрат ҳаром аст ва таҳсили он воҷиб. Фарз кунем дар баробари душмани қудратманде қарор гирифтаем, ки қасди ҳамла ба ҳуқуқи мо ва ё қасди ҳамла ба Исломро дорад ва мо дар ҳоли ҳозир қудрати ҷангидан бо онро надорем ва ҳар гуна ҷангидане аз даст додани нерӯҳо аст бе он ки натиҷа ё пирӯзие дар ҳоли ҳозир ё дар оянда аз ин кори худ бигирем. Равшан аст, ки дар ин сурат мо таклиф ба ҷангидан ва ҷилавгирӣ надорем, вале ҳамеша таклиф дошта ва дорем, ки таҳсили қудрат кунем ва ҳаргиз набояд ором бигирем. Қуръони Карим мефармояд:

То он ҷо ки имконият дорад нерӯ ва аспҳоро омода ва таҳия кунед, то ба ин васила душманони худ ва душманони Худо аз шумо ҳисоб бибаранд ва қасди дастдарозӣ ба шуморо аз сари худ берун кунанд[6].

Ҳамон тавре ки як фард ва ё як ҷомеаи ноогоҳ, ки дар таҳсили илм кутоҳӣ кардааст мариди муохизаи илоҳӣ қарор мегирад ва ноогоҳӣ барои ӯ узру далеле ҳисоб намешавад, ҳамчунин як фард ва ё як ҷомеаи нотавон, ки дар таҳсили қудрату тавоноӣ кутоҳӣ кардааст мавриди муохизаи илоҳӣ қарор мегирад. Зеро қудрату тавоноӣ ба даст наёвард ва нотавонии ӯ узре барои ӯ ба шумор намеояд.

Д. Озодӣ ва ихтиёр

Яке дигар аз шароити таклиф озодӣ ва ихтиёр аст. Яъне инсон онгоҳ мукаллаф аст, ки дар анҷоми як кор маҷбур набошад. Агар маҷбур шавад ё битарсад, таклиф надорад.

Иҷбор монанди ин ки як қудрати зургӯ шахсеро битарсонад, ба ин ки рӯзаи худро бихӯрад, ба тавре ки агар нахӯрад ҷонаш ба хатар меафтад. Маълум аст, ки дар ин маврид таклифи рӯза бардошта мешавад. Ё агар касе тавоноӣ пайдо кунад ва як шахси зургӯ ӯро битарсонад, ки агар ҳаҷ биравад ба ҷони ӯ ё оилааш осеб мерасонад таклифи ҳаҷ надорад. Пайғамбари Акрам(с) фармуд:

Он ҷо ки иҷбор ба миён ояд таклиф бардошта шудааст.[7]

Изтирор он аст, ки аз тарафи шахсе тарсонда намешавад, балки ин худи ӯ аст, ки интихоб мекунад, вале ин интихоб ба сабаби шароити сахте аст, ки пеш омадааст. Монанди касе, ки дар биёбоне дармонад ва гурӯсна аст ва ғайр аз ҳайвони мурда хӯроке, ки аз гурӯснагияш ҷилавгирӣ кунад намеёбад, дар чунин маврид таклифи ҳаром будани хӯрдани гушти мурда бардошта мешавад.

Пас фарқи иҷбор бо изтирор дар он аст, ки дар мавриди иҷбор инсон аз тарафи як қудратманди зургӯ ва ситамгар тарсонда мешавад, ки амали хилоферо бояд анҷом диҳад ва агар анҷом надиҳад зараре ба ӯ мерасонад. Ва инсон ночор барои он ки зарарро аз худ “дафъ” кунад бар хилофи вазифа амал мекунад, вале дар изтирор тарсондан нест, балки маҷмӯи шароит ба шакле пеш омадааст, ки вазъ ин гуна нобасомон шудааст ва ӯ барои ин ки он вазъро «бартараф» кунад яъне он чи вуҷуд дорад аз пеш бардорад – ночор аст бар хилофи вазифаи аслии худ амал кунад.

Пас фарқи иҷбор бо изтирор дар ду ҷиҳат аст:

  1. Дар иҷбор сухан аз тарси инсон аз тарафи дигарон аст, бар хилофи изтирор.
  2. Дар мавриди иҷбор инсон барои “дафъи[8]” як вазъи нобасомон чораҷӯӣ мекунад ва дар мавриди изтирор барои “рафъи[9]” чунон вазъе чораҷуӣ мекунад.

Вале (набудани) иҷбор ва ҳамчунин изтирорро наметавон аз шароити умумии таклиф ба ҳисоб овард, яъне куллият ва умумият надорад. Аввалан вобаста ба дараҷаи зарарест, ки бояд дафъ ва ё рафъ шавад ва дуюман ба аҳамияти он таклифе вобаста аст, ки инсон мехоҳад ба сабаби иҷбор ё изтирор анҷом диҳад.

Бадеҳӣ аст, ки ҳеҷгоҳ ба баҳонаи иҷбор ё изтирор наметавон ба зарари дигарон ва иҷтимоъ ва ё ба зарари дин коре анҷом дод. Баъзе аз таклифҳо аст, ки ҳар зарару садамаеро ба хотири онҳо бояд сабру таҳаммул кард.

Шароити сиҳату дурустӣ

Он чи то ҳол гуфтем марбут ба шароити таклиф, яъне шароити мукаллаф будан, ки танҳо бо будани он шароит, инсон вазифа дорад кореро анҷом диҳад. Вале як шароити дигаре ҳам дорем, ки “шароити сиҳату дурустӣ” номида мешавад.

Чуноне ки медонем мавзуоти шаръӣ, ибодот бошад ё муомилот, бояд ба як шароиту хусусиёте наздик бошад, то саҳеҳу дуруст анҷом шавад. Пас шарти сиҳат, он аст, ки агар набошад инсон таклифи худро дуруст анҷом надодааст, он чи ҳам анҷом додааст гӯё, ки анҷом надодааст ва ботил аст. Шароити сиҳат низ зиёд аст ва ба шароити умумӣ ва хусусӣ тақсим мешавад. Шароити хусусии ҳар коре махсуси худи он кор аст ва дар ҳангоми ёдгирии он кор шинохта мешавад. Шароити умумӣ чанд чиз аст, ки акнун ба онҳо ишора мекунем. Миёни шароити умумии таклиф ва шароити умумии сиҳат ба истилоҳи мантиқдонон “умум ва хусуси мин ваҷҳ”[10] барқарор аст, яъне бархе ҳам шарти таклиф аст ва ҳам шарти сиҳат ва бархе шарти таклиф аст ва шарти сиҳат нест ва бархе шарти сиҳат ҳаст ва шарти таклиф нест.

Албатта шарти сиҳат низ худаш бар се қисм аст: Бархе ҳам шарти сиҳати ибодатҳо ва ҳам муомилаҳо аст, бархе фақат шарти сиҳати ибодот аст ва бархе фақат шарти сиҳати муомилаҳо.

Он чизе ки ҳам шарти таклиф аст ва ҳам шарти сиҳат, ақл аст. Ҳамон тавре ки инсони беақл таклиф надорад, корҳо ва амалҳояш ҳам саҳеҳ нест. Масалан агар девонае бихоҳад ба ҷои шахси дигар ҳаҷ кунад кифоят намекунад ва ё агар бихоҳад ба ҷои касе намоз бихонад ва ё рӯза бигирад кифоят намекунад.

Қудрат низ ба монанди ақл, ҳам шарти таклиф аст ва ҳам шарти сиҳат, ҳамчуноне ки иҷбор надоштан ҳам низ чунин аст, яъне шахси маҷбур ҳамон тавре ки дар шароити хоссе таклиф аз ӯ бардошта мешавад, агар муомилае аз рӯи иҷбор анҷом диҳад ва ё издивоҷе аз рӯи иҷбор анҷом диҳад саҳеҳ нест, балки ботил аст.

Он чизе, ки шарти таклиф аст ва шарти сиҳат нест булуғ аст. Кӯдаки ноболиғ худаш таклиф надорад, вале агар ба ҳадди шинохт расида бошад, ки монанди як болиғ амалеро дуруст анҷом диҳад, амалаш саҳеҳ аст. Он чи бар ҳама равшан аст ин аст, ки булуғ шарти сиҳати ибодатҳо нест, аммо дар муомилаҳо чӣ тавр? Бархе аз олимон бар ин бовар ҳастанд, ки булуғ дар муомилаҳо шарти сиҳат аст ва кӯдаке, ки хубу бадро мефаҳмад, на барои худ ва на ба ҷои дигарон наметавонад муомилаеро анҷом диҳад. Масалан наметавонад хариду фуруш кунад ё иҷора диҳад. Ва бархе дигар бар ин бовар ҳастанд кӯдаке, ки хубу бадро мефаҳмад наметавонад барои худ муомилаеро анҷом диҳад, вале метавонад аз тарафи дигарон ваколат кунад.

Огоҳӣ ва ҳамчунин набудани изтирор аз умуре ҳастанд, ки шарти таклифанд, вале шарти сиҳат нестанд. Бинобар ин агар амале чи ибодат бошад ва чи муомила – аз назари шароити дигар комил анҷом шавад, вале амалкунанда намедонистааст ва ба таври тасодуфӣ ҳамаи шароит ба дурустӣ ҷамъ шуд, амалаш саҳеҳ аст. Ҳамчуноне ки агар инсон аз рӯи изтирор муомила ё издивоҷ кунад саҳеҳ аст. Масалан агар шахсе хонае дорад, ки бениҳоят он хонаро дӯст дорад ва намехоҳад бифурушад, вале ногоҳон як ҳодиса барояш пеш меояд, ки ниёзи сахт ба пул пайдо мекунад ва аз рӯи изтирор хонаи мавриди алоқаашро мефурушад, муомилааш саҳеҳ аст. Ва ё агар мард ва ё зане нияти издивоҷро аслан надорад, вале беморие пайдо мекунад, ки табиб издивоҷро барои ӯ лозим ташхис медиҳад ва ӯ ба ҳукми изтирор издивоҷ мекунад, издивоҷаш саҳеҳ аст.

Аз ин ҷо маълум мешавад, муомилаи иҷборӣ бо муомилаи изтирорӣ аз назари сиҳат фарқ дорад. Муомилаи иҷборӣ саҳеҳ нест, вале муомилаи изтирорӣ саҳеҳ аст.

Ин ҷо лозим аст тавзеҳ дода шавад, ки чаро муомилаи иҷборӣ саҳеҳ нест ва муомилаи изтирорӣ саҳеҳ аст. Мумкин аст гуфта шавад, ки “маҷбуршуда” ва “изтироршуда” ҳарду дар ин ки ризояти воқеӣ надоранд, баробар ҳастанд. Ҳамон тавре ки агар касе барои фуруши хона ё кораш тарсонда шавад ва ӯ барои “дафъ”-и он таҳдид бихоҳад хона ё корашро бифурушад дар таҳи дилаш норозӣ аст. Касе, ҳам ки шароити зиндагӣ барои “рафъи” як бадӣ (масалани харҷи дармони беморияш) ӯро маҷбур ба фуруши хона ё кораш кунад, дар таҳи дилаш норозӣ аст. Агар касе барои дармони фарзандаш аз рӯи изтирор хонаашро мефурӯшад аз таҳи дил ба ин фурӯш ризоят надорад, балки беш аз ҳад барои аз даст додани хонаи маҳбубаш дигаргун мешавад. Ин ки шахси маҷбуршуда бо кори иҷборияш мехоҳад зарареро “дафъ” кунад ва шахси ба изтироромада мехоҳад зарареро “рафъ” кунад, таъсире дар асли мавзӯъ надорад. Ҳамчунон ки дар муомилаҳои иҷборӣ мустақиман инсоне дахолат надорад, таъсире дар асли мавзӯъ надорад. Ба илова бештари изтирорҳо низ дар асари дахолати ғайримустақими инсонҳо (ба сурати истисмор ва истеъмор) сурат мегирад.

Посух ин аст, ки фарқи ҳоли “маҷбуршуда” ва “изтироршуда”, ки Худованд муомилаҳои аввалиро ботил медонад ва муомилаҳои дувумиро саҳеҳ, дар ҷои дигаре аст. Маҷбуршуда дар асари иҷбор, ниёзе фаврӣ пайдо мекунад ва изтироршуда ҳам ниёзи фаврӣ, вале ниёзи шахси маҷбуршуда ба дафъи бадии ситамкор аст ва дафъи бадии ситамкор бо иқдоми шахси маҷбуршуда муомила анҷом мешавад. Дар ин ҷо қонун ба ҳимоят аз шахси маҷбуршуда бармехезад ва муомиларо ғайри қонунӣ ва ботил эълом мекунад. Аммо ниёзи фаврии шахси изтироромада мустақим ба пуле аст, ки мехоҳад аз муомилаи изтирорӣ таҳсил кунад. Дар ин ҷо агар қонун бихоҳад аз шахси изтироромада ҳимоят кунад бояд сиҳати қонунӣ будани муомиларо эълом кунад, зеро агар чунин муомилаеро ғайри қонунӣ эълом кунад натиҷааш бештар зиён дидани шахси изтироромада аст. Масалан агар дар мисоли боло ғайри қонунӣ будани хонаро эълом кунад ва ба гунае муомиларо ботил кунад, ки гӯё муомилае набудааст, натиҷааш ин аст, ки на харидор соҳиби хона мешавад ва на фурӯшанда соҳиби пул ва дасти шахсе, ки дар изтирор аст барои дармони фарзандаш баста мемонад. Ин аст ки фақеҳон мегӯянд, ки ғайриқонунӣ шинохтани муомилаи иҷборӣ “миннат” аст, яъне ба фоидаи шахси маҷбуршуда аст, вале ғайриқонунӣ шинохтани муомилаҳои изтирорӣ “миннат” ва ба фоидаи шахси изтироромада нест.

Дар айни ҳол ҷои як баҳси дигар боз аст ва он ин ки оё афроди дигар метавонанд аз изтирору бечорагии шахсе, ки дар изтирор аст истифода кунанд ва дороии ӯро на ба баҳо ва нархи одилона, балки ба нархи хеле камтар бихаранд ва онро амре бозёфта ва машрӯъ бидонанд? Албатта не. Оё ин кор, ки номашрӯъ аст танҳо ҳурмати таклифӣ дорад, аммо муомила ҳамчуноне ки ба фоидаи шахси изтироромада саҳеҳ аст, ба фоидаи харидор ҳам саҳеҳ аст ва ё манъе надорад, ки аз як тараф саҳеҳ бошад ва аз тарафи дигар носаҳеҳ ва аз ду тараф саҳеҳ бошад ва бар харидор лозим биёяд, ки пули воқеиро ҷуброн кунад? Дар ҳар ҳол ҷои сухан боқӣ аст.

Он чизе, ки шарти сиҳат аст, вале шарти таклиф нест “рушд” аст. Дар қонунгузории Ислом барои касе, ки мехоҳад як кори иҷтимоиро ӯҳдадор шавад масалан мехоҳад издивоҷ кунад ё мехоҳад худаш муомилаеро анҷом диҳад, яъне мехоҳад дар молу сарвати шахсии худ тасарруф кунад – лозим аст, ки илова бар ҳамаи шароити умумӣ, яъне булуғу ақлу қудрату ихтиёр, “рушд” ҳам дошта бошад. Рушд, яъне лаёқату шоистагии идораи он коре, ки мехоҳад ба ӯҳда бигирад.

Ба ҳамин хотир дар қонуни Ислом оқилу болиғ будан ва ихтиёр доштан кофӣ нест, то шахс битавонад дар бораи издивоҷ тасмим бигирад ва ё ба молу сарвати худ даст барад. Писар ё духтаре, ки мехоҳанд издивоҷ кунанд онгоҳ издивоҷашон саҳеҳ аст, ки рушди ақлонӣ дошта бошанд, яъне бояд маъно ва мафҳуми издивоҷро, ки чист ва барои чист ва чӣ масъулиятҳое дорад ва чӣ таъсире дар сарнавишти фард дорад, дарк кунанд ва куркурона дар мавзӯъе ба ин аҳамият ворид нашаванд.

Ва ҳамчунин писар ё духтаре, ки дорои сарвати шахсӣ аз роҳи ирс ё роҳи дигар шудаанд, лозим нест дар ҳамон лаҳзаи ба булуғ расиданашон молу сарвати онҳо дар ихтиёри худашон қарор дод, балки лозим аст санҷида шаванд. Агар илова бар булуғ, рушди ақлӣ ҳам дошта бошанд яъне лаёқату шоистагии нигоҳдорӣ ва баҳрабардорӣ аз молу сарвати худро дошта бошанд – молу сарват ба онҳо дода мешавад, дар ғайри ин сурат сарпарасти шаръӣ ва қонунии онҳо ҳамчунон ба сарпарастии худ идома медиҳад. Қуръони Карим мефармояд:

Ятимонро биёзмоед, то онгоҳ ки равшан шавад ба ҳадди булуғ расидаанд. Дар ин сурат агар эҳсос кардед, ки дорои рушд ҳастанд пас моли онҳоро дар ихтиёрашон қарор диҳед[11].

 


[1]. Дар китоби аввали ин маҷмуа ба номи  «Инсон ва имон».

[2]. Даҳр\3 “إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

[3].Барои огоҳии бештар дар ин бора ба китоби «Инсон ва сарнавишт» аз ҳамин нависанда муроҷиа шавад.

[4]. «қубҳи иқоби било баён»

[5]Бақара\286. لا يُكَلِّفُ اللَّهُ نَفْسًا إِلَّا وُسْعَهَا

[6]. Анфол\60“وَأَعِدُّوا لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ وَمِن رِّبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدُوَّ اللَّهِ وَعَدُوَّكُمْ

[7]. АлҶомеуссағир, ҷ.2, саҳ.16رُفِعَ مَا استُکرِهوا عَلَیه

[8]. Ба маънои аз байн бурдан.

[9]. Ба маънои бартараф кардан.

[10].Масалан байни сикка ва пул, умум ва хусуси мин ваҷҳ аст; баъзе сиккаҳо пул ҳастанд ва баъзе сиккаҳо пул нестанд, баъзе пулҳо сикка нестанд ва баъзе пулҳо сикка ҳастанд.

[11]. Нисо\6 وَابْتَلُوا الْيَتَامَىٰ حَتَّىٰ إِذَا بَلَغُوا النِّكَاحَ فَإِنْ آنَسْتُم مِّنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُوا إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ

Охирин матолиб

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони Карим

  Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда...

Тарҷумаи СУРАИ ТОҲО

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 135 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон То, ҳо. Қуръонро бар ту нозил накардем, ки ба машаққат...

Қуръон ва тарбият

Маъно ва мафҳуми тарбият 1- Маънои луғавӣ: Тарбият аз решаи “рабава”масдари боби тафъил аст ва ба маънои афзоиш ва нумув, парвардан ва парвариш додан аст,